«Сафар кардам, ҷаҳон дидам-е…»

Оре, маҳз ҳамин суруди овозхоне маро дар ин тобистон водор намуд то нияти ба сафар баромадан кунаму даме берун аз гиру дор ва бардори зиндагӣ, чангу бӯйи сӯзишвориҳои нақлиёти шаҳрӣ ва ғавғои анбӯҳи мардуми он бошаму фароғат кунаму саёҳат…

Саёҳат… Албатта он вақт сухан дар бораи ба ман мақбул будани ҳамсояи бешавҳари таннозу ғунчалаб, ақиқабари симинбадан ва ё ба қавле хушфигураамон Саёҳат, намерафт… лекин саёҳат кардан даркор буд…

О… имсол… сайёҳӣ…

Аввал ба бозори «Корвон» рафтам…

-Ҳо аз онаш, аз инаш, ҳа, ҳамон ҳам рангаш хуб, диҳед… арзон намешавад-а?…

Ва бо хариди зиёд барои худам чанд ҷуфт либосу пойафзоли саёҳӣ харидам…  бо чанд қайчию чанд гиреҳу кӯргиреҳ задану буридан ва дӯхтанҳо либосҳои ҷолибам омода шуд…

Ба бар кардам… назди ойина рафтам… Мошон – пишаки хонагӣ, ки сари китфам ором буду пинаке дошт, баробари дидани афти ман дар оина аз ким-чӣ бошад, ки тарсида, мӯйи баданаш сих шуда, як «мияв» гуфту ба пушт афтида, тозон хеста парида рафт… То ҳол барнагаштааст… Ё тавбае! Аз саги ҳамсоя ин қадар сахт натарсида буд!

Ба худам бори дигар ба оина нигаристам… Ҳамааш дуруст, кӯлоҳ дар сар, айнак ба чашм, ришу мӯйлаби дон-кихотӣ, қаду қомати чинории зебо…

-Занак, ҳо занак, ба роҳ мебароям… охир канӣ наҳорӣ, канӣ ҳамон чою ширчой?!

-Ҳозир мардакҷон…

Суханаш нимколаю ногуфта, косаю табақ аз дасташ афтида, чошу пош шуд:

-Очаҷоне… Тавбае! Талхакаф кардед-е!!! -гӯён маҳкам аз гиребонаш дошта, тез рафта оби хунук нӯшида, бо чашмони калон-калон ба ман нигарист:…

-Дадош шумо ба сайёҳат ва ё… Хубаш худатонро табобат мекардед…

-Духтарам чӣ гап?! -гуфта модараш, ҳамон хушдоманҷонам(домани хуш?!) дав-давон омада, маро дидан замон:

-Ё  қуватуллоҳу ё мадад… – гуфта ӯ ҳам ба азобе дар лаби мизе нишаст… дасту пояш беҳаракат, бо душворие бо остини калонаш худро шамол медод…. Табъаш хираш, табу фишораш баланд…  Умуман, ҳарчанд ин ҳолати ӯ бароям ногаҳонӣ буд, вале аз чи кӣ табъи ман хуш, фишорам муътадил ва ҳолатам хуб буд. Мешудааст-ку?!

Бечора сахт-сахт нафас мекашиду… ҳаросон ба ман нигаристаю ба духтараш, яъне ба ҳамсари ман…

-Духтуру домуллоро даъват кунед…

Аз даҳони ман надонам яке садо дод:

-Якбора кафандӯзу гӯрковро ҷеғ занем-чӣ?!

-Ё тавбае! Ин домоди хунука гапаш ҳам хунук… аз аввал ба ман намефориду… ҳайфи духтарам…

Ҳамсарам ба ман як нигоҳ карда:

-Бас кунед ин хел шӯхиҳоро, хубтараш равед охир ҳамон муллои ҳамсояро биёред, эъъ.. як либоси дигаратонро пӯшед…

Вале фурсат нашуду ҳамон хел ба хонаи домулло Абдусатторҷон равон шудам… Дар роҳ ба ҳамсояамон Ҳасан-банкири атеисти беимон вохӯрда:

Привет дед Хасан!

Гуфта, сарироҳӣ салом дода будам, ки:

Эъъъ… ооо… рост гуфтаанд, ки қувваҳои ғайру ҷину аҷина, парӣ ҳаст… боз ман бофтаю афсона гумон доштам…

Мегӯянд баъди ин ӯ тақводору боимон шуда, тарки кор карда, хайру қурбониаш зиёд шудааст…

Ман тозон ба хонаи лозимӣ рафта, дари домуллоро тақ-тақ ҳам накарда, вориди манзили зисташ даромадам, машғули хондани кадом китобе буду маро дидан замон:

-Ҳар балое, ҳар ҷинсу инсе бошӣ ба хубӣ баромада, рав… ман дигар қудрати балогардонӣ надорам… хоҳиш, маро ин қадар сахт натарсонед…

-Ҳой домулло, чӣ гап, сафсатаро як сӯ монда, илтимос ба хонаи ман рафтем… маззаи хушдоманам паридааст… умуман он кас бемазза…

-Сад бор тавбае, ин ҷинаш боз хушдоман, зану бача ҳам доштааст-е… – гӯён домулло беист китобашро варақ мезаду чизеро меҷуст. Аммо ман вақт надоштам, озод ӯро бардошта, ба хона овардам… ҳуши он бечора рафта буд…

Духтур ҳам омада буд. Маро дидан замон рангу рӯяш парида, ҳамранги хилъати сафедаш шуд.  Дар хона оромӣ ҳукмфармо буд. Аммо ба зудӣ ин ҳамаро фарзандон дигар карданд… Хайрият, ки ҳастанд…

-Падарҷон, ҳамааш зӯр, мӯди охир, аниқтараш мӯди оянда!

-Бало ба ҳамон мӯду ҳамон қилиқи сарди падарат, қариб, ки бемодару бебибӣ… ятим монда будед!

Аҷабо, хушдоманам ҳамоно сухан гуфта метавонист…

Оҳиста-оҳиста ҳама, ҳамсару духтур, домуллою ҳамсояҳо гирдам ҷамъ шуданд. Ҳар яке тарсону ларзон мехостанд, маро ламс кунанд ва ё либосҳои бадани маро хубтар бинанд…

Ман ҳайрон… Охир тақлид ба монанди баъзе аз овозхону ҳунармандон карда будам-ку?!

Сару либос… Ҳа, гуфтагӣ барин кӯлоҳ шояд каме ба шляпаи Кутузов ва ё Майкл Ҷексон монанд буду дар сари он ба хотири диданӣ шудан шохи бузи кӯҳиро халонда будам… аллакай чанд ҷуфт гунҷишк лона гузоштаю тухм монда буданд… Маҷнуни бе Лайлию замонавии таппа-тайёр!!!

Мӯйи сарам… Онро пурра, аниқтараш қариб пурра тарошида будам, ҳа ногуфта намонад, ба хотири диданӣ шуданаш ба монанди футболбозон чанд ҳарферо сартарош монда буд, ки аввал «Умед-88» шуду аз нимнигоҳам хатогиашро фаҳмид… Агар масалан «Умед-88» нею «Фароз» менавишт, дигар буд… Сипас «Баха-88» тарошид! Хайр инаш фаҳмотар! Чанд тори мӯйи як-ду ваҷабам хеле намоён буд…

Айнак… Онро низ хеле диданӣ кардам… як шишааш кабуду як шишааш сабз… дар миёна ба хотири чашмрас гаштан, шишаи сурх мондаму ба чароғакҳои қади роҳ монанд шуд… Харидоронаш аз БДА зиёд шуду ҳамкорам Дӯстмурод дар барномааш «Роҳи сафед» ба таблиғи он сар карда, аввал ба ман ҳамин роҳро талабид… Ҳоло ба роҳ набаромадаам… Роҳам сафед ё сиёҳ… айни ҳол чизе гуфта наметавонаам…

Мӯйлаб… Ба зоҳидони буддое монанд гашту риши борики дарозам бошад ба риши қаҳрамони афсонаи машҳури ҷини андаруни чароғ- Алоувиддин…

Курта… Ҳарчанд яктоаш остинкалта буду дигараш дароз, аммо чанд тугмаи калон-калони он аз палтою боронӣ онро ҳам диданӣ карда, чароғакҳои хитоӣ бошад рангобаранг ҳар нафарро ба худ ҷалб менамуд.

Дар пеши бари куртаам расми косахонаи сафеду рамзи роҳзанҳои баҳрӣ аҷаб чашмрас буд! Ҳа, ногуфта намонад… як почаи шимам сафеду як почаи дигараш сиёҳ! Кисаҳояш зарҳалкории шил-шиладори занҷирадор! Ҳангоми ҳаракат садои зангӯлае ба гӯш мерасид. Хилъати тӯрмонанде сари китф партофтаму ба дастам калтаке ҳам доштам. Хайр ҳамааш тибқи маслиҳату пешниҳоди дӯстон-ку?!

Сайёҳат…

-Домулло як каф дуо аз Шумо!

Ҳама ба якборагӣ:

-Ҷон домулло, тезтар дуои сафараш диҳед… вагарна боз ягон қилиқи дигарро пеш гирад, аниқ пагоҳ дар ин ҷо ягон мотами калони сиёҳе мешавад!

-Мулло ба Шумо чӣ шуд?! Чашмонатро кушоед, домуллоҷон!

-Ҳе, аз сарат монад-е… сафарат… Рав акнун ягон домуллои дигар барои ин мулло биёр!

-Якбора кафандӯзу  гӯрков ҳам даъват кунам?!

-Ана боз сар шуд… Раве, хубтараш ба сафар баро! Саёҳатро сар кун!

-Саёҳат?! Он кай сар мешавад?! Сафарам чӣ мешавад? Наход боз аз рӯйи одат шабона ба назди ҳамсояамон Саёҳат меравам?! …

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь