Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ барои хизматҳои шоиста дар таҳкими фарҳангу санъати тоҷик, бахшида ба 100- солагии Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон, профессор, драматург Меҳрубон Назаров рӯзи 17-уми майи соли 2022, соати 9:00 дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Конференсияи илмӣ-амалиро таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” гузаронида шуд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Нахуст филми мустанаде оид ба фаоълияти ин ҳунарманди нотакрор дар толор ба намоиш гузошта шуд, ки бинандаро водор менамояд то дуборо Меҳрубон Назаровро бишносад.

Пас аз намоиши филими мустанад нахуст муовини вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид суханрони намуда, хизматҳои устон ва ҳунарманди нотакрор хизмати волое барои имрӯзу фардои миллат хонд.  Ҳамчунин, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъти Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доктори илмҳои филологӣ, прафессор Муҳриддин Низомӣ суханронӣ намуда, дар мавзуи “Машъалафрӯзи фарҳанги миллат” ва хизматҳои устод Меҳрубон Назаровро дар рушти фарҳанг ва санъти тоҷик нодир хонда, иброз намуд: Меҳрузон Назаров дар солҳои 1966-1979 ҳамчун вазири маданияти ҷумҳурӣ барои тарбияти санъаткорони мумтоз кӯшиши зиёд ба харҷ медод. Ёд дорам, дар яке аз колегияҳои Вазорати маданияти ИҶШС гузориши вазири маданияти Тоҷикистон Меҳрубон Назаров дар мавзӯи бо кадрҳои ҳирфаӣ таъмин намудани Вазорати маданияти Тоҷикистон ироа гардид…

Ҳамчунин, дар баробари раҳбар ва ҳунарманд будан, устод як шахси ҳалим ва меҳрубон, хушзавқу хушмуомила бунанд, илова намуд мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрубон Назаров 1-уми майи соли 1922 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушодааст. Институти театрии ба номи А.Островский шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП шаҳри Москваро хатм намудааст. М. Назаров иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Мудири шуъбаи санъати Комиҷроияи ВМКБ ва аз соли 1947 мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар вилоят фаъолият намудааст. Баъдан ба ҳайси сардори Саруправленияи санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1954-1956), ҷонишини якуми Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1956-1964), ҷонишини раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964-1965), раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба киноматография (1965-1966), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1966-1979), ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979-1988) ва то охири умр ба ҳайси профессори кафедра фаъолият кардааст.

Меҳрубон Назаров бештар аз 30 спектаклро, ба монанди «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер (1946), «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар (1947), «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (1948), «Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар «Шӯҳрати нек»-и М. Рабиев (1957), ба саҳна гузоштааст. М. Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд. Ӯ дар муддати ду соли мушовири маданият буданаш дар саҳнаи театри «Кобул Нондорӣ» спектаклҳои «Шамъҳое, ки месӯзонад»-и А. Латифӣ, «Марде, ки номаш фаромӯш шудааст»-и У. Кӯҳзод, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский, «Табиби зӯракӣ»-и Ж.Б. Моллер, «Шамъҳои сӯзон»-и К. Бесид ва ғайраҳоро манзури омма гардонидааст. М. Назаров муаллифи песаҳои бисёрпардагии «Орзу» (1964), «Дасти дӯст» (1968), «Ҳалокати одат» (1970) ва як зумра пиесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад. Тарҷимаи пиесаи «Модарандар»-и О.Балзак низ ба қалами ӯ мансуб аст.

Пиронқул Сафаров,

Доктранти ДДФСТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь