Ба истиқболи 90 – солагии кинои тоҷик

Журналисти хушсалиқа Тиллои Некқадам қариб 30 сол аст, ки дар ҷодаи хоманигорӣ устуворона гом мениҳад. Журналисти мумтоз ва касбист. Бахши асосии эҷоди ӯро мавзӯи фарҳангу ҳунар, бавижа кино, ташкил медиҳад. Рӯзноманигор ва муҳаққиқи заҳматкашест, сабку услуби хосро молик аст. Дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ӯ дар ҷодаи журналистикаи ватанӣ ягона нафарест, ки аз боби бурду бохт, таърих ва навгониҳои кинои тоҷик ва ҷаҳон мудом менависад, таҳқиқ мебарад ва тавассути телевизиони «Синамо» пайваста фикру ақидаи хешро баён медорад.

Яке аз паҳлуҳои асосии эҷоди санъатшиносро мавзӯи кинои тоҷик фаро мегирад. Муҳаббати беандозаи ӯ нисбат ба кино аз овони наврасӣ, сипас ҳангоми кору пайкори дусолааш ба сифати танзимгар дар киностудияи «Тоҷикфилм» (1980 – 1981) қавитар гашт. Касби журналистӣ ва маҳбубияти беандоза ба кино боис гашт, ки вай аз он ба баъд болои ин мавзуъ хомафарсоӣ намояд.

Аввалин нигоштаҳояшро ба яке аз киношиносони тоҷик, номзади илмҳои санъатшиносӣ Ато Аҳроров нишон дода, барои боз ҳам такмил ёфтани ин ё он мақола ё тақриз маслиҳатҳои муфид мегирифт. Аз ин рӯ, дар рафти суҳбатҳо аз хусуси санъати кино бо эҳтиром номи устодаш Ато Аҳроровро, ҳатман, зикр менамояд. Ҳоли ҳозир дар инъикос ва шинохти синамо аз байни журналистони тоҷик дар нигоришу фаҳмиши кино Тиллои Некқадам пешсаф аст.

Матлаби ёдмони вай – ин суҳбат бо актёри машҳури итолиёвӣ Микеле Плачидо («Комиссар Катани») буд. Сафари нахустини ҳунарпеша ба моҳи феврали соли 1990, ҳангоми ҳодисаҳои баҳманмоҳи шаҳри Душанбе рост омад. Сафари дувуми Микеле Плачидо дар ҳайати киногуруҳи «Шикасти афғонӣ», истеҳсоли киностудияи овозадори «Ленфилм»-и Россия (режиссёр Владимир Бортко) доир гашт. Филмро дар деҳаи Алхучи ноҳияи Варзоб ба навор мегирифтанд.

Киногуруҳи «Шикасти афғонӣ» – ро 45 нафар журналистони хориҷӣ ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Ба ин гуруҳ аз Тоҷикистон журналисти киношинос Тиллои Некқадам (бо мусоидати сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» Додохони Эгамзод -У.Ш.) шомил гашт. Тилло тайи чанд рӯз бо ин киногуруҳ фаъолият намуд ва бо имкони муносиб бо ситораи кинои ҷаҳонӣ Микеле Плачидо аз наздик суҳбат орост.

Мусоҳиба сари вақт дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» (31 июли соли 1990, № 145, саҳ.3) таҳти унвони «Тоҷикон нисбати ман муомилаи хуш доранд» чоп шуд. Ӯ, ҳамчунон, бо таҳиягари филм Владимир Бортко ва тарҷумони Микеле Плачидо – бону Людмила Соболева низ мусоҳиб гашт, ки он мавод саҳфаҳои рӯзномаи «Паёми Душанбе»-ро зеб доданд. Вай, ҳамзамон, ҳангоми банаворгирии филм репортажи калони суратдор омода сохта, онро дар рӯзнома чоп кард.

Яке аз паҳлуҳои эҷоди Тиллои Некқадамро омӯзишу ҷустуҷӯ ва ба нашр расондани мавод дар хусуси фарзонамарди тоҷик, асосгузори кинои тоҷик, Артисти халқии СССР Комил Ёрматов ташкил медиҳад. Зиндагиномаи ҳамдиёри шуҳратманди мо то кунун ӯро ором намегузорад. Тӯли солиёни зиёд ӯ ба китобу рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои солҳои 40-уми асри XX рӯ оварда, бисёр чизҳоро мавриди омӯзиш қарор дод.

Ин мавзуъ ва хидмати шоёни ин шахсият, фарзанди номвари тоҷик Комил Ёрматов аз диду хотири журналист ягон лаҳза дур нагашта. Ва ӯ муддавом аз ҷойи ҷамъоварии хотираҳои ашхоси маъруфи фарҳанги тоҷик Туҳфа Фозилова, Тоҳир Собиров, Ҷаҳон Саидмуродов, Гурминҷ Завқибеков (равонашон шод бод), Давлат Худоназаров ва дигарон дар суҳбат шуда, мавод гирд меовард.

Тӯли ин муддат ин журналисти ҷӯянда дар бораи режиссёри барҷаста Комил Ёрматов дар рӯзномаи «Садои мардум» матолиби «Ҳашт пешниҳод» (ба истиқболи 80 – солагии К. Ёрматов) – 18.6.1992, № 134, – «Ёдгорӣ аз «Муҳоҷир», 12.9.1992, № 175, очерке бо номи «То вопасин нафас тоҷик буд, аммо дигар аз мо набуд», 26.2.1999, № 10-11, инчунин аз хусуси 50 – солагии нахустнамоиши филми ҳунарии «Дӯстон боз вомехӯранд»-и К. Ёрматов – «Ёдгори азизу бебаҳо» (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 11.01.1990, № 2), «Мехӯранд афсӯси ӯ» (24.9.1989, № 115, «Ҷавонони Тоҷикистон») ва ғайра мавод ба табъ расондааст.

Солҳои пеш, дар аҳди Тоҷикистони Шӯравӣ, 27 – уми августро чун Рӯзи кинои советӣ ва тоҷик ҳамасола ид мекарданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин санаро ҳукуматдорон – киносозони Россия ба ҳукми қонун дароварданд. Киносозони тоҷик ҳайрон, то ба чанд соли дигар боз ҳам 27 августро чун иди касбии хеш ҷашн мегирифтанд.

Ин фикр, масоили мубрам Тиллои Некқадамро чун муҳаққиқ ором намегузошт. Аз ин пас, бо ибтикори хеш, бо собиқадорони кинои тоҷик вохӯрда, ҳамчунон, ба таҳқиқи китобу хотираҳои таърихӣ пардохт. Бештари рӯзномаҳои он овонро тагурӯ кард… Тилло, бахусус, хотираҳои поягузори кинои тоҷик Василий Кузинро дар китоби «Таджикский экран» (Душанбе, Ирфон, 1976) мутолиа намуда, тамоми санаву рақамҳоро муқоиса намуда, ниҳоят ба хулоса расид, ки ҳамаи рақамҳо ӯро ба санаи 16-уми октябри соли 1929 мебаранд. Зеро се нафар пешоҳангони кинои тоҷик Василий Кузин, Антон Шевич ва Николай Гезулин омадани аввалин поездро ба шаҳри Душанбе 11 сентябри соли 1929 ба тасмаи кино сабт карда, ҳамроҳи сужети «Слёти ҷавонони Тоҷикистон» ба шумораи нахустини киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» асос гузоштанд. Ин киножурналро бошад, 16 октябри соли 1929 ба вакилони Анҷумани III фавқулодаи Шӯроҳои Тоҷикистон намоиш доданд, ки дар Декларатсияи қабулкардаашон РАСС Тоҷикистонро чун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати СССР эълон карда буданд.

Ба андешаи Тиллои Некқадам Рӯзи синамо – тавлиди кинои тоҷик бо омадани нахустин поезд ба Душанбе ва таъсисёбии РСС Тоҷикистон рост меояд.

Мавсуф аз боби кино матолиби фаровоне ба табъ расондааст, ки танҳо 44-тои он дар китоби «Дурахши кинои тоҷик» («Ирфон», 2011) гирд омадааст. Маводи ӯ дар бораи таърихи кинои тоҷик, саромадони он, режиссёрон, операторон ва актёрон Комил Ёрматов, Василий Кузин, Иброҳим Барамиков, Қутбиддин Олимов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Гурминҷ Завқибеков, Марат Орифов, Дилбар Қосимова, Нозукмоҳ Шомансурова, Ҷаҳон Саидмуродов, Маҳмудҷон Воҳидов, Андрей Бобоев, Владимир Мотил, Бимбулат Ватаев, Тамара Кокова, Тамара Яндиева, Бобо Ананов ва ғайра басо ҷолибу хонданист.

Нигоштаҳояш дар бораи ситораҳои кинои ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи муштариёнро ба худ ҷалб месозад. Вай пайваста аз боби истеҳсол ва таърихи эҷод, ҷашнвораи филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» маводи зиёде эҷод намуда, онро бо Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо», барномаи «Ганҷи тасвир», (барандааш Дилхоҳи Нозиршоҳ), манзури тамошобинон мегардонанд.

Матолиби солҳои охир нигоштааш аз шумули «Мехӯранд афсӯси ӯ» (1989), «Ситораҳои кинои Ҳиндустон» (1990), «Санъати аз ҳама муҳим ба дастгирӣ ниёз дорад» (1999),«Ҷашни санъати аз ҳама муҳим магар фаромӯш гардид?» (2001),«Афсӯс гаҳе зиндабузургон нашиносем» (2009), «Зеботарин актрисаи кинои Ҳиндустон» (2013), «Ӯ ба кино ҳаёти аврупоиро ҷорӣ намуд» (2013), «Артист»-и бебарор, вале тоҷири муваффақ» (2014), «Зани бадкирдор» (2014), «Ҷони Вайсмюллер: «Ман Тарзани ҳамаи давру замонам» (2014), «Гойко Митич ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи дублёр набуд» (2014),«Аз Бобо Ананов ёд мекунем» (2015), «Аз Болливуд то Голливуд» (2015), «Актёри «бераҳму дағал, вале писанди тамошобин» (2015), «Братан» ва рекордҳои ҷаҳонӣ дар 26 – солагӣ» (2016), «Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд» (2016), «Сафири иродаи нек» (2016), «Рақс бо кабӯтарон дар ҳузури Рустами Достон» (2017), «Аз дидам ҷамоле» то «Достони Сиёвуш» (2017), «Боз аз пардаи синамо чеҳра намоед» (2017), «Истиқболи 100 – умин Соли нави умр», (2017), «Сухан аз меҳру аз вафо» (2017), «Ҳарки ӯро дид агар Фирдавсии нодида дид» (2018), «Тақдири талху ширини «Дохунда» (2018), «Бо айби кӣ Пӯлот Ахматов зиндадаргӯр шуд?» (2018), «Инъикоси ҳунарҳои халқӣ дар санъати кино» (2018), «Гулчатай рӯякашро накушоду…» (2018) ва ғайра бағоят моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Дар асоси ин мавод китоби нави ӯ таҳти унвони «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» (Душанбе, «Аржанг», 2019) ба табъ расид. Умед аст, ки ин маҷмӯа мақбули ҳаводорони санъати кинои тоҷик хоҳад гашт.

Вай имрӯзҳо дар такопӯи эҷодист. Нақшаву корҳои зиёде ӯро дар пешанд. Зеро соли 2019 ҷашни 90 – солагии кинои тоҷик таҷлил мегардад. Таманно дорем, ки нақшаҳои муҳаққиқи ҷӯянда Тиллои Некқадам* ҷомаи амал пӯшад.

 

Умари ШЕРХОН, публитсист

 

*Тиллои Некқадам 7.9.1959, деҳаи Деррӯшони ноҳияи Рӯшон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь