Тоҷикистон баҳри ман аз деҳи ман сар мешавад

Деҳаи зебоманзари Куруди ноҳияи Айнӣ макони бархе аз булбулони боғи санъати тоҷик аст- аз устоди санъат артисти халқии СССР Ҷӯрабек Мурод то Хурсандмуроду Қобилҷон ва Тӯхтамурод Зарифовҳо. Аз як деҳи хурди назарногир ба камол расидани ингуна фидоиёни роҳи санъат, дар ҳақиқат боиси хурсандист. Пеш аз ҳама каромоти Худои ломакон дар тавлиди истеъдодҳои нодир ба мушоҳида мерасад.

Аввалин сурудҳои устод Ҷӯрабек таронаҳои бо сабки халқӣ сароидаи падари маҳбубаш-Муродбек маҳсуб мешавад, ки минбаъд ташаккул ёфта, ба қуллаҳои баланд парвоз намуданд. Устод ҳамеша назди падар нишаста, ҳар таронаро бодиққат ғуш мекарду баъдан дар танҳоӣ зам-зама менамуд. Аллакай меҳри касби ҳунармандӣ аз хурдӣ дар дилаш ҷой гирифта буд.

Аввалин сомеони овози  Ҷӯрабек дашту даман, гулу гиёҳ, сангу дараи деҳаи бобоиаш-Куруд мебошад. Бо лаҳни овози худододи Ҷӯрабек чашмаву дарёи деҳа ва дарёи Зарафшон мусиқӣ менавохт, акси садояшро аз дараҳо бишнида, меболид.

 Марди роҳи кишвари зебои ишқ

Дар ҳақиқат, устод Ҷӯрабек марди роҳи ҳафт  кишвари зебои ишқ аст, овози хуҷиста, маҳорати баланди эҷодкорӣ, ҳусни зебои саҳнавӣ ӯро миёни хурду бузург маъруфу маҳбуб гадонидааст. Ёдам ҳаст, соли 1989 дар назди Филармония кӯдаки мактабхон устод Ҷӯрабекро дида, садо баланд кард: «оча, ана Ҷӯрабек, шинохтӣ?».

Ин аст подоши ҳунару эҷод ва ҷоннисории фидоиёнаи як санъаткори нодири кишвар. Ҳангоми аз кӯча гузаштан қариб ҳама ба ӯ назари меҳр ҳадя мекунанд. Аз табассуми малеҳашон одамонро пайдост, ки ба ҳунару эҷодаш дилбастагии амиқ доранду дӯсташ медоранд.

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун

Тараннуми суруд дар шаҳри Маскав хеле хотирмон аст, оҳанги марғуб, садои дилнишину худододи Ҷӯрабек ба хомӯшии саҳна боис гашта, аз ҷониби шунавандагон хуб пазиро гардид. Маҳорати иҷрои суруд аз ҳунари асилу нотакрораш гувоҳӣ дод. Шеъру таронаҳои сурудааш бори дигар шоиронро ба мардум қарин намуда, шуҳраташонро афзуд. Шеърҳои пурмаънии гулзори хаёли Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Мавлавӣ, Турсунзодаву Лоиқ ба мардум шодиву нишот овард.

Ҷӯрабек ва Лоиқ

Устод Ҷӯрабек Лоиқи ширинсуханро пири маънавии худ медонист. Шеърҳои Лоиқ ба шеърҳои нонавиштаи Рӯдакӣ шабоҳат дорад. Вазни равони дарёгун, оҳанги наҷиб, маънии фарох рисолати ингуна шеър аст. Маҳз, шаби базми ин ду ахтари осмони санъат дар ҳаёти фарҳангии кишвар дигаргунӣ ба миён овард. Ҳунари шоирӣ ва хунёгарӣ ба дили ҳазорон ихлосмандони санъати миллӣ фараҳ зам кард.

Минбаъд ин анъанаи писандидаро шогирдону ҳамкасбон идома доданд. Мо дар ин базм гӯё Рӯдакӣ ва Борбадро медидем. Шоир хуб гуфтааст:

Дар ғазал сардафтари ашъори дафрон Лоиқ аст,

Ҳафт аз мулки суханро гашта султон Лоиқ аст.

Шеъри оламгири ӯ дастури аҳли маънӣ аст,

Рӯдакии асри бисти Тоҷикистон Лоиқ аст.

***

Шинохти ҳунари асил мизони инсоф аст

Дар воқеъ, шинохти ҳунари асил мизони инсоф

аст. Баъзан дар намоиши телевизион ва барномаҳои радиоӣ намояндагони фарҳанг ба ҳунари санъаткорон баҳо дода, дар аксар вақт номи устод Ҷӯрабекро фаромӯш мекунанд. Ё ба иллати бахилӣ ва маҳалгароӣ гуфтан намехоҳанд. Аммо намедонанд, ки ҳунари асил мисли офтоб сияҳ намешавад. Ҷӯрабек Ҷӯрабек аст, оҳангу суруди бешумораш дар гӯши миллат абадан боқӣ мемонад. Барҳақ, шоир фармудааст:

Ҳунар беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,

Ки дар зар кас набинад ҳушёрӣ.

Дар сифати ҳунару истеъдоди нодири устод Ҷӯрабек намояндагони илму фарҳанг, олимон, шоирон, сиёсатмадорону вазирон суханони пурмеҳр гуфтаанд, ки ба шакли китоби воҳид аллакай чоп шудаанд.

Шунидани сурудҳои Ҷӯрабек торҳои асабро ором намуда, ба кас руҳу илҳоми тоза ато мекунад.

Халифабобо Ҷумъазода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь