(Андешаҳо дар хошияи шеърҳои Ориёнии шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ)

Шод бодо Ориёно,

Ориёни бостонам.

Тоҷикистони ҷавонам

Порае,

Як пораи рахшандае,

Аз мағз мағзи Ориёно,

Балки мағзи, мағзи нағзи Ориёно

Ҳамин нигоштаи пуробуранги шоир гувоҳи он аст, ки Ориёно як пораи ҷону тани ӯ буда, ифтихори ватандории шоир аз он нашъа мегирад. Шоир, ки пешаи асосиаш таҳқиқгари осори фарҳангии Ориёи бостон ва файласуф аст, дид ва нигоҳи меҳрбораш маърифатхезу маърифатрез буда, ҳар сатр ва ибороти рӯи саҳфаи эҷод овардааш баёнгари розҳои Ориёи бузург мебошад. Ашъораш дар китобҳои «Меҳрборон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон, «Нурборон». «Дилнигора», «Нурполо», «Қалами найшакарӣ» ва маҷмуаҳои зиёди дастҷамъии адибон руи чоп омада манзури ҳазорон ҳазор хонандагон гардидаанд. Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, узбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ӯ ки дастпарвари факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе мебошад, аз забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, узбекӣ,урду ва украинӣ ашъори бисёре аз шоирони шинохтаи шуҳрати ҷаҳонӣ доштаро тарҷума намудааст. Шеърҳо, достонҳо ва қиссаҳои А.С.Пушкин, М.Лермонтов, В.Шекспир, Ҷ.Байрон, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, роману повестҳои Л.Каррол, З.Бистшитская ва дигар адибони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Дар тарҷума аввалин шоирест, ки аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ Ҷ. Байронро баргардонида манзури хонандагони тоҷик намудааст.

Ҳоло дар баробари эҷоди шеър дар риштаи тадкиқоти фарҳангиву фалсафӣ дар самтҳои. «Ташаккул ва такомули маънавиёти тоҷик дар масири адолатгараён (Пешдодиёи), маърифатпешагон (Маздоясно) исломӣ, шӯравӣ ва истиқлоли сиёсӣ». «Таъсир ва такомули тарафайни тамаддунҳо, (исломӣ, иудаистӣ, насронӣ, ҳиндӣ)» тадқиқотҳои пурарзиши илмӣ намудааст. Хулосаи тадқиқоташ он аст, ки умумият, такомули тарафайни тамаддунҳо дар тули таърихи беш аз панҷ ҳазор сол равшану сареҳ ва муфиду ҳамҷониба будааст. Ин ҳама пижуҳишу тадқиқот ҷанбаи таърихии шеъри шоирро хеле пурқувват гардонида, хонандаро водор месозад, ки таърихи пурифтихори гузаштагонашро мавриди омузиши ҷиддӣ қарор бидиҳад. Он гуна, ки шоир дар шеъри «Ориёни бостонам, Тоҷикистони ҷавонам мефармояд».

Ориёно, Ориёно, Ориёни бостонӣ,

Ориёни бостону, Тоҷикистони ҷавони!

Тозаву сарсабзу рӯшан, эй диёри боғу гулшан.

Чашмасору обшорӣ, ҷаннати рӯи ҷаҳонӣ.

 

Азм кардӣ ориёна, дасти Аҳриман бубастӣ.

Разм кардӣ Рустамона, пои сарлашкар шикастӣ

Базм кардӣ Ориёна, даштҳоро кишта кардӣ,

Базм кардӣ Ориёна,қинаҳоро кушта кардӣ

 

Зинда бодо Ориёнам, Ориёни бостонам,

Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонам.

Бале шоир бо муҳаббат ва қалби саршор аз меҳри ватан ифтихори ватандориашро ба хонанда баён намуда, хонандаро ба сайри таърихӣ мебарад дунболи орзуи ватан хоҳиву ватандорӣ. Ин таърихи саропо пур аз матонату қаҳрамонӣ на танҳо хонандаро ба таърихи Ориёӣ будани тоҷикон ошно месозад, балки ӯро водор менамояд, ки ин замин ва ин хокдонро чун аҷдодони хеш дӯст дорад. Ва арҷаш гузорад. Ин муҳаббати Ватандории шоир дар шеъри дигари ӯ чунин рӯи саҳфаи эҷод омадааст.

Ин диёри файзбору меҳрубонон аст,

Хиттаи ҷоху ҷалоли меҳрдорон аст.

Қиблаи Ҷамшеди шоҳи шаҳриёрон аст,

Зодгоҳи Рустами дастури дастон аст.

 

Зодгоҳи ошиқони нуру имои аст ин кишвар,

Дар тамоми чор баҳру шаш бару шаш дар.

Нурпарвар, нурофар Вахши Вахшураш,

Нурпарвар миллати мардони хушгавҳар.

 Ошёни ростиву росткорон аст,

Дурри тоҷи ормони Олӣ Сомон аст,

Ин биҳиштеро, ки дар рӯи замин бинӣ.

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон аст.

Асолати таърихии Ватандории мо тоҷикон он гуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохуриаш ба мардум бо таъқид мегӯяд: «Дӯстдоштани Ватан аз дустдоштани фарзандони бономус ва бонангу орӣ он сарчашма мегирад». Ҳамин аст, ки гузаштагони пурифтихорамон дӯстоштани ватанро яке аз рукнҳои имондорӣ ном бурданд. Шоири воқеан ҳам мардумӣ устод Назри Яздонӣ ин мактаби бузурги худшиносии миллиро ба сарбаландӣ гузашта, бо шеърҳои саршор аз муҳаббати Ватандориаш тавониста, ки дар қалби хонандагонаш ҷой бигирад. Шеъри дигари шоир, ки бо муҳаббат ва самимияти зиёди ватандорӣ рӯи саҳфа омадааст, хонандаро ҳамнишини қалби пурмеҳраш намуда, дунёи розҳои ватандораашро ба рӯяш боз намуда, мегӯяд:

Ман чӣ дорам?

Як бадан,

Яъне, ки дорам

Як кафи хоки Ватан

Як кафе аз сангҳои Тоҷикистон,

Санги сахту хоки поки Тоҷикистон.

 

Он чӣ дорам аз ҳама ганҷинаҳои шойгон,

Дорам сухан

 

Яъне, ки дорам

Қатраи оби Ватан.

Қатрае аз оби ноби Тоҷикистон

 

Оби ноби чашмаоби Тоҷикистон

Боз дорам,

Ҳиммате чун авҷи парвози уқоб,

Ҳамчу парвози уқоби Тоҷикистон,

Дар самои ранги оби Тоҷикистон.

 

Чун сухан, як ҷавҳоре аз осмон аст.

Ҷавҳаре аз лаълии рахшону паррони самовӣ.

Бояд он монанд ҳамеша

Дар самои Тоҷикистон.

 

Чун тани ман

Мешавад охир насиби хокдон,

Бояд он бошад

Насиби хоки поки Тоҷикистон.

Ин шеъри саропо пур аз сузу сози шоирона гувоҳи барҳақи ватандорӣ ва ватанхоҳии шоир буда, розҳои ӯро ба хонанда боз менамояд. Яъне ормонҳои ватанхоҳии Ориёхоҳонаи шоир муҳаббат ва самимияти зиёд доштан ба гузаштаи пурифтихори ориёнии мо тоҷиконро дар қалби хонандагон бештару бештар мегардонад. Маҳз ҳамин самимияти ватандорӣ шеърҳои шоирро хушобуранг намуда, садҳо ҳофизону оҳангсозони кишвар бар ашъораш оҳанг баста, овозаву шуҳрати шеърашро ҷовидонӣ намудаанд.

Баҳром ШАРИПОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь