Барои озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба бисёрҳизбӣ вобастагӣ дорад ва маҳаки асосии он аҳамияти аввалиндараҷа ба рушди бемайлони кишвари азизамон мебошад, бешубҳа боиси дастгирист. Ин раванд ба як соҳаи дар назар ноаён, аммо хеле зарурӣ – низоми тарбияи томактабӣ ва синни хурди мактабӣ, маблағгузории давлатии будубоши кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар муассисаҳои томактабӣ, китобҳои дарсӣ барои онҳо, нашрияҳои кӯдакона ва наврасону ҷавонон низ бетаъсир намемонад. Хурсандиовар аст, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии баъзе аз ҳизбҳои сиёсии кишвар ин масъала ба таври бояду шояд барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон бармеояд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба он аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст, ин масъалаи дастгирии давлатии таълим ва рушди низоми он дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ мебошад. Аз ҳамин хотир, дар доираи озмуни эълоннамудаи он таҳлиле дар бораи нашрияҳои кӯдаконаи ҷумҳурӣ анҷом дода шуд, ки мухтасари онро дар поён меоварем, шояд бар нафъи кор бошад. Метавон ба ин таҳлил соҳаи адабиёти кӯдакро низ дохил намуд, ки албатта бурду бохти худро дорад, аммо мақсади мо таҳлили нашрияҳои кӯдакона аст ва дар зарурат метавонем ба он низ таваҷҷуҳ намоем, чунки ин ду соҳа бевосита ба кӯдак дахл доранд.
Ният кардем, ин ҷо мушахассан, дар бораи ҷобаҷогузории кадрҳо, мазмуну мундариҷа, сифат, нарх, обуна, чоп, адади нашр, тақсимот ибрози ақида намоем.
Мувофиқи санадҳои оморӣ, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як миллиону ҳафтсад ҳазор нафар мактаббача дорад ва барои онҳо қариб бисту шаш номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мешаванд. Ба қатори рӯзномаю маҷаллаҳои шахсӣ ё хусусӣ, ки инчунин барои хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ нашр мешаванд ва бештар обрӯю эътибор доранд, метавон «Зангӯла», «Навниҳол», “Пайрав”, «Гул-гул», «Гулчин», «Сомониён», «Ворисони Сомониён», «Афсонаҳо», «Боғи дониш», «Субҳи дониш», «Ғунчаҳои умед», «Парвин», «Бойчечак», «Уқувчилар», «Устоз», «Замондош» ва ғайраро номбар кард, ки пайваста нашр мешаванд ва каму беш дастраси хонандагон мегарданд. Аммо бояд қайд кард, ки ҳамаи ин рӯзномаю маҷаллаҳо барои кӯдакон ҳастанд ва бурду бохти онҳо дар маҷмуъ ба рушди низоми тарбияи томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ таъсири амиқ мерасонад. Аз ҳамин хотир, мушкилиҳои ҷойдошта ва пешравиҳои назаррасе, ки оварда мешаванд, ба соҳаи маорифу фарҳанг алоқаи зич доранд ва дар барномаи Ҳизби аграрии ҷумҳурӣ ба он аҳамият додан боиси хушнудӣ ва дастгирист. Инак, таҳлил.
Ҷобаҷогузории кадрҳо
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар нашрияҳои номбурда ба ҷобаҷогузории кадрҳо то рӯзҳои наздик касе аҳамияти ҷиддӣ намедод ва кормандон аз рӯи ноилоҷӣ ба кор қабул карда мешуданд. Сабаби асосӣ дар он буд ва ҳаст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ барои ин соҳа мутахассис тайёр карда намешуд ва намешавад. Солҳои охир дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ факултаи журналистика зиёд шуд, ки боиси хушнудист, аммо дар ягон факултаи журналистика маҳз барои нашрияҳои кӯдакона мутахассис тайёр карда намешавад. Инчунин, аз донишгоҳу донишкадаҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба нашрияҳои кӯдакона донишҷӯён фиристода намешаванд. Саволи мантиқие пеш меояд, ки дар ин нашрияҳо киҳо кор мекунанд? Мутахассисонашон аз рӯи кадом миқёс ба кор қабул карда мешаванд? Ва ин нашрияҳоро кӣ тайёр мекунад ва ин нашрияҳо ба кӯдакони мо чӣ медиҳанд?!
Мазмуну мундариҷа
Дар Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма», он ҷо ки аз соли 1991, ҳанӯз аз овони донишҷӯиям кор мекунам, муаллифоне ба монанди Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Насим Раҷаб, Сафия Носир, Камол Насрулло, Низом Қосим, Гулназар, Ҷӯра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Ҳамроҳи Авлиёпур, Абдусаттори Раҳмон, Маҳбуба Неъматзода ва ғайраҳо фаъолият доштанд, ки бешак, ҳар якеашон барои ин соҳа хизматҳои шоёне кардаанд. Табиист, ки вақте устодоне инчунин кору фаъолият мекунанд, ба мавзӯю мундариҷа низ аз диди худашон менигаранд ва чизи бемаънию бемантиқ наменависанд. Аммо… ин ҷо ҳам саволи ниммантиқие ба миён меояд, ки устодоне, ки исмашонро бо ифтихор овардем, баъд аз худ чанд пайраву шогирд барои ин соҳа омода кардаанд?! Баъд аз онҳо зимоми нашрияҳои мазкур ба дасти кӣ меафтад?! Нашавад, ки шахси тасодуфие нашрия кушояду идеяҳои мазҳабию тиҷоратии (ё худ худо накарда, ғояҳои террористии!) худро тавассути он ба сари кӯдакони мо бор кунад?! Ва идеяҳои миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро кӣ дар байни кӯдакон ташвиқу тарғиб мекунад?! Ва мавзӯю мундариҷаи нашрияҳои кӯдаконаи мо ба кадом муқаддасоте бояд нигаронида шуда бошад?!
Сифат
Сифати нашрияҳои мазкурро метавон фақат бо нашрияҳои дигари дар ҷумҳурӣ чопшаванда муқоиса кард, чун бо ҷумҳуриҳои дигар муқоисанашаванда аст. Фарқ аз замин то осмон. Агар ҳадафи асосии фаъолияти нашрияҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мактаббачагон ва дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо бошад, пас сифати нашрияҳо низ бояд ба ин чиз мусоидат намояд. Сифати нашрияҳои кӯдаконаи мо он қадар паст аст, ки пас аз як маротиба варақгардон кардан на варақ мемонаду на матн! Чӣ расад ба он, ки ҳар як маҷалла бояд солҳо ҳифз карда шавад, то муаллимони муҳтарам ва мураббиёни азиз дар дарсҳои тарбиявӣ аз онҳо истифода баранд!
Нарх
Омилҳои таъсиргузор ба нарх вуҷуд доранд, ки ба назар нагирифтанашон номумкин аст. Яке аз ин омилҳо ҳарсола баланд рафтани нархи коғази офсет ва коғази газетӣ мебошад. Инчунин, дар давраи тобистон аз сабаби камёфт шудани коғаз, бо роҳи сунъӣ баланд бардоштани нархи он аз тарафи ширкатҳои коғазтаъминкунанда аст. Дар баробари ин, плёнкаю пластина, ки дар ҳар як шумораи чопи нашрия ба миқдори зиёд сарф карда мешавад, ҳамасола қиммат мешавад ва ин қимматшавӣ ба нархи аслии (себестоимост) рӯзнома ё маҷалла зам мегардад. Дар натиҷа нархи як адад рӯзнома ё маҷаллаи кӯдакона аз се сомонӣ то чоруним – панҷ сомонӣ мешавад, ки барои кӯдак гарон меафтад ва шукри маблағҳои буҷетӣ, ки ба рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ дода мешавад, то бо нархи арзон ва дастрас аз онҳо бемайлон истифода баранд. Аммо солҳои охир бо сабабҳои номаълум дотатсияи давлатӣ низ кам карда шудааст ва паст будани сифати нашрияҳои кӯдаконаи хусусӣ аз беаҳамиятӣ ва ба собиқаи казоии корӣ надоштани соҳибонашон вобаста аст.
Обуна
Масъалаи обуна ба нашрияҳои кӯдакона масъалаи баҳснок аст. Аксарият бар онанд, ки обунаи озод ба роҳ монда шавад ва кӯдак бо хоҳиши худ аз байни миқдори зиёди номгӯи нашрияҳо ба худ маъқулро интихоб намояд. Бархеи дигар бар онанд, ки давлат бояд барои кӯдакон обунаи иҷбориро ба роҳ монад, чунки кӯдак аз пеши худ на ба ягон рӯзнома обуна мешаваду на китоб мехарад. Чун кӯдак кӯдак аст ва агар барояш пул додед, бешубҳа ба ҷои рӯзнома ё маҷалла бозича мехарад!
Почтаи давлатии Тоҷикистон он почтае нест, ки солҳои пешин буд. Имрӯз фаъолияти почта чашмрас нест. Агар дар ноҳияи дурдасте як нафар ба маҷаллае тариқи почта обуна шавад, маҳол аст, ки кормандони муҳтарами он вақти қиммати худро сарф карда, барои як дона маҷалла ба идораи он оянд. Беҳтар аст, ки як мактаб, ки қариб ҳазор нафар хонанда дорад, ақаллан ба сад адад рӯзнома обуна шаванду кирои пулу вақт сарф карда ба онҳо дастрас кардан кунад… ва ғайра.
Боз шукри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷозат медиҳад ин ҳама рӯзномаю маҷаллаҳо, ки зерсохтори ин вазорат нестанд, ба муассисаҳои томактабӣ ва макотиби ҳамагонӣ, ки зертобеи ин вазорат ҳастанд, паҳн карда шаванд!
Адади нашр
Гуфтем, ки мувофиқи омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як миллиону ҳафтсад ҳазор нафар хонандагони макотиби ҳамагонӣ таҳсил менамоянду миқдори хонандагони муассисаҳои томактабӣ аз ин ҳисоб берун аст. Аммо ба теъдоди нашрияҳои кӯдаконаи расмии ҷумҳурӣ назар афганем, таассуфовар аст. Баландтарин адади нашри маҷаллаҳои кӯдакона панҷ ҳазор дона ё шаш ҳазор дона будааст! Нашрияҳои дигар дуҳазорию сеҳазорӣ чоп мешудаанд. Агар як фоизи як миллиону ҳафтсад ҳазорро ҳисоб кунем, ҳабдаҳ ҳазор мешудааст. Агар боз ба мантиқ рӯй биоварем, пас наваду нуҳ фоизи бачаҳои мо бесаводанд ё фақат газета намехонанд?!
Чоп
Дар кадом нашриёт чоп шудани ин нашрияҳо аҳамияте надорад. Ҳар кадоме, хоҳ давлатӣ бошаду хоҳ хусусӣ, босифат чоп кунад, ба фоидаи кор аст. Аммо, мутаассифона, гӯё ҳам нашриёти давлатию ҳам хусусӣ барои пастсифат чоп намудан мусобиқа мекунанд. Нархномаҳояшон қариб ки аз ҳамдигар фарқ намекунад. Дар нашриётҳои пешина, агар адади нашр ҳарчӣ зиёдтар мешуд, нарх нисбатан арзон карда мешуд, вале имрӯз агар сад нусха ҳам чоп кунед, як нарху панҷ ҳазор нусха ҳам чоп кунед, ҳамон.
Тақсимот
Паҳн намудани нашрияҳои кӯдакона дар байни хонандагон, яъне дастрас намудани нашрияҳо ба хонандагонашон имрӯз куллан ба дӯши идораҳояшон аст. Идораи як рӯзнома чанд нафар корманд дошта метавонад? Албатта, агар даҳ нафар бошанд, хуб, вагарна имрӯзҳо мӯд шудааст, ки ду нафар як нашрия ташкил мекунанду ҳам менависанду ҳам нашр менамоянду ҳам паҳн менамоянд, аммо чӣ менависанд ва то кадом дараҷа муваффақ мешаванд, ин масъалаи дигар аст.
Инчунин, метавон дар зарурат, дар бораи забон, ҳуруфот, расм, жанр, формат (андоза), мавқеъ ва ҷузъҳои дигари ин соҳа ибрози ақида намуд. Ташкил намудани ақаллан зершуъбае дар Иттифоқи журналистон барои нашрияҳои кӯдакона, ба фикри инҷониб, тақозои давр аст.
Ҳар як таҳлил бояд хулосае дошта бошад. Аммо ин ҷо аз хулоса худдорӣ мекунем, чун мухтасари баъзе аз мушкилӣ ва пешрафти ин соҳа бармало шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ баробари аҳамият додан ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба ин соҳа низ таваҷҷуҳ дорад ва мо аминем, ки барои рушду нумуъ ва гул-гулшукуфоии кишвари азизамон муваффақ мешавад.
Абдувоҳиди ЗЕВАР, узви ИНТ ва ИЖТ