Аз дафтари хотира

Рӯзе аз гузаргоҳи зеризаминии назди Мағозаи марказии пойтахт (ЦУМ) гузашта, зани русеро дидам, ки бо гитара суруд мехонд ва ман филфавр ҳунарнамоии қориеро, ки солҳои 60 – 70 – уми қарни гузашта дар Саристгоҳи (Автовокзал) шаҳри Қӯрғонтеппа (айни ҳол Бохтар) аз пагоҳӣ то бегоҳӣ ашӯла мехонд, ба ёд овардам.

Ҷавонмарди қадпасти нобинои тахминан 30 – 40 сола, ки Ғарибшо ном дошту аз мулки Дарвоз буд, аслан аз ҷониби ноҳияҳои Панҷ (таърихан Сарой Камар) ё Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) бо автобус омада, нахуст дар хараки пешорӯйи бинои Саристгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯ ҷониби шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа нишаста, бо рубобаш нағмапардозӣ мекард.

Одатан барномаи ҳунариаш аз сурудҳои ҳофизи маҳбубамон Зафар Нозим иборат буд. Азбаски овози форам дошта, мусиқии дилнавоз менавохт, ҳамеша дар атрофаш мухлисонашро дидан мумкин буд. Ӯ хоҳиши мусофирон – ҳаводорони ҳунарашро ҳеҷ гоҳ ба замин нагузошта, дарҳол рубоби кӯҳнаю фарсудаашро ба даст мегирифт ва овози шинамаш ба атроф паҳн мегашт.

Баъзан мардуми санъатдӯст ва мухлисони дилсӯзу меҳрубонаш ӯро аз дасташ гирифта, ба чойхонаи паҳлуи Саристгоҳ бурда, ба пешаш дастурхон густурда, яке чойники чойи сабзу дигаре нону кулча, сеюми ширинӣ, чоруми самбусаву тухми бирён ё косаи гарми шӯрбо, панҷумӣ меваҳои гуногун мухайё карда, ба қавле бо дили соф зиёфат медоданд ва ҳамин ки қорӣ каме истироҳату фароғат мекард, хоҳиш менамуданд, ки табъи онҳоро шод гардонад.

Дар яке аз чунин ғамхориҳо дар дасти ҳофиз рубоби нави нақшунигорро дида, муборакбодаш кардем ва сабаби пайдо шудани асбоби мусиқиро пурсидем. Ҳофиз торро як тараф монда, ба нақли қисса гузашт.

– Чанд рӯз пеш чун одати доимӣ дар хараки дар пешорӯйи бинои Саристгоҳ рӯ ҷониби пойтахт суруд мехондам. Ин дам ҳис кардам, ки аз пештара дида мардуми зиёде дар атрофам ҷамъ омадаву ба овозхониам хомӯшона гӯш медиҳанд. Баъди хотимаи суруд марде дасташро болои китфам гузошта, савол дод:

– Ин суруди кист?

– Суруди Зафари ҷон, – бо ифтихор ҷавоб гардондам.

– Ту бигӯй, эй ҷавонмарди нобино ва эй ҳофизи хушовози мардумӣ чи тавр сурудҳои Зафарро азхуд мекунӣ, – пурсид ҳамон овоз.

– Ҳине, ки Зафарҷон аз радио суруд мехонад бо тамом ҳушу гӯш мешавам, то ки як калимаашро фаромӯш накунам, – гуфта бо хушҳолӣ посух гардондам.

– Ман Зафар Нозим мебошам, – ҳофизи номии республика боз дасти пурмеҳрашро болои китфам монд. – Дар ҳақиқат овози шинам ва ширадор дорӣ, Лекин рубобат кӯҳнаву фарсуда шудааст. Ман рубоби худамро ба ту туҳфа мекунам. Бихон, эй булбули Вахш! Бисаро, Ғарибшои ҷон!

Дар ҳақиқат ин ҷавонмарди нобино, ин қории хушовозро тамоми мардуми водии Вахш дӯст медошт ва ӯ талабу илтимоси ҳеҷ касро, хоҳ ҷавон бошад ва хоҳ пири нотавон рад накарда, ҳамон замон торро ба даст мегирифт ва яке аз сурудҳои устод Зафар Нозим ба фазо мепечид.

Охири солҳои 70 – ум тасодуфан ба автобус нишастам. Ронанда ҳамин, ки дар гардиши мағозаи «Шаҳло» ба шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Панҷ баромад суръати мошинро баланд кард. Ба деҳаи Қизил – Шарқ (ҳоло Меҳробод) нарасида мӯйсафеде аз қорӣ илтимос кард, ки суруде хонад, то ки табъи мусофирон хушҳол гардад. Ҳофиз рубобро ба даст гирифта ба хондани ғазали Саъдӣ оғоз намуд:

– Эй, сорбон, оҳиста рон, ки ороми ҷонам меравад…

Ронанда ба мазмуни суруд сарфаҳм рафт, ки дарҳол суръати мошинро ба навои суруд мутобиқ кард ва мусофирон дар зери оҳанги рубоб ва овози дилангези ҳофиз ғарқи дунёи хаёлоти ширин шуданд. Ҳофиз сурудхонии худро то ба манзил расидани автобус давом дод. Дар охири сафар қорӣ суруди дигари Саъдӣ «Бигзор, то бигирям» – ро хонд, ки мисраъҳои охиринаш чунин буд:

– Саъдӣ ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,

Берун наметавон кард, ило ба рӯзгорон…

Аз рӯзгори ман ин қадар сол гузашта бошад ҳам меҳри ин ҳофизи нобино аз дилу дидаам берун нарафтааст ва ҳар боре, ки ба шаҳри ҷавониам Қӯрғонтеппа омада, ба нақлиёт ба самти ноҳияҳои Панҷу Қумсангир равон шавам садои ширину дилнавози ҳофизи нобино, ки бо рубоби Зафар Нозим сурудҳои Зафар Нозимро месароид, дар гӯшам садо медиҳад.

Зариф Ғулом,

адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь