(Пораҳо аз ёддоштҳои соли 1981)
Ба пешвози 70-солагии профессор, доктори илми таърих, журналист Иброҳим Усмонов
Аз соли сеюми донишҷӯӣ (аз соли 1975) ман «дафтари ёддоштҳо» доштам, ки дар он баъзе лаҳзаҳои эҳсоси зиндагии худро гоҳе ҳар рӯз, гоҳе ҳафтае, гоҳе моҳе як бор менавиштам. Аз сабаби он ки аз соли 1972 то соли 1984 иҷоранишин будам, баъзе аз ин дафтарҳо ва ҳамчунин бархе китобҳоям дар кӯчокӯчиҳо гум шуданд. Вале хушбахтона боз ҳам чанде аз ин дафтарҳо пурра ва ё пора-пора, аз байни бастаи китобҳоям пайдо шуд, ки ҳоло дар дастам ҳаст.
Соли 1978 ман ҳамчун лаборанти калон ба кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР ба кор оғоз намудам. Дар ҳамин ҷо бо устод И.Усмонов шинос шудам ва зуд ба ҳамдигар унс гирифтем. Дар кафедра, дар маҳфилҳо, ба идораи рӯзномаҳо, ба тамошои намоишҳои театрӣ бо ҳам мерафтем. Дар ҳамин «дафтари ёддоштҳо» гоҳе хотираҳое аз устод И.Усмонов ҳам ҳаст.
Тобистони соли 1980 ман ҳамроҳи донишҷӯён чун комиссари гурӯҳи донишҷӯёни сохтмончӣ ба вилояти Мурмански Русия рафтам. Дар он ҷо низ «дафтари ёддоштҳо» доштам, ки баъзе лаҳзаҳои ҳассосро қайд мекардам. Дар Мурманск аз Тоҷикистон якчанд гурӯҳ буд. Ҳангоми диду боздидҳо яке аз устодони соҳаи ҳуқуқ А.Ҳотамов, ки бригадири донишҷӯёни сохтмончии гурӯҳе буд, бароям гуфт:
– Пеш аз ба Мурманск омадани ман, аз боло супориш шудааст, ки гурӯҳи устодонро аз Университети давлатии Тоҷикистон ба Донишгоҳҳои Афғонистон фиристанд. Як рӯихати калон таҳия намудаанд, дар он номи ман ва номи шумо ҳам ҳаст. Гӯё ман дар ким-кадом Институти партиявӣ аз ҳуқуқ дарс медодаам.
Ман аз ин гап ҳайрон мондам. Охири моҳи августи соли 1980 аз Мурманск баргаштем. Дар ҳақиқат аз охири моҳи сентябр гурӯҳ-гурӯҳ омӯзгорони фанҳои гуногун «варақаи шахсӣ» пур карданд, аввал аз бюрои кумитаи ҳизби Университет, баъд Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, ҳамчунин аз бюрои кумитаи ҳизби ноҳияи Роҳи Оҳан аз суҳбатҳо гузашта интихоб шуданд. Маро низ чун тарҷумон моҳи ноябри соли 1980 аз бюрои комсомолӣ, бюрои кумитаи ҳизби университет, баъд Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус аз суҳбатҳо гузарониданд. Гурӯҳи тарҷумонҳо ман, Халифабобо Ҳомидов, Шодӣ Ризоев ва боз чанд нафар будем, ки номзади илм набудем. Устоди зиндаёд Ниёз Сафаров, аз Вазорати маориф ба Донишгоҳ омада, аз мо аз алифбои форсӣ имтиҳон гирифтанд. Дар ҷамъбасти имтиҳон гуфтанд, ки «шумоён омодагии бештар дошта бошед, дар Донишогоҳи Кобул тарҷумонӣ мекунед».
Мо, – тарҷумонҳо аз чанд комиссия гузаштем. Вале дар шуъбаи кадрҳои вазорат ба ман гуфтанд, ки аз сабаби аз ҳамсаратон ҷудо шуданатон, рафтани шумо даргумон аст. Моҳи январ ва феврали соли 1981 боз маро шуъбаи кадрҳои Вазорати мароиф ба суҳбат даъват карда, баъзе саволҳо дода, маълумоти даркориро пурра намуданд. Бори охир моҳи феврал як гурӯҳро, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам тарҷумонҳо будем, дар бюрои ҳизби Университет даъват карда, машварат доданд. Зимнан ишорат намуданд, ки «муаллимҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи Кобул кор мекарданд, пас аз вуруди неруҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз Донишгоҳ рафтаанд, аз ин рӯ кишвари мо (СССР) тасмим гирифтааст, ки Донишгоҳи Кобулро бо муаллимҳо ва тарҷумонҳо таъмин намояд».
Устод И.Усмонов, ки хамеша бо ҳам будем, бо ҳайрат ба ман гуфтанд: «ман ҳайронам. Дар Донишгоҳи Кобул муаллими журналист ҳаст, яке дар Маскав бо ман пасопеш ҳимоя карда буд, вале чаро маро низ даъват кардаанд?».
Ҳамин тавр, чанд рӯз гузашт. Рӯзи 7-уми марти соли 1981 ба ман хабар расид, ки аз тариқи Маскав ба Афғонистон меравед. Худи ҳамон шаб ба Бойсун рафта, бо падару модар хайрухуш карда, 8-уми март баргаштам. Дар ин чанд рӯз моро дар донишгоҳ, кумитаи ҳизби ноҳия, Вазорати маориф ва ҳамчунин ба КМ ҳизби куммунисти РСС Тоҷикистон даъват намуда, барои чун шахсони намунавӣ советӣ хизмат кардан, насиҳат намуданд. Дар охир котиби ташкилоти партиявии Университет Т.Б.Каримов, проректор оид ба таълим В.И.Приписнов суҳбат карда, таъкид намуданд, ки обрӯи университетро нигоҳ дорем ва ғ.
Рӯзи 11 март 1981 бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав паридем. Ману И.Усмонов паҳлуи ҳам нишастем. Ман дафтарамро гирифта, ба навиштан шурӯъ кардам. Ин чанд рӯз, ки хеле хаста шудам ва дуруст хоб накардаам, дар ҳавопаймо хобам бурдааст. И.Усмонов ба саҳифаи холии «дафтари ёддоштҳо» – и ман навиштаанд: «Дар самолёт. Равшан ба ҷои ёддоштнависӣ хоб». И.Усмонов.
Ман, ки дар самти тирезаи ҳавопаймо нишаста будам, бедор шудам. И.Усмонов ва Ю.Солеҳов дар самти чапи ман шоҳмотбозӣ мекарданд. Дафтарро гирифта, сабти Усмоновро дида, баъд ба навиштани воқеаҳои 2-3 рӯзи гузашта, ки аз давутоз фурсат надоштам, шуруъ кардам. Ба Маскав расидем ва дар меҳмонхонаи «Университетская» ҷо шудем. Чун одат ману Усмонов ҳамеша бо ҳамем. Дар меҳмонхона низ дар як хона ҷо гирифтем.
Дар Маскав низ лаҳзаҳои ҷолиб буд. Аз ҷумла устод В.Асрорӣ ба пленуми Иттифоқи журналистони СССР омада, дар ҳамон меҳмонхона буданд. Дар ин чанд рӯз давутози мо дар Вазорати маорифи СССР буд. Бегоҳиҳо устод В.Асрориро ба хона даъват мекардем. Ҳамчунин ҳар сеи моро – устод В.Асрорӣ, И.Усмонов ва манро баъзе аз шиносҳоямон ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Чанд рӯзи дар Маскав будаамон низ хотирмон буд.
Се моҳи аввал аз 16-уми март то 05-уми июли соли 1981, муаллим И.Усмонов ва ман дар Кобул, дар як хона зиндагонӣ кардем. Хушбахтона, «дафтарҳои ёддоштҳо»-и ман, ки воқеаҳои то моҳи августи 1981-ро, ки ин рӯзҳо ба таври мухтасар сабт шудааст, дар дастам аст. Ҳоло чанд лаҳзаеро, ба таври мухтасар, аз баъзе рӯзҳо, аз ин «дафтари ёддоштҳо», ки бо И.Усмонов як ҷо будем, меорам.
12.03.1981 (Маскав). «Дар меҳмонхонаи Университетская» ҷо доданд. Хеле ҷолиб ва нек аст, ки устодамон профессор В.Асрорӣ низ дар ҳамин меҳмонхона. Он кас дар табақи 8, мо дар табақаи 13. Маълум шуд, ки устод Асрорӣ ба пленуми журналистони умумиттифоқ омадаанд. Ману И.Усмонов дар як хона ҳастем. Устодро меҳмон кардем. Дар ҳар мавзӯъ суҳбтҳои нек доштем… Устод В.Асрорӣ ба ман гуфтанд, ки «Равшан, дар ҷоят мисли худат ягон каси чаққонро ёфтӣ?». Муаллим И.Усмонов бо шӯхӣ гуфтанд, ки «муаллим, ҳоло худатон аз мо чаққонтар».
13.03.1981 (Маскав). «Имшаб бо устод В.Асрорӣ, И.Усмонов, И.Хатлонӣ, С.Сафарова, С.Маҳрамов дар хонае будем, ки дар он ҷо аз таърихи тоҷикон, забони тоҷикӣ, муҳаббат ба Тоҷикистон, адабиёт, шеърхонӣ ва суҳбатҳои ширин буд…».
14.03.1981 (Маскав). «Устод В.Асрориро ману И.Усмонов то аэропорт гусел кардем. Устод имшаб ба Душанбе парвоз доранд. Баъд каме харид карда, ба меҳмонхона («Университетская») баргаштем. И.Усмонов ба Душанбе ба хонаашон занг заданд:
– Ало Маҳрам (номи ҳамсари И.Усмонов) бачаҳо дуруст? Зиқ нашаветон… Э чаро гиря… Гиря накун… Худат розӣ шудӣ-ку… Пас аз чанд моҳ ту ҳам ба наздам меравӣ… Бачаҳоя эҳтиёт шав… Онҳо дар куҷо?… Дар кӯча… Бозӣ мекунанд… Хайр дадоят чӣ тавр? Аз касалхона баромаданд? Хайр нағз… Салом гӯй… Мана фикр накун… то дидан…
Ин аст чанд муколимаи муаллим Усмонов бо ҳамсарашон. Дар он суханҳо ҳарорати гарму ҷӯшони шавҳари меҳрубону содиқ нисбат ба занаш дида мешавад, ки чунин оилаҳо бояд барои мо ҷавонон намунаи ибрат бошанд».
16.03.1981 (Кобул). «Ба Кобул ҳам расидем. Хонаҳои истиқоматиамонро муайян намуда, пас аз хастагӣ истироҳат мекунем. Мо дар як ҳуҷраи чорхонагӣ, чор кас ҷой гирифтем. Ба ҳар кас як хона. Хонаҳо бо қолинҳои хурд-хурди афғонӣ ва мебалҳои афғонӣ ҷиҳозонида аст. Дар хонаи И.Усмонов, ки дӯсти дилсӯзи ман аст, муаллимони бисёр ҷамъ омадагӣ. Ҳама муаллимҳои матабҳои олӣ (асосан Университет) танҳо ман тарҷумон… Шаби аввалро дар Кобул гузаронидем…».
17.03.1981 (Кобул). «Соати даҳи субҳ ба сафоратхонаи СССР ва баъд ба Донишгоҳи Кобул омадем… Вазифаи ман маълум шуд, тарҷумони дарси ҳуқуқ бояд бошам… Пас аз нисфи рӯз тақсимоти хонаҳо шуд. Ману И.Усмонов ба хонаи дукаса кӯчидем. Ҳар ду хонаро тозаву озода кардем».
18.03.1981 (Кобул). «Имрӯз маош гирифтем. Бозор рафта, сабзӣ, пиёз, картошка ва ғ. харидем. Бегоҳӣ буд. Бе гӯшту равған хӯрок пухтем. Хӯроки аввалинамон ба ҳар дуямон маъқул буд».
19.03.1981 (Кобул). «Бозор рафта, чизу чора харидем. Дар роҳ Салимшоҳ Ҳалимшоҳро дидем. И.Усмонов бо онҳо монданд, ман тез-тез ба ба хона омада, ба хӯроктайёркунӣ сар кардам. Картошкаро тоз карда будам, ки аз дар И.Усмонов, С.Ҳалимшо, А.Шукуров даромаданд. Суҳбатамон хеле қаймоқ баст… Ҳалимшо ва Шукуров пештар ба Кобул омаданд, таҷрибаи хуб доштанд ба мо нақлҳо карданд… Бегоҳӣ баъди гусели онҳо ба хонаи мо С.Мирзоев (баъдҳо профессори адабиёт), А.Наботов (устоди варзиш), Қ.Бобоев (дотсент), З.Юсуфов (баъдҳо профессори кимиё) омаданд. Нақлҳои ҷолиб, латифагӯӣ…».
20.03.1981 (Кобул). «Рӯзи ҷумъа дар Афғонистон истироҳат аст. Соати даҳи субҳ занги хона садо дод. Дарро кушодам, ки Ваҳҳобу (ҳоло дотсент) Бадриддин (ҳоло профессор). Инҳо чанд моҳ пеш аз мо чун тарҷумон дар муассисаҳои дигар ба кор омада буданд. Имрӯз бо муаллим И.Усмонов ош пухтем… Суҳбатҳои рангин буд аз тоҷику Тоҷикистон…
Бегоҳӣ ба хонаи акаи Ҳ.Бобоев (дотсент) рафтем. Ҷашни таваллуд доштаанд. Ин кас як моҳ пештар омадаанд. Дар университет аз иқтисод дарс медоданд. Ҳоло дар Донишгоҳи Кобул ҳам аз иқтисод дарс медиҳанд. Марди хоксору шарифе мебошанд. Дар охири нишаст дар бораи ватану модар суханҳои нек гуфтанд… Дар оҳанги сурудҳои дилнишини Аҳмад Зоҳир рақсидему шодмонӣ кардем…».
27.03.1981 (Кобул). «Рӯзи ҷумъа. Моро Одина Мирак (шоир) ба хонааш даъват кард. И.Усмонов, С.Мирзоев ба хонаи он кас омадем. Хеле хушу самимӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамсарашон ҳамин рӯз аз Тоҷикистон омада будааст. Устод С.Мирзоев оши палов пухтанд. Пас аз фурсате боз касе омад, ки Ш.Муродалӣ буд. Одина Мирак, ки шоир аст бо меҳр аз мо пурсид:
– Дар Тоҷикистон як ҳафта аст, ки кадом ҷашн идома дорад.
– Наврӯзи дилафрӯз – ҷавоб додем ҳама баробар.
– Дар Наврӯз таоми беҳтарин чист? – пурсид Одина Мирак.
Ҳар кас, ҳар чиз гуфт. Ман:
– Суманак – гуфтам.
– Ёфтед. Мехоҳед дар қатори ин нозу неъматҳо, неъмати қадимии мо суманак дар дастархон бошад?
– Кошкӣ – гуфтем ҳама.
Суманак омад. Ин суманакро дар Тоҷикистон пухтаанд. Ин суманак роҳҳои дуру дарозро тай намудааст. Аз ин суманак бӯи Тоҷикистон, бӯи одамонаш, бӯи баҳораш, бӯи Наврӯзи оламафрӯзаш меояд».
31.03.1981 (Кобул). «Имрӯз ҳамроҳи И.Усмонов дар ҷамъомади донишҷӯёни тамоми курсҳои журналистон иштирок доштам. Дар ҷамъомад муаллим И.Усмонов, ташкил кардани газетаи девории кафедраро пешниҳод намуданд. Ҳама розӣ шуданд. Дар синфхона эълон намуданд, ки барои газета ҳар кас номе пешниҳод намояд. Гуфтанд: нолаи най, нидои журнализм, ҳақиқати журнализм, журналист, қалами сухангӯ ва ғайра. Дар охир чунин натиҷагирӣ шуд, ки номи газета «журналист» бошад. Ҷавоне мехост, ки «нидои журналист» бошад, вале бо овоздиҳӣ «журналист» интихоб шуд».
04.04.1981 (Кобул). «…Рости гап Равшан Ватанро ёд кардам. Агар дар Маскав мебудаму як лаҳза зиқ мешудам, ҳамон замон парида назди зану кӯдаконам мерафтам. Ё рӯзҳои аввали дар Кобул буданамон ҳамин хел дилгиркунанда бошад?? Ман ба И.Усмонов гуфтам: «Бале, муаллим Кобул ҳам нотинҷ, шабҳо тирпарронӣ, театр нест. Пас аз соати даҳи шаб ба кӯчаҳо гаштан мумкин нест».
Дар ҳақиқат муаллим И.Усмонов ошиқи хонаводаи худ ҳастанд. Баъзе шабҳо то соати 3-4 шаб хобамон намебарад. Ё нардбозӣ мекунем, ё қартабозӣ, ё ман ҳар хел воқеаҳои худро бофтаву тофта барояшон мегуфтам, то вақт гузарад».
08.04.1981 (Кобул). «Имшаб бо И.Усмонов рӯзҳои бачагиро ба ёд овардем. Пас аз чанд лаҳзаи ҷолибро ҳикоят кардани ман И.Усмонов аз бачагии худ чунин ёдовар шуданд:
– Дар бачагӣ ман бисёр воқеаҳоро аз сар гузаронидам. Як лаҳзаи ҷолибро бароятон нақл мекунам. То давраи мактабхонӣ (5-6 солагӣ) маро як ҷӯраи акаам сахт дӯст медошт. Вай ҳар боре, ки маро бинад, ҳатман як стакан газвода харида медоду мегуфт: «канӣ, камтар арақ хӯр». Мани бача гумон мекардам, ки ин об арақ асту онро нӯшида маст шудам. Вай мегуфт, ки ту маст ҳастӣ, акнун худатро ба замин парто. Ҳанӯз ман худро ба замин напартофта, маро бардошта ё такякунон то хона мебурд. Ман, ки мастҳоро дида будам ба онҳо тақлид мекардам. То ба хона расидан шӯхӣ мекарду мегуфт, ки «ин маст аст», ман ҳам аз гапи ӯ завқ бурда, худро бардурӯғ ба мастӣ мезадам…
…Равшан, ҳоло бароятон боз як воқеаи бачагиро ҳикоят мекунам. Аз ҳамсояҳо касе ду ҷувол чукурӣ овард. Ҳамон шахс 2-3 дона чукурӣ доду гуфт, ки инро ба хонаи ҳамсоя бар, худаш аз паи кораш рафт. Занҳо машғули суҳбати худ. Ман 2-3 донагӣ ду ҷувол чукуриро ба хонаи ҳамсоя кашондам».
11.04.1981 (Кобул). «Рӯзи 4-уми сентябри соли 1971 хонадор шудам. Ягон каси ёрӣ мекардагӣ набуд. Барои пешбурди зиндагӣ пул нест. Аз хонадоршавӣ 15 рӯз нагузашта ба командировка рафтам, то ки рӯзгорамро пеш барам. Чанд рӯз дар Ғарму Ҷиргатолу Комсомолобод будам. Занам дар хона. Ана ҳамин тариқ зиндагиро пеш бурдам. Қаламам ягона такягоҳам буд, қаламам мададгорам ва ба ҳама чиз умедбахшам буд. Баъд аз хатми аспирантура ҳам, мо каме бепулӣ мекашидем. Чунин рӯзҳо буд, Равшан. Дар хона чизҳои дурусти хӯрданӣ надоштем. Мана ҳоло ҳамаш паси сар шуд. Дар натиҷаи бо қаламам шабу рӯз меҳнат карданам, рӯзгорамро дуруст намудам. Худатон медонед, ки соҳиби «москвич» ҳам будам».
25.04.1981 (Кобул). «Аз университети Кобул омадам. Бегоҳӣ. Бо И.Усмонов хӯрок пухтем: макаронпалов. Хӯрокро кашида, чойро дам кардем ва ба чақ-чақ сар кардем. Суҳбатамон аз рӯзномаи деворӣ сар шуда бо таҳлили асарҳои адибони бузурги олам поён ёфт. И.Усмонов бо завқ як лаҳзаи дохилшавии худро нақл карданд:
– Имтиҳони якумро бомуваффақият супоридам. Аз имтиҳони дуюм «се» гирифтам. Аз ду имтиҳони дигар баҳоям «аъло» шуд. Рӯзи комиссияи мандат расид. Бехобгоҳ, бестипендия қабул карданӣ шуданд. Дар охир яке аз муаллимон савол дод, ки чӣ ҳунарҳо дорӣ. Дигаре илова намуд, ки масалан андовакунӣ, дуредгарӣ, хиштрезӣ. Ман ҳайрон мондам. Ногоҳ муаллими дигаре гуфт, ки аз санъат чӣ ҳунар дорӣ? Дафъатан ҷавоб додам, ки чанг навохта метавонам…».
28.04.1981 (Кобул). «Ҳамроҳи И.Усмонов ба меҳмонхонаи «Метропол»-и Кобул омадем, то ки ҳунармандони эстрадаи «Гулшан»-ро бинем. Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Баҳодур Неъматов, Зоҳир Ҳувайдо ва дигарон… Дар як хонаи танг бисёриҳо суҳбати ширин доштем. Яке аз сарояндагони афғонистонӣ, гуфтаи як тан беморо, ки пас аз консерти «Гулшан» дар бемористон шунидааст, ба ёд оварда гуфт:
– Як ҷавоне аз 18 ҷояш тир хӯрдааст. Модараш нест. Баданаш сӯрох-сӯрох, лахт-лахт. Овозаш ҳам заиф. Ҳамин маҷрӯҳ пас созу сурудро шунидан, дидани рақсҳо гиря карда мегуфт: имрӯз барои ман аз садҳо сӯзандоруи духтурони меҳрпарвар садои овозхонҳо ва рақсҳои дилнишини тоҷикон шифобахштар буд».
28.04.1981 (Кобул). «Ман имрӯз тамоми замину замонро хаёлан саёҳат кардам. Ғарқи хаёл будам, ки И.Усмонов ба хона даромаданду пурсиданд:
– Ҳа, дам мегиред?
– Не, саёҳат мекунам. Ҳоло дар Тоҷикистонам.
– Охир, чӣ хел дароз кашида саёҳат мекунед?
– Не-не, хаёлан саёҳат мекунам.
Ҳар ду ба балкон баромадем.
– Обу ҳавои пойтахти Тоҷикистон чӣ хел будааст, ҳамин Кобул барин, ё андаке дигар?
– Субҳ дар Кобул резаборон борид. Чӣ хеле ки мебинед борони маҳин сабазаҳои наврустаю дарахтони навшукуфтаро шустааст. Вале дар Душанбеи хаёлии ман шаб борон бориду субҳ офтоби хандон медурахшид. Дар он ҷо боди форам мевазиду шохаҳои маҷнунбедро, ки мисли чилкокули духтарон аст, алвонҷ медод. Кокулони маҷнунбед пичир-пичир ба гӯши ҳамдигар ким-чиҳо мегуфтанд. Шояд онҳо маро ба ёд оварда мегуфтанд, ки зудтар биёям…
– Ба гумонам ошиқ шуда истодаед.
– Охир ман ҳамеша ошиқ ҳастам-ку.
– Не, акнун сахттар ошиқ шудаед.
– Муаллимҷон, худатон медонед, ки ман ҳамеша ошиқи зиндагӣ ҳастам…
– Хӯш, дар ин саёҳати хаёлӣ баъд дар Душанбе боз чиҳоро дидед ва киҳоро дидед? Онҳо чиҳо гуфтанд, маро ҳам пурсиданд ё не?
– Муаллим, Усмонов, ман ҳамаи чизҳои дидаву шунидаамро ба шумо гӯям имрӯз адо намешавад. Асосаш ҳамин ки тобистон шояд хонадор шавам.
– Масъалаи аз ҳама муҳимро ҳал кардед, ҳамин кифоя…».
ОХИРСУХАН: Ин чанд сатри мухтасар аз «дафтари ёддоштҳо»-и ман буд, ки соли 1981 сабт шудааст. Устоди гиромӣ профессор Иброҳим Усмонови меҳрпарвар шуморо аз сидқи дил бо синни камолоти 70-солагӣ табрик намуда, фақат тандурустӣ, тандурустӣ, тандурустӣ хоҳонам.
Бародаратон Равшан Раҳмонӣ.