Сафарҳои ҳунарию боздиди Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850- 1936) ба кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Осиёи Сағир (1887, 1888, 1900) тавассути Чорҷӯй, Марву Красноводск ва Боку, Ганҷа, Нахҷувон сурат гирифтаанд. Воқеист, ки ӯ дар ҷараёни сафар диду боздид аз ин шаҳрҳо, баробари шинос шудан аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, зиёрати марқади суханварону орифон, инчунин бо чеҳраҳои фарҳангии ин шаҳрҳо ҳам шинос мешавад. Ӯ дар ҷараёни се сафараш, ки аз тариқи марказҳои таърихию фарҳангии Озарбойҷон, шаҳрҳои Боку, Ганҷа, Нахҷувон сурат гирифта, бештар ба ҳаёти фарҳангии ин шаҳрҳо шинос мешавад. Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки зода, бархоста ва меросбари арзишҳои яке аз пойгоҳҳои бузурги фарҳангӣ-Самарқанд, фазои таърихию фарҳангии шаҳрҳои дигарро дар муқоиса ба зодгоҳаш натиҷагирӣ менамуд. Бинобар ба этирофи шогирдаш Шариф Акрам (сароянда, намояндаи барҷастаи театри мусиқӣ): «Устод дар суҳбатҳояшон таъкид менамуданд, ки ҷои Самарқандамон -расму русумаш дар таърих нотакрор аст… ».
Доир ба робитаи Ҳоҷӣ Абдулазиз ба доираҳои адабию ҳунарии Озарбойҷон дар навиштаҳои пажӯҳишгарон доир ба ӯ ба истиснои он ки сафарҳояш ба кишварҳои Қафқозу Осиёи Сағир, Шарқи Миёнаю Наздик бештар тавассути Боку сурат мегирифтаст, гузориши дигаре ба назар намерасанд. Пӯшида нест, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки зодаи шаҳри фарҳангофару фарҳангзо, дорои суннатҳои дерини таърихию адабӣ, илмию ҳунарии мондагор аст ва намояндагони он барои такмили дониши хеш ба кишварҳои дигар, марказҳои бузурги таърихию фарҳангии Ҳинду Чин, Хуросону Эрон, Шарқи Миёнаю Наздик, Осиёи Сағир сафарҳо менамуданд ва бо раҳовардҳои чашмгири илмию адабӣ, ҳунарӣ бармегаштанд, он баҳраҳоро дар шакли нав, диди тозаҳунарӣ рӯи саҳна меоварданд ва манзури мардум менамуданд. Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳам аз зумраи чунин чеҳра ва симоҳои ҷӯянда ва эҷодкори навдиду навсабк, навовар дар санъати эҷодию иҷроии шеърию мусиқиитоҷику ӯзбек буда ва ин паҳлӯи фаъолияти ӯ усулан таҳқиқ нашудаанд. Аз ҷумла, робитаи ӯ ба доираҳои фарҳангии Озарбойҷони садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ буда ва ин мавзӯ яке аз саҳифаҳои пурбори эҷодию иҷроии устоди мусиқист. Таъкид ба ёдоварист, ки дар навиштаҳои пажӯҳишгарони озарӣ ҳам доир ба робитаи эҷодию иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз (дар маҷмӯ намояндагони тоҷик) ба доираҳои фарҳангии шаҳрҳои Боку, Ганҷа ва Нахҷувон ишораҳое ҳам нашудааст.
Бинобар ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ, навиштаҳои пажӯҳишгарони озарӣ дар нимаи дуввуми садаи Х1Х бо кӯшиши зумраи фарҳангиёни озарӣ дар якчанд шаҳри Озарбойҷон маҳфилу ҷамъомадҳои адабию ҳунарӣ рӯи саҳна меоянд. Аз ҷумла, дар шаҳри Шамоха бо кӯшиши Маҳмуди Оқӣ, дар Шуша бошад бо саъйи Харротгулу Муҳаммад Оглу, Мирмуҳсини Наввоб (муаллифи рисолаи мусиқии “Визуҳ-ир -ирқом”), дар Боку бо кӯшиши Мешади Малик Мансуров маҳофили адабию ҳунарӣ рӯи кор меоянд. Дар нимаи дуввуми солҳои 80- и садаи Х1Х мусиқидон Мирмуҳсин Наввоб бо ҳамдастии хонанадаи баном Ҳоҷӣ Гусӣ (меросбари анъанаи созандаю ошуғхо, огоҳ аз санъати мақом- муғом) маҳфили мутрибонро таъсис медиҳанд ва хонандаю созандаҳои шушаӣ Машадӣ Чамил Амир, Саиди Шушаӣ, Аслам Абдулло, Содиқҷони Шушаӣ ва дигарон аз фаъолони ин маҳфил буданд ва дар ин замина корҳои ҳунарии зиёд ҳам намудаанд. Содиқи Гусӣ аз ҳунарамандони баноми ҳавзаи Шуша ( Қаробоғ) маҳсуб шуда ва дар заминаи муғомҳо таснифоти рангин ҳам рӯи саҳна овардааст.
Санъати навозандагӣ- торнавозии Мирзо Содиқ Асадоглу дар санъати мусиқии садаи Х1Х Озарбойҷон беназир буда ва ӯ низ дар сохтори пардавию тории ин сози мусиқӣ ҳам навгониҳои зиёде ворид намудааст. Идомадиҳандагони кори ҳунарии ӯ дар ин замина навозандагони ҳунарманд: Мешади Зайнал, Мешадӣ Ҷамол Амир, Ширин Охунд, Қурбон Пирим мебошанд. Дар маҷмӯ метавон гуфт, ки мактаби Шуша (ҳавзаи Қаробоғ) дар таърихи фарҳанги эҷодию иҷроии шеърию мусиқии озарӣ ҷойгоҳи хосе дорад. Аз ин ҳавзаи баноми фарҳангӣ на фақат меросбарони номвари санъати эҷодию иҷроии мусиқии мардумию устодона, инчунин композиторони бузург Узеир Ҳоҷибеков, Зулфиқор Ҳоҷибеков, Фикрат Амиров, Зулфиқор Ниёзӣ, Афросиёб Бадалбейлӣ, Султон Ҳоҷибеков, Ашраф Аббосов, Сулаймон Алиаскаров, Рашид Бебутов ва дигарон ба камол расида ва дар пешрафти мусиқии озарӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки доир ба мероси фарҳангии мардуми озар огоҳу бо фарҳангиёни озаритабори Самарқанд ҳам шиносоӣ дошт. Ӯ ба санъати эҷодию иҷроии озариҳо иттилои хуб ҳам дошт. Аз ин рӯ, барои аз наздик шинос шудану шунидани устодони мусиқии озарӣ хатти сафарҳои худро ба Осиёи Сағир, Шарқи Миёнаю Наздик барномарезӣ намуд. Ӯ дар се сафараш аз шаҳрҳои Боку, Ганҷа(барои зиёрати марқади Низомӣ ва бузургони дигар) баробари дидан намудану шинос шудан бо доираҳои фарҳангии ин шаҳрҳо, инчунин бо чеҳраҳои мусиқӣ ҳам шинос шудан орзуе дар дил мепарварид ва дар чанд маҳфили ташкилнамудаи устоди номии мусиқӣ Мешади Мансур (Боку) иштироку аз ҳунари рангомези эҷодии иҷроии онҳо баҳрманд гардид ва намунаҳои баргузидаро аз мероси мусиқии Самарқанд манзурашон намуд.
Ӯ соли 1900 баъди бозгашт аз сафари саввумаш аз кишварҳои Осиёи Сағир (Истамбул, Қуния), Шарқи Миёна, Наздик (Макка, Мадина, Бағдод, Димишқ, Қоҳира, Ҳалаб, Наҷаф, Карбало ва ғ.) дар Боку бо хоҳиши шиносонаш дар маҳфиле ширкат намуда ва чанд таронаи ба тоза сохтаашро чун раҳоварди сафарӣ манзури ҳозирин менамояд, ки яке аз онҳо таронаи «Қурбон ӯлам»( Зулфи парешон) бар ғазали суханвари номӣ Фузулӣ (1494-1556) ва таронаро бадоҳатан чун ҷавобия ба созандаю хонандаҳои маҳфилоро пешкаш менамояд. Бинобар ба тавзеҳи шогирди Ҳоҷӣ Абдулазиз Шариф Акрам (амакаш дар ин сафар бо Ҳоҷӣ будааст) дар ин маҳфил чанд зоирини Самарқанд ҳам чун меҳмон ширкат доштаанд, фарҳангиёни озарӣ аз санъати баланду бадоҳаиҷроии ӯ дар ҳайрат монда ва композитори номӣ Узеир Ҳоҷибеков (1885-1948) низ ҳузур доштааст. Ҳоҷӣ Абдулазиз ин таронаро бо истифода аз нашидаҳои тараннуми муғомҳо ва шедҳои ошуғҳо дар коркарди хеле боҳунарона иҷро менамояд. Ӯ ин сурудро мувофиқи хоҳиши ҳозирин ду бор иҷро менамояд ва У. Ҳоҷибеков ин сурудро сареъан ба нота сабт мекунад ва дар опера- муғоми «Лайлӣ ва Маҷнун» (ба на эҷоди ин асар солҳои 1897-98 оғоз карда ва соли 1908 рӯи саҳна омад ва асари мазкур бар пояи ғазалҳои Фузулӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»- шоир эҷод мекунад, дар арияи марказии ин асари мусиқӣ, арияи Қайс ин суруд ва сабки иҷроии Ҳоҷиро истифода менамояд). Ба осори Фузулӣ ва хосатан ғазалиёти тоҷикӣ- форсӣ, туркӣ- озарии Фузулӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз дар фазои адабии Самарқанд ошноӣ пайдо намуда буд ва ба чандин ғазали шоир асарҳо ҳам сохтаю манзури мардум намудааст.
Ин асари Ҳоҷӣ Абдулазиз баробари дар доираҳои ҳунарии Озарбойҷон шуҳрати зиёд пайдо намудан, инчунин дар анъанаи эҷодию иҷроии Фарорудон (Осиёи Миёна: Самарқанд, Хева, Тошканд, Бухоро ва ғ.) чун падидаи нави мусиқӣ шуҳратёр мешавад ва матлаъи иҷроии ин ғазали Фузулӣ чунин аст:
Кел- кел(ей), эй моҳлиқо ҳуснинга қурбон ӯлам.
Ҳалқаи зулфи парешонинга қурбон ӯлам.
Новобаста аз он ки Ҳоҷӣ Абдулазиз суруди «Қурбон ӯлам» ( Зулфи парешон)-ро дар маҳфили фарҳангиёни Боку бадоҳатан ва бо истифодаи бисёр боҳунаронаю эҷодкорона аз ифодаҳои тараннумии мусиқии озарӣ (марғулаҳои хоси таъкидию тараннумии муғому санъати ошуғӣ истифода карда) на фақат назди мутрибони озарӣ эътибори хоса касб кард, инчунин композитори бузург У. Ҳоҷибеков дар операи «Лайлӣ ва Маҷнун » мавриди истифода намуд ( зимнан, ӯ муаллифми операҳои «Шайх Санъон» , «Рустам ва Суҳроб», «Шоҳ Аббос ва Хуршедбону», «Аслӣ ва Карам», «Кёрогли», «Корун ва Лайлӣ» ва «Фирӯза», мазҳакаи мусиқии «Аршин мололон»), чун аз арияҳои марказӣ аз тарзи иҷрои санъаткори самарқандӣ истифода намудааст (истинод аз гуфтаҳои шогирди устоди мусиқӣ Шариф Акрам). Ин суруди устоди мусиқӣ минбаъд дар фазои эҷоду иҷроии мусиқии тоҷику ӯзбек як таҳаввулоти беназиру таъсиргузори иҷроиро рӯи саҳна овард. Сарояндаи номӣ Нериё Аминов (1916-1998) баъди ширкат, рӯзҳои даҳаи адабиёт ва ҳунари тоҷик дар Озарбойҷон ва дар иҷрои мутрибони озарӣ шунидани суруди Ҳоҷӣ Абдулазиз ( Қурбон ӯлам – Зулфи парешон),баъди бозгашт зери таъсири ин суруд бар ғазали Мирзо Абдулқоддири Бедил ин асари устоди бузургро ба бо ифодаҳои иҷроии хеш ва ба номи «Зулфи парешон» (чун моли худ, бозхонӣ) манзури дӯстдорони мусиқӣ менамояд. Матни аслии ғазали Мирзо Абдулқодири Бедил чунин аст:
Ҷоме магар аз базми ҳаё дар задаӣ боз?
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз.
Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам,
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Бар гӯшаи дастори ту он лолаи сероб,
Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?
Эй соғари табхола, аз ин ташна саломе,
Хуш хайма бар он чашмаи Кавсар задаӣ боз!
Махмуриву мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат,
Чун чашми худ имрӯз чӣ соғар задаӣ боз?
Абри чӣ баҳор аст, ки бар бисмили нозат,
Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз?
Ҳуш дор, ки парвози ғурурат нарабояд,
Дил байзаи ваҳм асту таҳи пар задаӣ боз!
Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ,
Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?
Аз хок дамидан ба қабо сарфа надорад,
Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз?
Бедил, зи фурӯғи гуҳари назми ҷаҳонтоб,
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз.
Ин асари Ҳоҷӣ Абдулазиз имрӯз дар фазои иҷроии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар радифи марғубтарин офаридаҳои мусиқии устодона ҷой гирифта, махсусан байни сарояндагони ӯзбек «Қурбон ӯлам» ( Зулфи парешон, зиёда аз 100 нафар ин асарро бо рангомезиҳои муассири овозӣ иҷро менамоянд), чун асари санҷиши маҳорату имконоти иҷроӣ, намунаи олии санъати эҷодӣ касб намудааст.
Бинобар ба таъкиди яке аз зоирини самарқандӣ дар он маҳфил низ чун меҳмон даъватӣ (амаки Шариф Акрам) буда, баъди бозгашт доир ба таассуроти хеш ба мардуме, ки ба зиёраташ омада мегӯяд, ки (аз хотироти Шариф Акрам, Исмоил Акрам) Ҳоҷӣ Абдулазиз ғурури баланди миллӣ доштанд ва баъди иҷрои ғазали Фузулӣ «Қурбон ӯлам» тибқи хоҳиши аҳли маҳфил чанд суруди бар ашъори Низомӣ, Камоли Хуҷандӣ дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои Осиёи Сағир, Шарқи Миёна,Наздик эҷодкардаашро бо сози дутор дар ҳамовози мутриби номии озарӣ Мешадӣ Ҷамил (бо Ҳоҷӣ Абдулазиз унс гирифта буд) иҷро менамояд. Чанд ғазали Хоҷа Камолро бо бардошт ифодаҳои тараннуми мақомҳо (Шашмақом, анъанаи иҷроии Самарқанд) манзури иштирокдорони маҳфил менамояд ва матни он суруд, ки Акрами Самарқандӣ дар хотир доштааст, ин аст:
Дӯш дар хонаи мо моҳ фуруд омада буд,
Хона равшан шуду дидем ҳам-ӯ омада буд.
То бубинем моҳталъати маймун фолаш,
Қуръа андохта будему накӯ омада буд.
Бо хаёли лабу он орази нозук дар чашм,
Оби давлат ҳамаро боз ба ҷӯ омада буд.
Медамид аз дами мушкини сабо бӯи биҳишт,
Бӯй бурдем бирав, з-он сари кӯ омада буд,
Ҳарки дидем чу чашму сари зулфаш он ҷо,
Масту ошуфта, он силсиламӯ омада буд.
Нотамомии маҳ он шаб ҳамаро равшан шуд,
Ки чун оина ба ӯ рӯй ба рӯ омада буд.
Дили девонаи худ сӯхта чун руд Камол,
В-он парирӯй малакхӯ, ба бӯ омада буд.
Дар бораи диду бардоштҳои аз маҳофили фарҳангиёни озарӣ бардоштаи Ҳоҷӣ Абдулазиз сухани ҷиддие то имрӯз ба миён наомада ва ҳатто дар хотироти фарҳангиёни садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ-и озарӣ ҳам дар иртибот ба ин мавзӯ ишороте нарафтааст.Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки баъди ин сафарҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз ва хосатан иртибот пайдо намуданаш ба доираи фарҳангиёни шаҳрҳои Боку, Ганҷа, Нахҷувон сафарҳои ҳунарии дастаҳои ҳунарии озарӣ ба шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд, Бухоро, Ишқобод ва шаҳрҳои дигар сурат мегирад. Ба ҳаёти фарҳангии Осиёи Миёна ворид шудани фарҳанги озарӣ, аз ҷумла барномаҳои ҳунарии дастаҳои мутрибону хонандаҳо, мазҳакаи мусиқии У. Ҳоҷибеков «Аршин мололон» ва ғайра баъди сафарҳои устоди мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз ба вуқӯъ омаданд. Аз ин рӯ, омӯзиши фаннии ин мавзӯ бисёр саҳифаҳои рангини робитаи фарҳанги тоҷикро равшан хоҳанд намуд.
Аскаралӣ Раҷабов, профессор