Чанд вақт боз дар «Фейсбук» мавзуе атрофи рэп ва рэпсароии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гуруҳи “Маорифи Тоҷикистон” бо бознашр кардани мақолаи Масрур Зокирзода – омӯзгори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ин мавзуро дубора мавриди баррасии корбарони «Фейсбук» қарор дод. Муаллиф дар мақолаи худ бо номи “Рэп тарбиятгари мо, ҷавонон” пуштибонӣ аз рэп намуда, мегӯяд, ки рэп метавонад барои тарбияи ҷавонон саҳм гузорад. Инчунин, муаллиф аз Кумитаи телевизион ва радио хоҳиш кардааст, ки оид ба ҳаёту фаъолияти рэперон ба мисли сарояндагони эстрадӣ барномаҳои алоҳида таълиф карда, онҳоро дастгирӣ намоянд. Корбарони «Фейсбук» дар ин маврид вокунишҳои гуногун нишон додаанд, ки баъзеро ҳоло пешкаши хонандагони ҳафтанома месозем.

Mirzoali Miraliev

Илтимос, ҳамин баҳсро ба воситаи гуруҳи маориф накунед. Рэпсароён раванд, аз тариқи Вазорати фарҳанг дархости худро ба роҳ монанд, агар мардуми кишвар, Вазорати фарҳанг қабул дошта бошанд, баъд ҳар чӣ мехонанд, хондан гиранд.

Бубинед, рэпсарое, ки омӯзгор аст, ба оҳангсози номии мо чӣ гуна ҷавоб медиҳад. Аз дигараш аз куҷо одобро интизор шудан мумкин аст? Агар пеши рэпхонҳои бемаъниро гирифта нашавад, шабҳо мардумро хоб кардан намемонанд. Рэп ва тарбия ду мафҳуми тамоман мухолифанд. Агар ҳама рэпхон шаванд, тарбияи дурустро фаромӯш кунед.

Сунатулоҳи Мирзо

– Ҳамчун як ҷавони ин ҷомеа мегӯям: рэп ва ҳидоят тавассути он ба роҳи дуруст (?!). Ду чизе, ки мисли ба ҳам омадани замину осмон (то қиёмат нашавад) номумкин аст. Кӣ исбот карда метавонад, ки рэп ҳатто дар Ғарб як санъати воқеан ҳидояткунандаи роҳи рост ва тарбиятгари хайр бошад? Дигар ин ки, рэп моли Ғарб буд, ҳаст ва мемонад. Мисли ҳамин фалаку шашмақом, ки моли мардуми Тоҷикистон ва мардуми чанде аз кишварҳои дигари минтақа (албатта бо фарқиятҳое дар миён) дониста шудааст. Хуб мебуд, ки муаллиф лутф карда, меандешид, барои кӣ ва куҷо менависад. Дуруст аст, ки ҳақи озодона баён кардани андешаро соҳиб аст. Аммо дониставу надониста ҳамчунин пешниҳоде кардан, ҷамъиятеро ба партгоҳи бекоргаштаҳои башарӣ ҳавола кардан аст. Инсоф! Инсоф! Инсоф!

Иброҳим Сангинов

– Санъат бояд ҷавононро тарбия кунад. Пас рэп чӣ гуна тарбия мекунад? «Мехрам ма арақа, мекашм дуди ғама». Магар ин тарбияи дуруст аст?

Масрур Зокирзода

Иброҳим Сангинов, рэп аллакай саънат аст! “Дар у пара садбаргай, дар и пара Глбаргай. Ма ошиқи…” ё “Сари паваротайййеееее” мардума тарбия кунад, ман рэпа абадан бас карда нуқта мемонам…

Қурбонзода Далер

Ҳамон рэперистони гуфтаатон хоҳару модару авлоди якдигарашонро батл гуфта, ҳақорат мекунанд. Магар чунин аст тарбияи рэп?

Масрур Зокирзода

– Қурбонзода Далер, агар ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ гӯем, бар ақлу заковати як барбарашон лаънат ҳамонҳоро… Ана ҳамонҳо коре карданд, ки рэпи тарбиявии моро шумо ҳатто гӯш накардаеду ба хусусиятҳои тарбиявияш як зарра бовар ҳам надоред.

Shodmon Kenjaev

Ягон муаллими рэпер пайдо шудагист да))) Албатта тарбия мекунад. Ана ҳамин ахлоқу тарбияе, ки имрӯз аксарияти мо наврасону ҷавонон дорем, яке аз тарбиятгаронаш маҳз рэп аст. Имрӯз насли калонсол аз одобу ахлоқи мо нигаронанд, ки яке аз сабабгорони калонаш ҳамин рэп аст.

Масрур Зокирзода

Офарин ба мардуми соҳибмаърифате, ки ахлоқу одобу рафторашон дар сатҳи аъло аст, ба қавле мисли фариштаҳо ҳеҷ айбе надоранд ва имрӯз ин “дӯзахиҳоро” зери тозиёнаи танқид кашиданд! Аҳсан ба шумо, ҷавонҳо ку майлаш, калонсолҳо ба ҷои он ки ба роҳи рост ҳидоят кунанд… Эээээээҳҳҳҳ!

Абдулвахоб Джалилов

Масрур Зокирзода, бовар кунед, ҳамин суруд аз рэп дида бемаънию бемантиқ аст: Думбалалалайлай, блутузш ҳуййййааай.

Масрур Зокирзода

– Абдулвахоб Джалилов, ҳаҳаҳаҳ, офарин! Касе дар ин бора чизе намегӯяд ва ҳатто аз оилаи онҳо тарсида, сухане ба лаб намегиранд!

Нусратуллои Назариён

Рэперистон худ ба тарбия ниёз доранд! Хусусияти рэпи тоҷикӣ ғайриахлоқист. Чи гуна як падидаи ғайриахлоқӣ метавонад дар тарбияи ҷавонон нақши созгор дошта бошад!?

Emomali Sayidzod

Рэп моли мардуми Африқост! Ин санъат аввалин маротиба тахминан солҳои 1970 садо дода. Он замон мазмун ва мақсади рэп тақрибан дигар буд. Дар он вақт агар ҳуқуқи сиёҳпӯстон нақз мешуд, онҳо бо ин шева миёни кӯчаҳо сурудхонӣ карда, мушкилашонро ба синфи ҳукмрон мерасониданд. Он вақт рэп тарафдори хело кам дошт, аммо имрӯз ин санъат шояд садҳо миллион тарафдор пайдо карда. Санъати рэп дар Тоҷикистон тақрибан 15 сол пеш ворид шуд. То ҷое огаҳем, аввалин рэпро ҳам дар кишвар ҷавоне бо номи Исмоил ё худ Мастер Исмаил сароида. Ин санъат дар Тоҷикистон мисле, ки сару калобаашро гум кард. Ҷавонон мазмуни онро дигар карданд ва ҳамагӣ мисле, ки сурудҳои ғамзада мехонанд. Ба истиснои ин, пур аз дашному ҳарфҳои қабеҳ буд. Вале мо рэпро дар кулл наметавонем бад гӯем. Ҳастанд рэпсароҳое, ки ҷавононро тақрибан ба амалҳои хуб таҳрик медиҳанд. Шон Мс Навик Мс яке аз онҳост. Ин нафарон дар сурудҳояшон қиссаҳои хуб нақл мекунанду гапҳои қабеҳ кам истифода мебаранд. Шон Мс баъзан дар рэп мавзуҳоеро мебардорад, ки шояд баъзе журналистон аз гуфтанаш ҳарос доранд.

Агар хоҳем, ки сафи қабеҳгӯён дар ин санъат коҳиш ёбад, танҳо мешавад қонунеро таҳия намуд ва барои таҳқир дар сурудҳо рэпсароёнро ҷарима кард ё барои муддате ба ҳабс гирифт. Набошад, ин санъатро ба таври умум намешавад нобуд кард, чун ҳар чизе мамнуъ шуд, баръакс ширинтар мешавад.

Джумахон Содиков

– Ман рэпҳои эронӣ ё русиро мебинам, дар клипу наворҳояшон як маънӣ ва тарбия ҳаст. Ё филмҳои тасвирии дигар кишварҳоро мебинӣ, ҷиҳати тарбиявӣ доранд. Аз мо ҳам кино, ҳам клипу сурудҳо, ҳам рэпҳо танҳо намоши мошину хонаву сару либос аст, тамом.

Афшини Муқим

Мешавад, ба шарте забонашонро ислоҳ кунанд…

Таҳияи Исматулло АБДУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь