Хоби аҷиб дидам. Дар маҳфили бошукуҳе иштирок дорам. Дар минбар намояндагони Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ, ҷоизадорони ин ҷоиза, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва меҳмонони зиёде иштирок доштанд.Чунин базму чунин маҳфилро ҳеҷгоҳ надида будам. Боғе, ки дар он базм мегузарад аз одам моломол буд. Дар роҳравҳои боғ мардум болои мардум мезад, гӯё тамоми сокинони шаҳр дар онҷо ҷамъ омада буданд. Сари ҳар қадам мизҳои китобфурӯшӣ гузошта шудаасту мардум мисли занбӯри асал ба онҳо часпидаанд. Як илоҷ карда, ба худ роҳ кушода, оҳиста-оҳиста ба майдони базмгоҳ наздик мешавам. Ҷавонписарону гулдухтарон шеъру ғазалхонӣ мекарданду мутрибону сарояндагон ҳазордастон базмороӣ. Аз тамошои маҳфил лаззат бурдам. Чашму гӯшу ҳуш ғарқи роҳат шуд.

Нигоҳам ба мӯйсафеди қоматбаланди нуроние афтод, ки бо чеҳраи маҳзун, сари хамида бо гуфтору рафтори касе диққат намедод, ба фикри худ банд буд. Чаро ҳама хандону шодону ин бобо маҳзуну бо чеҳраи гирифта. Ба ӯ наздик шуда, ҳолпурсӣ кардам. Бобо чаро шумо аз чунин маҳфил шод нестед? Писарам, ман имрӯз аз ёди наберагонам дур мондам. Инҳо ки мебинӣ барои дигарон ғазалхонӣ доранду ба ман таваҷҷуҳ намекунанд. Бобо ҳоло худам барои шумо шеъру ғазал мехонам гуфтаму ба шеърхонӣ шуруъ кардам:

Бӯи ҷӯи мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме – гуфта будам, ки садои занги соат аз хоб бедорам кард.

Субҳ дар бораи хоби дидаам фикр кардам. Ба таърихи рӯз нигаристам, 22-сентябр. Ёдам омад, ки имрӯзро дар кишвари мо ҳамчун ” Рӯзи Рӯдакӣ” ҷашн мегиранд. Аз хоби дидаам маънӣ гирифтам, ки албатта, дар боғи устод Рӯдакӣ маҳфили бошукуҳе барпо хоҳад шуд. Роҳсипор шудам ҷониби боғ. Соат нуҳи расо. Боғ мисли ҳаррӯза ором, садое аз ҷое шунида намешуд. Ходимони боғ ҷо-ҷо ба тозакорӣ машғуланд. Аз ҷамъомаду маҳфил, базму тараб нишоне нест. Як соат зиёдтар дар гулгаштҳои боғ аз накҳати гулҳои садбарги тирамоҳӣ лаззат бурда, сайр кардам. Назди муҷассамаи Устод, рӯ ба рӯи он қарор гирифтам. Ба сохт ва тарҳи пайкара диққат додам. Магар ин пайкара шукуҳу шаҳомати падари шеъри форсӣ будани Устодро дар худ таҷассум кардааст, ё не? Не! Шаҳомати муҷассамаи устод на камтар аз муҷассамаи шоҳ Исмоил бояд бошад. Ин ду фарҳангу забони миллатро эҳё ва зинда доштанд. Барои пасовандон роҳ кушоданд.

Хаёлан бо устод дар суҳбат шудам. “Бӯи ҷӯи мӯлиён” ва як ду шеъри дигари Устодро хондаму аз боғ берун шудам. Маълум буд, ки ин ҷо ягон чорабинӣ доир намешудааст, чунки соат аллакай аз даҳ гузашта буд.

Бо умеди он, ки шояд дар майдони назди театри “Опера ва балет”-и ба номи устод Айнӣ ки он кас номи Рӯдакиро зинда кардаву ба мо шиносонида буданд, ҷашни “Рӯзи Рӯдакӣ” таҷлил карда мешавад, роҳ гирифтам. Аммо ин ҷо низ орому сокит, аз ягон чорабинӣ нишоне набуд.

Бо мақсади дидорбинӣ бо дӯстон ба Академияи улум- макони олимону донишварон, махзани зеҳнии кишвар омадам. Ин ҷо шунидам, ки дар толори Академия ҷашнворае ба хотири ёддошти Бурҳониддин Раббонӣ, бо ташаббуси тоҷикони Афғонистон, муқими шаҳри Душанбе, гузашта истодааст.

Афсурдаҳол хоби дидаамро ба ёд оварда, сабаби маҳзунии пири дар хоб дидаамро фаҳм кардам.

Дар рӯзе, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ онро “Рӯзи Рӯдакӣ” қарор додаасту Устодро падари шеъри форсӣ мехонанд, ягон чорабинии умумӣ на аз ҷониби Иттифоқи адибон на аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва на аз ҷониби Академияи улум, ки дар ин рӯз ба ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ банд буд, дар ягон гӯшаи шаҳр доир нагардид.

Ин масъулият хос вобастагӣ ба Иттифоқи адибон дорад. Иттифоқи адибон бо ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо як чорабинии бошукуҳе доир мекарданду дар он аз кишварҳои ҳамзабон ва минтақаҳои кишвар, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро адибону рузноманигорон, муаллимон ва қаламкашҳои ҷавонро даъват мекарданд. Ин рӯз дар ҳақиқат бо шукуҳу шаҳомат ва шӯру валвала бояд ҷашн гирифта шавад, ки зодгоҳи Рӯдакӣ дар ватани мост!

Офарин ба тоҷикони Самарқанд, ки дар пояи муҷассамаи Устод ҷамъ омада, шеърхониву базму тараб созмон доданд. “Рӯзи Рӯдакӣ” дар ватани худаш чунон орому хомӯш гузашт, ки гӯё чунин рӯз вуҷуд надорад. Шунидем ки дар толори хурди Иттифоқи адибон ҷаласае доир шуда будааст. Оё “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро дар як толори хурд ҷашн гирифтан носипосӣ, беэътиноӣ нисбат ба Устод нест магар?

Журналистон Шаҳноз Комилзода ва Одили Нозир аз боғи Устод гузорише таҳия карда, дар шабакаи интернетӣ гузоштаанд. Ин бечораҳо ҳам шояд ба умеди он, ки дар боғи Устод Рӯдакӣ чорабинӣ – маҳфиле доир мешавад гӯён омада буданду ноумед шуданд.

Дар мо рӯзҳое ҳаст, мисли “рӯзи харбуза”, ки он бо як тайёрии пӯхта омода шуда, бо шӯру валвала гузаронида мешавад. Наход “Рӯзи Рӯдакӣ”-ро, ки рӯзи фарҳангӣ бояд бошаду бо тараддуди комил ҳамчун як маъракаи ҷиддӣ бояд гузаронида мешуд, чунин нодида гирифту беэътинои кард!

Дар саҳифаҳои интернетӣ ва матбуот чоп кардани маводу мақолаҳо дигар асту таъсири намоиш – чорабиниҳо дигар.

Дар “Рӯзи Рӯдакӣ” дӯконҳои китобфурӯшӣ ва нашрияҳо- чопхонаҳои китоб бояд аксия ва тахфиф ҷорӣ кунанду дар гулгаштҳои боғи Устод Рӯдакӣ ва майдони Исмоили Сомонӣ бозори фурӯши китоб.

Сад дареғ дар ин рӯз дар пояи пайкараи Устод ҳатто як даста гул ҳам гузошта нашуд.

Сайдулло АМОНЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь