(Ёд аз устоди ширинкаломи тоҷик Нозирҷон Боҳирӣ аст, ки ёрону дӯстонро тарк карда, ба олами ҷовидон реҳлат намуданд)

Устод Боҳирӣ шоири хушсалиқае буданд, ки дар ҳар маврид шеърҳои хуб ва дилнишин менавиштанд. Дар мавзуъҳои сулҳу ҷанг, ватану ватандӯстӣ, одамияти инсонҳо, ҷанги шаҳрвандӣ, таърихи дирӯзу имрӯз, маҳалҳои ҷудогона, осиёбон, ҳамдеҳагон, баъзе шахсони зарарноки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, онҳое, ки одамонро ғамолуд ва сактаи дил мегардониданд,  монанди ин мавзуъҳо аз таҳти дил, ҳикматнок сухан мегуфтанд. Ин шоир дар мавзуъҳои муҳиму ҷолиб ва мароқнок мулоҳизаҳои ҷолиб ва дилписанд ба миён мегузоштанд. Лутфи сухан, маъниҳои баланди арзишманд, шираву шарбати гуфтор тавассути образҳои бадеӣ нарм ифода мешуданд.

Дар ғазалҳои устод Боҳирӣ оҳангҳои классикӣ бо мазмунҳои имрӯзӣ пайваста, болу пар бароварда, руҳи хонандагонро ба олами маъниҳо ба парвоз медароварданд. Хусусан ишқияҳои устод – афғонистонию кобулӣ, тоҷикистониву украинӣ дар замири дили шунаванда гоҳ бори ҳаҷру фироқ афзоянд, бештар маврид хонанда аз онҳо хушдилу нашъатманд  мегардиданд. Дар силсилашеърҳое, ки дар лаби баҳр ба моҳпайкарҳои украинӣ бахшида навиштаанд, дар тасвири ҳусну ҷамол ва андоми онҳо ҳеҷ шоире ин миқдор тавсифу ситоиш ба кор набурдааст, ки устод Боҳирӣ корбар шудаанд. Ҳеҷ шоире мисли ӯ ҳамчун пири нуронӣ, шоири бо таҷрибаҳои боарзиш ба ҷавонону наврасон ва хонандагон маслиҳатҳои гаронбаҳое надодааст, ки ӯ медод. Адиб ҳамчун пири муршид сухан мегуфт ва дар бораи пиронсолони замони худ ҳам ин қадар бамеҳр мулоҳиза менамуд ва  сифатҳои олии мӯйсафедонро дар шеърҳои худ сабт менамуд, ки то ин замон касе аз шоирон дар бораи шахсону пирони солхӯрда чунин бо шавқ ва бо муҳаббат аз хислату сифатҳои нодирашон шеъре нанавиштааст.

Шеъру ғазалҳои Нозирҷон Боҳирӣ аз самими дил навишта шуда, бо маъниҳои зиёди гаронбор ба хонандагон таъсири амиқ мегузоштанд, зеро  мулоҳизаҳои тоза ҳамчун панду андарз  намоён шуда меистоданд. Шоир ба мазмунҳое даст мезад, ки дигарон нагуфта бошанд, агар гуфта бошанд ҳам, бо паҳлуи дигари маънӣ шираву шарбат зам менамуданд.

Устод Боҳирӣ ғазалҳои худро классикона менавиштанд. Ҳар байт маъниҳои ҷудогона дошта, ғазалҳо саршор аз тагмаъниҳо иборат мешуданд. Гумон мекардед, ки шеърҳо дар эҷодиёти ин шоир мисли гулчанбарҳое сар кашидаанд, ки ҳар кадом рангу бӯйи алоҳида доштанд ва хонанда онҳоро мисли ғазалҳои шоирони классик хонда, аз маъниҳои дарунии ҳар байт бештар ғизо мегирифтанд. Мо аз ин ҷиҳат устод Боҳириро Ҳофизи замони худ мешинохтем.

Шоир дар шеърҳои “Осиёбон”, “Ватан”, “Эй сактадилон”, “Муъмин Қаноат”, “Эй дил”, “Озодӣ”, “Базмгоҳи чашм” бо эҳсосу изтироби ботинӣ ба ҳодисаҳо амиқ назар андохта, як намунаи беҳтари ифодаро мисли “шеъри нав” пайдо карда буд, ки дар он гузорииш худро озод эҳсос менамуд ва сӯзи дилу ифодаи афкорро бо эҳсоси баланду эҳтироси наҷиб баён менамуд. Нозирҷон  Боҳирӣ дар ин намунаи  ашъор ҷилваву ҷилоҳои озодонаи маъниро моҳирона риоя менамуд.

Як миқдор ашъори устод Нозирҷон Боҳирӣ  ҳарчанд хеле кӯтоҳ навишта шуда буданд, мазмуни баланд дошта, мисли достон маънӣ ба бар кардаанд. Ин намунаҳои ашъорро бо сужа доштанашон ҳамчун манзума мешинохтем. Баъзе ашъор сужаи муайян надошта бошанд ҳам бо таркибҳои дохилии худ  дар ҳамбастагӣ сужа барқарор менамуданд. Муаллиф дар шеъри “Осиёбон” ин намунаро хеле хуб таълиф кардааст.

Устод Боҳирӣ шоири пурқуввати замони мо буда, кам, вале  пурмаънӣ ва ширадор менавиштанд. Дар хазинаи ӯ шеърҳои ногуфта (чопнашуда) ҳанӯз хеле зиёд маҳфуз мебошанд. Устод дар умри сари худ хусусан ашъору намунаҳои насри барои кӯдакону наврасон навиштаашонро, ки муддатҳои мадид машғул буданд ва беҳтарин намунаҳои адабиёти бачагона шинохта мешуданд, мутаассифона, гунду гирд накарда, дунёро падруд гуфтанд. Устод Боҳирӣ дар қатори беҳтарин шоирони тоҷик аз хубиву баркамолии мардумони айёми мо ба мулоҳиза даромада, дар баробари мазмунҳои ишқиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои сиёсиву таърихӣ низ назар андохта, дирӯзу имрӯзро ба ҳам муқоиса намуда, бо мушоҳидаҳои дилпазиру андешаҳои оламгир дар хонанда эҳсосоти бузурге нисбат ба ҳусну зебоӣ, дороиҳои миллӣ, заковату фазилатҳои ин мардум  сухан мегуфтанд.

Шоир Боҳирӣ дар сурудани ашъор меҳри беандоза доштанд, аз хосиятҳои тозаи шеъри имрӯзу дирӯз, бузургиву иқтидори Ватан, садоқат ва муҳаббати ба халқу миллат доштааш, муқаддасот, мақому манзалати мардуми тоҷик, розу ниёз ва талошу бунёдкориҳои нисбат ба шаҳрвандон доштаашро ба ҷон меситуд.

Пурҳарорат гӯ, самимӣ гӯ, зи ҷону дил бигӯ,

К-аз дилу аз ҷони ҳар соҳибватан оташ парад…

Беҳису бедард, ҷони ман,  ватан гуфтан бас аст,

Барқсон гӯ, к-аз талу кӯҳу даман оташ парад.

Ҳусни Ватанро чунон тасвир кун, к-аз шавқу ноз

Аз нигоҳи шӯълабори марду зан оташ парад…

Нозирҷон Боҳирӣ шоири миллист, парвардаи халқу миллати тоҷик буда, аз таърихи миллат, гузаштаи тоҷикон, истиқлолияти миллӣ  бо эҳсосу изтироб сухан мегуфт, Ҳамчун ошиқи беқарор бо ҳиссиёти баланд аз орзуву армони халқу миллаташ  мулоҳиза менамуд, амнияти халқҳоро  меписандид. Аз дили ҷӯшону хурӯшонаш шеър ҳамчун чашмаи софу зулол  фавворв зада мебаромад ва ба сӯйи дарёҳои азими маъниҳои бузург раҳсипор мешуд.

Шоҳзамон РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь