ВОЛА

Аз овони хурдӣ болои пуштакӯҳу ёнаҳо, ҳангоми алафёрӣ бо сози маъмулии рустоибачаҳо – сихак ба лаҳни худ ҳофизӣ мекард. Кирдигор ба Чилахон Холов ҳофизаи хуб ато намуда. Ҳангоми суру маъракаҳо, ҳар он чи аз забони мӯсафедони пурдон, ҳофизони хушдил мешунид, ҳамоно дар майнааш нақш мебаст. Гузаштагонаш, аслан, деҳқонзодаанд, аммо як бобояш домуллои шинохтаи водӣ маҳсуб меёфт. Хушбахтона, диёри Кангурт кони гӯяндаҳои мумтоз, навозандаҳои моҳир аст. Ду садсолаи ахир, ҳунармандони ин макони ҳунархез, булбулистони зодбум доди ҳунарро додаанд…

Бузургони деҳ дар шумори пешаварони булукоти Кангурт ангуштони ду дастро ба чанд давр қату рост мекарданд, ҳисобашон гум. Яке аз ҳофизони бедарак мумтози диёр дар деҳаи Чавроғ сукунат дошт. Соҳиби Ҳувал шогирди собитқадами ҳофизи маъруфи охири асри XIX аввали асри XX Карими Шиш буданд. Фарзандони ин хонадони зиндаёд Маҳмадалӣ (равонашон шод бод) ва Раҷабалӣ Уваловҳо ҳунармандони шинохтаанд.

Чун мактабхон шуд, орзуи ба шаҳри Душанбе рафтан ӯро домангир гашт. Шунида буд, ки дар пойтахти мамлакат ду тан аз ҳамватанонаш: оҳангсози шӯридадил Фаттоҳ Одина ва ҳунарманди мумтоз Убайдулло Раҷаб фаъолият мебаранд. Аз аввал мухлиси ашаддии Убайдулло Раҷабов буд…

Соли 1975 Чилахон, бо роҳхати олимпиадаи физикҳои мактабиёни ҷумҳурӣ, аз шаҳри Хуҷанд ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, аз моҳҳои аввали таҳсил ҳамчун сарояндаи дастаи ҳунарии «Наврӯз»-и Донишгоҳ шинохта шуд.

БАҲОИ АЪЛО

Бо шаҳрӣ шудан, орзуи дидор бо Убайдулло Раҷаб ӯро ором намегузошт. Вохӯрии аввал ва нишасте ёдамонро фаромӯш накарда буд. Чил сол муқаддам дар ҳавлии марди сахопеша Қобил, аз кангуртиҳои аввали душанбегӣ (падари зиндаёд Мустафо Давлати ҷаовнмард), дар кӯчаи Қаротегини пойтахт, маъракае доир шуд. Дар он маҳфил Убайдулло Раҷаб (ҳамсинфи соҳибхона) аз бари боло сика ба нархи Кангурт дошт. Дар базми тараб навбати ҳофизӣ ба Чилахон ҳам расид. Дар интиҳои суруд Убайдулло ҷӯё гашт:

– Аз куҷо мешавӣ?

– Аз Кангурт.

– Овози хуб доштаӣ…

Аз ин баҳои ҳунарпешаи номошно қомат афрошт. «Овози хуб доштаӣ», – гуфтани Убайдулло Раҷаб нахуст тавсифе буд, ки шунид ва он ҳамеша дар гӯши ӯ садо медод.

 ЧОЙХОНАИ «РОҲАТ»

Ҳини фориғ аз дарсҳо, гаҳу ногаҳ, бо баҳонаи лағмонхӯрӣ сӯи чойхонаи «Роҳат» мешитофт. Он замон «Роҳат» маъвогаҳеро мемонд. Макони вохӯрии бачаҳои музофотӣ, маркази фарҳанги шаҳри Душанбе буд. Агар рафтаву ошное, актёре, ҳофизе, шоире, донишманде, драматурге ва ё шоҳмотбози асилеро дидан мехостед, ӯро ҳатман аз «Роҳат» меёфтед.

Ҳамсоягӣ бо Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бинои Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, дусад метр аз хонаи адибон, маркази шаҳр, меъмории миллии чойхона дилхоҳ бинандаро ба худ ҷазб месохт. «–Аслан, «Роҳат»–равии ман баҳонаи дидор буд, – мегуфт Чилахон. Дидани устод Убайдулло Раҷаб, аз дур бошад ҳам, бо ҳавас ба ҳунармандони театр дида медӯхтам. Шӯхиҳову суҳбатҳои дилнишин ва рафтори ҳунарпешаҳои Театри Лоҳутиро ба риштаи тасвир мекашидем. Ҳатто ба хотири акаи Убайдулло театрравак ҳам шудем».

Тули 7 сол (1979 – 1986) бо Убайдулло Раҷаб аҳён-аҳён вомехӯрданд. Гуфтору муносибаташон ҳаваси касро меовард. Асилзода будани устод аз назар ниҳон намемонд, шахсе муаддаб, боназокат ва донишманд…

ГАНҶИ «ГАНҶИНА»

24 июни соли 1986. Чанд рӯз боз радиову телевизиони кишвар бобати баргузории озмуне баҳри таъсиси дастаи ҳунарии фолклориву этнографӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав эълон пахш мекард. Бародари ноёб ва ғамхор Мустафо Давлат бо меҳрубонӣ изҳор намуд:

– Акаҷон (Мустафо аз аввал Чилахонро ака мегуфт – У. Ш.), ба Худо, ҷойи шумо ҳамин ансамбл аст, биё рафтем…

Аз суханони бародари софдил шод шуд. Дастаи ҳаводорон, аҳли хонаводаи акаи Қобил он рӯз Чилахонро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳозира бинои ТВ «Сафина»), ба қавли бачаҳои шӯхи кӯҳистонӣ «гулон – гулон» оварданд.

Шарти озмун иҷрои ду суруди халқӣ буд. Рӯзи якуми озмун ду суруд: «Фалаки даштӣ» ва суруде бо номи «Қаде дорӣ» (бо лаҳни кангуртиён – сабки Сайҳомӣ)-ро пешкаши ҳакамон гардонд. Ҳар ду суруд ҷавобгӯи шартҳои озмун буданд. Ҳайати ҳакамонро ашхоси баландпояи фарҳангии мамлакат Аҳмад Бобоқулов, Зафар Нозимов, Гавҳар Мирҷумъаева… ташкил медоданд. Доварон ба як овоз гуфтанд, ана ҳамин бача (Чилахон Холов) гузашт (аъзои дигари даста баъди се рӯз маълум гашт)…

Бо дидани сафи мухлисони худ: Мустафо, Ҳамро, Лутфулло, Сафаралӣ ва боз чанде дигар хушнуд гашт. Дар сафи ошноҳо чашмаш ба Убайдулло Раҷаб расид. Мустафо Давлати боандеша, бо «мухлисон»-аш ба саҳна баромада, ӯро гулборон карданд. Аз ин рафтори ҳаводорони ҳофизи ноошно ҳакамон дар ҳайрат монданд. Устоди ҳунар дасташро фишурда аҳсант хонд.

ҚАҲР ВА НАВМЕДӢ

Макони тамрини дастаи ҳунарии «Ганҷина» театри тобистонаи шаҳри Душанбе, маъруф ба театри «Зелёний» (сабз) муайян гардид. Тахмин, баъди 1, 5 моҳи корӣ бар асари хусумати ҳофизони шаҳрӣ ба дил нияти тарки ансамбл кард. Гурӯҳи ҳофизони дипломдор «маслиҳати бародарона» доданд, ки аз ту ҳофиз намебарояд, мо ихтисосмандем, таҳсилдидаи ҳамин риштаем, ту чӣ? Хубаш ягон раҳи дигари зиндагиро дарёб!…

Воқеан ҳам, ҳайати асосии ҳунармандони ансамбл хатмкардагони мактабу омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ва институти санъат буданд. Байни онҳо танҳо Чилахон Холов физикдон буд. Пагоҳаш, нимаи рӯз, сӯи Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ равон шуд, баҳри арзи дил кардан.

Ҳини дидор фурсате пас гуфт:

– Аз «Ганҷина» меравам…

– Кӣ маслиҳат дод?

– Бачаҳои ансамбл…

– Рав, аз корат намон, сармояи илму ҳунар ҳамеша суд ба бор меорад.

Дар ҳашт моҳи аввали корӣ қаҳри ӯ се маротиба боло гирифт (дар 2, 5 ва 8-моҳагӣ). Ҳар бор ҳам назди Убайдулло мерафт. Ҳар дафъа яксон тасаллӣ мешунид:

– Гапи маро мегирӣ?

– Бале!

– Рав кор кун…

Маҳз суханони таскинбахши Убайдулло Раҷабов оташи қаҳри ҳунарпешаи навҷӯву навсафарро паст карда, ба ӯ дар фазои санъат пару бол бахшид.

КОНСЕРТИ ПУРШУКӮҲ

Баъди нуҳ моҳи машқу тамрин, мураттабсозии барномаи консертӣ – суруду рақсҳо, пӯшокҳо ансабли ҳунарии фолклориву этнографии «Ганҷина» барномаи мукаммали консертиро тарҳрезӣ намуд. Соли 1987 муаррифии ансамбл бо роҳбарии ҳунарпешаи маҳбуб Зафар Нозим дар толори пуршукӯҳи мамлакат Кохи Борбад доир гашт. Чилахон бори нахуст ба саҳнаи калон баромад. Барномаи ҳунарӣ ҳангома барангехт. Мухлисони зиёде беруни толор монданд. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки боз як консерт дар Кохи Борбад ва ду рӯзи дигар дар қасри Иттифоқҳои касаба (ҳоло Филармонияи давлатии Тоҷикистон) гузаронанд.

Дар он консерт вай 7 суруд хонд. Ҳол он ки ҳофизони пештоз аз 1 – 2 суруд беш намехонданд. Дар муаррифии дастаи ҳунарӣ телевизион ва радиои кишвар нақши муҳим бозид. Маҷаллаву рӯзномаҳо низ, аз падидаи нави ҳунарӣ матолиби зиёде ба табъ расонданд. Дар телевизион, маҷаллаву рӯзномаҳо аз ҳама зиёд аксҳои Чилахон назаррабоӣ мекард. Дар афишаҳои ансамбли тозатаъсис акси ёдмоне аз суруди «Қошуқтарош» бо дастору ҷелак ва миёнбанди нақшин дида мерабуд. Дар як ҳафта, ба гуфтаи устод Зафар Нозим, бо суруди «Ай шуқи шуқ» машҳур гашт. Он лаҳза аз Чилахон дида хушбахттар касе набуд. Чунон роҳ мепаймуд, ки, ба гуфте, пойҳояш ба замин намерасид. Ба иқрори ҳофиз мисли устод Ҳошим Гадоев пас аз иҷрои нақши Суҳроб дар филми ҳунарии «Достони Рустам» («Тоҷикфилм», 1970).

Бо гузашти даҳ рӯз, бори якум ансамбли «Ганҷина» ба сафари ҳунарӣ баромад. Дар даҳ шаҳру навоҳии вилояти Қӯрғонтеппа (қисмати Бохтарии вилояти Хатлон), дар назди меҳнаткашони водии Вахш ҳунарнамоӣ карданд. Ду ҳафта пас, ба пойтахт баргаштанд. Дар чунин рӯзҳои нишотангез бо ҳамватан рӯ ба рӯ зад. Убайдулло Раҷаб аҳсант хонду таҳпурсӣ кард:

– Кайфият?

– Бисёр хуб…

– Аз «Ганҷина» рафтанӣ нестӣ?

– Не!

– Озурда мабош, довари асосии санъаткор халқ аст. Кӣ ҳунарманд аст, мардум муайян мекунад, на амалдор ва на ҳофизи дипломдор. Аз ёд мабар, гирифтории ҳунар кофист, ҳунарманд бояд аз ҳар гирифтории дигар бипарҳезад. Волаву шайдои ҳунар бош, – дӯстона гуфт Убайдулло Раҷаб.

«АЙ ШУҚИ ШУҚ…»

Ҳамон давра, бо маслиҳат ва ҳидояти Убайдулло Раҷаб, ҳамроҳи балетмейстери шинохта Амон Мӯсоев (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон) баҳри дарёфти ганҷинаи мардумӣ – таронаҳои халқӣ, ба макони суруд – сӯи Кангурти бостон ба парвоз омаданд. Аз сафар аз булукоти Кангурт ва водии Рашт, бо кӯлбори пур аз тарона, бадеҳа, лапарҳои халқӣ баргаштанд. Қисме аз онро дар ансамбл бо ёрии коргардону балетмейстерҳо саҳнавӣ гардонданд, ки машҳуртаринаш таронаи халқии «Қошуқтарош» (шуқи шуқ) буд.

Солҳои 1987-1993, бо фурсати муносиб, аз Убайдулло Раҷаб маслиҳат мепурсид, дар суру чорабиниҳои мардумӣ бо ҳам ширкат меварзиданд. Устод ширинкорӣ мекарду ӯ ҳофизӣ. Бо реклама, пешниҳод ва ҳидояти Убайдулло Раҷаб кунун қисме аз тӯйдорон Чилахонро низ ба тӯйҳояшон даъват мекардагӣ шуданд…

Дар даврони истиқлол, возеҳтараш соли 1993, Чилахон Холов бо пешниҳоди устод Зафар Нозим роҳбари бадеии ансамбли «Ганҷина» таъин гашта, ба кор часпид. Он рӯзҳои нобасомон шаҳри дилорои Душанберо тарк нагуфта, ҳамарӯза сӯи коргоҳ мешитофт. Бо «Ганҷина» дар дохилу хориҷи кишвар сафарҳо дошт, ки ин барояш бахти баланд аст. Сафар ба Нидерланд (Ҳолландия), Фаронса, Ироқ (1996, 1997), Москва, Ӯзбекистон ва ғайра басо хотирнишину фараҳфизо буданд. Чилахон дар мамолики Шарқу Ғарб фарҳанги тоҷикро муаррифгар шуд. Ин ҳама аз маслиҳатҳои Убайдулло Раҷаб аст.

– Агар бародари бузург сари раҳамро намегирифту ба раҳи рост ҳидоят намекард, кӣ медонист, ман ба ин мартаба мерасидам, аз чунин обрӯву хушрӯзиҳо комёб мегардидам ё на, – мегуфт Чилахон.

1-уми майи соли 2000-ум дар Кохи Борбад шаби эҷодии овозхони номошно Чилахон Холов роҳандозӣ шуд. Бо маслиҳат назди ака рафт. Бо супориши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Убайдулло Раҷаб ин консерт тавассути телевизион ва радиои кишвар мустақиман пахш гардид. Аз чунин меҳрубонӣ ва ҷавонмардии он ҷониб сараш ба осмон расид. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Чилахон Холов ин амали наҷиби устод Убайдулло Раҷабро дар ниҳонхонаи қалбаш маскан дод. Нафарони бо телевизион сари кор дошта ба хубӣ огаҳанд, ки берун аз бинои телевизион, аз кох ва ё маҷлисгоҳе пахши мустақим чи заҳматҳоеро ба бор меорад…

Соли 2002. Аз бори аввал ба шаҳри Душанбе гом ниҳодан (соли 1975), барои Чилахон соле вазнин ва таконбахш гардид. Дар рӯзгори ҳунариаш дигаргунии куллӣ сар зад. Фарзанди хурдсолаш ба бемории саратони хун мубтало гашт ва барои табобати сахт саргардон шуд. Аз як идора ба идораи дигар, аз назди як сарватманд ба назди шахси масъуле, табибе қаландар гашт, то тифли маъсуми хешро баҳри табобат ба Олмон бубарад…

Дар ҳамин ҳолати вазнини рӯзгор шогирдон хабар доданд, ки ба ҷойи шумо Мирзо (кулёш) – ро роҳбари бадеии ансамбли «Ганҷина» таъин карданд. Гуфт, насибашон кунад…

Дилмонда шуд. Аз ин вазъият устод Убайдулло Раҷаб, раиси вақти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, огаҳӣ ёфта, ба Чилахон роҳбарии бадеии ансамбли «Фалак»-ро бовар кард. Боз ҳам аз ҷавонмардии ин шахсияти маҳбуб қоил шуд. Маэстро боз Чилахонро раҳнамун гашт.

 17 СОЛИ ДАВРАИ ТИЛЛОИИ «ГАНҶИНА»

– Хушоянд аст, ки 41 сол муқаддам (1979) мани навзуҳур аз Убайдулло Раҷаб баҳои аввали ҳунарӣ – «овози хуб доштаӣ» – ро касб кардам. Рӯзи якуми озмуни таъсиси ансамбли «Ганҷина», 36 сол қабл (1986), мартабаи дувум аз пешавари маҳбуб офарин шунидам. Як сол ба баъд (1987), ҳангоми рӯнамоии барномаи ҳунарии ансамбли «Ганҷина», пас аз консерти якум дар Кохи Борбад боз ҳам аз устод Убайдулло Раҷаб баҳои «браво» гирифтам. Хушбахт аз онам, ки дар давраи тиллоии Ансамбли ҳунарии фолклориву этнографии «Ганҷина» (1986 – 2003), 17 соли расо ҳамроҳи устодони ҳунари тоҷик сарбаландона фаъолият намудам, – гуфта буд Чилахон ҳини суҳбате….

– Аз омадшид ҷавони хунгармам, ҳар маротибаи «ором бош» гуфтанҳои устод ва табассуми пурмеҳраш маро меосуд. Суханони Убайдулло Раҷаб дар худ сеҳре доштанд, ки бо шуниданашон кас осуда мегашт, – афзуд табассум бар лаб сарояндаи маҳбуб…

  1. PS. Аз нахустин ҳайати ансамбли «Ганҷина» аз нисф зиёдаш, солҳои аввали фаъолият дастаро тарк гуфтанд. Сарояндаи маҳбуб волаи сурудҳои мардумӣ Чилахон Холов маҳз ба шарофати устоди ҳунар Убайдулло Раҷаб даст аз домони сабр раҳо накард ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мушарраф гашт, ки ин барои сарояндаи мардумӣ мояи ифтихор буд.
  2. Умари ШЕРХОН
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь