Номи устод Камол Насрулло аз даврони кӯдакӣ бароям ошност. Дар хона се китоби эшонро доштем: “Нидои шаҳидон”, «За птицами вслед» (чопи Маскав) ва “Дар фурудгоҳи як таманно”. Дар китоби нашри Маскав як акси зебои эшон ҳам нашр шуда буд, ки дар он эшон шабеҳи актёрон буданд.
Солҳои мактабхонӣ аксари шеърҳои Камол Насруллоро азёд карда будам. Ёдам ҳаст, ки дар кадом як чорабинии мактабӣ аз китобчаи “Нидои шаҳидон” ин мисраъҳоро бо эҳсосот мехондам:
Дастҳоро метавон баст,
Пойҳоро метавон баст,
Лек,
Ақлро
Номусро
Ҳаргиз!
Ҳамчунин, шеъри аввалини китоби “Дар фурудгоҳи як таманно” ҳамеша вирди забонам буд:
Ватан, ватан, сиришти ман,
Бақову сарнавишти ман,
Замини Зардуҳишти ман,
Биҳишти ман, биҳишти ман…
Баъдан ин шеърро Дилшод Маҳмадов ном сароянда бисёр мутантан ва дилнишин сароид, ки имрӯз онро ҳамагон азёд медонанд.
Чанд шеъри дигар аз ин китобҳо ба ёдам мондааст:
Куҷост боғбон?
Ки марги як гул мисли марги як дил фоҷеаест!
Куҷост боғбон?
Ки марги як дарахт мисли марги як инсон нолиданист!
***
Имрӯз руҷӯъи мост Шоҳаншаҳи Сомонӣ,
Хуршеди тулӯи мост, Шоҳаншаҳи Сомонӣ.
***
Сари сахтат садо дорад, надорад,
Замини ту худо дорад, надорад….
***
Эй Худованд, куҷоиву куҷо шуд ватани ман,
Узв дар узв, ҷудо гашту ҷудо шуд бадани ман.
Аз Ватан ёд, фақат ёд, фақат ёд ба ман монд,
Шуд дили поку сафедам кафани ман, кафани ман.
***
Се чиз, ки файзи рӯҳу ҳусни бадан аст.
Кам гуфтану кам хуфтану кам хӯрдан аст.
Дар тасаввури кӯдакони ман он солҳо шоирон фариштагонро мемонданд. Фикр мекардам, ки шоирон ҳама мурдаанд. Вале вақте фаҳмидам, ки Камол Насрулло зинда аст, дар зеҳнам эшонро мисли фаришта ва ё як пайкараи қудсӣ тасаввур мекардам. Вақте ҳамдеҳагонамон мегуфтанд, ки Камол Насрулло зодаи деҳаи Ғӯсар аст ва аз хоксориву фурӯтании падарашон нақлҳо мекарданд, дар тасаввурам намеғунҷид, ки чӣ гуна як шоир метавонад, аз ҳамсоядеҳаи мо бошад…
Ҳар гоҳ устод Камол Насруллоро тариқи оинаи нилгун медидам, як навъ ифтихор мекардам, ангор эшон аз хешовандони мо бошанд. Дар зеҳнам орзу мекардам, ки рӯзе ман ҳам эҷодкор хоҳам шуд, китобҳо хоҳам навишт ва тариқи телевизион суханронӣ хоҳам кард…
Солҳо гузаштанд. Банда донишҷӯйи факултаи журналистика шудам ва бо матбуот ҳамкорӣ ба роҳ мондам. Намедонам, соли 2013 буд ё 14 дар телевизиони “Сафина” дар доираи як лоиҳа сабқати шоирони ҷавон сурат гирифт. Банда ба ин барнома як луқма навишта, ба “Адабиёт ва санъат” фиристодам. Дар он луқма аз сахтгирии аз ҳад зиёди устодони шеър (Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Саидалӣ Маъмур ва боз чанд нафари дигар) нисбат ба шоирони ҷавон интиқод шуда буд. Ҳафтаи баъдӣ дар як саҳифаи “Адабиёт ва санъат” мақолаи калони Камол Насрулло ба муқобили ман чоп шуд. Он замон хеле парешон шуда будам. Чанд нафар аз аҳли қалам маро метарсониданд, ки ҳоло Аскар Ҳаким ҳам посух менависад ва шояд ба суд медиҳад… Ҳатто яке аз адибон он замон гуфт: “Ту магар намедонӣ, дар адабиёти мо танқид кардани як зумра адибон мамнӯъ аст” ва аз ҷумла номи устод Камол Насруллоро гирифта буд. Ӯ суханашро ба он асоснок мекард, ки “Оё дар 20 соли охир ягон нақд ба шеъри фалониҳо хондаӣ? Не! Танқиди инҳо мумкин нест. Ба сарат бало харидӣ”. Ман ростӣ он замон каме тарсида будам ва бо устод Камол Насрулло кӯшиш мекардам, ки рӯ ба рӯ нашавам. Дар қалбам як навъ бадбинӣ нисбат ба эшон пайдо шуд.
Ин бадбинӣ то замоне идома кард, ки ба Машварати омӯзишии адибони ҷавон ба вилояти Суғд рафтем. Чунин иттифоқ пеш омад, ки банда бо устод Гулназар ва устод Камол Насрулло дар як мошин ба Хуҷанд рафта омадам. Дар ин сафар устод Камол Насруллоро комилан одами дигар дарёфтам: меҳрубон, самимӣ ва аз ҳама муҳим ғамхори ҷавонон. Эшон ба ҳар як калимаву таркиб ва ҳар як бозёфти шоирони ҷавон бо ҷиддият муносибат карда, навқаламонро рӯбаланд мекарданд. Баъдан, бо дуои эшон чанд нафар аз ин ҷавонон дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон муаррифӣ ва ҳатто ба узвият пазируфта шуданд.
Ғамхории устод Камол Насруллоро ба ҷавонон борҳо шоҳид будам. Дар маҳофили шеъри ҷавонон эшон пайваста ширкат мекунанд ва маслиҳату машварати хешро дареғ намедоранд. Чанд бор аз эшон хоҳиш кардаам, ки дар маҳфилҳои дӯстон ширкат карда сухан бигӯянд ва эшон рад накарданд. Пас аз марги устод Мӯъмин Қаноат банда бо журналист Шахноз Комилзода ва сомонаи “Падида.тҷ” талош кардем, ки 20 майро дар кишвар рӯзи шеър эълон кунем. Бори нахуст маҳфили шеъри устодон Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералиро якҷоя баргузор кардем. Озмуни қироати шеър эълон карда, дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бузурге созмон додем. Ташаккур ба раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ки ин идеяи моро дастгирӣ карда, толорро ба ихтиёрамон гузоштанд. Барои амалӣ шудани ин ташаббус устод Камол Насрулло аз ибтидо ҳамроҳамон буданд. Ёд дорам, ки эшон он шабу рӯз бемор буданд. Вақте ба толор омаданд, табашон баланд буду сулфа азияташон медод. Чойники чойи гармро наздашон гузоштем ва эшон ин маҳфилро гузарониданд…
Дар чандин лоиҳаҳои эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ аз устод ёрмандӣ хостаам ва эшон бидуни тамаъ дар паҳлӯямон буданд. Дар озмуни шеъри Истиқлол эшон раиси ҳакамон буданд. 3 рӯз қабл аз ҷамъбасти озмун қарор шуд, ки шеърҳои ширкаткунандагонро дар як маҷмӯа нашр кунем. Устод Камол Насруллоро соати 17-и шом ба редаксия даъват кардем. То 23-и шаб беш аз 100 саҳифа шеърро хонда таҳриру тасҳеҳ карданд. Шаб ба хонаашон рафта ба он китоб сарсухан навиштанд. Он китоб таҳти унвони “Шаҳкитоби истиқлол” нашр шуд.
Устод Камол Насрулло имрӯз яке аз шоирони барҷастаи мо ҳастанд. Ашъорашон вирди забонҳост. Махсусан, шеърҳои ватандӯстиашон.
Биё созем Роғунро,
Ба рӯйи тахтапушти худ,
Ба кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти худ
Биё созем Роғунро…
Беҳтарин даъвати ҳамватанон барои сохтмони Роғун буд. Як нафар ба ман гуфта буд, ки дар ҳамсоякишварҳои мо, ки сохтмони Роғунро намехостанд, садо додани ин шеър мамнуъ шуда буд ва ҳар гоҳ тариқи телевизион онро қирот мекараданд, садои телевизионҳоро паст ё хомӯш мекарданд.
Банда солҳои охир чанд китоби устод Камол Насруллоро мутолиа кардам. Мунтахаби ашъорашон “Зангӯлаи фарёд”-ро бо ҳавсала ва ҷиддият хондам. Чанде қабл “Девони ғазалиёт”-ашон ҳам ба дастам расид. Аз он афсӯс мехӯрам, ки мо ин шоирро фақат ҳамчун шоири ватансаро шинохтаему бештар шеърҳои шиориашро медонем. Худи эшон ҳам дар кадом як мусоҳиба гуфта буданд, ки шеърҳои беҳтаринашон дар пушти шеърҳои ватандӯстона ва шиориашон мондааст. Дар ин ҷо айб бештар дар нақди адабист, ки дурдонаҳои эҷодиёти Камол Насруллоро ба таври воқеӣ муаррифӣ накардааст. Ҳол он ки худи устод Камол Насрулло ҳамчун мунаққид дар муаррифӣ ва шинохти даҳҳо шоир саҳм гузоштаанд ва мегузоранд.
Имрӯз устод Камол Насрулло зодрӯз доранд. Барояшон саломатӣ, умри дарози бениёз ва илҳоми саршори эҷодиро орзу дорам.
Одил НОЗИР