Ширкати “Тоҷик Эйр” аз кушода шудани хатсайрҳои Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе хабар дод.
Парвозҳо миёни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе, сурат мегиранд. Аввалин парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат хоҳад гирифт. Нархи сафар дар ин хатсайр 350 сомонӣ буда, вақти парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб соати 09:00 субҳ, аз Кӯлоб ба Душанбе соати 10:00 аст.
Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе, сурат мегиранд. Рӯзи 14-уми январ парвози нахустин аз Душанбе ба Панҷакент дар назар аст. Нархи билети ин хатсайр 400 сомонӣ аст. Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 аст.
Парвозҳо дар ин ду масир тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом мешавад.