Андешаҳои адиб

Паёми имсолаи Пешво, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беҳтарин ва самимитарин каломе буд, ки пешкаши мардуми мо шуд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ он гӯши одамонро навозиш кард, дар дилҳо эътимоду бовариро афзунтар намуд, ҳар сокини кишварро ба Сарвари давлат боз ҳам наздик сохт ва ҳиссиёти гуворои миннатпазириву шукронаро аз давлату давлатдории имрӯза тақвияти тоза бахшид.

Дар он анҷумане, ки мо Паёмро дастаҷамъона тамошо мекардем, ин хуб эҳсос мешуд. Ман медидам, ки одамон мешукуфанд. На танҳо дар он толоре, ки Паём бо каломи Пешво бевосита ироа мешуд, балки дар толори мо низ, ки онро тавассути телевизион тамошо доштем, мардум аз ҷо мехестанд, самимона чапак мезаданд ва ҳар сухани Сарвари давлатро бо хушнудӣ қабул ва дар замири дил ҷо мекарданд.

Мардум ба маъниву муҳтавои суханони Сарвари давлати худ диққат медоданд, ҳаловат мебурданд, на чун баъзе аз таги нохун чирккобон барои ҳангома ангехтан шумораи чапакзаниҳоро мешумурданд. Онҳо – аз таги нохун чирккобон, ба мазмуни Паём, ба таҳлили дастовардҳои давлати мо кор надоранд, пешрафти зиндагии моро таҳлилу қабул кардан намехоҳанд, балки ба сониясанҷ менигаранд, ки одамон чанд сония чапак заданд, дар калкулятор ҳисоб мекунанд, ки чанд бор аз ҷо мехезанд. Онҳоро вазифа дигар аст, барои он маош мегиранд, ки дар Ватани мо ҳадафҳои геополитикии кишвари бегонаро амалӣ намоянд. Барои ин ба ҳама кор омодаанд! Кӯшиши паст задани моро менамоянд, то ба дастури хоҷагони хориҷии худ мувофиқ амал намоянд. Бо таъкиди худ, гуё тарафдори плюрализму гуногунандешиянд, вале дар амал як андеша доранд: паст задани давлат! Онҳо комёбиҳоро намебинанд ё дидан намехоҳанд. Тамоми ҷумла ва ибораҳои Пешвои миллат дар бобати эҳтироми падару модар, бузургии зан, табиати биҳиштосои кишвари азизи мо, нерӯи ҷавонон, омӯзиши илму ҳунар, дастгирии ятимону камбағалон, нангу номус, ватандӯстӣ самимона ва пур аз ҳикмат буданд! Шунавандаро ба андеша намудан водор месохтанд, тарбия менамуданд.

Ибораҳои «Ҳар нафаре, ки нисбати падару модар ноҳурматӣ мекунад, дуои некашонро намегирад, умри бобаракат намебинад!», «То вақте, ки ҷон дорем, бояд ғамхори падару модар бошем», «Фикри фарзандонамонро кунем, шароит муҳайё намоем, дониш диҳем, зеро бесаводии миллат ин бадбахтии давлат аст», «Шахси тасодуфӣ ҳуқуқи маънавии дар соҳаи тиб кор карданро надорад!», «Мо бояд тарбия кунем, фақат қаламу қоғаз надиҳем ақлу дониш диҳем!», «Чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад, ба соҳаи илм равона мекунем», «Дар куҷое, ки набошед, ба Тоҷикистони азизи худ хиёнат накунед!» ва ба инҳо монанд, дар қатори таҳлили амиқи зинаҳои пешрафт, шарҳи ошкорои душвориву камбудиҳои ҷомеа суханоне буданд, ки ширин чу қанд, бо ҳиссиёти дилсӯзонаву самимият изҳор мешуданд ва мавқеи амиқи Сарвари давлати моро ифода менамуданд.

Ман андешаҳоямро дар бораи ин Паём бафурсаттар ва муфассалтар хоҳам навишт. Ин ҷо мехоҳам дигар чизро ташреҳ диҳам, аниқтараш ба чанд суоли худ ҷавоб ёфтан мехоҳам: Радиои «Озодӣ», ки дар он ҳам ҳаммиллатони мо кор карда истодаанд, чаро Сарвари давлати худро, ки барои ин сулҳу оромӣ, аз вартаи нестӣ раҳо ёфтани давлати мо чун охирин нишонаи кӯчак аз қаламрави Хуросони бузург арзи вуҷуд дораду ин қадар заҳмат кашидааст, бад мекунад?! Чӣ мехоҳанд онҳо, супориши киро иҷро менамоянд? Ин амалҳо супоришӣ бошанд ё андешаронии озоди муаллиф? Чаро мо бо дасти худ якдигарро буғӣ мекунем? Чаро маводи радиои «Озодӣ» муаллиф надорад? Он аз ҳаво пайдо шудааст ё муаллифаш аз сабти номаш метарсад?

Ба ёд биёред, ки Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд: «Ман дидам чӣ гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт…».

Генерал Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсе, ки дар Тоҷикистон хеле баобрӯст ва аз тамоми воқеаҳо ва муноқишаҳои Тоҷикистон огоҳ аст, гуфтааст: “Агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт, онро тақсим мекарданд, пора-пора мешуд, миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ несту нобуд мегашт. Президент давлат сохт, миллат сохт. Тоҷикони боақл бояд атрофи ӯ муттаҳид шаванд, кишварашонро ба касе бовар накунанд”. Муаллифони маводи радиои «Озодӣ», ки гирди номи Пешвои мо иғво андохтан мехоҳанд, ин гуфтаҳоро шунида бошанд!?

Зиёда аз ин, Доналд Туск, собиқ роҳбари Шӯрои Аврупо, марде, ки чанд навбат сарвазири Полша буд ва ҳоло ҳам дар байни сиёсатмадорони аврупоӣ шахсияти хеле баобрӯст ва боз моҳи декабри соли 2023 аз нав сарвазири Полша таъин гардид, вақте моҳи июни соли 2014 ба сифати сарвари Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон омада, то кӯли Сарез рафта, бо одамон вохӯрда, вазъияти кишвари моро аз наздик дида буд, ба Брюссел баргашта, дар хулосаи видеоияш чунин гуфта буд: «Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи чунин сарваранд». Вале кист он “яке аз корбарон дар саҳифаи фейсбуки Радиои Озодӣ”, ки Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолӣ ташбеҳ медодааст? Номи он «яке аз корбарон дар саҳифаи фейсбуки радиои Озодӣ»-ро ман дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳарчанд кофтам, наёфтам. Ин ҳам шояд бофтаи хаёли муаллифи беноми маводи Радиои «Озодӣ» ба хотири ҳангома ангехтан бошад.

Зиёда аз ин, дар маводи дигари худ Радиои «Озодӣ» – “Ба самимӣ буданаш шак дорам.” (Радиои «Озодӣ», 28 декабри соли 2023) дар бораи Паёми Президент боз ҳамон принсипи плюрализму гуногунандеширо сарфи назар намуда, андешаи ду саркардаҳои мухолифи давлатро, ки пешакӣ чӣ гуфтанашон маълум буд, оварда, кӯшиши иғвоангезӣ намудааст.

Дар ҳақиқат ҳам, чаро ҳамқаламони мо дурӯғ мегӯянд? Дар ҷавоби онҳое, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ онҳоро маҳкум менамоянд, (Барои мисол Раънои Зоирдухт: «Миллиард бор қарсаки мамнуният ба Сарвари давлату халқи азизи қадршиносам!», Муҳаммадҷон Каримзода: «Барои Пешвое, ки бо нархи ҷон барои мо сулҳу салоҳ ва амнияту суботро таъмин сохту ватанамонро ба гулистон табдил дод, қарсак он тараф истад, сари таъзим фуруд меорем.”, Нуралӣ Хоркашев: “Дар гаҳвораи демократия – Парлумони Амрико чанд сол пеш Порошенко ва имсол Зеленский ҳамагӣ даҳ дақиқагӣ баромад карданд. Барои аввалӣ 55 маротиба ва барои дуввумӣ 22 маротиба сенаторҳо ба пой хеставу қарсак заданд. Бародарони “Радиои Озодӣ” чаро аз ин наменависед?», Саъдӣ Маҳдӣ: “Озодӣ, 120 маротиба кафкӯбии моро мебинеду беш аз 5 ҳазор кӯдаки кушташудаи Фаластинро намебинед. Ҳар рӯз беш аз 115 кӯдак дар Фаластин кӯшта мешаванд. Шумо дар фикри маошед, ки мабодо хоҷагонатон онро қатъ накунад. Ана журнализм!”, Хуршед Зиёӣ: “Аз Ватан гӯяд сухан мо бар Ватан қарсак занем, шеъри олии Абдулло Раҳнамо ва боз ҳазорҳо ибрози андешаҳо) чӣ мегуфта бошанд?! Агар рӯ ба рӯ оянд, ба чашми ин мардум, ки аз давлату Сарвари давлати худ ифтихор доранд, чӣ хел менигаранд?

Ин гуна маводи радиои “Озодӣ” тарафдор надорад. Ман дидам, ки дар поёни ин маводи радиои «Озодӣ» касе шарҳе нанавишта, онро тарафдорӣ накардааст, касе онро иқтибос намуда, ба дигаре нафиристодааст. Яъне, касе онро қабул насохт…

Ман доктринаи радиои “Озодӣ”-ро медонам ва огоҳам, ки он аз тарафи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, як воситаи паҳн кардани таблиғоти Амрико ва умуман манфиатҳои ИМА мебошад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле боқудрат аст. Вале гумон намекунам, ки соҳибони радиои “Озодӣ” аз хабарнигоронашон маҳз ахбори дурӯғ ва ҳангомаангезро талаб мекарда бошанд. Бо суханони пучу андешаҳои бемантиқ иғво афкандан нишони маҳорати журналистӣ ва профессионализм нест. Наход коргарони бахши тоҷикии ин радио, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор бошанд, ки кишвари худро дар ҳар фурсати ба онҳо қулай бо сабабе ё баҳонае бояд паст зананд? Ба гумонам, ки не!

Як исботи дурӯғ будани ин андешаи охири онҳо ҳатто дар Тоҷикистон амалӣ намудани ҳамин шуъбаи тоҷикистонии ин радиост. Магар дар Кореяи Шимолӣ шуъбаи ин радио метавонад вуҷуд дошта бошад ва дар бораи ин давлат чунин ахбори сохтаву бофтаро паҳн намояд?! То ҷое ман огоҳам, онҳо аз Сеул истода, дар бораи Пхенян ахбори худро паҳн менамоянд.

Ман аз дигар чиз ҳарос дорам, касе ин оромиву осоиш, касе ин бунёдкориву шукуфоиро намебинад ё дидан намехоҳад, мабодо кӯр нашавад?! Касе, ки дидаву дониста ба давлати худ, ба ҷомеае, ки дар он зиндагӣ дорад, ба чӣ хотире набошад зарар меорад, оқибат радди маърака мешавад. Худо нигоҳ дорад… Баъд, боз дили мо месӯзад. Мо ба ғайр аз худи мо, дигар ба касе даркор нестем. Шираву шарбатамонро меҷабанду баъд чун лимӯи афшурда нодаркор мешавем.

Дар вуҷуди зинда, ҳарчанд он тозаву тамиз ҳам бошад, баъзан пучак, ба истилоҳи тиббӣ фурункул пайдо мешавад. Онро аввал маҳлулу малҳам мемоланд, ба ибораи халқӣ гармикорӣ менамоянд. Сиҳат нашуд, мебуранд, ҷарроҳӣ мекунанд, ҳарчанд, ки буридан хеле дардовар аст…

Худо шоҳид, ки ман низ ин ҳамаро навиштан намехостам. Вале ин аввалин маводи таҳқиромез ба хотири ҳангома ангехтан нест, ки дар саҳифаи Радиои «Озодӣ» мехонам. Маро он хотираҳои пур аз даҳшат ва ҳузне, ки аз давраи нооромиҳои Ватанам дар дил дорам, он ҷангу хунрезиҳову беҳуқуқиҳое, ки шоҳид будам, раванди хеле душвори барқарорсозии сулҳу салоҳ, ташкил ва таҳкими давлатдории навин, ҳиссиёти миннатдориву шукр аз имрӯзи ором ва зинаҳои рушди Ватан водор намуданд, ки андешаҳоямро нависам. Чанд бор аз нав рӯнавис намуда, камаш даҳ бор хондаву таҳлил намудам, ба чанд ҳамқалам фиристодам, то хонанду андешаҳояшонро иброз доранд. Мақсад: ба иззати нафси касе нарасида бошам, касеро таҳқир накарда бошам…

Вале вақте мебинӣ, ки муаллифи Радиои «Озодӣ» ба иззати нафси миллионҳо одамон, алалхусус, онҳое, ки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистонро интихоб намудаанд ва бо Пешвои худ ифтихор доранд, расидааст ва дар ин қатор ман низ ҳастам, магар метавон хомӯш буд?!

Нозир ЁДГОРӢ, нависанда

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь