Рисолати театр дар ҳар давру замон аз тарғиби ахлоқи ҳамида, некию нексириштӣ дар ниҳоди насли одамӣ буд, ҳаст ва мемонад. Воқеан, театр мактаби бузург аст, ки дар он инсон тарбия меёбад ва ба камол мерасад. Санъати театрӣ ба одамон таъсири мусбат расонида, барои ташаккули афкори маънавии онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Театр аз ҷиҳати таъсиррасонӣ дар байни ҳамаи намудҳои санъат, пурқудраттарин ва бузургтарин санъат аст, ки намоишномаҳои театри ҷаҳон ин андешаро ба субут мерасонад. Агар мо ба таърих назар афканем мебинем, ки дуним ҳазор сол пеш дар Юнони қадим дар се рӯзи Диониси Бузург, ки аз саҳар то бегоҳ чаҳор намоиш нишон дода мешуд, маҳбусонро муваққатан аз зиндон озод менамуданд. Ин ба хотири он буд, ки маҳбусон дигар гуноҳ содир накунанду роҳи дурусти зиндагиро дарёбанд. Намоишномаҳои онҳо фоҷиавӣ ва драмавӣ буданд, ки ҷавононро ба роҳи ростӣ, инсонпарварӣ, меҳандӯстӣ, меҳнатпарастӣ ва дӯстӣ ҳидоят намуда, ишқи покро низ тараннум мекард. Аз ин лиҳоз, юнониҳо чунин ақида доштанд, ки театр гунаҳкорон беҳтарин мактаб буда. Як навъ равзанаи хос ба рӯи инсон низ мебошад. Агар мо ба намоишномаҳои ба саҳна гузошта, бо диққат назар афканем, театрро хизматгорӣ ҷомеа, ташфиқоткунандаи расму қоидаҳо мебинем, ки тавассути ғояи баланди намоишҳо, фикрҳои солимона ва санҷидашударо ифода менамояд. Театршиноси тоҷик Низом Нурҷонов дар китоби худ чунин овардааст:- «Коргардон аз ҳунарпеша на тарзи бозӣ намудани нақш, балки тавлид ёфтани он ба мағзаш ворид гардидани ӯро бояд талаб намояд».

Л.Н. Толстой гуфта аст: -«Тавассути санъат таҳаввулоти эҳсос ба вуҷуд меояд, ки он ҳиссиёти пасттар, ногувор ва камманфиатро аз байн бурда, барои хайрияти мардум неъматҳои накутар, заруртарро фароҳам меоварад. Вазифаи санъат дар ҳамин аст». Дар ҳақиқат дуруст аст, бо тавассути санъат таҳавуллоти эҳсос ба вуҷуд меояд, ки қудрати театрро барои тозашавии инсон аз қабоҳату разолат, ба хиёнати гирду атроф ҳамчун василаи бузург бояд истифода бурд.

Дар хусуси поягузори театри миллӣ фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов чунин назар дорад: Иҷлосияи 3-юми Кумитаи Марказии Иҷроияи (КМИ) Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба театр ҳамчун воситаи муҳими тарбияи оммаи заҳматкаш таваҷҷуҳ намуда, соли 1928 дар мавриди ташкили оркестри давлатии миллӣ ва дастаи драмавӣ қарори таърихан муҳиме қабул кард. Барои татбиқи ин қарор Ҳукумати он вақтаи Тоҷикистон коргардони театри драмавии ба номи Ҳамзаи Ӯзбекистон Ҳомид Маҳмудовро, ки аз тоҷикони Бухоро буд, даъват намуд. Ба уҳдаи мавсуф вазифаҳои басо муҳими давлатию фарҳангӣ вогузошта шуд.

Ташкили Театри миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии созҳои миллӣ, ба вуҷуд овардани кадрҳо дар риштаи драматургияи миллӣ;

-Аммо ин фақат як паҳлӯи масъала буд. Паҳлӯи дигараш ҷиддитару мушкилтар, яъне баробари ташкили театр, оркестр, таъсиси комилан ҷадиди драматургия, ки он нафақат ба театр, балки ба санъати навтарин – кинои тоҷик низ рабт дошт, боз вазифаи болотари иҷтимоӣ – дигаргун сохтани тафаккури омма вогузошта шуд. Ҳамаи ин аъмол мебояд ба ҳадафи асосӣ – гузариши тафаккури иҷтимоии куҳна, ки ғолибан қуруни вустоӣ буд, ба шуури нави ҷамъиятӣ, ки ҳамрадифи сохтори нави ҷамъиятӣ – ҷамъияти сотсиалистӣ буд, равона карда мешуд. Ҳамин театру оркестр ва драматургия мебоист тафаккури дар асрҳои миёна шахшудаву хурофотии қисми зиёди оммаро бояд ба воқеияти нави таърихӣ, сараввал бояд наздик мекард ва баъд комилан мегаравонд. Ин вазифа сода набуд. Барои ин бояд аввал тафаккуру ҳунари худи аъзоёни театру оркестр ва драматургия дигаргун мешуд. Шаклу мундариҷаи эстетикии ин ҳунарҳо комилан чизи навро тақозо мекард.

Охири моҳи ноябри соли 1929 ин дастаи ҳунарӣ дорои 15 корманди эҷодӣ: саркоргардони театр Ҳомид Маҳмудов, Гулчеҳра ва Шарифа Бақоеваҳо, Ғуломризо Баҳор, Тубиё Бобоева, новелланавис Ҳаким Карим, Мастура Муллоҷонова, Урун Обидов, Саидахон Раҷабова, Султон Сайидмуродов, Ёқуб, Одил, Улмас, Ҳодӣ Фозиловҳо, Михаил Ягудоев буд.

Ҳомид Маҳмудов, ки табиатан дорои қобилияти созмондиҳӣ ва энержии беназир буд, дар атрофи худ донандагони хуби адабиёт, ба монанди Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Мунир Аминзода, Акмал Аминзода, Ғулом Ализода, Тӯйчӣ Самадӣ, Муҳаммадбек Юсуфбековро ҷамъ овард.

Дар мавсими аввали театрии солҳои 1929/1930 сенариянавис, коргардон ва басаҳнагузоронда Ҳомид Маҳмудов асари Л. Свердлин “Хоб дар дидбонгоҳ”-ро ба саҳна гузошт. Дар ин мавсим ҳамчунин, намоишномаҳои “Наврӯз ва Гулчеҳра”-и А. Аминзода, “Бой ва Одина” ва “Золими охирин”-и М. Юсуфбеков, “Зиндагии нав” ва “Эшони фиребгар”-и Т. Самадӣ, “Сангинбой”-и А. Мунзим пешкаши тамошобинон гардид.

Ҳомид Маҳмудов бо истифода аз дарсҳои маҳорати ҳунармандӣ ба бозингарони тозакор дарси маҳорату ҳунар, ки ба истилоҳи “Master class” ёд мешавад, омӯхт. Ва ин усули кор пурраву комилан ҳақ будани худро исбот кард. Ин кор чандон содаву осон ҳам набуд, чун лозим меомад барои ҳамаи ин афрод, ки асосан аз маҳофили худфаъолиятӣ ҷамъ омада буданд, ширкат дар саҳнаҳои вижаро омӯзад.

Дар соли 1934 Ҳ. Маҳмудов бо мақсади ташкили театри 2-и давлатии мусиқӣ-драмавии тоҷик аз ҷониби роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Ҳомид Маҳмудов ба ҳунармандони Театри мусиқию драмавии Хуҷанд асосҳои санъати саҳнавӣ, аз ҷумла малакаҳои кайфияту эҳсос ва бадеҳапардозӣ, ҳозирҷавобиву базлагӯӣ, мавзуниву назокати ҳаракат, қиёфабозиву қиёфасозӣ, муназзамӣ дар рақс, речитатив (гуфтовоз) ва техникаи гуфтору хонишро омӯзонд.

Аммо он замон ангуштшумор будани муаллифони песа аз миёни зиёиёни миллӣ, ки битавонанд осори ҳунарии худро дар саҳнаи театри миллии Тоҷикистон ироа диҳанд, як мушкили аслӣ ҳисоб меёфт.

Қобилияти Ҳомид Маҳмудов дар эҷоди эътимод ба драматургони ҷавон дар таҳияи намоишномаҳои бадеӣ ва пурмазмун, ба тамошобинони театр расонидани мушкилоти худи ҳаёт, драматургияи он, инъикос ва ёфтани посухҳои дурусте, ки зиндагӣ дар миён мегузорад, зоҳир мегардид. Яъне, ӯ талош мекард, ки театр барои тамошобинон на танҳо як макони фароғат бошад, балки ҷойе бошад, ки дар он таҷриба омӯзанд, ба дарки амиқи маънои ҳаёт расанд. Вай мекӯшид, ки театр ба ҳамон мақоме  расад, ки  Н. Г. Чернишевский онро “китоби дарсии ҳаёт” номида буд. Ин талошҳо дар барномаҳои театр инъикоси рушан ёфтанд ва як далели он афзудани миқдори пейесаҳо ба забони тоҷикӣ буд.

Ҳамзамон, бо ташкили театри миллӣ оркестри давлатии созҳои халқӣ низ такмил шуд. Таҷрибаи амалии кори Ҳомид Маҳмудов бо нависандагон ва ҳунармандон имкон дод, бо мушорикати мустақими вай ва мусиқинавозони маҳаллӣ, мутахассисони фолклори тоҷик, инчунин, оҳангсозони касбӣ, навозандагони мумтозу моҳир аз Бухоро, Конибодом, Самарқанд, Хуҷанд таҳкурсии Оркестри асбобҳои халқӣ гузошта шавад.

Бо ифтитоҳи шуъбаи мусиқӣ дар Сталинобод, омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрӣ дар Хуҷанд (соли 1929), Оркестри давлатии созҳои халқӣ, ки асоси онро намояндагони театри пойтахт ташкил медоданд, бо таъсиси Оркестри давлатии симфонӣ (1929) раванди пуршиддати оммавӣ гардонидани намунаҳои оҳангҳои халқӣ, муаллифони асарҳои муосири симфонӣ, асарҳои классикии мусиқии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта идома ёфт. Пас аз он Ҳомид Махмудов барои ҳамоҳангии мусиқии суннатии миллии яковозии тоҷикон ва ӯзбекҳо бо мусиқии бисёровозии Ғарб талош варзид…

Бист соле, ки Ҳомид Маҳмудов ба санъати театрӣ ва гуруҳҳои мусиқӣ бахшидааст, бенатиҷа нагузаштааст. Театрҳои касбӣ ва гуруҳҳои мусиқии дар ҷумҳурӣ таъсисдодаи ӯ баъдан батадриҷ тақвият ёфтанд, афзуданд, заминаи моддию техникии худро ба таври назаррас мустаҳкам гардониданд. Маҳорати касбии драматургҳо, ҳунармандон ва навозандагон ба таври назаррас боло рафт.

Театри миллӣ дар гузаштаи таърихии худ дар ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон мавқеи шоиста касб кард.

Дар маҷмӯъ театри миллии онвақта ба як падидаи байнифарҳангӣ табдил ёфта, воситаи шукуфоии анвои ҳунарҳои мухталиф – театр, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, драматургия ва амсоли инҳо гардид ва бо рисолати ҳирфаӣ ва идеолгиаш пояи маънавиёт ва асосҳои ахлоқию тарбиявии инсони нав гардид.

Фаъолияти Ҳомид Маҳмудов нафақат дар Тоҷикистон маҳдуд шуд, балки Ӯзбекистонро низ дар бар гирифт. Вай бо истифода аз асарҳои муаллифони ватанӣ ва классикони драматургияи ҷаҳон дар минтақаҳои гуногун саҳнагузорӣ мекард.

Хулоса, пас аз истиқлол шумораи театрҳо афзуданд. Акнун барои исботи дарки зебоипарастии тамошобинон ва бо фарҳанг намудани онон, аз худи коргардонҳо ва ҳунармандон вобаста аст. Ҳунармандони театр бояд пеш аз ҳама арҷгузори нахустустодони ҳунари театр буда бошанд ва идома диҳандаи кору пайкори онон бошанд ва поягузорони театри милли тоҷикро пос дошта, аз ҳар вақта бештар талошварзанд, ки намоишномаҳои ҷолибро, ки мазмуни баланди бадеӣ доранд манзури тамошобинон намоянд, ки барои пешрафти фарҳанги маънавии ҷавонон таъсир расонда, роҳи равиши зиндагиро омӯзонад ва барои ободии кишвар саҳмӣ арзандаи хешро гузоранд.

Адабиёт:

  1. С. Раҳимов, Поягузори театр, “Самак”, №43 (532), 1.11.2021, с. 6.
  2. Р.Воҳидӣ, Нақши театр дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, “Самак”, №50 (538), 8.12.2021,с. 4
  3. Маҷмуаи “Маҳмуднома”, АМИТ “Дониш”, 2021, с. 326.

Сорои  Собир,

магистранти  соли  2-юми  МДТ

“ДДФСТ  ба  номи  М.Турсунзода”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here