Овозхони шинохтаи тоҷик Парвиз Назаров, ки айни ҳол дар Қазоқистон умр ба сар мебарад, имсол 30-мин солгарди овозхонии худро бо барномаҳои консертӣ дар Душанбе баргузор менамояд. 

Имрӯз дар толори калони “Шарқи озод” вохурии журналистони тоҷик бо ин ҳунарманди шинохта баргузор гардид.

Ба гуфтаи худи ҳунарманд барномаҳои консертиаш, ки аллакай дар Қазоқистон шуда гузашт, акнун дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон гузаронида мешавад.

“Бо сабаби баъзе мушкилҳо ва ҳамзамон масъалаи молӣ наметавонам дар Хоруғ барномаи консертӣ диҳем”, – иброз намуд овозхон.

Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои консертӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва шаҳри Хуҷанд бо овози зинда ва бе истифодаи фонограмма гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки дар барномаҳои консертиаш овозхонҳои шинохтаи тоҷик Баҳроми Ғаффурӣ, Зикриоллоҳи Ҳаким ва Таҳмина Рамазонова низ суруд мехонанд.

Сарпарасти ин маърака – сарпарасти кулл ширкати мобилии Tcell, ҳамшарикони сарпараст Казкоммерсбонк Тоҷикистон, ширкати алюминийи ТАЛКО, ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь