Сарнавишти талх

Бурхвалӣ. Бо ба гӯш расидани ин ном, хоҳ-нохоҳ, дилхоҳ нафар якбора ба худ меояд. Зеро на ҳар кас чунин номро фаҳм ва ё ғайрати ба фарзанд доданро мекунад. Ман танҳо як Бурхвалии барҳаётро медонам, Бурхвалии актёри театру кинои тоҷикро. Бурхвалии мо, ки доманаи 50 сол бо ҳунарнамоӣ ва ширингуфториҳои хеш дӯстона ҳаводорони театрро мафтуну шайдо гардондааст.

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, актёри ба назар ҷавон шахси хоксор, ба самимияту одамияти хеш мақбули худиву бегона аст. Ба андешаи инҷониб, ба назар ҳеҷ не ки пир шавад. Сарфи назар аз мӯйи сари сафедаш, ҳоло ҳам бо шавқу шӯри ҷавонӣ сухан меронад, дилсофона механдад, чун ҷавони ҳаждаҳсола чобук гом мениҳад. Чеҳраи боз, хандаҳои беғашу қаракастиаш ёдмонанд. Чун ӯ аз ҷавонӣ варзишкор буд, доимо бардаму болидаруҳ аст.

Ӯро 45 сол, аз бози сокини пойтахт шудан, аз моҳи марти соли 1979 медонам. Он солу замон ҷавонон зуд-зуд ба Театри Лоҳутӣ мерафтанд. Мо низ аз ҷумлаи театрравакҳо будем. Аз ҳамон давра ҷазобият, гуфтори зебо, лаҳни ёдмон ва бозии шавқовараш қалби тамошогаронро тасхир сохта…

Аммо Бурхвалӣ ин ҳама дастовардҳои ҳаётро осон наёфтааст. Ӯ дар кураи рӯзгор хуб пухтааст. Сарнавишти талх ӯро аз тифлӣ думболагир буд ва ӯ бомурур ба пеш гоми устувор ниҳод.

Пошхарв – Курговад

Бурхвалӣ. 28-уми майи соли 1954 дар деҳаи Пошхарв (ҳамсарҳади рустои Курговад)-и ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло ноҳияи Дарвоз), дар хонаводаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Шашмоҳа буд, ки модари нозанинаш Ширинмоҳ дар 29-солагӣ ба дори дунё пайваст. Ин зарба кам буд, ки дар 3-солагӣ аз дидори қиблагоҳаш маҳрум монд. Падараш- раиси ҷамоат Ғуломҳайдари таҳамтан, дар 45-солагӣ фавтида Бурхвалиро ятим мононд.

Ӯро бобову мома сарпараст шуданд. То синфи 3-юмӣ дар Пошхарв хонд. Пас, таҳсилро дар деҳаи Қалъаихумб идома бахшид. Устоди нахустинаш Ҳоким Маҳмадов ӯро чун фарзанди хеш дӯст медошт ва барои ӯ заҳмати зиёде кашид.

Он вақтҳо ноҳияҳои имрӯзаи Рӯшону Қалъаихумбу Ванҷ як ноҳия буда, марказ дар Ванҷ қарор дошт. Бурхвалӣ чанд муддат дар мактаб-интернати Ванҷ таҳсилашро идома бахшид. Вақте Қалъаихумб ноҳия шуд, ӯ ба ин деҳа омада, мактаби миёнаро тамом кард. Бурхвалӣ дар давраи мактабхонӣ ба варзиш шуғл меварзид. Гӯштӣ мегирифт. Баскетболбози хубе буд. Ҳини дар синфи 9-умӣ таҳсил намуданаш, сазовори унвони варзишии дараҷаи I миёни баскетболбозон буд.

 Душанбеи азиз

Бурхвалӣ пас аз хатми мактаби миёна озими шаҳри Душанбе шуд. Ният дошт ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шавад, аммо дар пойтахт тағояш Асо Одинаев, корманди мақомоти амнияти давлатӣ, ӯро аз раъяш гардонд. Гуфт, ки имсол дар Институти давлатии педагогии Душанбе факултаи санъат таъсис ёфта, ҳуҷҷатҳоятро ба ҳамин факулта бисупор. Бурхвалӣ маслиҳати тағоро пушти по назад. Имтиҳонҳоро супурда донишҷӯ шуд.

Ба бахти ӯ, дар пойтахт соли 1973 Институти давлатии санъати Тоҷикистон созмон ёфт ва факултаи санъатро ба ин донишкада интиқол доданд. Бурхвалӣ муаллимони нахустини донишгоҳияшро нағз дар хотир дорад. Вай аз ҳунармандони ҷавони маълумоти олидори театрӣ Шодӣ Солеҳ, Ғолиб Исломов, Асалбегим Саодатова, Тағоймурод Розиқов, Асалбек Назриев дарси маҳорати актёрӣ андӯхт. Баъдан, аз шаҳри Москва мутахассиси театр Маслюков омад. Ба қавли онҷониб дар тарбияи донишҷӯён муаллима устод Тамара Махсумовна Абдушукурова заҳмати бисёре кашидаанд…

«Хуш омадед!»

Бурхвалӣ тобистони соли 1975 Институти санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуд. Раёсати донишкада танҳо ба 3 нафар роҳхати кор ба театрро доданду халос. Ба боқимондаҳо бо меҳри афзун «хуш омадед!» гуфтанд. Маънӣ, худатон кор ёбед. Ё ба ибораи халқии чор тарафатон қибла дар чорсӯ монданд.

Бахти Бурхвалӣ тофт. Устоди пурҳунар Ислом Саломов ва ҳунарманди маҳбуб Сайрам Исоева муттакояш гаштанд. Ҳангоми донишҷӯӣ бозии ӯро онон дар саҳна дида будаанд. Аз ин рӯ, онҳо Бурхвалиро ба Хуҷанд хонданд. Ӯ ба ҷон розӣ шуд. Ҳамин тавр, фаъолияти меҳнатӣ-ҳунарии Бурхвалӣ аз Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. С. Пушкини Хуҷанд оғоз шуд.

Театри Пушкин

Бурхвалиро дар Хуҷанд хуш истиқбол карданд. Роҳбари театр Одилҷон Назаров бо меҳрубониҳои зиёд ба ӯ дар театр як ҳуҷра барои иқомат ҷудо намуд. Он овон дар театр ҳунармандони номошнои тоҷик Ислом Саломов, Солеҳ Фармонов, Ойдина Усмонова, Муътабар Иброҳимова, Аскар Одинаев ва дигарон фаъолият доштанд, ки меҳрубонии хешро аз ҳунарманди ҷавон дареғ намедоштанд.

Бурхвалӣ чаҳор сол дар ҳамин макони ҳунар таҷриба андӯхт ва нақшҳои ёдмон ҳам бозид. Дар намоишҳои «Рамаяна» (Шоҳзода), «Ашрофпараст»-и Молйер (Клеонт), «Соҳиби меҳмонхона»-и Карло Голдони (хизматгор), «Хушдоман» (Мурод), «Камоли Хуҷандӣ» (Аловуддин), «Хонашерони майдонғариб» (Ҳодӣ) ва ғайра нақш офарид. Он солҳо анъанае буд, аз пойтахт ба музофот масъулони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва коргардонҳои театр ҳини сафарҳои хидматӣ аз театру дастаҳои ҳунарии музофот бо назари харидорӣ ба ҳунари актёрон зеҳн мемонданд. Дар чунин яке аз сафарҳо ба устодон Меҳрубон Назаров ва Тӯрахон Аҳмадхонов бозии ҳунарпешаи ҷавон Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров писанд омад…

Дар ин миён Бурхвалӣ як сол (ноябри 1975-ноябри 1976) дар вилояти мухтори Яҳудиёни кишвари Хабаровск, шаҳрҳои Биробиҷон ва Облучйе адои ҳарбӣ намуд.

Театри Лоҳутӣ

Бурхвалиро моҳҳои август-сентябри соли 1978, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хонданд. Он замон Детсик Николай Кузмич саррежисёри театр буд. Шаш моҳи аввал ӯ аз кайфи бекорӣ «роҳат» бурд. Каме дилтангу озурда ҳам гашт… Режиссёр Детсик «Ҳамлет»-и Шекспирро ба саҳна гузошт. Ба Бурхвалӣ иҷрои нақши Марселро бовар карданд. Бозии ӯ дар паҳлуи ҳунарпешаҳои маъруфи театри тоҷик Ҳошим Гадоев (Ҳамлет) ва Ато Муҳаммадҷонов (Клавдий) ва дигарон мояи ифтихори ҳунарманди ҷавон гашт. Ба қавли Бурхвалӣ, нақши Марсел раҳи ҳунарии ӯро дар Театри Лоҳутӣ боз намуд.

Дар ин миён Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ солҳои гуногун бештар аз 70 нақш офарида, ки ёдмонтаринашон инҳо буданд: «Ромео ва Ҷулйетта» (Меркутсо), «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир (Куран), «Роҳзанҳо»-и Фридрих Шиллер (Расман), «Сухан ва шамшер» (Ромео), «Бахтатро бедор кун»-и Наримон Бақозода (Бахтовар), «Ибтидо»-и Ато Ҳамдам (Аҳмад), «Ҷияни хира»-и Ш. Солеҳ (Саид), «Кафшҳои Абулқосим» (пйесаи Иван Франко, инсенировкаи Нур Табар ва Тӯрахон Аҳмадхонов) нақши Нуралӣ, «Имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ (Обид), «Мусичаро напаронед»-и Нур Табаров (Шариф)…

Доимо чуст

Бурхвалиро актёри доимо ҷавону чуст унвон мегирам, зеро бо гузашти солҳо ҳоло ҳам ҷавон метобад, Танҳо мӯйи сари сафедаш сирри синнусолии ӯро ифшо месозад, вагарна кай гӯӣ ки Бурхвалӣ ҳафт даҳсолаи умри хешро пушти сар кардааст. Ҳол он кӣ имрӯз ҳам чусту чолок аст.

Аз солҳои аввали фаъолияташ дар саҳнаи театр ва ҳам телевизион ӯро барои офаридани барномаҳои кӯдакона ҷалб менамуданд. Бо ҳамин тартиб, Бурхвалӣ дар Театри Лоҳутӣ, дар намоишҳои бачагона нақш офарида: «Бахтатро бедор намо» (Бахтовар), «Синдбоди дарёгард» (Навҳагар), «Кафшҳои Абулқосим» (Нуралӣ), «Кӯзаи гӯё» (Оҳу), «Заргӯши доно» (Гург), «Қиссаи бешазор» (Шер). Ин номгӯй муште аз хирварро мемонад.

Бурхвалӣ, ҳамчунон, дар намоишҳои телевизионӣ барои бачаҳо, дар барномаҳои сертамошобини «Алифбоҷон алифбо», «Буд набуд», «Бобои афсонагӯ», «Бишнав аз най» ва ғайра нақш офаридааст.

«Марди роҳ»

Бурхвалӣ аз хурдсолӣ ба синамо шавқу ҳаваси беандоза дошт. Бахусус филмҳои ҳиндиро зиёд дӯст медошт. Он солҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар филмҳои ҳиндии «Гул дар ғубор», «Сангам», «Ҷаноби 420» «Оворагард», «Номи ман масхарабоз» ва ғайра маъруфияти зиёде доштанд. Сарфи назар аз мушкилоти рӯзгор, Бурхвалӣ ба қаҳрамонони дӯстдоштаи хеш пайравӣ мекард ва орзуи дар кино нақш офариданро дар ниҳонхонаи қалби хеш мепарварид.

Сар аз соли 1982 дари иқбол ба рӯяш боз шуд. Ҳамон сол бо паричеҳрае – Баҳринисо, оила бунёд кард. Як сол пас писардор шуданд. Навзодро Зафар ном ниҳоданд. Зафар дар хонадони Бурхвалӣ зафар овард. Режиссёри шинохта Давлат Худоназаров ӯро соли 1983 барои иҷрои нақши Мурод дар филми ҳунарии «Марди роҳ» («В талом снегу звон ручья») даъват намуд. Вай аз ин навгонӣ, амалӣ гаштани яке аз орзуҳои солҳои кӯдакиаш, болу пар баровард.

Баъдан дар филмҳои ҳунарии «Ҷосус» («Лазутчик»)-и режиссёр Бақо Содиқ (оҳангсоз), «Ал-Бухорӣ», Б. Содиқ (Аббос), «Марги бегуноҳ»-и Юнус Юсуфов (Ҳофиз), «Оқибат»-и Худойдод Орифӣ (сардухтур) ва ғайра нақшҳои ҷолибу диданӣ офарид…

Муҳоҷирати меҳнатӣ

Бурхвалиро рӯзгор орому осуда гашт. Баъди Зафар (1983) дар хонадони ӯ писаронаш Озар (1986), Бахтовар (1989) ба дунё омаданд. Зиндагӣ маҷрои тоза гирифт. Аммо солҳои 90-ум дар кишвар вазъ ноором гашт. Пайи иҷрои нақшае кул хӯрд ва маҷбур гашт, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ орад. Нахуст ду-семоҳа ба Россия рафт. Вазъ ҳамоно ноором мегашт. Соли 1992 барои эмин мондан, зану фарзандонашро ба шаҳри Санкт-Петербург бурд. Оҳиста-оҳиста рӯзгораш осуда гашт. Аммо ӯ мудом хотирпарешон мегашт. Ҳушу ёдаш ба Ватан ва театр буд, меомаду мерафт…

Саррежисёри Театри Лоҳутӣ Исо Абдурашидов (равонашон шод бод) тасаллияш медод, ки бачаҳота нигаҳбон шав, ҳамааш хуб мешавад. Дар ин миён Бурхвалӣ соҳиби як духтар – Марҷона (1992) ва як писари дигар – Ромишгар (1995) шуд…

Ҳар рӯзу шаб дӯстону ҳампешаҳояшро ёд мекард. Бисёр ҳам мехост бидонад, ки онҳо чи рӯзгор доранд. Ба гуфтаи Бурхвалӣ қоилем, ки мегӯяд, ҳатто дарбону фаррош ва ороишгарони театрро ба ёд оварда, дилам гум мезад. Ва оқибат бархосту омад ба Ватан. Роҳбарияти Театри Лоҳутӣ ӯро хуш пазируфтанд. Кунун зиндагиаш ба маҷрои нав равон гашт.

Бурхвалӣ шукронаи сулҳу оромӣ мекунад. Шукронаи Сарвари давлати тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд. Аз сарсабзиву ободии пойтахти Ватан – шаҳри гулбасари Душанбе хушҳолу фараҳманд аст.

Подоши хизмат

Бурхвалӣ пас аз бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Театри Лоҳутӣ саропо ба кор дода шуд. Ҳам дар театру ҳам дар синамову телевизион фаъолияташро устувор кард. Имрӯзҳо зиндагии орому осуда дорад. Саодати хонаводагӣ насибаш гашта. Ҳашт набераи дӯстрӯяк қалби ӯро моломоли фараҳ мегардонанд.

Ҳукумати давр хизматҳои шоёни ҳунарпешаи вафодори театр Бурхвалӣ Ғуломҳайдаровро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2021), медали Хизмати шоиста (2013), нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000) ва ғайра қадр намуд…

Аҳли хонаводаву пайвандон ва дӯстону ҳаводорон аз он хушнуданд, ки имрӯз Бурхвалии азизро шуҳрату бахт ёр гашта!

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь