Трагеокомедия

Эъ, хайрият гузашт-е! О, қариб мурда будам, бале, қариб мурда будем… О, ба ин қадараш ҳеҷ кас боварӣ надошт, пешгӯиҳои мутахассисону фолбинҳо буданду лек ба ин дараҷа не…

Харам, хӯрам гӯям, қариб буд, ки нохарида, нохӯрда мехӯрданд, аниқтараш фурӯ мебурданд, ба комашон мекашиданду ҷиғилдони касе боз ҳам варам мекард…

Аммо… ин ҳама як воҳима – ПАНИКА буду халос, вале оқибатҳои нохуш дорад. Дар чунин ҳолатҳо бештар ҳамаро, хосса издиҳомро бесарусомонӣ, ҳайронӣ ва ҳатто ноумедӣ фаро мегирад. Аз ҷониби дигар, аз солҳои қаблӣ, аз маъракаҳои пешин ва ҳатто аз идҳои гузашта ҳеҷ дарсу сабақе нагирифтем, ки нагирифтем!

ПАНИКА! Бале, он рӯзҳо асосаш ҳамин беасосӣ буду монд!

Оббо, чунон ба фалсафа ғӯттавар шудаю гӯё аз ин баҳр чун ғаввосе дурдона меҷӯям, ки аз мақсади аслӣ хеле дур гашта, ҳатто худамро ПАНИКА фаро гирифт! Хайр, бе шаф-шаф ҳам шафтолу гӯем мешаваду… охир, хариданаш…

О, бале сухан дар бораи он меравад, ки чанд соли охир новобаста ба ҳама ҳама қонуну танзимҳо нархҳо… Аҷабо, ана калимаи «дӯстдоштаю, дӯстнодоштанӣ» дар ин шабу рӯз! Оре, аҳли маънӣ дарк намуданд, ки мо боз ҳам сари ҳамон нархҳо каме истода, беасос будани дарки мардумро собит карданию аз фикри онҳо берун намудани ПАНИКА-ро мехоҳем. Албатта, барои ин на «сеҳру илми Кашмир» лозим асту на гипноз ва на ягон хел «муллоҳои замонавӣ». Танҳо ақл даркору сабр, ки ба далелҳои мо гӯш андозеду худ хулоса бароред.

Рӯирост иқрор мешавам, ки ин гуфтаҳо асоси илмӣ дошта, дар омода кардани ин мавод камина ба тадқиқотҳои пурарзиши коршиносоне чун Муродуллою Сиёвуш ва Абдусаттор такя намуда, ин маротиба пурра аз кору аъмоли тоҷиронамон тарафдорӣ мекунам. Оре, рафтору нархмонии савдогарони ҷоноҷони мо сад фисад дуруст!

Масалан, ҳамин иде, ки ба наздикӣ гузашт-ку?! Иди қурбон… О, аз номаш маълум, ки чунин ид бе қурбонӣ намешавад, ҳар кас ҳар чӣ қурбонӣ мекунад! Баъзеҳо бошанд, ҳайрону гаранг гашта, боз мепурсанд, ки чаро чунину чунон аст? Чаро нархҳо якбора осмонию фалакӣ шудаанд?

Барои он, ки минбаъд, дар иду ҷашнҳои оянда баҳри пеши роҳи шикоятҳоро гирифтану дафтару китобҳои шикоятро аз ҳарзагӯиҳо халос кардан ба мақсад меоем.

Нархҳо… Боз ҳам, ҳамон нархҳои аз ҷонҳо қимат! Бале, ба гуфти коршиноси соҳаи меваю меваҷот ва маҳсулоти полезӣ, дӯстам Абдусаттор, барои ба умқи баланд шудани нархҳо сарфаҳм рафтан ҳар кас бояд лоақл аз гузаштаи хеле дур, сар карда аз рӯзгорони Бобои Одаму Момо Ҳавво хабардор бошад. Бале, яке аз сабабҳои аслии аз биҳишт ронда шудани онҳо, яъне падарбузургу момобузургамон маҳз ҳамон нархҳо, эъ, мебахшед, бо васвасаи Шайтон истеъмоли ким-кадом мева ё растанӣ буду ба хотири он, ки ягон мева ё мевафурӯш хафа нашавад, тоҷиронамон нархи ҳама меваҷоту маҳсулоти полезиро бе ягон дудилагӣ хеле-хеле баланд карданд. Ана акнун мебинем ва бо сад шикоят себу шафтолу, анору олу, гелосу ангур, ананасу банан ва дигар супермеваҷотро бо супернархҳо мехарем. – Ва барои ин… ба савдогарон «ҳазорон ташаккур» гуфтан кам аст,- мегӯяд Сиёвуш, зеро онҳо моро ба он рӯзҳои ширин мебаранду он ҳаводисро дар зеҳни мо бедор мекунанд! Аз тарафи дигар, агар оҳиста-оҳиста он меваҳои биҳиштиро нахарем ва ё дигар қудрати харидорӣ надошта бошем, пас шояд ба биҳишт равем ва ё нархҳо арзонтар шавад (аз ин моро тоҷирон нигоҳбон бошанд!).

Паҳлуи дигари баланд шудани нархи меваҷот дар арафаи идҳои мазҳабӣ боз ҳам ёде аз Қобил – бародари Ҳобил мебошад, ки ӯро диншиносон аз нахусткишоварзон медонанд! Иловатан, чунин нархҳо ҷадди мо – Бобои Деҳқонро низ «хушнуд» карда, боварӣ дорем, ки баробари ба савдо рафтани меваҷот бо чунин нархҳои «рекордӣ» ҳама наберагони Бобои Деҳқон ё миёнаравон бе ПАНИКА бо «лойова» кардан соҳиби навтарин «Мерсу Кемри ва Тайота» мешаванд!

О, мешудаааст-ку?! Боз мардумро ПАНИКА фаро мегираду намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Маслиҳати дигар он аст, ки дигар шарт нест кило-килограм мева харем. Бо чунин нархҳо ҷоиз он аст, ки чанд грамм аз чанд мева гирему халос!

Гӯшт! Ё тавба! Борҳо гуфтанд, ки одам зотан даранда аст ва ё аз дарандаҳо дарандатару аз хӯрандаҳо хӯрандатар ва аз ин рӯ, бояд чарбу крахмал, сафедию қудрат гирад, ки ин ҳамаро ба якборагӣ аз гӯшти ҳайвонот гирифтан мумкин! Пас чаро ба маҳсулоти серхаридор тоҷирони боинсофамон чанд дирамаке кам-камаке зам накунанд?! Дигар паҳлуи масъала он мебошад, ки тибқи пажуҳишҳои коршиноси соҳаи хоҷагии деҳот, гӯштшинос, бародарам Муродулло, сабаби қимат шудани гӯшти гов дар он аст, ки… он низ аз ҳамон ҳақиқати асотирӣ сарчашма мегирад. Бале, даме, ки Мӯсо-паёмбар бо Офаридгор дар суҳбат буд, қавмаш аз бекорӣ на кадукорӣ карданд, балки аз зару зевари тилло гӯсолаеро барои парастиш сохтанд! Ба қавле, ана ҳамон гӯсола гов шуду зоташ мондааст, ки ин ҳамаро маҳз селексионерҳои мо чанд соле пеш фаҳмида, нархи гӯшташро андакак баланд карданд! Акнун ин ҳақиқат ҳамагонӣ шуда, арзиши гӯшт ба ҳамон зару тилло баробар шуда истодааст! Барояшон барор! Бигзор боз болотар кунанд!

Нархи гӯшти гӯсфанд! Хайр, ин ба ҳамагон фаҳмо! Охир, агар ҳазрати Иброҳим писараш Исҳоқро нею гӯсфандро қурбонӣ мекард, ҳоло ҳоли инсонӣ чӣ мешуд? Хайрият ҳамааш ба некӣ анҷом ёфту… Бигзор нархи гӯшти гӯсфанд афзояд, зараре надорад. Агарчи дигар гӯшти чорпоёну моҳиҳо он қадар чашмрас нест (ҳарчанд ҷайбшикан аст), вале қиссаи дар ишками моҳие мондани расуле набояд фаромӯш шавад! Як нуктаи дигарро набояд аз хотир баровард, ки ҳама молу маҳсулот ва ҷонвару инсонӣ баъди Тӯфони Нуҳ мондаанд ва гоҳ-гоҳе агар нархҳо чун он «тӯфон» растохезӣ шаванд, боке нест!

О, аллакай ярмакаи фурӯши либосҳои мактаббачагон сар шудааст-ку!

Ана боз ПАНИКА!

 

Сабзаалӣ АСОЗОДА 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь