Нависанда, китоб ва хонанда

Ин субҳ ҳам аз хоб бедор шуда чун одат будани худро ба субҳ маълум кардам ва эҳтиромаш гузошта гуфтам:

Дуруд, ай субҳ,

Аё зояндаи Хуршед,

Дуруд, ай модари ин рушноӣ, бо дили софат,

Ки нури хандаат марги дили ҳар як сияҳкор аст

 (2004)

Ҳар субҳ чунин салом мекунам ба зиндагӣ ва медонам, ки дар Ватани азизам ҳазорҳо, садҳо ҳазор инсонҳо бо чунин дуруд рӯзро оғоз мекунанд. Медонам ва дарк мекунам, ки шояд на ҳамаи ин калимаҳоро истифода кунанд, шояд вожаҳои дигар доранд, аммо нияти ҳамдилони мо дар ниҳояти амр чунин аст. Ҳар роҳе, ки тай мекунему тай кардем, дар ҳама пастиву баландиҳояш, ростиву каҷиҳояш, дарду роҳаташ моро ба ин пеша мебарад. Ба симои зебои субҳи Ватанам менигараму дардҳое ёдам меоянд, ки дар хатми асри гузашта ба сари кишвару миллатам омаданд ва табибонашро чи ранҷҳое буд. Шахсиятҳои бузург тарки зиндагӣ карданд, мулк поймол шуд.

Заҳр афканда ба мо Аҳримани дӯстнамо,

Мо сарафрози “сахояш”, ӯ вале хандон аст.

(1995)

Ба хотирам субҳе расид, ки бедор шудаму сӯги талхи рӯ зи пеш ёдам омад ва ба субҳ аз он шаб гилаву гиряву ҳасрат кардам:

Ай шаби тирарӯйи бадкина,

Осмони кабуди мотамдор.

Қаҳқаҳи сарди пирзоли марг,

Нӯълаи тундбоди бадкирдор.

 Дар биҳиштест подшоҳе хоб,

Кишвараш бедар асту дарвоза.

Мардумаш бенавою саргардон,

Мурдани орифонаш овоза.

(1993)

Аммо субҳи ман медонад, ки ин як мотам набуд. Замоне буд, ки шаҳри ман ба азохонаи азизони ориф табдил ёфт. Яке аз онҳо ҳамкасбам буд, роман менавишт, филм мебардошт ва Тоҷикистонро бо ҳама зебоиаш ва мардони бузургашро бо ҳама донишашон ва рӯзгори деҳотиёнро бо ҳама зебоию назокатҳояш гуфтан мехост. Ӯ ҳам кушта шуд. Душмане не, бегонае не, балки ҳамзабоне, шояд ҳамкасбе, шояд дар зиндагӣ ба ӯ хасмдоре ҷонашро рабуд. Ва ин саҳар аз ин воқеаи пурфоҷеа:

Саропоям ҳама оғӯштаи хун аст,

Дилам афгору маҳзун аст.

Худоё, ин чӣ бераҳмист?…

 Диёрамро ато кардӣ зару зевар,

Зи нури раҳматат шуд шуҳраи Ховар.

 Кунун оби гилам оғӯштаи хун аст зон бахшиш,

Ки дорам ин ҳама ташвиш.

Маро чун кони тилло,

Душманонро аждаҳо кардӣ,

Гаҳе шодона меболам аз ин сарват,

Гаҳе менолам аз қисмат,

Вале, дардо, ки сарватҷӯи номарде,

Пайи озори ҷони ман камин дорад,

Фақат аз панди дунё ӯ ҳамин дорад.

Амон аз чашми бад, Яздон,

Амон аз чашми бад, Яздон!…

 Ва заҳри сарбадориро зи нӯши сарфарорӣ хондаем авло,

Ки бо гарданкашиву сарфарозӣ ҷовидон умре насиби мост…

 Замини дарду армонам!

Ҳазорон Тахти Ҷамшед аст зери ҳар кафи хокат,

Ки рӯшон подаҳое мечарад аз аҳди Чингизхон,

Ва мерӯяд ҳанӯзам ҷойи пойи наҳси ҳар муғул                                                       

эй вой, муғелон

(1994)

Ҳар саҳар менишинаму меандешам, ки фароварди қарни 20 на фақат азои чанд тан аз фозилон буд, балки азои халқ буд, азои миллат буд. Аз ҳар дару ҳар хона, аз ҳар водиву ҳар кӯҳ нолаи мотами халқ ба гӯш мерасид, зеро дарди Ватан, дарди миллат ба дарди як фард, ба дарди як оила ба ҳам печида буд. Дар ин ҳолат сӯз интиҳо надорад, ашк хушкӣ надорад ва ғам аз дил берун намеравад. Биноан, ин саҳар ҳам ба шаҳри зебоям, ки ба ин ҳолат расида буд, менигараму дард мекашам.

Гургони ташнахун, аҷабо, нӯла мекашанд,

Дар кӯчаҳои захмии шаҳри пур аз гуноҳ,

Дар гармии ҷаҳолати имсолаи биёр[1].

 Оҳ, эй Ватан, Ватан,

Эй модари азизу сияҳрӯзам, эй диёр!

Гургони ташнахун,

Морони гушнамағзи сари ин бародарон.

 Саҳрои қалбу сина чу хуншор кардаанд,

Дарёву чашмаҳо ҳама мурдод кардаанд.

(1997)

Аз дидани ин лаҳза бо дили пурхун ва бо чашми гирён боз дида ба шаҳр медӯзам, ба шаҳре, ки беҳтарин рӯзҳои ҷавониам дар он сипарӣ шуданд. Ба шаҳре, ки имкони эҷодиам дар он шукуфо гардид, дӯстони зиёд доштам. Ба шаҳре, ки дар он ман ҳеҷ вақт душман надоштам. Вале ин саҳар:

Ман асири шаҳри ишқеам, ки дар он

Дуздиву ғорат ҳунар ёбад ҳисоб

Як нафас берун агар бошам аз он

Метапам чун моҳие дар дашти тафсон

Чун ҳубоби рӯғани доғ

Гарчи бошам соҳиби шаҳри биҳиштӣ

 Ман асиру ошиқи ин сабзшаҳрам,

Шомҳоям мушкбезу атрафшон субҳи он.

Шарм ояд з-обу нонаш неъмати фирдавсро,

Чун зимистонаш баҳор асту ҳама ҷояш гулафшон

Лек…

Дар он ҳолиё зоғу заған маскан гирифта,

Ҷони мардумро рабуда,

Дар ғамободи ятимон базму шодӣ мекунанд

Хастаҷонам

Як хаёле мебарад гоҳе маро бар шаҳри дигар

Аз барои зиндагонӣ,

Лек аз домони ман дудаста маҳкам мекашад ҳар дам

Мисли тифлони гурусна шаҳри армони ҷавонӣ

(1992-1993)

Ва ман медонам, дарк мекунам, ки шаҳри дигаре нест, ҷойи дигаре нест, ки маро ором кунад. Бузургтаре аз ман гуфтааст: “Аммо чӣ метавон кард, ҷойи дигар набошад”. Ва боз мегардам ба хона ва боз хотироти худро варақ мезанам, рӯзҳои гузаштаро ёд мекунам ва умеде ба рӯзҳои оянда мебандам, зеро дунё ба умед аст ва танҳо ман не, мисли ман ҳазорҳо ҷавон он шабу рӯз ба чунин умед ба сар мебурданд, умед ба нерӯи ҳурмуздӣ доштанд, умед ба дили поки аксари мардуми хеш ва фарзонагии фарзандони халқи худ доштанд ва ин саҳар ҳам фаро расид:

Ларз – ларзон, на, ки бо бозии ҷон,

Кӯрасангу дараҳо ях баста,

Ки чу як хирси пакар

Хасу хошок ниҳода таги сар,

Ҷомаи бурс ба тан,

Фориғ аз ғӯссаву ғамҳои ҷаҳон,

Ҳамчу дар қасри шоҳаншоҳи бузург

Пештар хобиданд,

Як каме ҷунбиданд

 Дуди ҳасрат ҳама аз синаи хок,

Бардамид, абр бишуд

Ва ба сони ғарами пахтаи кунҷидасафед,

Пилта-пилта, ришта-ришта, ғоздода

Ҳамчу мӯҳои парешону сафеди кампир

Гӯи бо сеҳру фасона,

Ин қадар нарм шиновар гаштанд

 Хоҳари ғамзадаам маҷнунбед

Ғозаи сабзи ҷавонӣ дарёфт.

Мӯй бикшод ба рӯйи Хуршед,

Шона зад зулф ба сарпанҷаи бод

(2004)

Чӣ фараҳмандӣ, чӣ дилхушӣ, ки ба диёри азизи ман бо тамоми накҳаташ, бо тамоминазофаташ ва бо тамоми зебу зиннаташ баҳор бозмегардад. Ва акнун ин баҳор мисли баҳорҳое, ки пеш аз замони ҷанг буданд, дилҳоро нарм – нарм навозиш медиҳад, рӯҳро осӯдаву пок месозад, мотами дил ба ёд табдил меёбад ва умед ба ояндаи неки шаҳри худ, Ватани худ маро бештар ба зиндагӣ дилгарм мекунад. Ва ин саҳар аз килкини хонаи худ ба кӯчаву хиёбонҳо менигараму чеҳраи зебо ва шукуфои ҳамдиёронамро дида ва гулҳои шукуфони дасти онҳоро аз дур бо ҳавас тамошо мекунам ва ба худ мегӯям:

Гул ба себарга кунад гӯшакӣ аз файзи саҳар,

Ва шамолак, ки надорад ором:

Дар ба дар, дашту даман, кӯҳу камар,

Балки ҳар решаву ҳар шохаи тар.

Мебарад бо нафаси гарм хабар:

Ғофило, хез, баҳор омадааст,

Гӯш бикшой ҳазор омадааст”

(2004)

Ин саҳар дар Ватани зебои худ, дар мулки ободшудаи худ боз рӯйи чизҳое меандешам, ки онҳо ин зебоиро, ин ҳашаматро, ин ободиро, рӯ овардан ба асолати забону фарҳанги бумиро дидан намехоҳанд ё дида наметавонанд ё бо амали наҳси худ доғе ба он мезананд. Вале ин доғи миллат не, ин дарди миллат не, ин ҷанги миллат ва хонавайронӣ не, ин симои як гурӯҳи манфур, ки ҳеч зебоие дар зиндагӣ ба ҷуз хушомад, ба ҷуз гадоӣ ва ба ҷуз иғво намебинанд:

Сари  бозори сухан

Зайли ғавғои сагон,

Ҳарзаи табли худоии гадотаъбоне,

Гӯши мардум бихарошад

Рӯдакӣ чашми ҳаё пӯшида,

Ки наафтад нигаҳаш боз ба савдои сиёҳрӯёне

Ёвабозори суханро дида,

Айнӣ аз хашм асояш бар даст,

Ӯ киро мекобад?!

(2010)

Ин одамон ва ин тоифа ҳама гуна чизро, ҳатто поктарин чизро ҳам ба бадӣ мекашанд, зеро аз ҳама чиз танҳо ҳузури хешро, танҳо фоидаи хешро ёфтан мехоҳанд. Лиҳозо ин саҳар ба сарам омад, ки:

Покӣ ҳамчун пардаи макр,

Ё ниқоби ҳилаву найранг,

Дар забони ғажди баднафсон,

Мешавад бандӣ, мешавад нолон,

Мешавад хуншор, мешавад гирён…

(2014)

Маккорҳо гаҳе аз худ хирадманд сохтан мехоҳанд ва ба онҳо менигараму меандешам:

Хирадмандӣ набошад кори осон,

Ба оне, ки хирад дар хоб бинад

Фурӯши фазл бас осон намояд,

Чу он тифле, ки акнун об бинад.

Ин ҳамаро мебинам, ин ҳамаро мешунавам, мулоҳиза мекунам, сарнавишти худро ба ёд меорам ва ба сарнавишти дигарон қиёс мекунаму ба худ мегӯям:

Ба зери дори Иблис, ҳалқа гӯё дар гулӯ дорам,

Зи бори тӯҳмати ноҳақ ту ҷони дар азоб бин.

Ин саҳар боз ба андеша фурӯ меравам, боз ба дирӯзу оянда меандешам, аз дидаҳои нек мефахрам, аз рӯзҳои бад дард мекашам, ба ёди рафиқони рафта ва наздикони рафта меафтам ва шукри умри онҳоеро мекунам, ки ҳамроҳам ҳанӯз ҳастанд. Дар ин талошҳо ва ин гуфтаҳо ин саҳар боз ба хотирам панди қиблагоҳи бузургворам меояд, ки борҳо гуфтаанд:

Падарам гуфт, ки аз рӯйи раҳат хор бигир,

То ки аз роҳи ту сад хори дигар  дур шавад,

То ки чашмони ту пурнур шавад з-ин амалат,

Чашми шайтони раҷим дар нафасе кӯр шавад.

Ва ман талош мекунам ба он иродаву қудрате дорам, то ин панди падарро сармашқи зиндагии худ карда бошам, то аз амали ман ба касе манфиате расад, то зинда будани ман ба касе озор наорад. Ман бо ҳамин панд зистам ва бо ҳамин панд умр ба сар мебарам ва он чӣ дар эҷодам раҳ ёфт, аз ҳамин панд ва аз мушоҳидаи зиндагӣ бармеояд. Ин саҳар умед мекунам, ки кош аз гуфтаҳоям дигарон ҳам панд гиранд.

Ва ин саҳар бо ин андешаҳо болидарӯҳ: «солҳои пурдаҳшати фоҷиабору харобиовар пушти сар шуда, ба даврони якдилӣ, ваҳдату созандагӣ, гулкорӣ расидем», аз хиёбони марказии пойтахт, аз байни биноҳои муҳташаму баландошёна гузашта, ба Боғи устод Рӯдакӣ мерасам. Дилам раваншантар мешавад, зеро:

Гулгаштҳои боғи Рӯдакӣ,

Аз мавҷ мавҷи хандаи садранги лолаҳо,

Аз розҳои хуфтаи навошиқони пок

Бо ноз тоб мехӯранд

Устод Рӯдакӣ як боғ лола дар бағал бо савти чангу тор

Овозаи Наврӯзамон чун муждае аз “ёри меҳрубон”

Бо ёди “Ҷӯйи Мӯлиён”

Балху Хуросон, Самарқанду Бухоро мебарад.

Ва нидои устод Рӯдакӣ ба дил нишот мебахшад:

“Оҳой, Сомонизодаҳо!

Душанбе биҳишти лолаҳо шудаст,

Ҳар зарра хоки мушкбӯи тоҷикон

Гулрӯву меҳрзо шудаст

(2016)

Бешак дидани созандагиҳо ва шукуфоии Ватан ба ман ва ба ҳар фарди некхоҳ нишотовар аст.

Он чӣ гуфтам аз мутолиаи  шеървораҳои нависанда – Абдулҳамид Самад, ки дар китоби “Ин саҳар” (Душанбе, “Истеъдод” – 2022) гирд омадаанд, дар хотирам гардон шуд. Ҳар кас дар зиндагӣ аз адабиёт чизи ба худ хосро суроғ мекунад. Ман маъмулан “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва достонҳои Қаноатро барои дарёфти эҳсоси ватандорӣ мехонам, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ ва ашъори Лоҳутиро барои пок доштани ақлу хотираам меомӯзам, аз Саъдиву Лоиқ панди рӯзгор мегирам, аз Камолу Турсунзода бузургии ватандориро ёд мегирам, аз Ҳилоливу Шукӯҳӣ зебоигӯӣ ва зебоипарастиро пайравӣ менамоям ва аз Сайидо сиёсат меомӯзам. Аз ҳама шоирони классику муосир имрӯз кам-кам ғизои маънавӣ гирифта, аз одами хокӣ ба инсон шудан роҳ мепаймоям. Ва дидам, дарк кардам, ки дар китоби ахири Абдулҳамид ҳам панде бароям зиёд аст ва хостам ин пандро бо дигар ҳамзамонҳоям ба ҳам бинам.

Иброҳим Усмон, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь