Аз кӯдакӣ дар оилае тарбият гирифатаам, ки бо маърифату китоб алоқамандӣ дошт. Бобою модаркалони тарафи падариям қариб ҳама кормандони ҳукуматӣ ва аҳли илму ирфон буданд. Модари модарам бошанд гӯяндаи халқӣ, ки намунаҳои эҷодашон дар “Таронаҳои Самарқанд” (Тошканд, “Муҳаррир”, 2013) ҷой дорад. Модарам китобдӯсти ашаддиянд, ки то имрӯз дар 82-солагӣ пайваста китобу матбуоти давриро мутолиа мекунанд (чашм нарасад!). Гузашта аз он ҳама, падарам замоне чанд муддат дар анбори (базаи) бахши самарқандии “Узкитоб” фаъолият мекарданд. Ва ҳар китоби наву нодирро хона меоварданду аз он ҳисоб ҳам ҷевони китоб ва ҳам дунёи маънавии мо-фарзандонро бой мегардониданд.

Аз кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқи баланд доштам ва чун устоди дӯстдоштаи забони русиям китобҳои зиёди русиро бароям меоварданду баъди хонда шудани он бо дигараш иваз мекарданд ва дар хона низ китобҳо ба ин забон бештар бештар буд, зиёд китобҳои русӣ мехондам. Сари ҳар корам: ҳангоми чи ғизопазию ғизохӯрӣ, ҷомашӯию сӯзанзанӣ  дар дасту пешорӯям китоб ҳузур дошт. Аз ин боис хеле китобҳои бойгониям равғанину оби мағзоба парида ва кам – кам фарсуда гаштаанд. Баъзан барои ин корам аз падару модарам танбеҳ мешунидам, яъне мехостанд меъёрро риоя кунам.

 Донишҷӯ шудам

Аз будани мағозаи “Тоҷиккитоб” хабар ёфтам. Дар дасти ҳамсабақҳоям китобҳоеро медидам диққатҷалбкунанда ва дарёфтам, ки аз мағозае воқеъ дар паси мадрасаи Бибихонум мехаранд. Ва роҳ сӯи ин мағоза гирифтам, ки дар ояндаҳо маро чун оҳанрабо сӯяш мекашиду оқибат бо он унс гирифтам. Мо, ба гуфти самарқандиҳо, баҳсмабаҳс китоб мехаридему ба ҳамдигар онро кӯз-кӯзу таъриф мекардем. Байни мо донишҷӯён гӯё як мусобиқае пайдо шуда буд дар бобати ба даст овардани китобҳои наврасида. Бо ҳамин ба олами китоб бештар фурӯ рафтам. Ҷои дӯстдоштаи мардуми зиёде ва банда низ гашта буд “Тоҷиккитоб”.

 Хеле хотираҳои некам бо ин мағоза вобаста аст

Оҳ, чӣ гаште дошт он дамҳо: тоқаву ҷуфту гурӯҳ шуда рафтан ба “Тоҷиккитоб”, суратҳои рангаву банури дар деворҳои мағоза овезони адибони форсу тоҷикро дидан (он замонҳо ин тур асбобҳои аёниву маводҳои таълим кам дастрасамон буд), китобҳои рафу ҷевонҳоро ба даст гирифта варақгардон кардан, китобҳои нодиру арзонро соҳиб шудан, бо мардуми зиёди алоқаманди китобу бузургони илму адаб вохӯрдану бо эшон мулоқотҳо оростан!

Дар мағоза баъзан харидоронро марди солхӯрдаи нуронӣ ва хушгуфторе, бори дигар бошад марду зани ҷавонтаре хизматрасонӣ мекарданд. Инҳо мудири он Абдураҳмонхон Вализода ва писарашон Алишерхону духтарашон Моҳирахон буданд. Ба гӯшаи хаёлам наомадааст, ки рӯзе мерасаду барои табрик гуфтани зодрӯзи ин пирамарди маърифатдӯст меҳмони хонаашон мешавам ва ё бо он ҷавонмард дар Маркази фарҳанги тоҷикони вилоят дар ҳамбастагӣ фаъолият мебарем ё бо ин зани оқила ва домоди хонадон Ато Аҳророви мӯҳтарам то ба имрӯз робитаҳои мустаҳкаме пайдо мекунем.

Дар ҳамин мағоза бо нафароне аз вилоёти гуногуни ҷумҳурӣ ошно шудааму риштаҳои дӯстиву пайвандӣ бо эшон бастаам, ки то ин дам давом дорад.

Ошноиям бо ному осори гаронбаҳои инсонҳои шарифу маъруф, чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҳим Масов, Саиди Саъдӣ, Абдурофеъ Рабиев, Марям Эшонҷонова ва адибону олимони зиёде маҳз ба туфайли ҳамин боргоҳи маънавияту ирфон ба вуқӯъ пайвастааст, ки бароям таконбахш ва нишондиҳандаи роҳи ояндаи фаъолияту зиндагиям шуданд.

“Фарҳанги забони адабии тоҷик” иборат аз ду ҷилдро бар ивази 4 сӯму 4 тин харида будам. Дере нагузашта қиматаш ба 2 сӯму 2 тин фароварда шуд, ки аз ин ҳолат дилам ба беқадршавии китоб ва меҳнати нашркунандагону то ба мо расонандагон месӯхт. Ёру ошно ва дӯстони зиёди хешро ташвиқ мекардам, ки ин китобро харанд ва агар дошта ҳам бошанд ақалан боз як нусхагӣ аз он харид кунанд. Худам, агарчи ҳар ду ҷилди онро доштам, боз  ду нусхаи дигар харида будам. Замоне расид, ки он китобро акнун мардум аспакӣ мекофтагӣ шуданд ва ҳамон вақт онро ба шогирдону дӯстонам ҳадя кардаам.

“Тоҷиккитоб” маскане буд манбаи дониш, ки метавонистӣ китобҳои дарсӣ, материалҳои илмию ихтисосӣ ва бадеиро бе душворӣ пайдо кунӣ. Мавқеи он дар ҳаёти маънавию камолёбии мардум хеле бузург буд. То охири солҳои 90-уми асри гузашта таълим дар тамоми мактабҳои тоҷикии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Ӯзбекистон пурра дар асоси барномаҳои таълиму китобҳои дарсии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд ва метавон гуфт, ки ин мағоза робитаи қавие буд байни ду кишвар-Ӯзбекистону Тоҷикистон.

Маврид ба қайд аст, ки он солҳо хизмати почта ва ҳам киоскҳои рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Бо қатъ гардидани фаъолияти “Тоҷиккитоб” ва рӯ ба табоҳӣ овардани ин навъҳои хизматрасонӣ мардуми тоҷикзабони ҷумҳурии мо зарари маънавии бузурге дид, ки натиҷаи дардноку харобоварашро имрӯзҳо мечашем.

Кош, шахсе пайдо мешуд, ки аз робита ва имкониятҳои мавҷуда, шартномаҳо бобати ҳамкориҳои маданӣ, илмию фарҳангӣ басташудаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар истифода бурда,  иқдоми Абдураҳмонхон Вализодаро давом дода мағозаеро  бунёд кунад ва ё мутасаддиёни мағозаи “Китоб олами”-и Самарқанд инро бар ӯҳда гирифта, рафҳои мағозаро аз ҳисоби китобҳои гаронқадри Тоҷикистон пур гардонанд. Бо ин роҳ ба кори хайру савобе даст зада шуда, бар рушди илми тоҷик, зиёд шудани синфҳои тоҷикӣ ва боло рафтани савияи дониши омӯзгорон хизмати назаррасе мекард. Ва руҳи нахустин мудири “Тоҷиккитоб”-пири кор ва оташафрӯзи оташкадаи илму ирфон Абдураҳмонхон Вализода, ки 44 сол онро дар Самарқанд гарму рахшон нигаҳ дошт, шод хоҳад гашт.

Амина ШАРОФИДДИНОВА, забоншинос, публитсист, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, фаъоли маданӣ аз шаҳри Самарқанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь