Дар осори аксари адибони классик таҷассуми андешаҳо андар офариниши ҷисму рӯҳ ё сурату сирати Инсон аз назари шахсиашон возеҳ инъикос ёфтаанд. Ин ҷо мо аз сиришти ҷисми бани Одам, ки Шайх Саъдӣ “зи як ҷавҳар аст” гуфта буд, сарфи назар намуда, ба офариниши олами рӯҳонии ӯ аз диди бузургон рӯй меорем ва ҳам бад-ин сабаб, ки сурат аён асту маънӣ ниҳон ва “он чӣ аён аст ҳоҷат ба баён нест”.

Мавлоно Ҷомӣ ҳақ фармуда:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин асари безаволу оламшумулаш доир ба асрори олами маънавии инсон андешаҳои улвии фаровон дорад. Ягон масъалаи маънавию ирфонӣ ва ахлоқию фалсафӣ аз диди ӯ ниҳон намондааст. Дар ин бора аҳли хиради ҷаҳон китобу рисолоти зиёде ба интишор расонидаанд ва бо гуфтори зиёд зарур намешуморам.

Мавлавӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и худ дар такя ба аҳодиси набавӣ бар он назар аст, ки Худованд бани башарро се гуна офарид: фариштахисол, ҳайвонтабиат ва байни ҳар ду:

Гунаи аввал:

Дар ҳадис омад, ки Яздони маҷид,

Халқи оламро се гуна офарид.

Як гурӯҳро ҷумла ақлу илму ҷуд,

Он фаришта(а)сту надонад ҷуз суҷуд.

Нест андар унсураш ҳирсу ҳаво,

Нури мутлақ, зинда аз ишқи Худо.

Гунаи дуввум:

Як гурӯҳи дигар аз дониш тиҳӣ,

Ҳамчу ҳайвон аз алаф дар фарбеҳӣ.

Ӯ набинад, ҷуз ки истаблу алаф,

Аз шақоват ғофил асту аз шараф.

Гунаи саввум:

Он саввум аст одамизоду башар,

Аз фаришта нимаю нимаш зи хар,

Ними хар худ моили сифлӣ бувад,

Ними дигар моили улвӣ бувад.

То кадоми ғолиб ояд дар набард,

З-ин дугона, то кадомин бурд кард.

Мо ҳама ибни Одам ибни Одам….ибни Одамем ва бо чашмони худ мебинему бо ақламон (агар чашми ниҳонбин дорему ақли комил) мешиносем, ки ҷамъияти инсонӣ чӣ дирӯз ва чӣ имрӯз он аст, ки Мавлавӣ гуфт ва ин раддабандии ӯ аз олами маънии Инсон хоси ҳамаи давру замон буда, то он замоне пойбарҷост, ки хирад ва ақли кул ба афкори маҳдуди иҷтимоъ ғолиб наояд.

Айни ҳамин матлабро Мавлоно Авҳадуддин Шаҳидии Раштӣ низ дар “Гулистони тавҳид”-аш чунин баён намудааст:

Одамӣ дорад вуҷуди муштарак,

Сураташ ҳайвону маънияш малак.

Ҳам ба сурат васфи ҳайвонӣ дар ӯст,

Ҳам ба маънӣ васфи инсонӣ дар ӯст.

Гар яке з-он ду сифат ғолиб шавад,

Майлу рағбат сӯи он ғолиб равад.

В-ар яке ғолиб нашуд з-ин ҳар ду зид,

Ҳаст ҳар ду қобилият мустаъид.

Монда он бечора оҷиз дар миён,

Гаҳ ба ин моил шавад, гоҳе ба он.

Гар яке з-ин ду сифат ҷаст аз миён,

Дар вуҷудаш як сифат монад ҳамон.

Васфи инсонӣ чу рафт аз вай бадар,

Сурати ӯ одаму маънӣ-ш хар.

Баъд аз он ҳар чӣ хӯрад, мағзи хар аст,

Дар ҳақиқат ӯ зи ҳайвон камтар аст.

Васфи ҳайвон гар намонад, нест шак,

Сураташ ҳайвон бувад, маънӣ малак.

Ӯ агар заҳре хӯрад, ҳалво шавад,

Аз фаришта дар мақом аъло шавад.

Мавлоно Шаҳидии Раштӣ низ бар он аст, ки дар вуҷуди одам ду неруи муттақобила аъмолашро пайгирӣ мекунанд, яъне:

Ҳам ба сурат васфи ҳайвонӣ дар ӯст,

Ҳам ба маънӣ васфи инсонӣ дар ӯст.

Ва таъкид дорад:

Васфи инсонӣ чу рафт аз вай бадар,

Сурати ӯ одаму маънӣ-ш хар.

Акнун меоем ба андешаи Шайх Саъдӣ, ки гуфт:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бале, мо ба он ки “бани Одам аз як пайкаранд ва дар офариниш зи як ҷавҳаранд” бовари комил дорем, ҷои шубҳа нест ва “Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор” ҳам дар ҳадди як мавҷуд яқинан ҳақ аст. Вале агар дар бораи он ки бани башар аз як пайкар бошанду аз дарди якдигар беқарор гарданд, шубҳа бармеояд. Шояд ин як идеали Шайх Саъдӣ буд, ки мехост анҷумани мардумӣ дар дӯстиву бародарӣ ва ҳамдардиву ҳамзистӣ бошад, ки сано мар ӯро. Чӣ хуш буд, ки ин идеали Шайх Саъдӣ идеали бани башар мебуд. Ва аммо не! Агар чунин будӣ, аз азал фарзандони ҳазрати Одам- Ҳобилу Қобил баҳри нафси шум хун нарехтӣ. Агар дар ҳақиқат бани Одам узву ҳамдарди якдигар будандӣ, ҳеч кас бадбахт набудиву ранҷур, шоҳу гадо набудиву ҳама масрур, куҷо монад ба ҷангҳои мармӯз баҳри таъмини нафси оламсӯз. Агар ҳамин тавр буд, ки Саъдӣ хостӣ, бародар душмани бародар набудӣ, Юсуфро бародаронаш ба чоҳ наафкандӣ, мазлумон зулми золимон начашидӣ, писарон бадхоҳи падарон ва ҳатто бадхоҳи модарон набудандӣ ва ҳазорон амсоли ин ҳаводиси дигари доғи инсонӣ низ, ки баршумурданашон сангину нангин аст.

Ин навиштаро ҷое хонда будам: “Куҷоӣ, Саъдӣ?… Он замонҳо гузашт, ки гуфта будӣ: “Бани Одам аъзои якдигаранд”, ҳоло бани одам абзори якдигаранд”. Намедонам, ки муаллифи ин сатрҳо кадом замонро дар назар дорад, ки “Бани Одам аъзои якдигар” будаанд, аммо ба андешаи ин ҷониб дар ягон давру замон маърифати инсон ба “бани Одам аъзои якдигар” будан мусоид набуд.

Шояд замоне “Бани Одам аъзои якдигар” мешаванд, вале танҳо дар он сурате, ки боз ҳам гуфтаи Мавлоно мароми зиндагиаш буда бошад, яъне: “Агар дар унсураш ҳирсу ҳаво набошаду нури мутлақ бошад ва аз ёди Худо як лаҳзае фориғ нагардад. Аз зиштсуратоне набошад, ки бо ниқоб маҳрӯ тобад”.

Мавлоно Шаҳидии Раштӣ дурусту барҳақ мегӯяд, ки инсон танҳо аз ҷойгоҳу мақомаш аз ҳамдигар афзалтар аст, на аз бунёдаш:

Гарчи инсон ҷумла аз як гавҳаранд,

Дар мақом аз якдигар болотаранд.

Ва ҳам боз хуштар мегӯяд:

Мардумон гарчи ба сурат одаманд,

Ту напиндорӣ, ки ҷумла з-Одаманд!

Воҷидалии Муҷмалӣ дар “Матлаъ-ул-улум”-и худ далелеро аз аҳкоми ҳукамо дар мавриди дарки ҳаводис ва андешарониҳои Инсон чунин меорад:

Ҳукамо гуфтанд: “Инсон ба се қисм аст – яке оқил, дуввум наими қобил, саввум нодону ҷоҳил.

Оқил он, ки пеш аз зоҳир шудани воқеа ва рӯй намудани бало андеша карда, аз кайфияти он хабардор шавад ва (аз паси) илоҷи он шавад.

Наими оқил он бошад, ки чун бало даррасад ва фитна зоҳир шавад, дили худро мустаҳкам дошта ва бими ҳаросу бедиливу изтиробро ба худ роҳ надиҳад ва ба поймардии ақлу тадбир худро аз он гирдоби бало ба соҳили наҷот расонад.

Нодону ҷоҳил касе бувад, ки дар вақти пеш омадани ҳодиса саросема ва музтар шавад ва аз фикру тадбири рафъи он оҷиз буда, саргардони бодияи ҳайронӣ ва парешонӣ шавад”.

Ва беҳтарин ҳарфи аслро дар бобати аз худ ба ғафлати будани инсонро Абӯлмаъони Бедил гуфту зебо гуфт, вақтатон хуш бод, ки андешаи мо низ чун аст:

Гову хар аз огаҳӣ одам нахоҳад шуд, вале

Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад.

Саидбурҳон Икромӣ,

узви ИЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь