Журналистро метавон оинаи мушкилнамо номид. Оинае, ки мардум дар он иштибоҳҳову камбудиҳои худро мебинанду ба ислоҳаш мепардозанд.

Журналистика яке аз соҳаҳои таъсиргузор дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Алалхусус, дар асри XXI, ки раванди ҷаҳонишавист, нақши журналистика афзуда, талаботи ҷомеа ба хабару иттилоот зиёд гардидааст.

Пештар воситаи расонидани иттилоот ба мардум асосан, телевизион, радио ва матбуот буданд. Аммо тӯли чанд соли охир шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи ин воситаҳоро танг намуда, худ ба василаи асоситарини иттилоотонӣ табдил ёфтаанд.

Солҳои охир дар ҷомеаи журналистӣ саволе ба миён омадааст: Оё матбуот, телевизион ва радио ҳамчун ВАО мемирад ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгузини онҳо шуда метавонанд?

Дар ин бора аз баъзе аз журналистони варзидаро пурсон шудем.

Директори радиои “Азия плюс”, Манижа Ахмедова дар ин бора чунин мегӯяд: “Биёед мо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро мухолифи матбуоту радио ва телевизион қарор надиҳем ва онҳоро ҳамчун наслҳои нави матбуоту радио ва телевизион дар шакли “digital” шиносем. Яъне, газетаҳо рисолати худро ба як шакли наву муосир табдил додаанд. Шояд дар оянда, дар ҳолати беҳтар шудани суръати интернет инсонҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фурӯ раванд (хабарро дар онҷо хонанду бинанду шунаванд). Аммо кишварҳои Ғарбу Амрикоро бубинед, ки сарфи назар аз он ки он ҷо суръати баланди интернет таъмин аст, рӯзномаву радиову телевизионҳо фаъолият доранд. Яъне талабот ба ин расонаҳо коҳиш наёфтааст ва ин барои ман ҳамчун намояндаи як радио умедворкунанда аст!”.

Саъдӣ Маҳдӣ – директори Академияи ВАО: “Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ оянда надоранд. Фаъолияти онҳо побанди ҷаҳони виртуалист, яъне он аслан вуҷуд надорад. Электр ҳар чизеро равшан мекунад, аммо то вақте ки барқ ҳаст. Бо як “катаклизм” ин ҳама барҳам мехӯрад. ВЭА побанди электр аст. Ин аст мавҷудияту натиҷаи лобудаш.  Асоси пайдоиши матбуот рекламаи маҳсулот буд. Яъне пул. Мардум бояд газета бихарад, то матбуот муфлис нашавад. Обунаи маҷбурӣ барои ин бепарвофалакон даркор аст. Бинед, соати 1-2-и шаб дар назди “KFC” 100 – 200 кас навбат меистанд, аммо газет намехаранду намехонанд. Хӯроки болаззат мехоҳанд, вале ғизои маънавӣ не. Ин насли пешгӯинашавандаест, ки оқибаташ хуб нест. Матбуот ҳампои таърих аст. Яъне, болотар аз он чи ки мо журналистон онро меҳисобем. Таърих мегузарад, вале намемирад. Матбуот ҳам намемирад”.

Сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, Хушдил Раҳимҷонов: “Шояд матбуоти мо хусусияти сареҳан расонидани иттилоотро гум карда бошад, аммо дар он хусусияти таҳлилии мавзӯъҳо аз байн намеравад. Яъне, мумкин аз гузаштани ягон воқеа рӯзнома зуд хабар дода натавонаду пеш аз он хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шавад, аммо таҳлилу баҳсҳоро дар матбуот гузаронидан осонтару мувофиқтар аст, чӣ барои журналист ва чӣ барои хонандаи матбуот. Вақте ки дастгоҳи аксбардорӣ бори аввал ихтироъ мешавад, ҳама мегӯянд, ки ҳунари рассомӣ ва расмкашӣ аз байн меравад, вале баръакс имрӯз мусаввараҳои расмии қимматтарини олам ба даст тасвир карда шудаанд. Яъне расми дастӣ, баръакс, қимматтару пурарзиштар гардид. Рисолати матбуотро ҳам ҳеҷ чиз ҷойгузин карда наметавонад. Фикр мекунам, ки ҳунари чопгарии инсон, ки тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст, аз ҷумлаи он дастовардҳои нодири башарият аст, ки набояд ба ин осонӣ аз байн равад, зеро мурури замон афзалияту аҳамияти онро собит намудааст. Шояд он айни ҳол як муддати бӯҳрониро паси сар карда истодааст”.

Носирҷон Маъмурзода – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”: “Фикр мекунам, ки матбуот ҳамчун қадимтарин воситаи иттилоърасонӣ хонандаи худро аз даст нахоҳад дод. Табиист, ки ҳоло ба рӯи кор омадани воситаҳои хабаррасонӣ дар интернет аудиторияи матбуот коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, инро бояд гуфт, ки на фақат аудиторияи матбуот, инчунин аудиторияи телевизион ва радио ҳам дар ин росто назар ба даҳ соли пеш суст гаштааст. Яъне, имрӯз ба назар мерасад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои интернетӣ ҷойи матбуотро то дараҷае танг кардаанд, аммо ноширон, муассисон, сардабиронро мебояд, ки аз имкониятҳои платформаи интернет бар суди нашрияи худ истифода баранд.

Мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, Миров Фирӯз: “Айни замон ахбори расмии тасдиқшуда ва объективиро танҳо матбуоти даврӣ пешниҳод карда метавонанд. Албатта, сомонаҳои интернетии шахсони алоҳида ва блогерҳо то дараҷае холигии иттилоотиро пурра менамоянд, аммо бештари ахбороти онҳо ба фарзияҳои тасдиқнашуда, манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва овозаҳо асос ёфтаанд. Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографие вуҷуд доранд, ки ҳатман ба матбуоти даврӣ такя менамоянд. Барои аз даст надодани ҷойгоҳи матбуот дар фазои иттилотӣ бояд матбуотчиён ва ё умуман журналистон чанд кореро анҷом диҳанд:

  1. Ахбори заруриро саривақт ва фаврӣ ба аудиторияи худ пешниҳод намудан лозим аст;
  2. Ахбори пешниҳодшуда бояд натиҷаи тадқиқотҳои журналистии ватанӣ бошанд, на тарҷума ва бозгардонии ахбороти сомонаҳои интернетии хориҷӣ;
  3. Сомонаҳои интернетии матбуот бояд ахбороти зарурӣ ва ҷолибро пешниҳод намоянд;
  4. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ (фейсбук, телеграмм ва ғайра) саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва ҳафтаномаҳо кушода шуда, ахбор фаврӣ пешниҳоди аудитория гардад;
  5. Журналистони касбӣ ба матбуот ҷалб карда шаванд;
  6. Аз тадқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода бурда шавад.

Албатта, дар замони рушди технологияи коммуникатсионӣ матбуот бояд аз ҳар як имконият, платформа ва навовариҳои илмӣ-техникӣ истифода барад”.

Муҳаммад МАЪРУФЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь