Бахшида ба 90-солагии зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон-Зулфиқори Исмоил

Намемирам агар сад сол нодон н-оварад ёдам,

Вале мирам агар як дам кунад доно фаромӯшам.

(Соиби Табрезӣ)

Боғи санъати халқи тоҷик сарояндагону мутрибони зиёде дорад, ки маҳорату ҳунарнамоии онҳо ҳамеша вирди забони халқ аст.

Устоди зиндаёд – Зулфиқор Исмоилов, аз ҷумлаи ҳофизону мутрибони маъруфест, ки сабки услуби хос дошта, сурудро хеле равону шево ва  буррову фаҳмо месароид. Бинобар ин, номи хуши ҳофизи хушхону хушсадо равоншод Зулфиқор Исмоилов дар радифи чунин ҳофизони маҳбуби кишвар: Акашариф Ҷӯраев, Иброҳими Кобулӣ, Абдулло Назрӣ, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Зафар Нозим ва дигарон қарор дорад, ки ҳамаи онҳо дар инкишофи суруду мусиқии миллати мо хизмати барҷастае кардаанд.

Аз пушти саҳару рӯзе боз ояд саҳареву рӯзе, 

Хуршед кушояд зи дусад субҳ дареро,

Бо шеъру бо таронаҳои хушу табъи хушу хушгуфторӣ сухан,

Монанди Зулфиқори Исмоил наояд дигаре.

Вақте ки дар бораи устоди зиндаёд Зулфиқор Исмоил (1928-2014) сухан мегӯем, пеши назар чеҳраи нуронӣ, садои дилхурӯши ин марди ҳунар аз дуриҳои дури куҳистони водии Рашти қадим аз деҳаи Кичикзӣ (ҳоло Сари пул)-и ноҳияи Тоҷикободи номдору машҳур ба гӯши мо мерасад. Ӯ суруду таронаҳои баландмазмуну дилнишин мехонд. Аз дили халқ ва ба дили халқ наздик месуруд. Таронаҳояш аз диёре ба диёрею, аз диле ба диле роҳ ёфта, маскан мегирифтанд.

Мухлисонашро хумори созу наво ва савти ӯ мегирад, вале ӯ дар байни мо нест, ӯ ба само рафтааст.

Устод Зулфиқор Исмоил дутор менавозад, чунон зебо, маҳин, ки ба атроф нурпошӣ мекунад, оре менавозад, месарояд бисёр хубу дилкаш ва садояш ҳамчун булбуле шӯрида аз дили куҳистони диёраш, аз чашмаҳои софу беолоиши зодгоҳаш ва аз рӯди беқарору шӯхи Сурхобу Шӯракаш ибтидо сарчашмаи худро гирифта, ба дилу дидаи халқи азизаш маъво мегирад.

Ҳофиз бо дутораш нохун мезанад, оҳанги дилошӯби зиндагиро ба дили инсонҳо ҷо менамояд:

Ман ҳофизи халқам, шунав, эй халқи азизам, 

Ҷуши дилу хурсандию илҳоми ман ин аст. 

То ҷон ба рамақ ҳаст кунам кор ба халқам, 

Ҳам қавламу ҳам аҳдаму паймони ман ин аст.

Оре, ӯ ҳофизи халқ буд, ӯ барои халқаш месароид ва халқаш ӯро иззату икром ва дӯсташ медошт.

Устод Зулфиқори Исмоил дорои овози хӯшу ширадор ва ҳофизи хубу нотакроре буд. Дар самои санъати мусиқӣ ва созу навои халқи тоҷик сурудҳояш, оҳангу навоҳояш чун сурудҳои ҷовидона ва оҳангҳояш тавонбахши дилу дидаи халқ абадият ёфтаанд ва пайваста ҳамқадами давру замон пеш рафта такамул меёбанд. Суруду оҳангҳояш басо дилнишин буда, зуд ба дили инсонҳо наздик шуда, дилҳоро нерӯву тавон мебахшанд.

Зулфиқор Исмоил аз муъҷизаҳои табиати Худодод илҳому нерӯ мегирифт. Тобистони дилфиребу афсунгари Тоҷикободи азизаш ба ӯ нури зиё, қуввату дармони дучанд мебахшид. Саҳна бошад ба ӯ боли парвозро ато менамуд. Садои дутораш аз рӯзе, ки ба гӯши халқаш омада расид, номаш низ дар сафҳоти қалбҳо сабт гардид.

Зулфиқор Исмоил марди хушгуфтор, устоди ҳалиму ғамхор, мураббии мушфиқ ва ҳунурманди асили хушнавою хушсадо буда, дар ду ҷабҳаи зиндагӣ яъне маориф ва санъат кору фаъолият карда, сазовори обрӯи калон гардида, бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1966) ордени собиқадори меҳнат (1958) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳои  Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комсомоли Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Ҳаёт ва фаъолияти ин марди ҳунар, инсони шариф ва нексиришту некном ибратбахш мебошад барои насли наврасу ояндагон.

Аз соли 1958 то ба нафақа баромадан устод дар мактаби №19-и зодгоҳаш ҳамчун омӯзгори фанни суруд фаъолият мекард ва ҳамзамон роҳбарии дастаи ҳаваскорони санъатро ба душ гирифта, ба фарзандони халқ аз асрори созу наво ва мусиқӣ дарс мегуфт.

Аслан, устод Зулфиқор Исмоил сарояндаи сурудҳои мардуми куҳистон буда, ишқу вафо, диёри маҳбуб ва ғайраро месароид. Сурудҳои «Ҷонона», «Ошиқам» (шеърҳои халқӣ) «Бархез», «Медонӣ», «Нигар», «Зории ман», «Булбули ноланда», «Баҳор», «Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт», «Ба Ватан» ва ғайра аз беҳтарин асарҳои иҷрокардаи ӯ мебошанд. Чанд суруди дилнишинаш дар фонди тиллоии мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

5-уми майи соли 2014 дили пурҳарорати Ҳофизи халқии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи Тоҷикистон аз тапидан монд.

Ҳофизи хушхони халқ, устоди зиндаёд Зулфиқор Исмоил бо сурудҳои нотакрор, бо савту навои дилангезаш дар дилу дидаи халқаш то абад боқӣ хоҳад монд.

Саломиддин Кобулӣ Иброҳим, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод,

Маҳмадҷон Сафаров, рӯзноманигор 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь