Ӯ ибтидо Одам аст, одами хоксор, огаҳ аст, огаҳ аз ҳар кору бор, Олим аст, олими амал, Ӯ Ориф аст, орифи пай дар пай ҷӯянда. Валек ҳарчанд ӯро солҳои зиёд мешинохтам, афсус, ки китобиҲикмати озодагон“-ашро дертар дарёфтам.

Банда мутахассиси соҳаи барқам, аммо пас аз дидани ба даст гирифтани ин китоб сермағзӣ ва шарбатнокии онро ҳис кардаму ба мутолиъааш ҳамон лаҳза шурӯъ кардам. То чанде ба умқи маънӣ ва мазмуни он наздик мешудам, ба сарҳади худшиносии хеш наздиктар шуда, худро хубтар дар меёфтам. Нисбати дигар китобҳои хуби таърихӣ хондаам, дар мутолиаи “Ҳикмати озодагон” завқу ҳавасам зиёд гардиду хонишашро дар як моҳи рамазон ба пуррагӣ анҷом додам. Байни хонишҳо худ ба худ баҳс мекардам, мехостам аз баландтарин қуллае ба гӯши карри кӯрдилоне, ки тамаддуни Ориёиро намедонанд, нодида мегиранд бо тамоми қувватам садо баланд кунам, “Ҳикмати озодагон”-ро зери по гузоред, то андак баланд шавед! Лекин дар тахайюлам чизе намерасиду ҷуръати навиштани пешниҳоде намекардам. Акнун пас аз мутолиаи пурраи китоби “Ормонҳои Ориёнӣ” ва “Ҳикмати озодагон”-и устод худро гӯё дар умқи Ориёно ва бӯстони панду ҳикматҳои рангоранги таърихи беш аз 5-ҳазорсола то имрӯз дида, килки умеду илҳом рӯйи коғаз кашидам. Ва мебинам, ки ашки килки таърихшинос ва таърихсози Устод аз дидаи чашмасорони куҳистон ба дарёи Хингоб то ба уқёнусҳои худшиносӣ барои мо ҷорист. Бе муболиға, устод Назри Яздонӣ як одами огоҳ, олим ва орифи фидоиӣ бодилу гурда ва иродаи матини миллат асту чун шоҳчароғ нафақат ба қавмҳои ориёӣ, балки ба тамоми даъвогарони “Ариетсношинос”-и шабгарди кинаварзи миллатҳои дигари олам рӯшноӣ дода, онҳоро ба фаҳм ва эътирофи ин калима роҳнамоӣ мекунад. Ӯ бо ин амал тоҷи гумшудаи фарҳангии Каюмарсу шаҳаншоҳ Ҷамшедро боз бар сари соҳибтоҷон, ворисони он ниҳодан мехоҳад. Вале даврони Шӯравӣ фаҳми сиёсатмадорон нисбати калимаи Ориёӣ ё “Ариетс”-ӣ нафратангезона буд. Ӯ бошад бо ҳама садгузориҳо ва пешподиҳандагони замон, ҳатто аз ҷумлаи ёру ошнобудаҳо мубориза бурда, зиёда аз 30 сол ба ҳимояи калимаи “Ориёӣ”, шаъну шарафи ориёӣ будан ё ба фаҳми баъзе худпарастони якрав синаи сабру таҳаммул сипар карда, ба онҳо фаҳмонидааст, ки ин Ориёӣ он Ориёиӣ фашистӣ несту нахоҳад буд ва нисбати ин мавзӯ далелҳои котеъонаву раднопазир пеши чашми онон гузоштааст.

Оё имрӯз магар ҳама даргирӣ ва қатлу кушторҳои пай дар пайи имрӯза дар манотиқи Арабу қисми Аврупо гуноҳу айби он “Ариетс” -ҳо мебошад!? Ҳамзамон дигарандешони динию мазҳабиро чун Мавлонои азиз ба башардӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию инсонпарастӣ даъват намуда, чанд дину оинро ба ҳам оварданист. Таҳлилҳои муқоисавии “Авасто” ва “Қуръон”-ро намегӯед? Ин аст он оташи гарму пурмеҳри миллати тоҷик ва мартабаи шоҳчароғии Назри Яздонӣ аз “Ормонҳои Ориёнӣ” то “Ҳикмати озодагон”. Муаллиф парда аз рӯйи шабҳои тори таърихи фарҳанги гумгаштаи ориёиён бардошта, хонандаро аз мавҷудияти тамаддуни Ориёӣ, Каёниёну Пешдодиён ва бузургии таълимоти Зардушту китоби муқаддаси “Авесто” дарак медиҳад. Устод, ҳамчун ғаввоси баҳру бар аз зери уқёнусҳо барои миллати тоҷик дар ин замони ҷаҳонишавиӣ тамаддунҳо зиёд зарур аст, тухми дурру гавҳари маънии “Ҳикмати озодагон”-ро аз умқи баҳр ба болои замин барои киштан бароварда гузоштааст. Эй мардум болои ин гавҳар по гузореду як заррае боло шавед! Ин лаълу гавҳари худшиносӣ бояд дар кафи даст ва рӯйи мизи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонии худшинос бошад.

Гумон дорам, кадом дуртарин инсоне аз фаҳму фарҳанг, ақаллан номи “Ормонҳои Ориёнӣ” ва “Ҳикмати озодагон”-ро дарк кунад, ӯ гӯё як ду қадам дар замини худшиносӣ по гузоштааст. Боз ҳам, эй мардум, хусусан ҷавонони иззатманд,  ин дона, ин тухмии бебаҳоро гиреду кишт кунеду рӯёнеду баҳра бардоред, агар тоҷикеду худро ворисони ин фарҳанг меҳисобед,  вагарна ҳайфо ки..!

Оиди китобҳои “Ормонҳои Ориёнӣ” ва “Ҳикмати озодагон” гуфтаниҳо зиёданд,  аммо… Дар охир гуфтаниам,  агар хирадманде амр медод,  ки аз ҳамин лаҳза дар барномаи дарсии мактабҳои миёна,  оғоз аз синфҳои ҳаштум то ба донишгоҳҳои олӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳуриамон,  новобаста аз тахассус,  аз фани худшиносӣ аз “Ҳикмати озодагон” дарс гузаронида имтиҳони давлатӣ супоранд,  аҷаб хизмати одилонаи таърихие мекарданд.

Дар фарҷом ба устод Назри Яздонӣ аз даргоҳи Яздони поку офаранда саломатӣ, умри дарози бобарат ва бурдбориҳо таманно дорам.

Қиёмиддин Саидхоҷа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь