Ё худ як бағал баҳори ормонҳои ватандорӣ, дар шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ, устоди зиндаёд Гулназар

Ба ҳар хоре назар кардам, варо аз гул хабар кардам,

Гузаштам аз ҳама ормону худро Гулназар кардам.

Адабиёт як рукни муқаддаси ватандорӣ буда, шоиру нависандагон сипаҳсолорони он марзу бум мебошанд, ки дар қатори сипоҳбудҳои қавипайкару оҳанбозуи майдони набард, аз номусу шараф ва эътибори ватандориву ватанхоҳӣ дифоъ намуда, номи покашон дар равоқи эътибори миллат ба абадият сабт гардидааст. Агар устод Рӯдакӣ чун саромади адабиёти порсигӯёни олам шинохта шуда бошад, Ҳаким Фирдавсии Тӯсии Хуросонӣ дар тамоми сарчашмаҳои таърихиву адабӣ чун девори нангу номуси ватандории мо, тоҷикон ном бурда мешавад. Дар замони нав (аниқтараш, баъди Инқилоби Октябр), ки Тоҷикистони азиз дар қатори понздаҳ кишвари Иттиҳоди фарҳангсолору раъиятпарвари Шӯравӣ номаш дар равоқи эътибори он кишвар муҷалло гардида буд, ифтихори мо, имрӯзиён ва ояндагони кишвар будаву ҳаст. Устоди зиндаёд Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ бо асари ҷовидонии хеш “Намунаи адабиёти тоҷик” собит намуд, ки халқи тоҷик дорои адабиёт, таърих, фарҳанг, суннатҳои созандагӣ ва башардӯстии бузурги миллие мебошанд, ки дар роҳи эъмори як ҷомеаи башарии фарҳангӣ саҳми бузургашро беш аз ҳазор сол боз гузошта, ин сармояи фарҳангӣ пурарзиштарин мерос аз гузаштаи пурифтихораш мебошад. Ҳамин асари пурмуҳтаво ва пурарзиши илмии устод Айнӣ номи тоҷикро маълуму машҳури олам намуд ва фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло (Махсум) Лутфулло ва Шириншоҳ Шоҳтемур пойдевори кишвареро бо номи Тоҷикистон бунёд гузошта, арбоби сиёсиву давлатӣ, донишманди шинохта, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров онро миёни понздаҳ кишвари дӯсту бародар ва фарҳангсолору раъиятпарвари собиқ Шуравӣ пурэътибор ва  овозодораш намуд. Шоирони шаҳири миллат зери сарварии Қаҳрамони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаҳои пурэътибори давлатии Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода тавонистанд, ки он эътибор ба шукуҳу шаҳомати адабиёту фарҳанги тоҷикро тӯли ҳафтод соли пойдории Шӯравии собиқи фарҳангсолору маърифатпарвар пуровоза намоянду миёни халқу миллатҳои зиёди он қаламрав соҳиби ҷойгоҳи пурарзишаш намоянд. Баъд аз сари Шӯравӣ, замони нави соҳибистиқлолӣ ҳамаи корномаи бузурги ватанхоҳиву ватансозии он фарзандони фарзонаи миллат дар шакли нави давлатдории навини тоҷикон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, миллати ҷафокашидаи дар вартаи ҳалокати нестӣ уфтодаро умри дубора бахшид. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлоли демократии дунявии башардӯст зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш ба оламиён собит сохт, ки давомдиҳандаи арзишҳои таърихиву фарҳангии гузаштагони пурифтихори хеш буда, чун Каёниён, Сосониён ва Сомониёни далеру кишваркушо, раъиятпарвар ва фарҳангсолор ҳаст ва дар эъмори як ҷаҳони мутамаддин саҳми хешро хоҳад гузошт. Ҳамин тавр, бо мақдами мубораки ин абармарди таърихи навини давлатдории тоҷикон, номи поку пурифтихори тоҷик шӯҳраи олам гардид. Оре, ӯ пораҳоро ҷамъ ва ҷамъҳоро шамъи дурахшоне кард, ки зери шуъои он қалбҳо гарм ва олами ормонҳои миллӣ ба сабзиш даромад. Ба олами дар сабзиши адабиёт ва фарҳангу суннатҳои миллӣ шукуҳи тоза бахшид. Ҳам акнун зарурати таърихии эҳёи миллат ба миён омад. Рамзҳои давлатӣ, ки нишони баръалои давлатдории мо, тоҷикон мебошанд, бо машварату маслиҳати Пешво ва арбобони сиёсиву давлатӣ, адабиву фарҳангӣ, ки ин рамзҳо аз Парчам ва Суруди миллӣ иборат мебошанд қабул гардиданд. Дар миёни асарҳои пешниҳодшуда, дар бахши Суруди миллӣ шеъри шоири шаҳири миллат, устод Гулназар – “Диёри арҷманди мо” миёни беш аз сад шеъру суруди пешниҳодшудаи шоирони тоҷик баҳои баланд гирифта, чун Суруди миллӣ пазируфта шуд. Ҳамакнун, ин Суруди мутантан ҳангоми баланд шудани “Парчами миллӣ” дар садҳо кишварҳои олам садо додааст.

Ҳамзамон, ҳангоми сафарҳои расмии давлатии Президенти кишвар ба кишварҳои хориҷ ин Суруд садо дода, тапиши набзи Тоҷикистони азизро манзури оламиён мегардонад. Ин худ гувоҳи он мебошад, ки шеъри устоди зиндаёд Гулназар, воқеан, маҳбубият ва самимияти зиёди миллӣ дошта, баёнгари таърихи пурифтихори мо, тоҷикон мебошад. Ҳарчанд миёни бархе аз тангдилони тангназар дар ҷодаҳои нотавонбинӣ ин сурудро бархе аз “айёракҳо”-е, ки даъвои “бузургӣ” мекунанд, мавриди интиқод қарор дода, бар эътибори баланди инсонӣ ва ватандориву ватанхоҳии устоди зиндаёд, шоири халқии Тоҷикистон, донишманди фарҳехтаи адабиёт ва фарҳанги миллӣ Гулназар иснод овардан мехостанд, бехабар аз он, ки ин суруд дар мағз – мағзи ҷони миллионҳо ватандорони кишвар ҷо гирифта, давои оромиши руҳу ҷони миллат гардидааст. Ҳамин нотавонбинӣ ва рашку ҳасади он тардоманҳоро устод дар шеъри “Инак” чунин рӯи саҳфа овардааст:

Суруди миллӣ баланд шуд, инак,

Зи ҷой баланд шаведу рост шавед.

 

Ҳама пиндори шумо, ки каҷ аст,

Ҳама гуфтори шумо, ки каҷ аст,

Ҳама кирдори шумо, ки каҷ аст,

Зи ҷой дасти кам баланд шаведу рост шавед.

 

Лабонатон, ки каҷ асту забонатон, ки каҷ аст,

Суруди миллӣ дар даҳонатон намеғунҷад,

Зи ҷой баланд шавед рост шавед.

 

Магар гавҳора-тон каҷ буд?

Магар роҳе, ки бар он бори нахуст по мондед, ҳам каҷ буд?

Магар ҳидояти модаратон каҷ буд?

Зи дунё бигзаред, бароятон гӯри каҷ бубояд кофт.

Зи ҷой баланд шаведу рост шавед,

Агарчи каҷ аст сояатон ба дарозии умр,

Агарчи номусатон каҷ асту имон-тон…

Зи бари нанги шумо

Мабод гардани баланди меҳан каҷ,

Мабод қомати шаҳомати миллат каҷ!

 

Сутуни қасрҳи шумо магар рост аст,

Ки аз қади дутои марди деҳқон аст?

Чароғи офтобии хонаатон хира-ст,

Ки аз умеди хирасӯзи ноумедон аст.

Каҷ аст дарахти боғи Шумо.

Каҷ аст ҷӯйи шумову мавҷи оби Шумо,

Каҷ аст суханҳои кӯчагии Шумо,

Каҷ аст суханҳои минбарии Шумо,

Тоҷикистон ба ҷурми шумо каҷистон аст!

 

Дареғи мисраҳои пурдардам,

Ки аз каҷии шумо каҷанд дар дафтар,

Дар ин фазои каҷ оҳи ман ҳам каҷ бурун ояд,

Чун теғи ҳамидаи ханҷар.

Ин дарди шоир дарди шеър аст, дарди ишқи Ватандорӣ ва Ватанхоҳӣ. Дарде, ки аз захми забони каждаҳанони нотавонбини кажандеш, ки ҳанӯз дар оташи рашк месӯзанд, ҳисори ормонҳои шоири Ватанхоҳро ба ларза овардаанд.

Банда, ки аз солҳои донишҷӯӣ бо ашъори устодон Бозор Собир, Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Гулрухсор хеле ошноӣ доштам, ҷои устод Гулназар дар қалби садҳо чу ман шефтагони шеъри ноби тоҷикӣ ҷои пуразиши хешро дошт. Китоби тозанашри шеърҳои устод, ки бо номи “Лангар” он замон рӯи чоп омада буд, ҳамнишини қалби садҳо донишҷӯёни ҳамсоли мо буд. Ҳамон замон беш аз панҷоҳ шеър ва сад дубайтии он маҷмуаро аз бар намуда будаму ташнагии руҳиамро бо он шеърҳо мешикастам. Ҳамон шеърҳо моро бо устод ошно намуд. Мо дар сурати поки устод муаллим, мушфиқ ва муниси дардҳои ҷавониамонро дарёфтем. Ҳалимиву мерубонӣ, нармидиливу башардӯстӣ ва ватанхоҳии устод дар боғи умри мо, ҷавонон самари хуб дод, ки самараш чиҳил сол боз қаламчубам қадампартои ман мебошад.

Ҳамин устоди покгавҳар, покдин ва поксиришт дунёи моро бо шеър ва адабиёт пайваст. Ҳамин туғён бедорӣ ва худшиносии миллӣ, ватанхоҳиву ватандориро дар қалби ҷавони мо умри ҷовидонӣ бахшид. Шеърҳои ватандорӣ ва муҳаббату садоқати лабрез аз орзуҳои ҷавонии шоираи хушкалому хушбаёни тоҷик Гулрухсор, устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Гулназар. Саидалӣ Маъмур, Ҷамолиддин Каримзода ва чанди дигар ҳамеша дар маҳфилҳои шавқии мо, донишҷӯён садо медоданд. Номи устод Гулназар аз ҳама бештар маҳфилоро буд. Устод дар баробари шоирӣ муҳаққиқи хеле борикбин ва боинсофу адолатпешае буд, ки садҳо шогирдон бо дастгирии бевоситаи ӯ вориди майдони адабиёт гардида, дар қаламрави назму насри муосир соҳиби ҷойгоҳи пурэътиборе мебошанд. Устод, ки саропо аз таронаҳои пуробу ранги мардумӣ саршор буд, ҳама шеърҳояш оҳанг ва таровати мардумӣ дошт. Ҳамин аст, ки бисёре аз таронаҳояш, ки саршор аз сӯзи ишқанд, миёни мардуми саросарии кишвар моли онҳо гардида, бо шавқу шӯри беандоза ба онҳо оҳанг баста, мехонанд ва ҳазорон маҳфилҳои шавқиро нуру зиё бахшида, касе намедонад, ки ин ҳама моли ҳалоли устод Гулназар мебошад. Бисёре аз шоҳбайтҳояшро дар лавҳи эътибори мактабу маориф, кохи фарҳангу маърифат ва китобхонаву кӯдакистонҳо, истироҳатгоҳҳову толорҳои шавқу шӯр мебинем. Ин аст ҳамон шеъре ки ҳанӯз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ беш аз ҳазор сол пеш аз имрӯз дар таърифаш гуфта буд:

Шеър он бошад, ки бистонад туро,

Бехабар аз хеш гардонад туро.

Шеър он набвад, ки гунгу кар кунад,

Мардро бар нақш ошиқтар кунад.

Бо ифтихор аз дилхоҳ дафтари шеъри устод Гулназар онро меёбему бо шавқу шур замзамаш намуда, дар саҳфаи ёдҳо дар як диду шунуд ба абадият сабташ менамоем. Шояд беҳтараш он бошад, ки онҳоро бо чашми дил бубенаму бо гӯши ҷон бишнавем:

Эй ташнаи дард, дар сухан ҷоят ҳаст,

Чун булбули маст дар чаман ҷоят ҳаст.

Чун шеър агарчи меравӣ мулк ба мулк,

Дар саҳфаи девони Ватан ҷоят ҳаст.

 

Эй ошиқи худ, ошиқи шайдо ҳам ҳаст,

Тобу таби бехобии шабҳо ҳам ҳаст.

Дар оина ту масти тамошои худӣ,

Як лаҳза ба худ о, ки дили мо ҳам ҳаст.

 

Мушкил бувадам ба сӯйи гулзор назар,

Бо ҷони харобу дили афгор назар.

Ҳар сӯ нигарам, хории мардум бинам,

Ту Гуланазарам магӯ, магар “Хорназар”.

Ҳамин самимият ва муҳаббати поки инсонӣ дар шеърҳои устод шахси ӯро ба хонанда ошно намуда, дунёи розҳои як инсони якдилу якрӯ ва Ватанхоҳро аён месозад. Дар розҳои нуҳуфтаи қалби саршор аз ишқи шоир мо ду фардро мебинем, он яке гӯянда худи шоир буда, дигаре орзуҳои шоир, ки чун Гулназар бо мо розҳо мегӯяд, аз ноҷурии замон дард кашида, он дард вуҷудашро ноором сохта, аз Гулназар буданаш шарм медорад ва мегӯяд, ки “ман на Гулназар, балки “Хорназар”-ам. Яъне, ҳамнишин ва ҳамсадои дарду ғами мардумаш буда, худро ҳамқисмати онҳо медонад. Вале бо ин ҳама ӯ дилхаставу ноумед ва нотавон нест, бо шуру шавқи зиёди ҷавонӣ мегӯяд:

Дар Бухорои дилам шӯриду рафт,

Мисли Ҷӯи Мӯлиён хушкиду рафт.

Ғунчахусбияш набуд чун навбаҳор,

Бо ҳама хандонлабон хандиду рафт.

Ҳамчу Маҳмуде, ки ошиқ буду маст,

Аз баландии сухан афтиду рафт.

Чун табиби нозанин омад ба сар,

Набзи пирии маро санҷиду рафт.

Чормағзи пуч ба доманам фиканд,

Доманашро бо итобе чиду рафт.

Ҳамчунон афсонаи зебо расид,

Бо дилам афсонае бишниду рафт.

Мисли мурғе, к-у равад иқлими гарм,

Пар кушоду аз алам нолиду рафт.

Мардуми шоиста мегирад нишон,

Ёди некаш чун нишон бахшиду рафт.

Чун нахи мизон хаёли шеъри ман

Дар хами гесуи ӯ печиду рафт.

Ва ҳамин зебогуфтану зебо суфтани дурри маъонӣ, бар ин ғазали шоир ҳусн ва таровату назокати мардумӣ бахшида, бо самимият дар қалби хонандаи хеш ҷои худро ёфтааст.

Шоир, ки худро як пораи хоки Ватани аҷдодӣ, Ватане ки дар замони Сосониён ва Сомониён шукуҳу шаҳомати хоси суннатҳои Ориёиро дар қалб мепарварид, пиндошта, бо дарду ҳасрат аз он рӯзгори афсонавии таърихи куҳандиёри хеш ёд намуда, ормонҳои ватандориашро дар сурати Душанбеи азиз, ки ҳамакнун ҳамсони Бухоро аст, рӯи саҳфа оварда мегӯяд:

Туро, эй Бухорои Сомонӣ, саломи Душанбе!

Туро, эй Самарқанди Деваштич, Паёми Душанбе!

Туро, эй Хуросон, ки то рӯзи маҳшар бузургӣ, Дуруди Душанбе!

Туро, эй ғами “Шоҳнома”

Туро, эй фиғони дили хуни Айнӣ, суҷуди Душанбе!

Ин дарди носури ватандориву ватанхоҳии шоир ифодагари руҳи бузурги шикастнопазири ӯ буда, ҳанӯз соли 1980 бо чунин андешаи ватандорӣ ба истиқболи Симпозиуми ҷаҳонии ҳазораи Ибни Сино, дар ифтитоҳи муҷасамаи бузурги ӯ дар шаҳри Душанбе гуфта буд:

Душанбе тахти Сино шуд, муборак,

Зи нав манзури дунё шуд, муборак.

Агар чанде дилам доғи Бухорост,

Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак.

Дарду ҳасрати ватандории шоир, аз таърихи давлатдории Сомониёни фарҳангпарвар ва кишваркушо, ки ҳокими вақту замони хеш буданду номи тоҷикро шӯҳраи одаму олам намуда, фарҳанг ва суннатҳои аҷдодии мо тоҷиконро шукуҳу шаҳомат бахшида, номи тоҷикро пурифтихор дар баҳои ҷони азизашон нигоҳ доштанд, руҳи шоири ватанхоҳро ором нагузошта, ӯро водор месозад, ки Марказҳои маъмуриву фарҳангии аҷдодони хеш – Самарқанду Бухороро бо ҳасрати зиёд рӯи хотир биёрад. Вале ин зинҳор ба маънои таҷовуз чун “Хони Яғмо” набуда, дарду ҳасрати шоир мебошад.

Шеъри устод Гулназар давои дарди ошиқ, баҳори ормонҳои ватандорӣ, пайғоми ёри роҳдур, муждаи васл, оғози шукуфтанҳо ва сабздомонии ҷавонии шавқрезу шавқхез буда, беҳтар шояд он бошад, ки вориди он бӯстон бигардем ва аз бӯи мушку анбари ғунчаҳои накҳатбезаш чун ӯ-и шоир сархуш бигардем:

Агар байте ба гоҳе менависам,

Ба мастии нигоҳе менависам.

Сафедии ду рӯяшро мапурсед,

Нависам, бе сиёҳӣ менависам.

Лабаш хуни маро шӯридатар кард,

Бигӯ, эй дил! Гувоҳӣ менависам.

Рабуд аз ман сабуриву сафар кард.

Гуноҳаш “бегуноҳӣ” менависам.

Фироқашро, ки “Бегоҳӣ” бихонам,

Висолашро “Пагоҳӣ” менависам.

Паёми ишқи ӯро ҳамчу шабнам,

Ба барги ҳар гиёҳе менависам.

Ҳама сӯзу гудозашро ба ҷонам,

Паноҳеву паноҳе менависам.

Агар оғӯши мо бо ҳам наояд,

 Як оғӯш “Оҳ!”, “Оҳ!”-е менависам.

Дар атрофи шеъри устод Гулназар ҳанӯз дар адабиётшиносии Шуравии тоҷик, устодони зиндаёд Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Ҷӯрахон Бақозода, Худоӣ Шарифов, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Маъруф Раҷабӣ ва чанде аз дигар ноқидони нуктасанҷи шинохтаи тоҷик ибрози назар намуда, ба қалами сеҳрофари ӯ баҳои хеле муносиб додаанд. Худи устод Гулназар, ки хеле ва хеле донишманди фареҳхтаи адабиёт буд, тақризҳои зиёде дар атрофи шеъри муосири тоҷик манзури хонандагон гардонида, дар қаламрави нақди адабӣ соҳиби ҷойгоҳи хосае мебошад. Хеле бомаврид медонам, ки инҷо аз муҳаққиқини адабиёти форсӣ, донишмандони эронӣ ва кишвари ҳамсояи Афғонистон низ ёдоварӣ намоем, ки шеъри устод Гулназар дар баробари ашъори устод Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ашур Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Гулрухсор дар коргоҳи адабиёти ин кишварҳо низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Донишманди шинохтаи эронӣ Аҳмад Карими Ҳаккок дар як нигоштааш дар маҷаллаи Донишгоҳи Лейпсиги Олмон ҳанӯз соли 1988 дар атрофи китоби шеърҳои устод Гулназар – “Лангар”, ки соли 1984 дар Душанбе рӯи чоп омада буд, андешаҳояшро манзури порсигӯёни олам намуда, гуфта буд: “Адабиёти тоҷикӣ, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ соҳиби ҷойгоҳи хеле баланд будааст, бо шоирони шинохтаи хеш Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар ва чанди дигарон тавониста, ки назми оламгири тоҷикиро миёни сойири кишварҳои Шуравӣ шуҳратёр намоянд. Шеъри Гулназар дар ин миён пешгомтар аз ҳамқадамонаш буда, тасвирҳои шоир пуробуранг, ботароват ва дорои назокати шоирона мебошанд. Сислилаи шеърҳои ба ҷавонӣ бахшидаи шоир гувоҳи он мебошанд, ки шоир огоҳии хеле боназокат аз адабиёти порсигӯёни олам дошта, таъсири шеъри форсӣ ба эҷодиёти ӯ бештар будааст. Шеъри Симини Беҳбаҳонӣ, Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя ва Маҳдии Суҳайлӣ таъсири бештареро бар ашъори ӯ расонидааст. Ҳарчанд, ки гоҳ-гоҳе ҷое таъсири шеъри Нодирпур ва Ахавонии Солису Суҳроби Сипаҳрӣ низ мушоҳида мешавад. Барои хонандагони порсигӯ шеъри Гулназар хеле наздик буда, онҳо дар қолаби маъмулии шеъри нави порсӣ эҷод шудаанд. Ғазалгунаҳои шоир бештар таъсири Симин дошта, самимият дар онҳо дархӯри дарди замон мебошад. Ин тарзи нигориш дар қаламрави шеъри тоҷикӣ хоси худи Гулназар буда, ҳич касе аз ҳамқаламону ҳамқадамони ӯ дар ин ҷода чунин муваффақ нашудаанд. Коргоҳи таҳқиқоти шеъри тоҷикӣ дар Донишгоҳи улуми адабиёт ва инсоншиносии Теҳрон низ аз шеърҳои Гулназар  маншаъ гирифта, чанд нафар шогирдони риштаи адабиёт ба таҳқиқи ашъори шоирони тоҷик оғоз бахшидаанд”. Оре, устод Гулназар ба ашъори пуршӯри ватанхоҳонааш тавониста, ки дар дили ҳазорон муштоқонаш ҷои пурарзишеро касб намояду ҳаводорону пайравонаш мактаби касбии шеъри ӯро умри ҷовидона бубахшанд. Вале иддае аз нотавонбинони тардоман ҳанӯз баъд аз сари ӯ пеши истеъдоди худододии ӯ оҷизу бечораанд. Магар онҳо намедонанд, ки эътибор ва шарафи ватандории устод Гулназар худододист. Ин муҳаббат ва садоқати поки ватандорӣ дар вуҷуди ӯ бо шири модар омадааст . Ҳанӯз номи покаш ҳар куҷое ба забон меояд, қалбҳоро шодиву сур фаро мегирад. Миёни аҳли дил саропо дил буд. Миёни аҳли фаҳм ва хираду идрок нурполо буд. Ҳамин будаву ҳаст, ки беш аз сад соҳибқаламу соҳибкитоб дар сӯги ӯ номаи дард гуфтаанд. Инҷо хеле бомаврид медонам, ки дубайтии шоири хушкалом Ворисро, ки дар суги устоди зиндаёд Гулназар гуфта шудааст, биёрам:

Хуршед, ки рафт ҳар саҳар меояд,

Гармиву сафо ба баҳру бар меояд.

Ҳар субҳ садо диҳад “Суруди миллӣ”,

Бар гӯш садои Гулназар меояд.

Баъд аз ин ҳама дар обгинаи шеъри ишқу ҷавонӣ ва муҳаббату вафодорӣ сурати поки ӯ ҷилвагар мешавад ва овое аз ғайб дар садо ва лаҳни шоиронаи ӯ чунин бар гӯшҳо мерасад:

Дасти кутоҳи умедам ба муроде нарсад,

Ғамнасиб гарчи кунад, саъй ба шодӣ нарасад.

Бахти пайгум, зи паят чанд давидем, нашуд,

Чанги хезонда, ки бар домани боде нарасад.

Рафт аз оинаи ёди ту гарди ғами мо,

Ҳарки дур аз назар афтод, ба ёде нарасад.

Эй биё, дӯст, чу гард аз қадамат пар гирам,

Хоки роҳему бимонем чу боде нарасад,

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь