Бори нахуст чеҳраи малеҳу ҷаззоби Марям Исоеваро, ки алъон эҳтироми бузурге ба шахсияташ дорам, кай, дар иҷрои кадом нақш дар театр ё филми “Ҳасани аробакаш”, “Достонҳои “Шоҳнома”, “Модар”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Асрори оилавӣ” ва ё “Гунаҳкорони бегуноҳ”… диданамро дар ёд надорам.

Дар борааш зиёд навиштаанд, дар саҳнаҳою минбарҳои гуногун номаш вирди забонҳо буд, ба воситаи радио ва телевизион муаррифӣ кардаанду эҳтиромаш мекунанд. Ба устураи зиндаи театр ва кино мубаддал гашта, 60 сол барои санъати тоҷик хизмат карда, соҳиби мукофотҳои арзишманд- ордену медалҳои “Дӯстӣ”, “Шараф”, “Ҷило”, “Шуҷоат”, “20-солагии ҷавонон”, “Ситораи тилло” ва дигарҳо гардид.

Дар тӯли фаъолияташ содиқона, софдилона танҳо баҳри санъати тоҷик, миллату давлати хеш кор кард. Вай дарк мекард, ки агар кору пешаи худро сидқан дӯст дорӣ, тамоми душвориҳо, ғаразу фитна ва монеаҳоро аз сари роҳ дур карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардӣ.

Дар офаридани нақшҳо кӯшидааст, ки дилу чашму забонаш дурӯғ нагӯянд. Дарк мекард, ки тамошобин самимиятро эҳсос мекунад ва мепазирад. Ҳар нақше, ки аз дилаш мебарояд, ба дили дигаре ҳамоно ворид мешавад. Омили асосии маҳбубият, маъруфият ва мондагории ҳар эҷодкор дар зеҳни ихлосмандони ҳунараш низ ҳамин самимият аст.

Шӯҳратманд шуд, вале шӯҳратпарастиро намеписандид, мегуфт, ки ҳар қадар шӯҳратманд шудӣ, ба қабристон бирав, беморхона бирав, ба нодору ночорон нигоҳ кун.

Ӯро ба сифати ҳунарпешае мешиносанд ки шӯҳрати театру кинои тоҷикро боло бардошт.

Ба Марям Исоева аз қадами аввали ба саҳна омаданаш, яъне соли 1968 иҷрои нақшҳои мураккаб насиб мешуд. Дар 19-солагӣ нақши рускампири 70-сола Аринаро дар намоиши “Камбағалӣ айб нест” иҷро кард. Баъдан дар намоишномаҳои гуногун нақшофарӣ кард, бештар дар асарҳои классикии ҷаҳонӣ нақшҳои асосиро иҷро намуд. Садҳо симоҳои офаридааш дар таърихи театру кинои тоҷик ва фонди тиллоӣ ворид шудаанд.

Марям Исоева симои модарро хоса офаридааст. Модарномаҳояш саросар ифшокунандаи меҳру муҳаббат, тавоноии зан ва тасвири садоқати асиланд. Шояд аз ин сабаб мухлисонаш ӯро “Модари театри тоҷик” меноманд.

Ӯ симои модарро аз модаркалонаш, ки қоматбаланд буду аз нигоҳҳояш самимияту муҳаббат мерехт, омӯхта, иҷро мекард. Ҳатто шеваи роҳгардиро аз ӯ омӯхта буд. Гуфтан мумкин аст, ки модаркалон барояш эталлон ҳисоб мешуд.

Вай собит кард, ки зан танҳо ҷинси латиф, бо ҳусну назокат, лутфу марҳамати нозуку оҷиз нест, вай бо шуҷоату қавииродагӣ ва азми худ исбот кардааст, ки метавонад бо фаросату дурбинӣ ва дастони пурэъҷозаш ҷомеаро ба сомон биёрад.

Пас аз пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва дар солҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ аз хории ҳунар ва ҳатто фалаҷшавии театр, ки он замон ба касе лозим набуд, дилаш реш мешуд. Вале ӯ чун зумрае, ки хориҷа рафтанду зиндагии худро ба роҳ монданд ва ё дар ҷою соҳаҳои дигар карйераи хешро сохтанд, аз театр ҳаргиз нарафт, ки нарафт.

Вай бо амри виҷдонаш ба ҳимояи ҳақиқату адолати хоргашта даст зада, фарёду фиғонашоро ифшо кард, ки беқонунӣ, беҳокимиятӣ, зӯроварию авбошӣ торафт бештар мегардад. Вай алайҳи ин ҳама бетараф буда наметавонист.

Бинобар ин, сӯхту сохт!

Дар замони ин ҷанг барояш ҳузновартарин ин буд, ки 12 тан наздиконашро аз даст дод. Сахттарин ва зарбаовартарин он буд, ки дар як вақт духтару домод ва набераи ширинашро гум кард.

Маъюс гашт. Як муддат бо таъсири ин даҳшат ба дунёи худ фурӯ рафт. Ӯ зане буд, ки бо вуҷуди душворӣ, оиларо бо ҷомеа ва кор, бо ҳам пайванд дод. Вале ҳамаи инро дар як вақт аз даст дод. Ягон чиз ӯро дигар наметавонист ба саҳна баргардонад, ба ҷуз ягона орзуе, ки духтари нокомаш дошт, яъне таъсиси Созмони кӯдаконаи “Гули умед”. Сабру таҳаммулҳояш мушкилотро осон карду ба талхиҳо шаҳд бахшид.

Соли 1994 ба хотири духтари зиндаёдаш ин созмонро таъсис дод ва кӯдакони боистеъдодро ҷалб карда, бо се забон ҳам меомӯзонид, ҳам намоишҳо ба саҳна мегузошт. “Гули умед” аввалин театри кӯдакона дар қаламрави Тоҷикистон буд. То ин замон Тоҷикистон ҷумҳурие буд, ки театри бачагона надошт. Худи Исоева барои ин театр даҳҳо асарҳо навишта ва бо ин театр ба хонаи маъюбон, ятимхонаҳо, интернатҳо рафта барои ташнагони меҳр нақшҳо офаридааст. Бо ин собит кард, ки ин қишри ҷомеа низ қисми ҷудонашаванда ва соҳибҳуқуқ асту дар оянда дастоварди ҷамъият хоҳад буд. Дар ҷашни 20-солагии ЮНЭСКО бо театри кӯдаконаи худ ширкат карда, яке аз ҷоизаҳоро ба даст овардааст.

Мутаассифона, фаъолияташро, ки баҳри ҷомеа хеле муфид буд, нагузоштанд давом диҳад, яъне театр баста ва таҷҳизоти он аз дасташ кашида гирифта шуд. Ташвишҳои зиёд бар сараш рехтанд. Асабӣ шуд. Талошҳои зиёд кард, вале бенатиҷа!

Ӯ як умр мегуфт, ки театр хонаи якумаш аст, на дуюм, ки бештар мегӯянд. Вай фарзанди шӯҳратёри диёр ва кулли ҷаҳони санъат аст, аммо аз хонаи аввалину асосияш чунон дур афканданд, ки барояш басо дардноку аламовар буд. Бори дигар иқрор шуд, ки зиндагӣ имтиҳон асту санҷишҳои беинтиҳои устуворӣ, қавииродагӣ, истодагарӣ, таҳаммулпазирию мушкилнописандӣ, мақсадгузории назди худ ва бо меҳнатдӯстӣ ва ҳарчи бо қувваи зиёде ба ҳадафҳо расидан аст.

Вай то дер дигар ба саҳна барнагашт, то он замоне, ки Мирзоватан Миров ӯро, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳабибулло Абдураззоқов ва чанд фаромӯшшудагонро ба театр баргардонид.

Ӯро он замон бо нафақаи комилан ночиз ба нафақа гусел карданд – 2 рубл! Ана ин буд, қадршиносии ҳунарманди мардумӣ…

Вале Марям Исоева чизи аз ҳама муҳимро ҳифз кард, обрӯву эҳтироми мардумро.

Марям Исоева аз хурдӣ нотарсу ғаюр ва шӯх будааст. Нисбати хеш серталаб буд. Аз ягон кори худ қаноатманду розӣ набуд. Аз хурдӣ китобхон буд. Китобҳоеро мутолиа мекард, ки мувофиқи синну солаш набуд. Ҳатто дар торикиҳо илоҷе пайдо карда мехонд.

Аз ҷавонӣ мехост ҳуқуқшинос шавад. Ин хусусият, албатта, дар ҷавҳараш буд ва ба рӯ гирифтани ин хоҳишаш кушта шудани духтараке дар деҳааш сабаб шуд. Қотил аниқ буду касе онро рӯи об намекард, агарчи гунаҳкор аниқ буд, ин кор рӯпӯш карда шуд. Он замон аз дасти Марям чизе намеомаду аз ин ноадолативу ночорӣ ба худ мепечид.

Ҷасорат дар ниҳоди ӯ шояд аз хислати Худододи падарӣ бошад. Аз нақлҳояш бармеояд, ки падари энсиклопедист-донишманди серсоҳа ва пурдидае доштааст. Аз ин ҷост, ки дар шахсияти ӯ ҷасорат дар рафтор, гуфтор, ҳушёрӣ, нотарсӣ, ташаббускорӣ, фаъолӣ ва ҳамдами халқ буданаш бартарӣ дошт.

Бо вуҷуди он ҳама, содда, раҳмдилу зудбовар буд. Шояд ирсият ё таъсири муҳити оила бошад, ки ба назараш, инсон ҳама чизро ба олами бузург аз олами кӯчаки худ, яъне оилааш меоварад ва инкишоф медиҳад. Дар ташаккули шахсияти инсонҳои комил муҳити хонаводагӣ нақши муҳиме дорад, ки маълуми ҳамагон аст.

Хулоса, вай дар оилае ба дунё омадааст, ки муҳити он аз хурдсолӣ меҳнатдӯстӣ, ростиву покизагӣ, ҳалолкориву садоқатро чун арзишҳои муҳими инсонӣ парвариш намудааст.

Бо шахсияти ин зани падида ошно гаштаму ба фикре омадам, ки дар зиндагӣ Худованд ҳамаро дар як нусха намеофарад, касе шабеҳи касе шуда наметавонад, аммо тақдирҳо ба ҳам шабеҳ мешудаанд. Дар бисёр ҷиҳатҳои симояш худро мебинам. Бешак, мисли ӯ ҳунарманд, бахусус бузург нестам. Аммо чун ӯ қисмати зиёди умри ночизам дар замони Иттиҳоди Шӯравии бузург гузаштааст. Бачагиямро мисли бачагии вай мебинам. Ман низ дар бачагӣ шӯху бебок будам. Ягон бозии писарона мисли ҷанбулу штандир, чормағзбозӣ бо намудҳои гуногунаш, сангчабозӣ, дучархасаворӣ, ки духтаре дар деҳа ин корро намекард, зеро айб ба ҳисоб меёфт, трах-траху ланкабозиҳо низ аз дасти ман намемонд. Дарахтбароӣ ва лонаи парандаҳои гуногунро хабар гирифтан яке аз машғулиятҳои писандидаи ман ҳисоб меёфт. Аз ин ҷост, ки модарам бисёр маро сарзаниш мекарду ҷой-ҷое “хурдтараки калонкор” гӯён мекӯфт… Бо вуҷуди он ҳама аз хурдӣ коркун, чашмикордон, сермутолиа ва раҳмдил будам. Ман низ чун қаҳрамонам мактаби миёнаро бо медали тилло ва мактаби олиро бо дипломи сурх тамом кардаам. Чун ӯ танҳоӣ ва шабро дӯст медоштам. Ба гумонам шаб дӯсти ман аст, фикрҳоямро касе халалдор намекунад, гӯё аз дилам чиҳо мегузарад, танҳо ҳамин шаб огоҳ аст, ягон сирамро бидуни худаш дигаре нахоҳад фаҳмид. Аз ин рӯ, танҳоӣ ва шабро барои аксарият зарур мешуморам!

Марям Исоева низ мисли ман бештар русӣ мутолиа кардааст. Дар синфҳои 6-7 аллакай китобҳоеро мутолиа мекардам, ки падар хона меовард (шодравон дар базаи китоб кор мекард) ва ё устоди забони русиям тавсия мекард ва поёни мутолиа аз рӯи ҳар осор саволу ҷавоб меорост. “Улица младшего сына”-и Лев Кассил дар бораи ҳаёти партизанҳо, “Дорогие мои малчики” бобати Ҷанги Бузурги Ватанӣ, “Мартин Иден”-и Ҷек Лондон, романи “Красное и чёрное”-и Стендал, “Чёрние рози”-и Ёқуб Хаимов, “Теҳрони махуф”-и Козимӣ, “Королёк птичка певчая”-и Рашод Гунтегин ва чанди дигар аз ин қаторанд.

Аз худситоӣ фарсахҳо дурам, аммо дар омади гап мегӯям, ки донишомӯзи синфи чор буда, аз ҳунарҳои омӯхтаи модарам кашидае дӯхтаам ва модарам онро фурӯхта, рӯзгорпулӣ карда буд. Дар ҳамон синну сол ҷиҳак (қохма) низ медӯхтам, яъне корҳои хоси калонсолонро иҷро мекардам, ки на бисёр ҳамсолонам қодир буданд.

Ҳақталошу ҳақиқатпараст будам. Намегузоштам, ки касеро, хоҳ мард асту хоҳ зан, хурд аст ё калон нафаре ноҳақ нописандӣ кунад ё озораш диҳад. Ҳамин хислат то имрӯз таркам накардааст, ки умре дар майдони мубориза дорам ва чун мавсуфи худ бадбини бисёреҳояму ҳатто дӯстонам ба душман мубаддал гаштаанд, то ҳади имкон мекӯшанд роҳҳоро бароям бубанданд, аз ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ дур афкананд.

Театр барои вай мактабе буд бузург. Ӯ дар саҳнаҳои бузург нақшҳои марказӣ, драмавӣ, лирикиву мазҳакавиро бозидааст. Ба ақидаи вай, театр минбарест, ки ба воситаи он мешавад бисёр корҳои бузургро амалӣ сохт. Намоишҳои театрӣ ҳатман бояд одамро бедор кунанд, задухӯрдҳо дошта бошад. Вай аз намоишномаҳои хушк парҳез мекард. Ба фикри ӯ, касби санъаткор заҳматталаб аст ва санъаткор бояд ҳамеша заҳмат кашаду муттасил ҳунарашро сайқал бахшад. Мавсуф хуб медонист, ки маҳбубият ва маъруфиятро барои ҳар шахс муносибати ӯ ба касбу кораш, иҷрои саривақтӣ ва софдилонаи вазифаҳои бар ӯҳдааш буда ва муносибат бо ҳамкорону мардум ва хоксорию самимият меоранд. Давоми зиндагӣ тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некӯаҳволӣ ва саодатмандии халқи азизи худ ва тарбияи шогирдони садоқатманд намудааст, ки аксари онҳо дар саҳнаҳои ватаниву байналхалқӣ маъруфу машҳур гаштаанд.

Мавзӯи устоду шогирдӣ барояш хеле гуворо буданд, зеро шогирдонаш нисбаташ ҳамеша ботаваҷҷӯҳ буданду меҳрубон. Ӯ фахр мекард, ки устоди инчунин шогирдон аст. Чун яке аз шогирдонаш-Қурбони Собир мегӯяд, тарзи талаффуз, нигоҳ, либоспӯшӣ, ғизохӯрӣ ва роҳравии устодаш боҳашамматии ӯро нишон медод.

Хизмат ба миллат фарҳанги олитарин аст ва меҳнати ҳалолу заҳматҳои холисона ҳаргиз беподош намемонанд. Ин аст, ки корномаи Марям Исоева ҳамчун зан, ҳунарпеша, коргардон, рӯзноманигор, тарҷумон ва омӯзгор (дотсенти Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода) дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, худаш боиси ифтихори миллаташ аст…

Амина ШАРОФИДДИНОВА,

забоншинос, публитсист,

Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

фаъоли маданӣ аз шаҳри Самарқанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь