Пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи охири асри XIX- аввали асри XX хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои Маркази мероси хаттӣ, ходимони шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории мероси хаттии марказ зимни маъракаи омӯзиш ва ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ дар оғози соли 2023 чандин нусхаи хаттии нодир, аз ҷумла дастнависи нусхаи хаттии «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро пайдо ва ташхиси аввалӣ карда, онро вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқи ба номи академик А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намуданд.

Бояд гуфт, ки то кунун нусхаи дастнависи девони Туғрали Аҳрорӣ дастраси муҳаққиқон набуд ва таҳқиқу нашри осори шоир аз рӯйи «Девон»-и соли 1916 нашршуда сурат мегирифт. Бинобар ин, нусхаи зикршуда ягона маҳсуб гашта, ҳеҷ намунаи осори хаттии дигари мансуб ба Туғрали Аҳрорӣ дар ягон маркази осори хаттии ҷаҳон то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилоъи пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаи мазкур бо хатти настаълиқи зебо, дар қоғази саноатӣ, дар ду сутун ба шакли вуреб навишта шудааст. Саҳифаи аввал «Ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ» унвон шуда, бо сархат шуруъ мешавад: «Радифи алиф» ва ба думболи он ғазалҳои радифи алиф ба тартиб оварда мешавад ва ҳамин тартиб то охири китоб идома ёфта, ҳамаи сарлавҳаҳо бо ҷӯша сабт гардидаанд. Аммо радифи охирине, ки дар китоб меояд, «Радиф-ул-айн» мебошад. Дар ҳошия, зери матн ва дар байни ҳарду сутуни матн қайдҳо ва ёддоштҳои зиёд ҷой дода шудаанд. Ҷилди нусха сабзранги маъмулии мовароуннаҳрӣ мебошад ва дар баъзе сарлавҳаҳо гулҳои тазйинӣ, ки дар қарни XIX маъмул шуда буд, насб шудааст.

Агарчи бархе аз авроқ аз ҷилд канда шудаанд, вале нусха мукаммал аст, яъне аз рӯйи сохти дафтарҳои китоб нусха пурра ва ҷобаҷо аст ва баъзе саҳифаҳо шояд барои илова намудани ғазалиёти дигар ё ислоҳу таҳрир холӣ гузошта шудааст. Тибқи санае, ки дар поёни саҳифа ва хотимаи баъзе ғазалҳо гузошта шудааст, (1332ҳ./1914м.) ин нусха 5 сол қабл аз қатли шоир ва ду сол қабл аз чопи сангии «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ дар соли 1334ҳ./1916м. дар матбааи Когон нусхабардорӣ шудааст. Аз рӯйи навиштаи болои ғазалҳо: «Аз моли Туғрали Аҳрорӣ»; «Ли муҳаррараҳу Аҳрорӣ»; «Ли муҳаррараҳу» ин нусха ба қалами худи Туғрали Аҳрорӣ ва ё котибе тааллуқ дорад, ки нусхаро зери назари бевоситаи ӯ китобат намудааст. Муқоисаи аввалин нишон медиҳад, ки баъзе ашъоре, ки дар дар ин нусхаи хаттӣ ҷой доранд, дар нусхаи чопи сангӣ мавҷуд нестанд.

Ҳамин тавр, ин дастнавис ба зоти худ бе мисл ё ягона дастхати «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ маҳсуб шуда, чун намунаи мероси хаттӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии халқи тоҷик дорои арзиши махсуси таърихӣ буда, вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ яке аз шоирони барҷастаи охири асри XIX ва аввали асори XX-и тоҷик аст. Соли 1865 (28 март) дар деҳаи Зосуни Фалғар (ноҳияи Айнӣ) таваллуд шуда аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ мебошад. Дар муҳити адабии Самарқанд ба камол расидааст. Бо шоирон ва фозилони замони худаш Васлӣ, Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳҳоҷ, Қурбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷҷор ва дигарон иртиботу дӯстӣ дошт. Адабиётшиносон ӯро яке аз намояндагони охирини адабиёти классикӣ медонанд. Дар пайравӣ ба мактаби Бедил шеър мегуфт.

Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи Шӯравӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну ақсулинқилобони болооби Зарафшон, аз ҷумла дар амалиёти ҳарбии деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похут ширкат кардааст.

Дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо дар деҳаи Вешаб ба туҳмат аз ҷониби афсари Артиши Сурх Шатинин кушта мешавад. Ин воқеа 28 июни соли 1919 дар поёни деҳаи Зосун дар назди дарёи Зарафшон иттифоқ афтод.

Аз маълумоти тазкиранигорон (Ҳашмат, Абдӣ, Муҳтарам, Салимӣ, Возеҳ, Айнӣ ва ғ.) бармеояд, ки Туғрал ҳанӯз дар ҷавонӣ дар муҳити адабии Самарқанду Бухоро чун шоир ном бароварда буд. Девони ӯ низ дар замони зинда буданаш аз ҷониби тоҷири панҷекатӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадқулии Тарҷумон соли 1916 бо теъдоди бештар аз 800 нусха нашр шуда буд. Вале дар оғози Шӯравӣ нашр ва таҳқиқи осори Туғрал бо далели мухолифаташ ба Артиши Сурх мамнӯъ шуд.

Нашри осори Туғлар ва таҳқиқи эҷодиёти ӯ дар нимаи дуюми асри мозӣ бо кӯшиши донишманди тоҷик Носирҷон Маъсумӣ оғоз шуд. Ӯ соли 1961, ҳамроҳи адабиётшиноси номии тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» (№ 12) чанд намуна аз ашъори

Туғралро ба табъ расонид. Ин кор албатта, пас аз оне сурат гирифт, ки номи Туғрал бо дахолати Абдулаҳад Қаҳҳоров ва кӯшишҳои Аблуҳамид Пӯлодӣ “сафед” карда шуд.

Соли 1964 бошад, «Мунтахаботи ашъор»-и Туғрал тавассути нашриёти «Ирфон» бо эҳтимоми Носирҷон Маъсумӣ чоп шуд. Ин муҳаққиқ дар дебочаи китоб, ки “Туғрал ва муҳити адабии ӯ” ном дорад, ҷараёни рӯзгору мушаххасоти осор, фарозу нишеби афкору хусусиёти сабку усулуби шоирро ба таври муфассалу мудаллал мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин, дар маҷмӯа навиштаҳои ҳамзамону ҳамсуҳбатони шоирро зери унвони «Хотирот дар бораи Туғрал» ба китоб илҳоқ намудааст, ки барои таҳқиқи рӯзгор ва эҷодиёти шоир роҳ кушод.

Ҳамин тавр доир ба рӯзгор ва осори Туғрал дар маҷмӯаи «Суханварони сайқали рӯйи замин» (1973, мураттибон Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев) «Гулшани адаб» (Душанбе, 1978) интишор ёфта, дар мақолаҳои ҷудогонаи академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Аҳрор Мухторов, Расул Ҳодизода ва адабиётшиносон Бузург Олимов, Саидумар Султонов, Нақибхон Шарифов ва ғ. мавриди барассӣ қарор гирифтанд.

Баъдан, соли 1986, мунтахаботи ашъори шоир таҳти унвони «Гиёҳи меҳр» (Душанбе, «Ирфон») аз чоп баромад, ки муаллифони сарсухан («Шамъи маҳфили шеър») ва мураттибони матну шарҳу тавзеҳоташ Абдулҳамид Пӯлодов ва Асрор Раҳмонов мебошанд. Арзиши ин нашр дар он аст, ки дар он «Дафтари мусаввадаи ашъори Мирзо Нақибхони

Туғрал» (маҳфуз дар китобхонаи хусусии шодравон Абдулҳамид Пӯлодӣ) мавриди истифода қарор гирифтааст. Соли 1990, дар заминаи мунтахаби номбурда гулчини дигари ашъори Туғрал бо номи «Корвони муҳаббат» (ба ҳуруфи форсӣ; Душанбе, «Ирфон») аз чоп баромад, ки мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он Асрори Раҳмон аст. Ин китоб барои муаррифии Туғрал дар Эрону Афғонистон мусоидат кард. Соли 2011 бошад дар Душанбе «Девони ашъори Туғрали Аҳрорӣ» ба зевори табъ ороста гардид, ки мураттиби матну муаллифи сарсуханаш Мирзо Шукурзода мебошад.

Соли 2014 куллиёти ашъори Нақибхон Туғрал таҳти унвони “Навойи Кибриё” тавассути нашриёти “Адиб” бо эҳтимоми Мирзо Шукурзода ва Асрори Раҳмонфар ба зевари табъ ороста гардид. Соли 2015 бошад девони Туғрали Аҳрорӣ аз ҷониби шоир ва донишманди тоҷик Нуралӣ Нурзод нашр гардид. Соли 2018 дар 50 ҷилдаи “Ахтарони адаб” (ҷилди 38) бо эҳтиоми Асрори Раҳмонфар ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ ба дасти хонанда расид.

Ҳамаи нашрҳои зикршуда бар асоси “Девон”-е таҳия шудаанд, ки соли 1916 нашр шуда буд ва мутаассифона аз хуб набудани шароити чоп серғалат аст. Инак, намунаи дастхати шоир дар ихтиёри аҳли илм қарор дорад ва имкон аст, ки ба осори Туғрал бо назари нав муроҷиат сурат бигирад.

Одил НОЗИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь