Миллати тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Аҳмад Бобоқулов, Нерё Ҳакимов, Авнер Муллоқандов, Барно Исҳоқова, Лутфӣ Кабирова, Ҳанифа Мавлонова, Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов  ва бисёр ҳунармандони дигарро ҳамчун санъаткорони шоиста эҳтиром ва иззат мекунад. Албатта, сабаби асосӣ истеъдоди олӣ ва ҳунарнамоиҳои ҷаззоби ин намояндагони санъат аст, ки дар ташаккули маданияти касбии мо нақши бузург доранд. Албатта, завқи тамошобин ва шунаванда онҳоро ба дил наздик кардааст, аммо як омили дигаре низ вуҷуд дорад. Ин омил шахси муаррификунанда аст. Чунин шахс дар санъати тоҷик Низом Нурҷонов буд. Вай дар бораи махсусиятҳои ҳунари тоҷик, умуман, ҳам ҳунари театр, ҳам ҳунари опера, ҳам рақс (чи миллӣ чи балет), ҳам мусиқӣ (чи наво чи суруд) ва ҳам ашхосе, ки ин гуна санъатро пеш мебаранд, китобҳои зиёде навиштааст. Ӯ чун анъанаи солҳои шастум ҳафтодуми асри XX, пас аз анҷоми нахустнамоиши спектакл дар ҳузури ҳунарпешагон ва мухлисони ҳузурдошта бурду бохти ҳамин спектакл ё консертро мавриди баррасӣ қарор медод ва ин суҳбат барои ҳунарпешагон дарси истеъдод ва барои мухлисон роҳи шинохти санъат буд. Чунин суҳбатҳо ва навиштанҳо дар ташаккули диди ҳунаршиносии халқ аҳамияти фавқулода доранд. Нависандаи бузурги рус Антон Павлович Чехов дар хотирааш навиштааст, ки ман асарҳои фалон нависандаро дӯст намедоштам, чунки намефаҳмидам ва аз он вақте ки тақризҳои Белинскийро дар бораи он хондам, он адибро мефаҳмидагӣ шудам ва аз асарҳояш лаззат мебурдам.

Низом Нурҷонов ҳам аз чунин мунаққидоне аст, ки эҷодкоронро ба мардум ошно ва маҳбуб кардааст. Аз навиштаҳо ва гуфтаҳои устод Нурҷонов мефаҳмем ва бовар мекунем, ки София Тӯйбоева бузургтарин ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар офаридани образи модар буд. Дар “Ҳукми модар” қаҳру самимият, эҳсос, баҳо хуллас, дарду ғами модарро дар муносибат ба сарнавишти фарзандаш хеле самимӣ офарида, онро ба образи замон табдил додааст. Тӯҳфа Фозилова ва Ҳошим Гадоев симои модар ва писари беморро дар саҳна чунон офаридаанд, ки сӯзу гудози ҳар кадоми онҳо ҳам дар чеҳра ва ҳам дар ҳаракат равшан намудор мешавад. Моноспектаклҳои Маҳмудҷон Воҳидов ҳамчун зуҳуроти нав дар театри тоҷик ва ҳамчун намунаи ҳунари камназири ҳунарпешагони шуравӣ маънидод карда мешавад. Дарку маънидоди умқи асар, садою овози ҷаззоб, чеҳра ва ҳаракатҳои ҳунарманд, рӯҳи шоир ва рӯҳи шеър ба ҳадди камол дар он ифода меёбанд. Истифодаи оҳанги дилкаши Дамир Дӯстмуҳаммадов ва овози марғуладори Ҷӯрабек Муродов дар ин спектакл ҳамчун ҷузъи канданашавандаи санъати театрӣ маънидод мешавад. Ҳунари Қимматшоҳ Ҳимматшоев дар “Хизматгори ду хоҷа” аз диди ин донишманди санъат ҳазл ва юмори халқиро ба хотир меорад ва марди содаи поктинатро дар хотирҳо нақш мебандонад. Барно Исҳоқова аз чеҳраҳои бузурги сарояндагони сурудҳои классикии тоҷик муаррифӣ мегардад. Малика Собирова чун ситораи тобони балети на танҳо тоҷик ва шӯравӣ, балки ҷаҳон шиносонда мешавад. Ҳунари арғувоннавози ҷавон Дилбар Валаматзода ҳамчун намояндаи барҷастаи соҳаи мусиқии классикии олам ва ҳамкории вай бо Атҳам Холиқов дар композитсияи рубоиёти Умари Хайём ҳамчун падидаи беназире дар санъати мусиқии тоҷик арзёбӣ мегардад. Аҳмад Бобоқулов на танҳо чун сарояндаи опера, балки ҳамчун донандаи суруду ғазалҳои классикӣ, шашмақом, таронаҳои халқӣ ва суруди муосир ёд мешавад. Ин навъ муаррифӣ ин чеҳраҳоро дар хотири хонандагон нақш мебандонад ва барояшон имкон медиҳад, ки эҷоди онҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Сухан, фикр, маслиҳат ва ҳатто танқидҳои бисёр ҷиддии Низом Нурҷонов ба ҳамаи насли ҳунарпешагони тоҷик, аз ҷумла, ҳам ба онҳое, ки дар аввалин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) иштирок кардаанду ҳамзамон ва ҳаммаслаки вай мебошанд, ҳам ба онҳое, ки ҳунари актёриро дар донишкадаҳои овозадори Маскав ва Тошканд аз устодони шӯҳратманд омӯхтаанд, ҳам ба онҳое, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, аз ҷумла аз худи устод сабақ гирифтаанд, қабул ва муассир буд. Зеро бо дарки эҷодиёти халқ ва назокати санъати касбӣ суханҳои донишмандона ва илмӣ мегуфт ва аз ҳама асосӣ ин олим ва ин мунаққид ғаразнок ҳарф намезад. Вай дар байни ҳунарпешаҳо азизони зиёде дошт, вале касеро аз касе боло намегузошт ва нисбати касе душманона ё беинсофона ва ё надониста сухан намегуфт. Барояш санъат ва ҳақиқати санъат баландтар аз ҳар зуҳурот ва андешаи дигар буд. Даст ба рӯйи сина гузошта бояд иқрор шавем, ки азбаски имрӯз ба ин сатҳ мунаққид надорем, ҷавонони мо аксари ҳунармандонеро, ки имрӯз дар саҳна буда, унвону нишонҳои олӣ доранд ва ҳунарманди воқеӣ ҳастанд, намешиносанд ё хира мешиносанд. Барои ҳамин ҳам насли имрӯза онҳоеро, ки дар муассисаҳои санъат мақсадҳои олии имрӯзро бо забони санъат таблиғ мекунанд, хуб намедонанд.

Низом Нурҷонов вақте ба Душанбе омад, ки ҳанӯз мактабхон набуд, зеро охири солҳои бистуму аввали солҳои сиюм бо таблиғ ва роҳбаладии яке аз фарзандони бузурги асри XX-и тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов қариб панҷсад оилаи зиёии шаҳри Бухоро ба Душанбе кӯчиданд, то дар сохтани ҷумҳурии нав(давлати худи тоҷикон) саҳм гузоранд. Дар байни онҳо хонадони Нурҷоновҳо низ буд. Низом Нурҷонов баъди савод маълумот гирифтан, то замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи имрӯзаи Турсунзода муаллимӣ кард ва баъд дар ҷанги зидди фашизм иштирок намуд. Фаъолияти илмии Низом Нурҷонов пас аз ҷанг ҳамчун фарҳангшинос – этнограф шуруъ шуд. Солҳои сиюму чилум бисёр зиёиёни тоҷик ба омӯхтани фолклор, анъанаҳои халқӣ, ҳунари халқӣ пардохтанд ва танҳо чанд нафари онҳо онро ба мояи зиндагии худ табдил дода буданд. Дар замони омӯзиши мероси халқ Низом Нурҷонов таърихи қадим ва ғанӣ доштани театрро дар байни мардуми тоҷик дарёфт. Албатта, дар Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ маконе бо номи “театр” вуҷуд надошт, аммо ҳунармандоне, ки саҳнаҳои ҳаҷв мебозиданд, тарона мехонданд, лӯхтакбозӣ мекарданду мерақсиданд ва ё наю нақора менавохтанд, кам набуданд. Дар китобҳои устод, ки аз таърихи театри тоҷик, рақси тоҷикӣ ва санъати Бадахшон нақл мекунанд, дармеёбем, ки на танҳо дар шаҳрҳо, ҳатто дар деҳот ҳам майдонҳое буданд, ки дар он ҷо ин ҳунарҳоро намоиш медоданд, дорбозӣ мекарданд ва бад–ин васила ба рӯзгори мардум таъсири амиқ мегузоштанд. Дар тасвири устод ин ҳама ҳунар қадри олӣ дорад, зеро ин гувоҳӣ бар он аст, ки на танҳо шеър ва адабиёт, балки санъат ҳам бо шохаҳои гуногуни худ аз замони қадим дар мулки мо роиҷ буд. Воқеан, ҳунари театрӣ дар филмҳое, ки Борис Кимиёгаров, Тоҳир Собиров, Марат Орифов ва Давлат Худоназаров аз таърихи халқи мо филмбардорӣ кардаанд, аз ҷумла филмҳо аз “Шоҳнома”, “Ҳазору як шаб”, “Қиссаҳои Хоҷа Насриддин”, хеле равшан инъикос шудааст ва гумон мекунам, ки дар ташаккули ин филмҳо таъсири навиштаҳои Нурҷон Низомов равшан аст.

Соли 2006 рӯзе устод Низом Нурҷонов ба Вазорати фарҳанг омад ва ҳамроҳи худ чил нусха аз китоби “Рақси тоҷикӣ” дошт. Ин китоб нав нашр шуда буд ва онро барои дастрасӣ ба ҳамаи китобхонаҳои Тоҷикистон ба Вазорат супорид. Дар ин асари воқеан энсиклопедии мукаммал перомуни мақоми рақс дар ҳаёти мардуми тоҷик, махсусиятҳои рақси маҳаллӣ, ташаккули рақси касбӣ, намудҳои рақс, ҷойи либос дар рақс қисса мешуд ва дар китоб аз ҳаёти раққосаҳои машҳури Тоҷикистон нақлҳо буданд. Ин китоб азбаски маҳсули кори беш аз панҷоҳсолаи устод ба ҳисоб мерафт, хеле такмилёфта, илмӣ ва пеш аз ҳама, миллӣ буд. Вай нисбат ба касб ифтихор ва нисбат ба ҳунар таваҷҷуҳро бедор мекард. Тамоми асарҳои Низом Нурҷонов чунин хусусиятро доранд.

Мактаби санъатшиносие, ки Низом Нурҷонов бунёдгузори он аст, метавонад мактабе бошад, ки миллати тоҷик ҷойи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муайян кунад. Бинобар ин, вазифаи равшанфикрони имрӯза он аст, ки роҳи ин мактабро идома дода, осори ҳамаи соҳибқаламони инро ҷамъ, ҳифз ва таблиғ кунанд. Месазад, ки номи Низом Нурҷонов на танҳо дар ин мактаб, балки дар фазои фарҳангии Тоҷикистон намоён бошад ва аҳли эҷод аз дидану шунидани ин ном ба худ андешад.

Иброҳим УСМОН, доктори илмҳои таърих, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь