Бобои азиз!

Салому дуруди худамро баъди асрҳо ба шумо мерасонам ва дар баробари ин тасмим гирифтам, то ба шумо оиди тағйироти ҷаҳони имрӯза нақл кунам. Ин номаро маҳз бо ҳамин мақсад навиштам.

Аз замони зиндагии шумо 11 аср гузаштааст, вале шуморо дар баробари дигар бузургон халқи тоҷик дар ёд дорад ва рӯбоиёти шуморо мехонад. Имрӯз аз 1200 рӯбоие, ки ба номи шумо дар аввал нисбат медоданд, беш аз панҷ ҳазор рӯбоиро ба номи шумо мебанданд. Медонед чаро? Чунки метарсанд! Аз андешаҳои тунди хеш, аз эҳтимоли хато кардан, аз ситоиши маю соғар метарсанд ва дигар илоҷе надоранд, ҷуз он ки пушти номи Шумо руст шаванд.

Аммо бобои азиз, шумо дар воқеъ барои насли оянда хизмати босазои дигар ҳам доштед. Нахуст аз тақвими шамсӣ – қамарӣ оғоз мекунем, ки дар тартиб додани он саҳми шумо низ аст. Гарчанде, ба он тағйиру иловаҳо дохил шуда бошанд ҳам, тақвими аз ҷониби  шумо тартибдодашуда ба он аз ҳама наздик аст. Онро ҳамчун тақвими имрӯзаи эронӣ ё тақвими Ҷалолӣ мешиносанд.

Новобаста аз ин тақвим ягона чизе нест, ки мардум бо шунидани он, номи шуморо пеши назар меорад. Дар замони мо шуморо, бобоҷон, ба ҳайси рӯбоисарои забардаст мешиносанд. Рӯбоиётатонро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, ва ҳатто азёд медонанд. Баъди вафоти шумо, шогирдонатон онҳоро ба чоп расониданд ва баъди гузашти солҳо ҳатто ба забонҳои ҷаҳонӣ тарҷума шуданд. Оё боре дар ин бора фикр кардед? Ҳеҷ тасаввур мекардед, ки замоне шуморо тамоми сайёра мешиносад? Шояд ҳа, шояд не…

Баъди гузашти садсолаҳо, ҳатто шинохтатарин чеҳраҳои ҷаҳонӣ шуморо мешиносанду арҷ мегузоранду иқтибос меоранд, ки яке аз онҳо Президенти Русия – Владимир Путин мебошад. Дар рафти яке аз сӯҳбатҳои худ ӯ қайд намуд, ки ҳангоми дучор шудан бо мушкилот ба осори шумо рӯ меорад: “Зани ман ба ман китобчаи хуберо тақдим кард – ашъори Умари Хайём” – мегӯяд ӯ. Президенти Русия аз қобилияти баланди эҷодиатон ёдовар шуда таъкид мекунад, ки дар Русия хосияти шоириатон бар хосияти илмӣ ғолиб мебарояд.

Нависанда Марк Твен перомуни эҷоди Шумо гуфтааст, ки ин сатрҳо “андешаи муҳимтарин ва бузургтаринро дарбар мегиранд, ки дар чунин фазои хурд, дар чунин калимаҳои кам ифода ефтааст. Муваффақияти беназири ашъори муаллифи шарқии асри XI дар хонандаи англисзабон асосан дар худи равиш аст”.

Чунонки, болотар гуфтам рубоиёти шуморо қариб тамоми ҷаҳон медонад, ва ҳатто ба ҳайси иқтибос низ истифода мекунанд.  Мутаассифона, дар тарҷумаи онҳо хатоӣ низ ба чашм мерасад, вале муҳим он аст, ки мазмуни худро гум накардаанд.

Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,

Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Медонед, бобо, шояд аз сабаби мазмуни баланд доштани рӯбоиётатон, ё аз он ки ду маъноро дар худ доранд, мардум дар маънидод кардани онҳо мушкилӣ мекашанд. Маълум аст, ки шумо файласуф ҳам будед, аз ин рӯ, шояд зери мафҳумҳои гуногун, маънои тамоман дигарро дар назар доштед. Намедонам… агар имконияти шуморо вохӯрдан медоштам, ҳатман ин саволи нахустинам мебуд. Масалан, май яке аз мавзӯъҳои серистифода дар эҷодиётатон мебошад. Аммо кадо “май”? “Май” – и воқеӣ, ки маънояш шароб аст, ё ягон чизи дигар? Аз ин рӯ шуморо бештар “шоири майпараст” низ ном мебаранд. Бобоҷон, шумо ба ин хел андеша чӣ мегуфтед?

Чандон бихӯрам шароб, кин бӯйи шароб,

Ояд зи туроб, ҷуй шавам зери туроб.

Гар бар сари хоки ман расад махмуре,

Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб!

Дар баробари мавзӯи “май”, дар рубоиётатон гуфтугӯ бо Худо низ дида мешавад, ки бадбинии бархе аз одамонро нисбати шумо бедор кардааст:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Баъзан ҳатто бо Худо мунозара ҳам мекардед, ки агар барои корҳои хато шуморо ҷазо диҳад, фарқе миёни шумою Худованд намемонад:

Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!

В-он кас ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!

Гарчанде болои ин мавзӯъҳо фикр мекунам, лекин ҳеҷ намефаҳмам, ки шумо бо ин гуфтаҳоятон кадом маъноро додан мехостед.  Мақсадатон маҳз ҳамин гуфтаатон аст, ё маънои фалсафӣ дорад.  Кош метавонистам бо шумо вохӯраму ба саволҳоям посух гирам…

Бо эҳтироми самимӣ баъди гузашти асрҳо чабераатон Гулистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь