“Устод каме бемор шудаасту даме аз эҷод дур гашта, оре, ҳамоно дилаш…” – гуфт дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дӯст ва ҳамкорам Зафари Аскар.

Шаҳобиддини Ҳақназар устоди баркамол ва барҳақ молики ганҷи сухани ноб. Намедонам чаро бо шунидани мафҳуму ибораҳои «бемор шудааст» ё «беморӣ» дар чашмонам об ҳалқа мезанаду дил ба изтироб меояд. Рӯзҳои душвори донишҷӯйӣ ва дар хона муддати зиёд бемор будани қиблагоҳам ва ё лаҳзаҳои бемории устоди зиндаёдам Абдуҳамид Ҷалилов пеши назар меоянд. Оре, аз даст додани онҳо дар ин рӯзгори тезгузар дардҳои ҷонкоҳ буду зарбаҳои сахту захмҳои бешифо.

« Қалбаш бемор шудааст…» дар гӯшам  ҳамоно садо медоду сад фикру хайёл дар сарам гардиш мекард…Ба худ борҳо савол медодам, ки чаро чунин шахсони беозору камназир, раҳмдилу бекина ва доимо ба ҷомеа ва давлат судманд бояд бемор шаванду ранҷур гарданд?!

Охир рисолати онҳо дигар аст: боз ҳам тухми меҳру муҳаббатро коштан, боз ҳам равзанаҳои нурро нурполо кардан, боз ҳам ба олами мусиқӣ пару боли нав ато намудан, навқаламонро қалами сабз бахшидан, ба монанди паёмбаре корҳои накӯро идома додан…Чаро мо худ «имкон надорем»-ро баҳона мекунем, чаро имкон намеёбему “ҳазрати вақт”-ро гунаҳкор дониста, занге ба шахсони ба дил наздик намезанем, ба аёдаташон намеравем, дақиқае ҷудо карда сари пиёлаи чойе наменишинему ғубори дилҳоро намебарорем?! Ё фаромӯш мекунем, ки маҳз ҳамин гуна абармардон ба дами мушкилӣ, нодорӣ ва сарсонӣ кӯмакрасону қалбосо ва ғамдарду ғамшарикамон буданд. Худоё, моро бубахш.

Шаҳобиддини Ҳақназар на танҳо як устоди роҳнамою роҳбалад ва дар ҳақиқат пири маъонии камина ва бунёдгузори тариқати хешу пайравонаш бо номи ҷовидонии савту наво, ишқу вафо, садоқат ва имону ватандорист!

Оре, мухлисонаш қариб ним аср ӯро дар фазои паҳновари иттилоотӣ дар дохилу хориҷ мешиносанд, зеро бо лаҳни хушу сабки навишту гуфтори шоиронааш ба ҳар кошона ворид гашта, ба дунёи мо дар шабҳои тор хуршед овардаю ба сардиҳо нуру зиё! Маҳз ӯст, ки савту калом дар либоси оҳангу наво ҷилои дигар мегираду мусиқӣ илҳомбахши рӯзу рӯзгорашон мегардад! Маҳз ӯст, ки навои ниёгони азёдрафта, шоиру бастакор ва машшоқу ромишгари гумном эҳё шудаю садҳо нафар аҳли мусиқӣ бо симою навоҳои тоза падид меоянд.

Гуфтан душвор аст, ки аз сеҳри қаламу килки баҳоргунааш чӣ қадар барномаҳои рангин тариқи идораи мусиқии радиои «Тоҷикистон» садо додаю ба монанди булбулони хушнаво шунавандагонро шоду масрур гардонида! Чӣ қадар хунёгару мутриб бо шунидани барномаҳои ӯ дар бораи худу наздиконашон шоду мамнун ва розӣ аз фаъолияти хешу арҷманд дар ҳар анҷуман гаштанд! Гуфтан бамаврид аст, ки чандин мақолаю нигоштаҳояш дар ҳар шакл саҳфаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоро рангин карда, то имрӯз даҳҳо китобу асарҳояш ба чоп расидаанд, ки аз рӯзгори абармардони шеъру шоирӣ ва овою наво қисса мекунанд! Оре, фаъолияти пурсамари ӯ дилҳоро ба ҳам пайваст ва достони бузурги «Дилнома» иншо кард! Маҳз ӯ буд, ки даҳҳо аҳли қалам шаби сиёҳро дӯст доштанду онро дигар торику нолозим ва дар муқобили рӯзи равшан нагузоштанд, балки  давоми умр ва ҳафтаю моҳу соли инсонӣ пазируфтанд! Маҳз дар нигоштаҳои ӯ ман дар тирамоҳу зимистон на хазону сардиҳо, балки ҳосилу равшаниро бештар дида, фаслҳои солу умри азизи одамиро бештар дӯст доштам.Чанд рӯз пеш сӯҳбати телефонӣ кардам. Дар вилояти Суғд будаю андаке беҳтар.

Як каф дуои шогирдонаю фарзандона дорам. Офаридгоро, умри устоди арҷманду азизи моро бардавом гардону саломатиашро беҳтар кун ва қалби поку беозорашро сиҳатманд. Омин…

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь