Дӯсти азизи ман Муҳсини Фараҳбар, ки як таҳқиқоти муҳим доир ба Абулқосим Лоҳутиро ба сомон мерасонад, дирӯз аз банда дар бораи Нерсес Нерсесян ном нафаре пурсид, ки бо устод Лоҳутӣ ва Айнӣ робитаи дӯстӣ доштааст. Муҳсин хеле зиёд талош карда, ки дар бораи ин шахсият маълумот пайдо кунад, вале кӯшишҳояш натиҷа надодаанд. Аз аҳли адабу фарҳанги тоҷик, ки Муҳсин онҳоро пурсидааст, касе дар мавриди Нерсесян иттилоъе надодааст…

Ростӣ, маълумоти ман ҳам дар бораи Нерсесян зиёд нест, вале баъзе чизҳоро дар бораи ӯ медонам.

Нерсес Самвелович Нерсесян- миллаташ арманӣ, зодаи Гелони Эрон аст. Соли 1898 таваллуд шудааст. Ҷавониҳои ӯ ба замоне рост омад, ки дар Эрон гирудорҳои сиёсӣ дар авҷ буд. Ӯ низ чун як ҷавони фаъол аз ин ҳаракатҳо канор намонд ва худро ба гирдоби сиёсат андохт. Дар ҷавонӣ ҳамақида ва ҳамқадами Абулқосим Лоҳутӣ буд. Ба ҳизби комунист пайваст. Тахаллуси инқилобиаш Деҳистонӣ будааст.

Деҳистонӣ яке аз инқилобиёни фаъол будааст. Дар солҳои 20-ум миёни ҷавонони Эрон маҳбубият дошт. Дар замони ҳаракатҳои сиёсӣ яке аз асосгузорони Иттиҳоди ҷавонон ва пешоҳанги гуруҳи ҷавонон будааст. Номи ӯ дар қатори барпокунандагони Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Гелон ёд мешавад. Ин ҷумҳурӣ моҳи июни соли 1920 бо сарварии Мирзо Кӯчакхони талиш, асосгузори ҳаракати ҷангалиҳо дар устони Гелони Эрон таъсис ёфт ва моҳи сентябри соли 1921 сарнагун шуд.

Баъди фурӯпошии Ҷумҳурии Гелон Нарсес Нерсесян ба Шӯравӣ паноҳ бурд. Нерсесян солҳо дар вазифаҳои ҳизбиву давлатӣ дар Қафқози Шимолӣ, Арманистон ва Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Нерсесян дар баробари адои хизмати ҳизбиву давлатӣ пайваста ба эҷоди асарҳои публитсистиву бадеӣ машғул будааст. Намунаи навиштаҳояш дар матбуоти солҳои 30 ва 40 зиёд во мехӯрад. Асари маълуми ӯ “Рустаму Дилоро” аст, ки соли 1984 тариқи нашриёти “Советский писатель” дар Москва ва соли 1988 дар Душанбе тариқи нашриёти Ирфон дар тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов ба нашр расидааст. Марҳум Ҷумъубой Азизқулов, мегуфтанд, ки Нарсесян худашро аз арманиҳои Панҷакент мегуфтааст, зеро солҳои аввали ба Тоҷикистон омаданаш дар он ҷо фаъолият мекардааст.

“Рустаму Дилоро” повест аст. Қиссае ишқест, ки дар замони инқилоб иттифоқ меафтад. Достони Рустам ном дӯсти ҳамақидаи муаллиф аст, ки дар гирудорҳои сиёсӣ ошиқ мешавад ва ба бисёр муаммову печидагиҳо рӯ ба рӯ меояд… Ин достони ҷаззобро дар тарҷумаи Ҷ. Азизқулов метавонед мутолиа кунед. Китоби калон нест ва дар як лаҳза мутолиа мешавад.

Он чӣ дар бораи Нарсесян медонам ҳамин аст. Агар дигарон чизе медонанд, бинависанд…

Одил Нозир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь