Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

Ин дида ба сели обшорон монад.

Эй дӯст чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

Ангӯшт газиданӣ ба ёрон монад.

Дар зиндагӣ ба инсонҳое дучор мешавӣ, ки марому пешаашон танҳо некиву накӯкорист. Ингуна одамон табиатан дили бузургу ақли расо ва маърифати баланд дошта, ҳаётро бо тамоми тарафҳову нозукиҳояш хуб дарк мекунанд. Онҳо бо фазилати табии хеш дар дилу дидаи пайвандону наздикон, ҳамзамонону ҳаммаконон ҳамеша ҷойгир буда, писанди давру замони худ мебошанд.

Қобилҷон Машрафов (рӯҳаш шод бод) аз ин қабил инсонҳои накӯному накӯсиришт ба ҳисоб мерафт. Омӯзиши зиндагиномаи ин мард нишон медиҳад, ки рӯзгори ӯ воқеан ҳам ибратомӯзу сазовори таҳсину ситоиш ва қобили таваҷҷӯҳ аст.

Қобилҷон Машрафов 4 июли соли 1952 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ дар оилаи соҳибэътибор ба дунё омадааст. Мавсуф барои худ шарафи бузург мешуморид, ки дар чунин оилаи бонуфуз чашми ҳастӣ кушода, ба камолот расидааст. Падари маҳбуби ӯ – Машраф Ғоибов ва модари азизаш – Хонума (рӯҳашон шод бод) шахсони обрӯманди деҳаи Сангистон ба шумор мерафтанд. Маҳз дар ин гуна оилаи намунавӣ ва созгор тарбия ёфтани Қобилҷон ба ӯ имконият дод, ки дар маҷрои зиндагӣ мақому манзалати худро дарёбад. Зеро соҳиби хулқу атвори нек  ва хислатҳои ҳамида гардиданро ҳанӯз дар кӯдакиву наврасӣ волидайни бузургвораш ба дили ӯ талқин ва тарбия намуда буданд.

Қобилҷон мактаби миёнаи зодгоҳашро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намуна ба итмом расонида, дар орзуи он буд, ки ба халқу ватани худ содиқона хизмат бинамояд. Оре, ҳар як орзуи нек мисли донаест, ки ба хок мепошӣ, то ки аз он дар оянда самараи дилхоҳ бардорӣ. Соҳибиқболу дар зиндагӣ бурдбор будан, албатта, пеш аз ҳама аз худи шахс вобастааст. Аз ин рӯ, Қобилҷон ин нозукиҳои ҳаётро аз ҷавонӣ аллакай дарк карда буд ва кӯшиш мекард, ки аз пастиву баландиҳои он бо сари баланд барояд.

Соли 1970 Қобилҷонро ба сафҳои артиши шӯравӣ ба хизмати Ватан модар даъват намуданд. Ӯ хидмати ҳарбиро шарафмандона иҷро намуда, ба Тоҷикистон баргашт. Ҳини хидмат дар сафҳои артиши шӯравӣ ӯ соҳиби якчанд таҳсинномаву ифтихорномаҳои ҳайати фармондеҳи қисми ҳарбӣ гардида буд, ки ин на ба ҳама аскар муяссар мегардид.

Вақте ки Қобилҷон аз хизматӣ ҳарби ба зодгоҳаш баргашт, бародарони калониаш: Ғоиббой баъд аз хатми Донишгоҳи  тиббии ш.Душанбе ба номи Абӯ Алии Ибни Сино бо роҳхати Вазорати Тандурустии Ҷумҳурӣ ба сифати духтур ба ноҳияи Вахш  ба кор фиристода шуда буд; Сафарбой ва Шукурбой бошанд, яке дар Донишгоҳи аграрӣ ва дигаре дар Донишгоҳи омӯзгории пойтахтамон ҳамчун донишҷӯ таҳсили илм менамуданд. Ба хотири сарпарастии волидайн, ки синну солашон ба ҷое расида буд, Қобилҷон тасмим гирифт, ки ҳамроҳ бо онҳо бимонаду ва дар айёми пиронсолӣ дастгирашон бошад. Бинобарон, Қобилҷон ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр кардани кормандони савдо, ки он дам дар маркази ноҳияи Айнӣ ташкил карда шуда буданд, дохил шуда, онҳоро бомуваффақият ба итмом расонид ва соҳиби тахассуси корманди савдо гардид.

Ҳамин тавр, Қобилҷон аз соли 1970 қариб то охири умри хеш мудири мағозаи молҳои саноатӣ ва талаботи ҳаррӯзаи деҳаи Сангистонро  ба ӯҳда дошт. Дар ин вазифаи масъулу муҳим ва серташвиш ӯ софдилона ва поквиҷдонона фаъолият карда, байни ҳамдеҳагон соҳиби обрӯ ва эътибори хосса гардид. Ҳаёт, ки худ устод аст, оҳиста – оҳиста ҳар фардро вобаста ба кӯшишу заҳматаш ба низом медарорад. Ҳар як инсон роҳашро тавассути ақлу заковаташ мунаввару рост месозад. Зиндагии шоиста аз одам  ҷасорат, хирад ва фазилатро талаб менамояд. Қобилҷон, ки шахси худодод ва соҳиби хислатҳои хуби дар боло зикршуда буд, дар ҳаёт, ки худ маҷмӯи муборизаҳо ва ковишҳои зиёд аст, ғолиб баромад ва ҳамаҷониба бонуфуз гардид.

Қобилҷон дар равиши кор чун корманди савдо ботамкинӣ, хоксорӣ ва дар иҷрои вазифаҳояш ҷиддият зоҳир намуда, тартибу низоми савдо ва муоширати хубро бо харидорон риоя менамуд. Ғайр аз он, ӯ дар ҷомеа ҳамчун шахси меҳнатдӯсту ростқалву рострафтор мақому манзалати хешро касб карда буд.

Қобилҷон чашмсер шикастанафс ва боинсоф буд. Дар соҳаи савдо кор карда, ӯ дар ба даст даровардани  молу пули ғайримеҳнатӣ, майлу рағбат надошт. Заҳмату ҳиссагузориҳои арзандаи Қобилҷон дар соҳаи савдо барабас нарафтанд ва онҳо аз ҷониби роҳбарияти ҷамъиятҳои матлуботҳои ноҳияи Айнӣ, Вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин бор бо ифтихорномаҳову тавсифномаҳо қадрдонӣ карда шуда буданд.

Яке аз бартариҳои Қобилҷон нисбат аз дигарон дар он буд, ки ба ниёзмандону мӯҳтоҷон, махсусан афроди бепарастормонда, кӯмаку ёрии беғаразонаи худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедошт. Олиҳимматӣ, саховатмандии ӯ натанҳо ба мардуми деҳаи Сангистон, балки ба аҳолии рустоҳои гирду атроф низ маълум буданд.

Қобилҷон дар пешаи меҳмонқабулкуниву меҳмоннавозӣ ва дастархондорӣ ҳамто надошт. Ба мақсади қабул ва пазироии шоистаи меҳмонон дар яке аз гӯшаҳои боғи падарӣ ӯ меҳмонхонаи зебоеро бо тамоми шароитҳояш бино намуд. Ӯ ҳамеша бо як чеҳраи кушодаву табъи болида меҳмононро қабул, парастиш ва гусел менамуд. Нависандаи ин сатрҳо низ чандин маротиба дар меҳмонии Қобилҷон – дар деҳаи Сангистон буд ва шоҳиди меҳмонавозии бемислу монанди худораҳматӣ гаштааст.

Қобилҷон дар зиндагиву кор сабр, таҳаммул ва дурандеширо пешаи асосии худ медонист. Ба ягон амали нобарор бесабрӣ нанамуда, кӯшиш ба харҷ медод, то ин ки тавассути пуртоқатӣ ва заҳмат ба мақсади ниҳоии худ бирасад.  Қобилҷон дар расми оиладорӣ намуна буд. Дар зиндагии якҷоя бо ҳамсараш ӯ соҳиби ҳафт фарзанд: як писар ва шаш духтар гашт. Дар таълиму тарбияи фарзандон ӯ ҷиддӣ ва сахтгир буд. Ду духтараш соҳиби маълумоти олӣ гардида ва индам аз рӯи тахассуси гирифтаашон кор мекунанд. Писараш бошад, ҳоло дар курси чоруми Донишгоҳи технологии ш.Душанбе ҳамчун донишҷӯ таҳсил менамояд.

Қобилҷон дар дил бисёр орзуҳо дошт. Аммо, афсӯс, умр вафо накард ва ӯ 14 июли соли 2014 дунёи ҳастиро тарк намуд. Вале Қобилҷон дар дили ёру дӯстоне, ки ӯро мешинохтанду медонистанд, ҳамеша зинда аст.

Баъд аз фавти Қобилҷон сарпарастии ҳамаҷонибаи оилаи ӯро бародарбузургаш инсони наҷибу шариф ва баору номус – Ғоиббой ва фарзандони ӯ – Саҳоб ва Ҷамшед ба ӯҳда доранд. Ғоиббой ва писаронаш кӯшиш мекунанд, ки оилаи Қобилҷон ба камбудиву душвориҳо дучор нагардад.

Қобилҷон агар дар ҳаёт мебуд, 4 июли соли 2022 ҷашни ҳафтодсолагии худро таҷлил мекард. Аз  ин рӯ, бо чунин дуои хайр ин навиштаҷотро чамъбаст карданием: Қобилҷон, рӯҳат шод, манзили охиратат пурнур ва ҷоят ҷаннат бод!

Генералмайори мустаъфии Мақомоти Амнияти ҶТ, Э.Муҳиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь