Суруш аз ҷумлаи шоиронест, ки пас аз тайи мароҳили муайяни таҷрибаҳои эҷодӣ ва офаридани маҷмӯаҳои ашъори “Фарёди силсилаи хомӯшӣ (1997), “Симоби маҳбус” (1998), “Салиби сафед” (1999) ҳамчун шоири тозагӯ ва дорои сабки вижаи шахсӣ эътироф гардидааст. Таркибҳои шоиронаву камкорбуд, ки ба сифати асомии ин се китоб истифода шудаанд (мазмуну муҳтавои ин китобҳо низ ғолибан чунин ҳолу ҳаворо доранд), басанда аст тасаввур шавад, ки Суруш ба арсаи эҷод барои нодиранигориву шоҳкорӣ халқ шудааст ва ӯро ҷойгоҳу мақоми устувору баланде дар адабиёти муосири тоҷик мунтазир аст.

Суруш, бо вуҷуди он ки парвардаи мактаби адабии Лоиқ Шералӣ асту Фарзона ду маҷмӯаи аввали ашъорашро ҳамчун устоди иршодгар бо навиштани пешгуфтор пешкаши алоқамандон кард. Дар ин масир ӯ ҷодаи пурпечутобу камкасгузари эҷодии Суҳроб Сипеҳриро баргузид ва ором-ором худро ба авҷи қуллаи шеъри сапед кашонд. Баъд аз дарёфти мақоми адабии худ ва афрохтани парчами шеъри “Гули ишқ” (Симоби маҳбус, 28-29) хост ба поён ояд:

Оҳ, аз ин роҳи сафед,

муддао шеъри сафед аст, ки аз зина ба зина,

 яъне аз боло то пойин

мешавад маънии зебои маро нозил

аз «бо» то «син».

(Салиби сафед, 24)

Ҳамзамон, дар сурудани анвоъи шеъри суннатӣ чаҳор сабки маъмули адабиётамонро чун чаҳор унсур ба ҳам имтизоҷ дод, то даме ки аз омезаи ин чаҳор сабки қадим тарзе хосу наве аз осмони шеър барояш дар маҷмӯаи чаҳорум “Ҷазираи танҳоӣ” (2009) нозил шавад:

Нест ҷуз шеваи борон ҳаваси сабзи гиёҳ,

Беҳтарин шеър ҳамон аст, ки нозил бошад.

(Дарахт, сапеда ва оина, 406)

Соли 2012 “Бишнав аз най…” ном муғанниномаеро ба муносибати 70-солагии сарояндаи шинохта, устод Ҷӯрабек Мурод аз чоп баровард. Ин иқдоми ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бо шаклу муҳтавои тоза ва ғояи фарҳангдӯстонаву рӯҳияи ватанпарварона хеле ҳам камназир аст:

Ба гӯшам садои Ватан форам аст,

Навои дилам об чун шабнам аст,

Барои Ватан ҷон диҳам ҳам кам аст,

Чаро ки дар ин қитъа, ки одам аст,

На ман ман, агар ӯ на ман ман ҳам аст.

Барои Ватан бошад овози ман,

Ки бардошт як умр сад нози ман.

(Бишнав аз най, 14)

Барои ба ҳамаи форсизабонон ошно сохтани ҳосили қаламфарсоиҳои чандинсолааш соли 2016 китоби “Дарахт, сапеда ва оина”-ро аз чоп баровард. Дар ин китоб ҳам шоир натиҷаи ҷустуҷӯ ва ёфтаву бофтаҳояшро пешорӯи ҳаводорони каломи ноб гузошт. Муҳтавои ашъори ин китоб собит сохт, ки Суруш шоирест соҳиби забони вижаи ҳунарӣ ва мактаби хоси фикрӣ. Ҷаҳонбинии Суруш ҳарчанд аз ирфони классикиамон обишхӯр дорад, аммо баъзе падидаҳои тоза низ дар он дида мешавад. Вай дар маҷмӯаҳои қаблиаш, хусусан дар “Салиби сафед”, бештар сари муаммои офариниш, рамзу розҳои ҳастӣ ва Офаридгори якто фикру андеша мекард ва ҳосили ковишҳои зеҳнияш дар сурати ашъори ҳикамӣ, яъне ирфониву фалсафӣ ба қалам меомад.

Дар бораи дурнамои эҷодияш пас аз нашри китоби мутазаккира Суруш дар як мусоҳиба соли 2016 чунин изҳор дошт: “Суруш пас аз таҷриба ва андешаи бисёр ба хулосае омад, ки сухани шоир дар қолаби шеъри суннатӣ мондагортар аст нисбат ба шеъри “сапед” дар қолаби шикаста. Мардуми мо табъи мавзун дорад ва аз ҳамин ҷост, ки аз шеъри мавзун бештар истиқбол мекунад ва лаззат мебарад ва гӯши ҳуши тоҷикон ба мусиқии шеъри равону хушоҳанг аз рӯзи азал одат кардааст” (Қудрати сухан, 159). Аз ин рӯ, шоир баъд аз ин мусоҳиба неруи зеҳниашро ба эҷоди ашъори суннатӣ равона месозад ва ҳамзамон саъй мекунад, ки ашъори нимоиву сапедашро низ аз печидагии баён андаке раҳо созад. Соли 2017 мунтахаби 100 ғазали вай бо номи “Шабнами нафас” ва маҷмӯаи 289 рубоиаш бо номи “Муҳри меҳр” дастраси хонандагон шуд, ки ин дар дилпазиртарин жанрҳои суннатӣ соҳибравиш будани шоирро нишон дод.

Бо вуҷуди ин ҳама талоши содагароӣ дар ду маҷмӯаи шеъраш, ки бо номҳои “Фарёди ёдҳо” (2018) ва “Ишқ аз сӯи Худост” (2019) тибқи нақшаи қаблан кашидаи шоир ба нашр расид, Суруш аз рамзу истиора даст кашида натавонист. Вай дар ин ду “Шириннома”-аш ҳақиқати талхи зиндагии инсони имрӯзро ба рамзу истиора кашид ва бо ишқи ширини Ширинаш омехт.

Дар фазои маҷозӣ алоқамандони зиёде пайдо кард ва онҳо саҳифае бо номи “Паёми Суруш” кушоданд ва ҳамакнун ашъори суннативу нави шоирро барои тамоми форсизабонон дар он интишор месозанд. Дар ин миён соли 2020 боз як китоби дигараш бо номи “Ширини ман, Ширин!” ба хати ниёкон дар Теҳрон ба нашр расид, ки далели маҳбубият пайдо кардани шоир дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ мебошад.

Инак, маҷмӯаи ёздаҳумини шеъри Суруш бо номи мармузи “Корвон… раҳ… марғзор… оҳу” дар дасти мост, ки соли 2020 бо теъдоди 300 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст. Чи тавре болотар гуфтем, ашъори Сурушро дар фазои маҷозӣ форсизабони олам хуш истиқбол гирифтанд ва пайваста саҳифаи вижаи шоирро пайгирӣ мекунанд, то ашъори тозаи шоирро дар бораи Ватан, муҳоҷират, ишқ ба Ширин, яъне ба зиндагиву зебоӣ ва дигар дардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бихонанд.

Суруш ин истиқболи оммавиро дар як банди шеъри “Шеъри ман Ширин аст” чунин ёдовар шудааст:

Дӯсте гуфт, ки:

«Ҳар вожаи шеъри ту

 мисли кандуи асал пуршаҳд аст

Ва Худованд ба шеъри ту асал рехтааст…».

Гуфтам: Оре, оре!

Шеъри ман ширин аст…

Ишқи Ширин аст он ширинӣ,

ки ба ҳар вожаи ашъори ман омехтааст.

(Корвон…, 229-230)

Манзури шоир аз “дӯсте”, ончунон ки худи вай дар ҳошия нишон додааст, шоиру пажӯҳишгари афғон – Гулнур Баҳман аст, ки шеърҳои шоирро дар яке аз шарҳҳояш ба “кандуи асал” ташбеҳ кардааст.

Китоби “Корвон… раҳ… марғзор… оҳу…” фарогири шеърҳои озод, ё ба истилоҳ нимоӣ, сапед ва ғазалиёт буда, ба се бахши калон ҷудо шудаанд. Яке аз бахшҳои он “Модарнома”-и Суруш” ном дошта, дар он даҳ шеъри шоир ҷо ёфтааст, ки қисми бештари онҳо бори аввал мунташир шудаанд. Аз он ки Суруш шоири рамзу истиораҳост, дар ҳар мавзӯе шеър гӯяд, ҳатман аз тимсолҳои зебо ва забони хоси сурушона истифода мебарад. Шеъри озодеро, ки ӯ бо номи “Дарёи ҳасрат” сурудааст, хонанда ба як хондан гумон намекунад ин шеър дар ёди модар гуфта шуда бошад. Вақте ин шеъри шашбандиро ба такрор мехонад, нигоҳи тафаккураш бо таъбирҳои сурушонаи “аз рӯзгор нигоҳи муҳаббат баркандани офтоби шарқи саодат”, “рафтани хуштарин дақиқаи як умри даргузар ва мусибати талх гузоштан”, “чашмони нозанинро дар арғувонии шафақи мурда хобондани ғунчаи сукут”, “дар ғарби ғурбати нигаҳ лабханди охиринро шукуфтани лолаи лаб”, “муҳри сиёҳи лолаи пажмурда гузоштани андуҳи рафтан ба ҷон”, неруи марг доштани мушти ғам – доғи фишордиҳандаи дили дардхӯрда” (Корвон…, 160) ва чандин таркиботи зеҳнрабои дигар бармехӯрад ва дармеёбад, ки мухотаби шоир модар аст, на каси дигар.

Таҷрибаҳои сангини Суруш дар вазнҳои мушкили арӯзи классикӣ ҳунари бемисли ӯро дар ғазалсароӣ бозгӯ мекунад. Эҳёи ин анъанаи ғазали классикӣ дар адабиёти муосири тоҷик ба номи баланди шоирии вай пайванд мехӯрад, ки тадқиқи вижаеро иқтизо дорад:

Туӣ чу дарё, манам чу моҳӣ, ҷудо зи ту гар шавам, бимирам,

Наметавонам, наметавонам, ки бе ту ҳатто нафас бигирам.

***

Роҳе ба печу тоб мусофирро самти аломати хатаре мебурд,

Аз печутоби безарару осон то печутоби сахттаре мебурд.

***

Дар набзи хомӯши дарахте хушк хуни ранг мехушкид,

Э вой… дар лабҳои хушки чашма ҳам оҳанг мехушкид.

Дар бораи сохтору забони вижаи шеърҳои сапеди ин маҷмӯа ва китобҳои дигари Суруш бояд таҳқиқоти алоҳида анҷом дода шавад, чунки ҳар як шеъри сапеди вай мисли як асари наққошӣ аст, ки маърифати он ва дарки ҳунари эҷодии шоир соатҳо ва шояд моҳу солҳо замону тафаккур лозим дорад. Масалан, дар шеъре, ки маи ҳамноми китоб Суруш дар хитоб ба қаҳрамони лирикиаш – Ширинҷон бо афсӯси талх иқрор мешавад, ки вай аз ишқ ба рамзу роз сухан мегӯяд ва яке аз муддаои ӯ – “шиква аз Вақту Фазои мо”-ро фақат Ширинҷон мефаҳмад:

Оҳ, Ширинҷон!

«Шаб… ситора… моҳ…»

Ман ба рамзу роз мегӯям сухан аз Ишқ…

Муддаоямро ту мефаҳмӣ.

«Корвон… раҳ… марғзор… оҳу…»

Ман ба рамзу роз дорам шиква аз Вақту Фазои мо,

Розу рамзи ҳарфҳоямро ту мефаҳмӣ.

(Корвон…, 239)

«Вақту Фазо» ду мафҳуми фалсафианд, ки инсон то ҳанӯз ба дарки пурраашон нарасидааст. Аммо Суруш зери ин ду мафҳум тамоми зиндагии ҷории инсони имрӯзро дар масоҳати сайёраи Замин дар назар дорад. Дарди ӯ дарди марбуту маҳдуд ба ишқи Ширин ва ҳамдиёронаш нест, дарди вай ба тамоми инсоният тааллуқ дорад. Чунин аст, ки дар матлаи як ғазал мегӯяд:

Муроди ман зи ғазал нест интиқоди башар,

Расидан аст, як андозае ба доди башар.

(Корвон…, 328)

Аммо ин маънои онро надорад, ки Суруш бо ҷаҳониандешиву ягонанигарӣ ба башар нисбат ба сарнавишти миллати худ бепарвост. Дар ҳар як шеъри иҷтимоии Суруш дарду ғами миллати тоҷик таҳ ба таҳ нуҳуфтааст. Кифоят аст, агар шеъри сапеди комилан сурушонаи “Ҷангали сӯхтаи хотираҳо”-яшро бо таамул бихонем ва ҳамроҳ бо худи шоир ва персонажҳои воқеии шеъраш дар он манзараи зебои афсонавӣ сайр кунем. Алоқамандон ва ашхоси бо ашъори Суруш ошнову огоҳ хуб мефаҳманд, ки ӯ аз гузаштаи на чандон дури зиндагии худаш сухани пур аз дарду ҳасрати ба таърихи талх бадалшуда мегӯяд ва онҳо ин ҳақиқати воқеиро  дар “Соқиномаи Суруш” дар “Ҷазираи танҳоӣ” хондаанд, ҳоҷат ба ёдоварии дубораи он нест. Аммо, дар ин шабу рӯзи ҳассос ба эҳтироми таърих ва шодии рӯҳи ниёконамон, ки барои ҳар зарра хоки Ватани аҷдодӣ бо бегонагон мардонавор мубориза бурдаанд, овардани як банд аз шеъри “Ҷангали сӯхтаи хотираҳо”-ро лозим мешуморем:

Ёдам омад…

ва дилам хун шуд аз ин дард, ки аз мо нест

дигар он ҷангалу он манзараи зебоӣ

чун варо низ ба монанди Самарқанду Бухоро

мо ба бегона ба ду дасти адаб бахшидем…

Ин фақат шеър аст охир, шеър!

Ман ба рамз ин қадар аз ҳиммати мо мегӯям:

Мо ба ҳар кас, ки ҷафо кард, муҳаббат кардем,

Субҳро низ ба шаб бахшидем!

(Корвон…, 35)

Дигар чӣ ҳам метавон гуфт дар бораи ин маҷмӯа ва офарандаи он шоири рамзу истиораҳо – Суруш, ки бо шеъраш инсони сайёраро ба инсонгароӣ, муҳоҷирро ба Ватан, тарсуёнро ба ҷуръат, беинсофонро ба адолат, боғбонҳоро ба ниҳолпарварӣ, шубононро ба рамабониву парҳез аз гургхӯӣ, бемеҳронро ба меҳрубониву муҳаббат ва амсоли инҳо мехонад.

Худи хонандагон ва ҳамзамонони огоҳу бедори шоир баъд аз мутолиаи ҳар як шеъри пур аз рамзу рози “Корвон… раҳ… марғзор… оҳу…” худ бовар ҳосил хоҳанд кард, ки то Суруш барин шоирони рамзгӯ дорем, ҳеч ҳақиқати воқеии зиндагиамон пинҳон аз чашми таърихи инсоният нахоҳад монд ва шеъру шоир ҳамвора рисолати классикиашро рӯи шонаҳои истеъдоду ҳунар ба ояндаи дурахшони башарият интиқол хоҳад дод.

Аз ин рӯ, ин китоб ва муаллифи он, шоири соҳибсабку тозаназар шоистагии дарёфти ҳама гуна ҷоизаҳоро дорад ва ҳоло ки барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода манзур шудааст, мо аз пешниҳоди бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон истиқбол мекунем ба барои Суруш комгориву тавфиқ дар роҳи пурпечутоби шеър орзу мекунем.

Рустам ТАҒОЙМУРОДОВ,

доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь