Садриддин Айнӣ яке аз парчамбардорони роҳи мубориза алайҳи зулму истибдод ва ҷаҳолату хурофот буд ва то вопасин дақиқаҳои ҳаёт дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании минтақа дар ин масир устуворона қадам мезад. Афкори устод Айнӣ дар китоби муфассали ӯ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» муайян ва мушаххас шудаанд. Ин асар, аслан «Таърихи инқилоби фикрӣ ё таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ном дошта, он моҳи июни соли 1917 таълиф гардидааст.

Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», пеш аз ҳама, ба мубрамтарин масъалаи инсонӣ – бедорӣ ва инқилоби фикрӣ ҷиддӣ ва муфассал таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ тағйироти куллӣ, бедорӣ, рӯшангарӣ ва озодии мардумро маҳз дар танвири фикрӣ (сарандеша) мебинад. «Бе ҳузури раият,- мегӯяд устод Айнӣ,- ва бе танвири афкори омма инқилоби нофеъро мумкин намедонистам».

Айнӣ ба воситаи таълифи ин асар ҷузъиёту куллиёти ақибмондагии мардуми Бухороро бо далоили мушаххас нишон додааст. Сабаби ақибмондагӣ ва ҷаҳолати саросариро дар қаламрави амирсолорӣ Айнӣ дар бесаводӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, танпарварӣ, истибдод, золимӣ ва беадолатии амирону ҳокимон ва мударрисону қозиён дидааст. Вай бо афсӯсу надомат аз ин вазъи ногувор ёд мекунад: «Аз тарбияи авлод, аз таърихи олам, аз сиёсати дунё, аз тадбири манзил, аз маданияти ислому Аврупо бехабар будани ин фирқа (уламои дин) ва пайравонашон ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳамин бехабарӣ буд, ки дар аҳди амир Музаффархон вақти вуруди аскари Русия фоҷиаҳои зиёде ба амал омад» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 32).

Аз сабабе, ки устод Айнӣ худ муҳассили чандин мадориси Бухоро буд, вазъро хеле хуб медонист. Дар «Ёддоштҳо» низ С. Айнӣ аз бесуботии барномаҳои таълимии мадориси Бухоро сухан ба миён меоварад. Масалан, дар ҷойе аз вазъи таълимӣ-тадрисӣ ва барномавии мадориси амирсолорӣ ба таври зайл ёдовар мешавад: «Бо нуфузи зиёд доштани мадориси Бухоро, ҷойи тааҷҷуб ин аст, ки ғайр аз илми калом дигар чизе аз илмҳои динӣ дар программаи мадрасаҳои Бухоро набуд. Ҳар кас ҳавас дошта бошад, тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳи исломиро ба тарзи ғайрирасмӣ дар пеши ягон мутахассиси ин илмҳо рафта мехонд» (ниг.: Айнӣ С. Ёддоштҳо.- Душанбе, 2009.- С. 136). Устод Айнӣ, чун ба марҳилаи огоҳӣ расид ва пиндошт, ки вазъи ногувори бемаърифатию ҷаҳолати саросарӣ қаламрави Бухороро фаро гирифта, сабаби мусибату бадбахтии мардум гардидааст, бо эҳсоси масъулият ва рисолат, аз рӯйи тавон ва нерӯмандиаш ба ислоҳи вазъият камари ҳиммат барбаст. Ӯ аз нахустин маротиба мутолиа кардани ҷаридаи «Сироти мустақим» (аз Туркия ба воситаи Абдураҳмон Саъидӣ – поягузори мактаби савтияи тоторӣ дар Бухоро ба дасти Айнӣ ва дӯстонаш расидааст) изҳори хушнудӣ карда, навишта буд, ки «ин маҷмӯа ба танвири афкори мисли мо парешонрӯзгорон кифоя мекард» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 26).

Устод Айнӣ бо далелҳои зиёд омилҳои заъфи фикрӣ ва фарҳангии аморати Бухоро ва уламою мадориси онро, ки оқибат ба низоъҳои байнимазҳабӣ, ихтилофоти динӣ, кашмакашҳои сиёсӣ, фақри маънавӣ ва истибдоди дохилӣ бурда мерасонданд, ба таври зерин дастабандӣ карда буд: нодонии аҳолӣ, таассуби уламо, ҷоҳталабии руасо, худсариҳои уламову умаро, фасоди мадорис ва таълим, фитнаи намояндагони элчихонаи рус (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 55).

Адиб бо тақсимбандии омилҳо ва сабабҳои қафомондагии мардуми Бухоро ба хулосае меояд, ки танҳо бо роҳи маърифатнок намудани мардум беҳбудии иҷтимою сиёсӣ ва фарҳангӣ ба даст меояд. Устод Айнӣ фитнаву таассуби шадидеро, ки ҷомеаи онрӯзаро фаро гирифта, тадриҷан ба вартаи нестӣ тела медод, шадидан интиқод карда, роҳи бурунрафтро дар бедорӣ ва танвири фикрӣ дида, «наҷот дар илм асту бас» гӯён, натиҷагирӣ намудааст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 55).

С. Айнӣ аз рӯзҳои нахустин ба ҷараёни рӯшангарӣ пайваста, бо дӯстонаш Мунзим ва Беҳбудӣ ба кушодани мактабҳои ҷадид, ки бо усулҳои нави таълиму тадрис асос меёфтанд, пардохт. Китобу рисолаҳои С. Айнӣ «Таҳсиб-ус-сибён» (1909), «Тартил-ул-Қуръон» (1909), «Заруриёти диния» (солҳои 1913-1914) ва «Роҳбари хат» (барои ҳусни хат) дар мактаби усули савтия таълим дода мешуданд.

Бояд таъкид кард, ки С. Айнӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, намехост мардум инқилоб кунаду хунрезӣ шавад. Ӯ хостори инқилоби фикрӣ ва аз оғоз зидди ҷунбиши инқилобӣ буд (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Равшангари бузург.- Душанбе: Адиб, 2006.- С. 28). Аз ин сабаб робитаашро бо ҳаракати «ҷадидони ҷавон», ки дар байни онҳо Абдурауфи Фитрат ва Файзулло Хоҷаев буданд, бурид. Айнӣ чунин ақида дошт, ки афкори умумӣ танҳо ба воситаи илму маърифат танвир меёбад ва ҷавҳари ислоҳот мактабу рӯзнома аст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 95).

Роҳи наҷоти ҷомеаи Бухороро устод Айнӣ дар илмомӯзӣ ва мутолиоти густурдаи рӯзномаю ҷароиди ҷадид медид. Устод дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» масъалаи танвири афкори мардумро дунболагирӣ намуда, таъкид карда буд: «Мутолиаи кутуб ва расоил, аз кадом қисм ки бошад, ба танвири афкор хидмат мекунад» (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 95).

Дар раванди бедорӣ ва танвири фикрии устод Айнӣ китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш нақши муҳим доштааст (ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.- Теҳрон, 1381.- С. 20). Марҳилаи ибтидоии бедории фикрии Айнӣ аз ин китобҳо шуруъ шудааст. Баъди мутолиаи китобҳои мазкур устод Айнӣ дар фикри таъсиси мактаби ҷадид бо усулҳои нави тадрис меафтад.

Китоби устод «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» асарест, ки дар он муҳтавои ҳаёти сиёсӣ, таърихӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии амирсолорӣ ва оммаи Бухоро ба риштаи тасвир кашида шудааст. Масъалаҳои мазкурро С. Айнӣ хеле дақиқ ва ҷиддӣ мавриди арзёбӣ қарор додааст. Адиб сабаби аслии дардҳои иҷтимоии ҷомеаи Бухороро дар ҷаҳолат, нодонӣ ва таассуби саросарӣ қаламдод кардааст. Ин ташхиси амиқу дурусти ӯ меҳвари китоби арзишмандашро ташкил додааст. Раҳоӣ аз бунбасти фикрӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро устод Айнӣ дар танвири афкор мебинад, яъне мунавварфикрӣ, сараввал тавассути мактаб ва усулҳои ҷадиди таълим (мактаби усули савтия)  ибтидо мегирад. Таълиму тадрис бар мабнои усул ва мабонии ҷадид заминаи боэътимоди бедорӣ ва танвири фикрӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Албатта С. Айнӣ ҷонибдори инқилоби фикрӣ буд, на тарафдори инқилоби сиёсию физикӣ, ки ба ҳарҷумарҷи дохилӣ ва талафоти ҷонӣ сабаб мегардид. Ӯ ақидаи як зумра ҷадидонро, ки хостори тариқи хунрезӣ ислоҳ намудани ҳукумати Бухоро буданд, нодуруст медонист. Бинобар ин, аз онҳо дурӣ ҷустааст.

Адиб ҷавҳари ислоҳотро дар мактабу рӯзнома ва роҳи наҷоти инсониятро дар илму ирфон медид. Хати марказӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» рӯйи илму маърифат чарх мезанад. Устод роҳи халосӣ ва наҷот аз ҷаҳлу таассубро дар пайвастан ба илму дониш медид. Ӯ ба сифати як шахсияти миллию фарҳангӣ аз вазъи буҳронии қаламрави аморати Бухоро изҳори нигаронӣ намуда, дар ин замина, бо эҳсоси масъулият ва бо такя ба андӯхтаву омӯзаҳо ва таҷориби инфиродӣ, рисолаи ҷолиби илмӣ-публитсистии «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-ро таълиф кард. Дар он вопасмондагии динӣ-мазҳабӣ, ахлоқӣ, иҷтимоию равонӣ ва фикрию фарҳангии ҷомеаро, ки ба сабаби ҷаҳолату таассуби сахти сардамдорони низоми сиёсӣ – амиру кабир, ҳокиму амалдор, қозию муфтӣ ва амсоли онҳо рӯйи кор омада буд,  шадидан мавриди интиқод қарор дод ва бад-ин васила рисолати адабӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, сиёсӣ ва мадании худро бошарафона анҷом дод.

Муҳаммадшариф НЕЪМАТОВ,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь