Наврӯз ба худии худ фалсафаи том аст, яъне системаи фалсафиест, ки аз танзими табиат оғоз шуда, то умқи қалбу мағзу ҳушу маънавияти инсонҳо раҳ ёфта, ҳастии табиӣ ва маънавии одамиро пурра фаро мегирад. Рӯзи офариниш ва хилқати башар ва оғози худҷӯйиву худро дар оинаи кайҳон шинохтан аст…

Агар сирф падидаи табиӣ бошад, пас, мардумони зиёде дар ақсои олам чунин ҷашнҳо доштанд, ба фарзи мисол дар Юнони бостон ҷашни Дионисияи бузург дар ҳамин шабу рӯзи наврӯзӣ баргузор мешуд, аммо ин ҷашн бо эҳёи ҳунар (ҳунари трожедӣ) бастагӣ дошт ва ин қадар фарогири ҷанбаҳои башариву маънавӣ набуд, ки Наврӯз дорад.

Паргори Наврӯз гирди се мафҳуми зоҳиран табиӣ – зойишу рӯйишу осоиш мечархад, аммо осудагие, ки дар Наврӯз ҳаст, статикӣ нест, тағйирёбанда аст, оғози ҷунбишу такомулоти нав ба нав аст…

Ҳамин ҷо идомаи шарҳи ҳикмати Наврӯзро ба баъд вомегузорем ва аз баъзе аносири маънавии ин ҷашни пурҳикмат мегӯем.

Бузургтарини ин аносир ҳадяи муҳаббат аст: ба ҳар чизе, ки нафас мекашад, қад меафзояд, ба ҳар касе, ки дар симояш инсони хуберо мебинӣ… Дар куҷое хонда будам, ки одамон ба ҳамдигар ҳадяҳои модӣ (гулу пул ва ҳар чизи гаронбаҳо, китобу қаламу шириниҳо ва ғайра) мекунанд, аммо он сарвати бузургеро, ки дар қалбашон доранд, тақсим кардан намехоҳанд… Дар он қалб чӣ ҳаст? Албатта, муҳаббат…

Аз ҳамин муҳаббати дар синабуда оғоз бояд кард ва ончунон ки ба гуруснае як пора нони худатро мебахшӣ, ҳамон гуна аз рӯшноии қалби худ як табақ нуру сафо ба дигарон низ бубахш…

Нон гуруснагиро бартараф мекунад, аммо сафои дил ташнагии руҳи одамиро…

Мисли як шеъри хуб, ки агарчи як табақ сухан аст, аммо боиси рӯшаноии қалби инсон мегардад…

Дар ин шабу рӯзи наврӯзӣ ҳар яки мо даста-даста табрикномаҳо мегирем ва бештар аз онҳое, ки дар ҳамин наздикиҳо ҳастанд… Бо ин зумра одамон, азбаски рӯёрӯ дучор меоем, дастҳояшонро мефишорем ва шифоҳӣ низ табрик мекунем…

Аммо ёди онҳое, ки аз чашм дуранд, дар ғурбат ҳастанд, дар мамолики бегона кору зиндагӣ мекунанд, ин шабу рӯзҳо бештар касро домангир мешавад: ин дӯстони дурафтода дар чӣ ҳол бошанд, оё корҳояшон дуруст бошад, вазъи аҳли байташон чӣ гуна бошад…

Табрики наврӯзиро аз ҳамин тоифаи дӯстон бояд оғоз кард, аз дӯстони ба чашм дур, вале ба дилҳо наздик…

Банда дар рӯзи дувуми Наврӯз ба ёди ҳамин гурӯҳи дӯстон расидам: аз ин ҷиҳат кутаҳии бандаро дар олами маънӣ ҳеч ҷуброне нест, ки нест… Шумори ин навъи дӯстон (навъ ба маънои дур буданашон аз ватан, аз диёри Наврӯз, аз Тоҷикистони азиз) зиёданд, аммо чанде аз онҳоро ном мегирам ва бовар дорам, ки дар маҷмуъ ҳама дӯстон хоҳанд фаҳмид, ки номи муборакашон дар қалби банда ҳаст ва ин табрику шодбошӣ ба ҳамаи онҳо ҳам дахл хоҳад дошт…

…Дар фарҷоми соли гузашта дӯсти маскавии мо Одинамуҳаммади Одина (Одинамухаммад Одинаев) ба Душанбе омада буд ва мо имкони як суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ доштему халос. Ният буд, ки ба ифтихори ташрифи ин дӯст ба пойтахт маҳфиле бо ширкати уламову удабои ба мову ин кас шинос барпо кунем, аммо маризии ногаҳонии қалби банда ин нияти некро барҳам зад… Афсӯси бисёр, ки чунин шуд…

Одинамуҳаммад шахсияти хеле огаҳ аз осори Мавлонои Балх аст ва силсилаи барномаҳоро андар шарҳи осори ин нобиғаи каломи бадеъ ва ҳикмати башарӣ роҳандозӣ мекунад…

Дар шарҳи сӯзу сози каломи Мавлои Балху Рум ончунон бисёр гуфтаанд, ки дарё-дарё… Аммо мебинед, ки Одинамуҳаммад аз паҳлуҳое ба ин осор назар мекунад, ки гӯё каси дигаре ин корро накарда, аз равзанае, ки хоси сабки пажӯҳандагии худи Одинамуҳаммад аст…

Ин дӯсти арҷманд ва гиромиқадрро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик мегӯям ва орзу дорам, ки ба ҳама орзуҳои наврӯзияшон бирасанд… Ва гоҳ-гоҳе аз хештан дарак диҳанд, то талхии фироқи дӯст камтар бошад… Ва аз он кас хоҳиш мекунам, ки ба ҷумлаи ёронаш, ки ҳамагӣ аҳли сухан ва маъонии баланд ҳастанд, табрики наврӯзӣ ва таманнои моро дар мавриди зиндагии модӣ ва маънавии хубу хуш доштанашон расонанд…

…Абдуғаффори Камол ҳам чандест пайи корҳои ба миллату давлат зарур дар мулки Мисри Араб ҳастанд ва ин рафиқи шафиқро низ ба муносибати Наврӯз шодбош мегӯям… Ба шумори инсонҳое шомиланд, ки дар ҳақашон мегӯянд: оё гӯшае дар илмҳои инсоншиносӣ бошад, ки инҳо ба он макон сари андеша ворид накарда бошанд… Бардоштҳояшон аз улуми инсонӣ дарёро мемонад ва дар илми сиёсат низ ҷаҳонфаҳмие доранд қобили ибрати дигарон…

Банда ва гурӯҳе аз дӯстони хубашон лаҳзашуморӣ мекунанд, то ки дидаҳои мо ба дидори ин кас бирасад… Орзу мекунем, ки умри азизашон ба шодмониҳо бигзарад ва то Наврӯзи дигар тандурусту болидахотир бошанд.

Нусратуллоҳи Назариён (Нусратуллои Назариён), дӯсти дигари моро, ки бо зарурати таъмини маош дар Маскав қарор доранд, бо Наврӯзи оламгир табрику сано мегӯем ва таманно дорем, ки дарахти ҳаёт ва ниҳоли орзуҳояшон пурбор гардад…

Ин кас ду маҳ пеш се баста китоб ба мо фиристоданд, ки ҳамагӣ барои таблиғу тарғиби мардум ба китоб ҳамчун сарчашмаи маънавият аст… Дасти ҳиммат ва саховаташон дар тақдими китоб дароз аст ва орзу мекунем, ки ҳамин ҳиммату ҳамин саховат дар вуҷуди мубораки ин кас кам нашавад ва зиндагиаш дар амну офият дар диёри мардум бошад.

Дӯсти дигари мо Хушбахти Қурбон (Khushbakht Qurbonov) аз соли 2021 то кунун дар шаҳри Мюнхени Олмон (ватани бузургмардоне чун Гёте, Шиллер ва Кант) иқомат дорад. Хушбахтшоҳ зодаи Панҷекат аст ва соли 2020 риштаи хабарнигории Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.

Қиблагоҳашон ҳамноми ман будаанд ва ҳамин сол имкон шуд, ки секаса вохӯрем ва чанд муддате аз ину он суҳбат кунем. Падари бузургвор барои гусели фарзанд аз Панҷекат омада буданд. Порсол Хушбахти азиз бахти бузургеро бо чашми сар диданд, яъне дидори фарзандро. Ин касро ҳам бо Наврӯзи азиз табрик мегӯем ва орзу дорем, ки дар ҳар маконе бошанд, сарбаланду муваффақ дар корҳову нақшаҳояшон бошанд.

Дар симои шахсиятҳое, ки номбар шуданд, дигар ҳама азизони дур аз ватанро, ки ҳам рӯёрӯ ва ҳам дар ин шабака ошноӣ дорем, бо ҷашни миллии мардумӣ – Наврӯз хуҷастабод мегӯем ва орзу мекунем, ки тану ҷонашон дар амон ва рӯзгорашон ободу зебо бошад…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь