(Чанд андеша дар ҳошияи намоишномаҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023”)

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” тайи рӯзҳои 27 апрел, 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар доираи он 21 намоишнома манзури бинандагон гардонида шуда, ҳамчунин рӯнамоии китоби “Дар масири ёдҳо”-и Саодат Азизова, мизи мудаввар дар мавзуи “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва нишасти ихтисосӣ дар мавзуи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор шуд. Аз феҳристи 21 намоишнома 1 намоишнома ғайриозмунӣ (намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода “Дод аз дасти Афандӣ” аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр дар таҳияи Сомон Алимов) буда, 20 намоишномаи дигар дар доираи Фестивал-озмун мавриди тамошо ва радду бадалҳои ҳайати ҳакамону бинандагон қарор гирифт.

Театрҳои касбии ҷумҳурӣ ба Фестивал-озмуни имсола бар мабнои имконоти фикрӣ, салиқаи ҳирфаӣ-эҷодӣ ва дидгоҳи ихтисосӣ намоишномаҳо таҳия ва манзур намуда, як ҳафта ниёзҳои бадеӣ-эстетикӣ ва маънавии ҷомеаи мадании Душанбешаҳрро бароварда сохтанд. Хурсандиовар он буд, ки тайи як ҳафта аз тариқи намоишномаҳои театрӣ ва диду боздидҳои фарҳангӣ ҷомеаи ҳунарӣ бо фаъолони мадании пойтахт дар тамос шуда, дар пуробуранг шудани фазою муҳити эҷодии кишвар саҳми муносиб гирифтанд. Тамошобинони пойтахт муддати як ҳафта аз намоишномаҳои гуногунмуҳтавои театрҳои касбии ҷумҳурӣ, минҷумла намоишномаҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар “Зол ва Рудоба” (аз рӯйи “Шоҳнома”- Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Б. Қурбонзода), Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов “Таъбири ишқ” (аз рӯйи осори Низомии Ганҷавӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ дар таҳияи коргардон Ҷ. Аминов), Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов “Иштибоҳ” (аз рӯйи асари Албер Камю дар таҳияи коргардон Н. Меликов), Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский “Мастер ва Маргарита” (аз рӯйи асари М. Булгаков дар таҳияи коргардон Х. Мустафоев), Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ “Савдоӣ” (аз рӯйи асари М. Фор дар таҳияи коргардон У. Хусравов), Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд “Қисмат” (аз рӯйи асари В. Сигарев дар таҳияи коргардон С. Шехов), Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб “Катан” (аз рӯйи асари Ф. Ашӯр дар таҳияи коргардон М. Миров), Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ “Пораабри сафеди Чингизхон” (аз рӯйи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи коргардон С. Усмонов) ва амсоли инҳо лаззати маънавӣ бурда, завқи бадеӣ-эстетикии хешро баланд бардоштанд. Дар доираи Фестивал-озмун намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода “Дод аз дасти Афандӣ” (аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр дар таҳияи Сомон Алимов) низ пешниҳод гардида буд, ки рӯзи охир (4 май) дар толори таълимии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода доир ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.

Мутаассифона, бар асари масруфиёти идорию корӣ натавонистем намоишномаҳои озмуниро батамом тамошо кунем, аммо, хушбахтона, ду намоишномаи ахирии озмунӣ, яке “Пораабри сафеди Чингизхон” (аз рӯйи асари Чингиз Айтматов дар тарҷимаи Низом Қосим) дар таҳияи саркоргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Султон Усмон ва дигаре, намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр “Дод аз дасти Афандӣ” дар таҳияи омӯзгор-коргардони ҷавон Сомон Алимовро тамошо кардем. Ҳамчунин, дар рӯзи ахир (4 май) – дар семинар-машварати тахассусӣ, ки ба масъалаи вазъи кунунии театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва муҳтавои намоишномаҳои Фестивал-озмун иртибот дошт, ширкат кардем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаро иҷмолан манзур месозем.

Якум. Муҳаққиқони соҳавӣ бар ин назаранд, ки нақши машинаи театрӣ (театральная машина) ҳамчун дастгоҳи пуриқтидори сиёсӣ-мафкуравӣ ва ҳунарӣ-маданӣ дар кушодани гиреҳу уқдаҳои фикрӣ, бозсозии ҳувиятӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ бисёр бузург аст (ниг.: Бушеева С. Итальянский современный театр. –Ленинград: Искусство, 1983. С.5) Ба ин манзур ва бо дарназардошти вежагиҳои менталитети қавмӣ-этникӣ, театр макону минбари ҳувиятсозии миллӣ низ ҳаст. Ба ин маънӣ, ҳайат-персонали машина-дастгоҳи театрӣ (сенарист, коргардон-таҳиягар, роҳбари бадеӣ, тими техникӣ ва бозигарӣ), пеш аз ҳама, рисолат-миссияи мафкурасозӣ, сохтусози ҳувиятӣ ва таҳкими манофеи миллиро бар уҳда гирифта, тарбияи тамошобини миллиро дар авлавияти кори ҳунарӣ-ҳирфаӣ қарор медиҳад. Инҷост, ки театри миллӣ дар баробари боло бурдани завқи бадеӣ-эстетикии ҷомеа, раванди мафкурасозӣ ва манофеи қавмиро ҳам таҳкиму тақвият мебахшад.

Бинобар ин, дар ҷараёни тамошо, арзёбӣ ва баҳогузории дилхоҳ намоишнома силсиламасоили ҳувиятӣ, мавқеъгирии мантиқӣ ва манофеи миллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Махсусан, дар замоне ки бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ташаннуҷ пайдо карда, пружаҳои зеҳниятсозии аҷнабӣ фаъол шуда, буҳронҳои ҳувиятӣ решадор гардида, насли наврасу ҷавони мо ба гирдоби беҳувиятию худбохтагӣ кашида мешаванд, сарфи назар кардани театр ҳамчун абзори зарурии худофаринӣ ва мафкурасозии миллӣ иштибоҳи ҷиддии миллӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, театри миллӣ, қабл аз ҳама, муваззаф аст, ки хоставу ниёзҳои ҳувиятию миллии моро бароварда созад ва миллатро дар саргаҳи таҳаввулоти фикрию ахлоқӣ ва иҷтимоию маданӣ қарор бидиҳад. Мо дар доираи ин нукоти ҳувиятию мафкуравӣ ба намоишномаҳо, аз ҷумла ба  намоишномаи озмунии “Пораабри сафеди Чингизхон” (аз рӯйи асари Чингиз Айтматов дар тарҷумаи Низом Қосим) дар таҳияи саркоргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Султон Усмон таваҷҷуҳ мекунем.

Бар мабнои ин дидгоҳ, намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон” (аз рӯйи асари Чингиз Айтматов дар тарҷумаи Низом Қосим) дар таҳияи саркоргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Султон Усмон аз навоқиси ҳувиятию мафкуравӣ орӣ нест. Аз ин ҷост, ки намоишномаи мазкур аз лиҳози мундариҷавӣ, муҳтаво, мавқеъгирии миллӣ ва самти мафкуравӣ ба дарди миллату давлат ва шароити феълии миллӣ намехурад. Дар зимн, аз рӯйи асари нависандаи маъруф Чингиз Айтматов “Пораабри сафеди Чингизхон” (дар тарҷумаи Низом Қосим) таҳия шудани намоишнома ҳоло маънои бузургию шаҳомати касбӣ-ҳирфаиро надорад. Аз сӯйи дигар, намоишнома ба лиҳози мушаххасоти ҳирфаӣ ва резакориҳои ҳунарӣ, аз ҷумла: ҷанбаи ғоявӣ, ороишоту рангомезиҳои саҳнавӣ, дидгоҳи режиссурӣ, интихоби мусиқӣ, таносуби ҳаракату амалиёти саҳнавӣ ва соири вежагиҳои бозигар ҳам ҷолибу диднабоб набуд (ҳарчанд ки бахши анҷомии намоишномаро аксари тамошобинон бо нидои маъмулии “Браво” истиқбол гирифтанд. Хуб, ин чун як одати маъмулӣ дигар ҳукми анъанаро гирифтааст ва пас аз анҷоми намоишнома аксари тамошобинон дониста-надониста садои “Браво”-ро дармеоваранд ва толорро ба истилоҳ, шулуғ мекунанд), Ин аст, ки бештар сари муҳтаво ва мундариҷаи ғоявӣ-мафкуравии намоишнома тамаркуз бояд кард. Мутаассифона, коргардони намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон” дар мисоли сужаи хушки қабилавӣ ва тартибот-рӯзгордории ҷодарнишинии суннатӣ як навъ мафкурасозии қабилавиро ба намоиш гузоштааст. Зиёда аз ин, дар намоишнома падидаи “пораабри сафед” рӯйи сари Чингизхон, ки аз ҷониби фолбини солманде пешгӯйӣ шуда, рамзи шукӯҳу азамати императорию салтанати хонӣ муаррифӣ мегардад, дар ҳукми як хурофоти маъмулӣ дар меҳвари намоишнома ва кори режиссурӣ қарор гирифтааст. “Пораабри сафед”-е, ки аз оғоз то анҷоми намоишнома аз осмон Чингизро ҳамсафарӣ карда, қисмати баъдии зиндагии ӯро тазмину пешгӯйӣ менамояд, ба чӣ дарди имрӯзи мо мехурад, суолу пурсиши матраҳ аст. Ва бо он ки ба Чингиз Айтматов зиёд эҳтиром қоилем, аммо ин тарзи биниш, ки хоси тафаккури бастаи қабилавӣ-биёбонӣ мебошад, хеле кам дархури дарди мост. Ин ҳам мусаллам аст, ки тоҷик тайи таърих бар асари фишору тааррузи қабоили кӯчиву чодарнишин ҳамеша бо ин навъ дардҳо кунишу вокуниш карда,  мусибату бадбахтиҳои зиёдеро мутаҳаммил шудааст. Бинобар ин, марҳилаи бардошти бори гарони тафаккури кӯчиву қабилаӣ даргузаштааст ва онро набояд дар зеҳни миллат аз нав зинда кард.

Дувум. Бояд тазаккур дод, ки саркоргардони Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Султон Усмон чаҳор сол қабл  намоишномаи “Фирдавсӣ”-ро аз рӯйи асари Сотим Улуғзода ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту- 2019” пешниҳод карда буд. Дар он намоишнома ҳам шукӯҳу шаҳомату азамати қавмӣ-этникӣ дар мисоли бузургтарин чеҳраи ҳувиятсозии миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ камранг, балки беранг ба ҷилва даромада буд. Дар намоишнома Фирдавсӣ ба унвони чеҳраи таърихию символикии миллӣ дар баробари Султон Маҳмуди аҷнабӣ хору залил ба намоиш гузошта шуд (агар бовар надоред, лутфан ба сабти телевизионии намоишномаи “Фирдавсӣ” таваҷҷуҳ фармоед). Ба дунболи ин, дар намоишномаи озмунии ду соли қабл (соли 2021) ҳамин коргардон “Шикори шер”-ро аз рӯйи асари нависандаи араб Ҷурҷӣ Зайдон ба намоиш гузошта, дар он сарнавишти талхи хонадони Бармакиро, ки асоси салтанати Аббосиро гузошта буданд, ба ҷилва дароварда, заъфи ҳувияти миллиро дар мисоли амалдорони Бармакӣ ба намоиш гузошт (ниг.: Нурзода Н. Муҳтавиёти миллӣ дар театри ватанӣ. //Илм ва ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, № 4 (26), 2021. –С.19-28; Нурзода Н. Муҳтавиёти миллӣ дар намоишномаҳои театрӣ. //Самак №24 (502), чоршанбе, 9 июни  соли 2021. -С.7). Интихоби мавзуъ, агарчи ҷолибу мубрам аст, аммо коргардон мебоист онро аз зовияи мушаххасоти ҳувиятӣ, зарурати мафкурасозӣ ва ба назар гирифтани манофеи миллӣ матраҳ мекард. Дигар ин ки бахше аз тамошобинон хурдабинанд ва аз нигоҳи заррабини онон калавишу уфтҳои равонӣ, ақидатӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ ва мадании берун намемонад. Бар ин асос, тамошобини хурдабин (на хурдагир) ҳатман нуқсонҳои мафкуравӣ-сиёсӣ ва ҳувиятии намоишномаро дуруст дарк карда, хулосаҳои лозима мебарорад. Дар намоишномаи ахирӣ бошад (“Пораабри сафеди Чингизхон”), коргардон тақрибан ҳамон усул – таблиғи мафкураи қабилаӣ (дар мисоли Чингизхон ва усули тарбиятии биёбонӣ)-ро ба таври худогоҳ ё нохудогоҳ дунбол карда, дар пардаи ғояи зиддиҷангии Айтматов таблиғоти ғайримиллӣ мебарад. Бинобар ин, ба ин масъалаи ҳассос ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард.

Сеюм. Масъалаи дигари матраҳ ин аст, ки дар бисёр маворид масъулини пружаи озмунӣ ва умуман, мудир-омилони тарҳҳои театрӣ сари масоили миллӣ ва ҳувиятию давлатӣ хеле кам меандешанд ё ин ки барои онҳо бозбинию бозшиносии ин навъ масоил ишколи зиёдатист. Ҳол он ки Сарвари давлат зимни мулоҷоту вохуриҳо ва диду боздидҳояш ҳамеша аз вазъи ноҷури геополитикӣ, мушкилоти имрӯзи ҳувиятӣ, бунбастҳои ақидатӣ, хатари мафкурасозии аҷнабӣ, таҳоҷуми берунӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ сухан ба миён оварда, аз масъулини сохтору мақомоти марбута, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунанд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи ҳувиятсозии миллӣ устувории низоми давлатдории дунявӣ саъю талоши фаровон биварзанд. Ин аст, ки ҷомеаи театрӣ ва тими ҳунарӣ-ҳирфаии мо вазифадоранд, ки сари мушкилоти миллӣ ҷиддӣ тамаркуз намоянд, аз зовияи мафкурасозӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ ба кулли асару намоишномаҳо таваҷҷуҳ кунанд. Ба ин маъно, дар мавриди намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон” (аз рӯйи асари Чингиз Айтматов дар тарҷимаи Низом Қосим) дар таҳияи саркоргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Султон Усмон низ радду бадалҳои ихтисосӣ ва мафкуравӣ тақозои замонӣ ва зарурати имрӯзист.

Чаҳорум. Таваҷҷуҳ ба театр ва ҳунарманди театрӣ сол ба сол кам мешавад ва ҷомеа, махсусан, элитаи маданию мафкуравии мо рафтан ба театрро қариб ки фаромӯш кардаанд. Паёмади ин навъ муносибатро хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст: сатҳи завқи бадеӣ-эстетикӣ ва зарфияти дидгоҳи илмию миллии қишрҳои  гуногуни иҷтимоӣ, намояндагони ниҳодҳои мафкуравӣ ва ҳатто иддаи ходимони илму маорифу фарҳангу ҳунари кишвар, ки дар ибрози назари инфиродию ихтисосӣ аз тариқи ВАО, махсусан матбуоти даврӣ мушкилу танқисӣ мекашанд, чун рӯзи равшан маълум аст. Афзун бар ин, аз хондани ҳазорон китоби бадеӣ ва илмӣ дидани як намоишномаи арзандаи театрӣ болотару афзалтар аст. Тавассути як намоишнома ҳазорон мушкил ва уқдаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ ва маданӣ бозшиносию бозгӯйӣ мешаванд ва бинандагони пружаҳои намоишӣ аз мушкилоту масъалаҳои мубрами миллӣ огоҳ гардида, соҳиби завқу салиқаи таҳлилӣ-ташхисӣ мегарданд. Ин аст, ки ба хотири таҳкими раванди ҳувиятсозии миллӣ ва ҳифзи бақои давлатдории дунявӣ ҷалби бардавоми қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, ниҳодҳои адабию маданӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, секторҳои марбутаи сиёсӣ-мафкуравӣ ба театр аз роҳкорҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, моҳе як маротиба ташрифи масъулини блоки мафкуравӣ, ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ ба театр тақозои замон мебошад. Аз ҷониби дигар, барқарор кардани суннати муҳокимаю баррасии намоишномаҳо дар ҳузури персонали ҳунарӣ ва тими бозигарӣ талаби замон аст. Бар илова, аз тариқи иштироки фаъол дар намоишномаҳои театрӣ ҳозирону иштирокдорон таассуроту бардоштҳояшонро миёни худ ва персонали театрӣ муҳокима менамоянд. Ин аст, ки тавассути дидану тамошои намоишномаҳои театрӣ на танҳо завқи бадеӣ-эстетикии тамошобинон боло меравад, балки маҳорати суханварӣ ва диди таҳлилии онҳо тақвият меёбад.

Панҷум. Намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр “Дода аз дасти Афандӣ” дар таҳияи коргардони ҷавон Сомон Алимов ба лиҳози муҳтаво, арзишшиносӣ, арзёбии мушкилоти ахлоқию иҷтимоӣ хуб буд. Намоишнома дар жанри ҳаҷвӣ-танзӣ манзур гардида, коргардон ва персонали иҷроӣ (бозигарон) аз уҳдаи иҷрои нақшҳо бахубӣ баромаданд ва аз тариқи ҳаракоту амалиёти қаҳрамонону персонажҳо уқдаву мушкилоти иҷтимоию равонии замонро, ки дар зишткориҳои қозӣ, найрангу фасоди ахлоқӣ ва хурофоту таассуби асримиёнагӣ зуҳур кардаанд, ба намоиш гузошта тавонистанд. Ҳадафмандона пайванд додани ойину суннатҳои куҳнаи асримиёнагӣ бо вежагӣ-компонентҳои наву замонавӣ дар мисоли рақсу ҳаракатҳои ҷолиби имрӯзӣ ҷанбаи ғоявии намоишномаро боло бурдааст. Ҳарчанд ки нақшҳои Тангабой ва Қозӣ камранг ба мушоҳида расид, аммо ин камрангиро бозигари нақши асосӣ – Афандӣ бо василаҳои ибтикоротӣ-импровизатсионӣ ҷуброн намуд. Хулоса, бозигарон воқеиёти давру замон, фитнаву найранги даврон ва симои зишту нопоки тоифаи амалдорони вақтро хуб нишон доданд.

Шашум. Чанд ҷумла дар бораи нишасти ахирӣ. Ростӣ, нишасти ахирӣ, ки 4 майи соли ҷорӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг доир гардида, ба баррасии вазъи кунунии театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва муҳтавои намоишномаҳои озмунӣ ихтисос ёфта буд, қолабию сатҳӣ ҷараён гирифт. Мо, ки нисбатан дертар ба маърака ҳозир шудем, аз суханронию баррасиҳои қаблӣ иттилои дурусте пайдо накардем. Намояндагони театрҳои касбии ҷумҳурӣ, ки миқдоран зиёд набуданд, ишколу дардҳои худро ба истилоҳ, худ ба худ арз доштанд ва ин ҳолат бозгӯйи вазъи “гуфтугӯ бо худ”-ро дошт. Ба назари мо, таваҷҷуҳ ба баъзе мушкилоту авомили асосии соҳавӣ дар шароити феълии тасаллут ёфтани мафкураи аҷнабӣ миёни насли наврасу ҷавони ҷумҳурӣ, ташаннуҷи  хурофоту таассуби мазҳабӣ ва фарогир шудани руҳияи беҳувиятию бетафовутӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ амри зарурист. Аз ҷумла, ташхису шиносоӣ ва бозбинии мушкилоту масоили зер: иллату сабаби нарафтани ҷомеа ба театр; бетарафию саҳлангории сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ ба соҳаи театрӣ; бетаваҷҷуҳӣ ба мазмуну муҳтавои намоишномаҳои озмунӣ; рақобатнопазирии ҳунари театрӣ дар баробари анвои дигари ҳунарӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ; набуди нақди қавии театрӣ; камбуди драматургияи миллӣ; фароравӣ аз колбадшикофиҳои фикрӣ, канор задани мушкилоти асосӣ ва дар ин замина таҳияи намоишномаҳои сатҳию рӯякӣ; тарки мавқеъи ҳангомасози “ҳунар барои ҳунар, санъат барои хосон (на барои авом)”; роҳу механизмҳои роҳандозӣ кардани барнома-ориентатсияи “ҳунар барои омма ва иҷтимоъ”; камранг ва беранг шудани нақди ҳирфаии театрӣ; ба намоишномаҳои театрӣ аслан ҷалб нашудани мушовирони илмӣ ва дар ин замина коҳиш ёфтани сатҳи илмӣ-фалсафии намоишномаҳои театрӣ; ба сифати пружа ва сангар-фронти асосии миллӣ-мафкуравӣ шинохтану арҷ гузоштани театрҳои касбии ҷумҳурӣ; тақвияти руҳияи миллӣ дар намоишномаҳои озмунӣ; дар меҳвари таваҷҷуҳи ихтисосӣ қарор додани мушкилоту муаммоҳои ҳувиятӣ ва низоми давлатдории секулорӣ-дунявӣ ва дар ин замина офаридани намоишномаҳои сирф миллӣ бояд дар авлавияти кору умури ҳайат-персонали фарҳангӣ ва ҳунарӣ қарор бигирад.

Ҳафтум. Муҳимтар аз ҳама, додани авлавияту имтиёз ба намоишномаҳои миллӣ, ки бар матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва соири осори ҳамосии бумӣ таҳия мегарданд, аз ҷумлаи роҳкорҳои зарурист. Аз он чи ки мушоҳида кардем, дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” ду намоишнома вежагии миллӣ-ҳамосӣ доштанд – намоишномаҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар “Зол ва Рудоба” (аз рӯйи “Шоҳнома”- Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Б. Қурбонзода) ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб “Катан” (аз рӯйи асари Ф. Ашӯр дар таҳияи коргардон М. Миров. Аммо ба ин ду намоишнома таваҷҷуҳи зарурӣ дода нашудааст, ё ин ки аз назари ҳайати ҳакамон дур мондааст. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъала буҳронҳои баъдии ҳувиятиро дар пай хоҳад дошт.

Ҳаштум. Тарбияи миллии кадрҳои соҳаи театрӣ ба мушкили рақами яки соҳавӣ ва дар маҷмуъ, давлатӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти он ки ҳунари театрӣ ба унвони ҳаста-ядрои сиёсӣ-идеологӣ шинохта мешавад, таҳкиму тақвияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он ҳамчун дастгоҳи муқтадири мафкурасозии миллӣ муқтазиёту талаботи замон аст. Ин дастгоҳи пурқудрати мафкурасозии миллӣ, ки онро ба унвони “машинаи сиёсӣ-мафкуравӣ” таъриф кардаанд, дар роҳи бозшиносии мушкилоти ҳувиятӣ, ташхиси уқдаҳои равонию иҷтимоӣ ва билохира муаррифии миллату давлат хидмати бузурге анҷом дода метавонад. Пас, аз ин машинаи мафкуравӣ васеъ истифода бояд бурд ва нагузошт, ки ҳар кӣ бо таваҷҷуҳ ба завқу дидгоҳи хурофотию ҳошиявии худ аз он истифодаи абзорӣ карда, миллатро ба бунбасти ҳувиятию фикрию маданӣ бирасонад.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь