Ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо исми ададбиётшиноси варзида ва муҳаққиқи тавоно устод Қурбон Восеъ ошноӣ дорем.  Ҳатто устод дар нимсолаи аввали соли дувуми таҳсил моро аз фанни таърихи адабиёти тоҷик дарс ҳам доданд. Баъдан дар нимсолаи дувуми соли севуми таҳсил курси назариявии фанни таърихи адабиёти хориҷӣ (ададбиёти Шарқ)-ро хонданд. Маҳз тавассути дарсҳои шавқбарангези устод Қурбон Восеъ барои нахустин маротиба бо шахсияти Иқболи Лоҳурӣ ва муҳтавои ашъори форсии ӯ ошно шудем. Устод Қурбон Восеъ хеле роҳату озод доир ба мушаххасоти адабиёти Шарқ ва бахусус, мундариҷоти таълифоти аллома Иқбол суҳбат мекард. Дар ҷараёни тадрис ва ҳангоми радду бадалҳо устод барои исботи матолиби барномавию баҳсӣ пораҳои зиёди манзум аз маснавии “Асрори худӣ” ва соири ашъори Иқбол қироат мекард. Қироати шоҳбайтҳо, минҷумла қитъа-пораҳои манзум аз осори адибони маъруфи Шарқ, ки бештар вежагии ҳувиятшиносию миллатпарастӣ доштанд, дарсҳои устод Қурбон Восеъро ҷолибтару шуниданбобтар мекард. Дар зимн, устод Қурбон Восеъ дар ҷараёни дарс, дар баробари шарҳу баёни масоили барномавӣ (зиндагинома ва муҳтавиёти мероси шоирону адибони Шарқ), ба баррасии масъалаҳои иҷтимоиву ҳувиятӣ мепардохт ва аз ин тариқ таваҷҷуҳи мо-донишҷӯёнро ба шинохти мушкилоту муаммоҳои фикрию равонӣ ва иҷтимоию маданӣ ҷалб месохт. Ин тарзи тадрису масъалагузорӣ, ки на ҳама устодонон ба он таваҷҷуҳ доштанду доранд, моро на танҳо қонеъ мекард, балки сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ ва фикрию маданиамонро боло мебурд. Ба ин манзур, мо-донишҷӯёни ибтидои солҳои навадуми асри бист дарсҳои устод Қурбон Восеъро интизор мешудем, то ин ки аз тариқи суолу пурсишҳо перомуни масъалаҳои норӯшани эҷодиёти шуарои маъруфи Шарқ, аз ҷумла Иқболи Лоҳурӣ иттилооти нофеъ пайдо намоем. Гузашта аз ин, тарзи озоди тадрис ва истиқлоли фикрии устод ба мо имкон медод, ки озодона, бидуни таоруфу таколифи зиёдатӣ сари масъалаҳои муҳими адабу фарҳанги миллӣ баҳс ороем ва ойину фарҳанги мубоҳисаю мунозираи илмиро ёд бигирем. Устод, ки дар муҳитҳои илмию адабии хориҷӣ тарбия ёфта буд (парвариш дар мактаби илмӣ-адабиётшиносии Маскаву Лениград, ошноӣ бо бузургтарин намояндагони илми шарқшиносии шӯравӣ, кору фаъолияти тарҷумонӣ дар Афғонистон), салиқаи пажӯҳишии ба худ хос дошт. Сари ҳар масъала ва мавзуе назари хос дошт, бо салиқаи вежаи пажуҳишӣ бархурд мекард, назароти дигаронро эҳтиром мегузошт, вале аз дидгоҳу мавқеи илмию ихтисосии хеш ҷиддӣ дифоъ мекард. Аз ин ҷост, ки мо тавассути равиши тадрисӣ, усули таълимӣ ва шеваи таҳқиқии устод Қурбон Восеъ на танҳо бо зиндагинома, мерос ва мушаххасоти эҷодии шоирону адибони маъруфи Шарқ ошно мешудем, балки саҳлу осон ҳунари баҳсороӣ ва мунозирапардозиро меомӯхтем. Устод ҳанӯз дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дастури таълимӣ-методие таҳти унвони “Дарси мунозиравии адабиёт” (васоити таълимӣ-методии мазкур соли 1992 бо тасҳеҳу иловаҳо дубора интишор ёфт) таълиф намуда буд, ки дар он муаллиф дар мисоли чанд намунаи дарси адабиёти тоҷик назокати баҳси ҳирфаӣ ва мунозираороии адабиро дар муҳити таҳсилоти мутавассита матраҳ карда буд, ки ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Ҳамин тур, бо устод унс гирифтем ва ҳатто баъди хатми донишгоҳ ҳам ҳамкориҳои илмию эҷодиро бо ин шахсияти илмию маданӣ идома додем.

Вежагии дигари ҳувиятию ҳайсиятии мунҳасир ба фарди Қурбон  Восеъ ин аст, ки ӯ новобаста ба мақому ҷойгоҳи иҷтимоию сиёсӣ ва илмию маданӣ, инсони дастрас аст: бо ҳар нафаре озодона мусоҳиб мешавад, дар ҳар нишасту маҳфиле бидуни карру фару такаббур ширкат меварзад, мунсифона интиқод мекунад ва таҳаммули шунидани  мунаққидро дорад. Ин аст, ки устод Қурбон Восеъ ҳамчун муҳаққиқ, донишманд, адабиётшинос, арбоби сиёсию давлатӣ, зиёӣ ва фарҳангии саршиноси ҷумҳурӣ солҳост, миёни аҳли илму маърифат ва сиёсату маданияти тоҷик соҳибэҳтиром гардидааст. Албатта, сабаби эҳтирому самимияте, ки ҷомеаи илмию мадании тоҷик ба устолд Қурбон Восеъ дорад, пеш аз ҳама, ба сахткӯшӣ, масъулиятписандӣ, талошварзӣ  ва тавонмандии илмию эҷодии ӯ вобаста аст.

Устод аз зумраи  муҳаққиқони миллие маҳсуб меёбанд, ки дар муҳити илмию ихтисосии ватанӣ  уфуқи тозаеро бо истилоҳи “адабиёти  ҷавонмардӣ” боз карда, дар заминаи таъсири ҷараёни футуввату ухувати асримиёнагии форсии тоҷикӣ ба фарҳанги миллию фаромиллӣ таҳқиқоти муфассал анҷом додааст. Устод  Қурбон  Восеъ  то имрӯз таҳқиқу пажуҳишро дар заминаи мушаххасоти маслаки ҷавонмардӣ идома дода, онро ба унвони  мактаби озодандешии миллӣ муаррифӣ месозад. Таълифоти устод дар заминаи ойини ҷавонмардӣ ва мушаххасоти мактаби футуввати асримиёнагии форсии тоҷикӣ, аз ҷумла “Номаи ҷавонмардӣ” (1985), “Ойини риндӣ ё Маслаки Ҳофиз” (1991), “Литература джавонмарди” (1995), “Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ” (2000), “Ҳашт манзар” (2002), “Таджикская рыцарская литература” (2004), “Адабиёти ҷавонмардии форсу тоҷик” (2007), “Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ” (2008), “Рисолаҳои ҷавонмардӣ” (2010) ва амсоли инҳо солҳост, ҳамчун сарчашма ва манбаи вежаи таҳқиқӣ ва илмӣ-методӣ барои доираи васеи муҳақаққиқону хонандагони ватанӣ хидмат мекунанд. Ҳамчунин, устод барои бештару беҳтар огоҳ шудани аҳли донишу савод ва илму таҳқиқ бо намунаҳои шоистаи назму насри футувват сарчашмаву манобеи адабию бадеии  “Достони Амир Арслон” (1989), “Футувватномаи султонӣ”, “Ахлоқи Муҳсинӣ”, “Рисолаи «Ҳотамия”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ” (1991), “Абумуслимнома” (1994), “Доробнома” (2002) ва амсоли инҳоро нашру пахш кардааст.

Маълум аст, ки устод Қурбон Восеъ солҳо дар симатҳои масъули давлатӣ, минҷумла вазифаҳои мушовири Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991–92), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000 – 2007) ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (2002-2014) фаъолияти карда, дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди сиёсати давлатию мафкуравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу суботи миллӣ саҳми муносиб гузоштааст. Гузашта аз ин, устод дар доираи таҳқиқи сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ низ муваффақ шуда, китобҳое зиёда, аз ҷумла “Сиёсатмадори таърихнигор” (дар ҳошияи зиндагиномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон),  “Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ”, “Ваҳдат ва истиқлол”, “Ваҳдат – зевари давлати миллӣ” (дар се муҷаллад) ба нашр расонидааст. Гузашта аз ин, Қурбон Восеъ дар таҳқиқу тадвин ва нашру пахши таҳқиқоти муфассали дастҷамъонаи “Методология ва назарияи Ваҳдати миллӣ” ва асари 20-ҷилдии “Ваҳдат, Давлат, Президент” саҳми бевосита дорад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои устодро ба назар гирифта, бо унвони давлатии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1996), Медали “10-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2003), Медали “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2021) ва сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонидааст.

Воқеан, устод Қурбон Восеъ фарзанди содиқу сарсупурдаи миллат аст ва ба ҳар масоилу маворид аз мавқеи миллию давлатӣ бархурд мекунад. Ба ин маъно, устод ҳамеша дар масири манофеи миллию давлатӣ қадам бармедорад ва дар ин роҳ муваффақона умрфаросӣ мекунад. Устод ба синни камолоти 80-солагӣ расиданд ва солгарди умрро шодбош гуфта, барояшон сиҳатии комил, дарозии умр ва қуввату неруи илмию эҷодӣ таманно дорем.

80-умин солгарди умр фархундаву хуҷаста бод, устод Қурбон Восеъ!

Қонуни ҷавонмардӣ

(Порашеъре дар ҳошияи 80-солагии пири адабиёти ҷавонмардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ устод Қурбон Восеъ)

 

Бӯйе зи сафар дорад  паймони раҳовардӣ,

Хоҳишу муроди дил гармист, на бал сардӣ,

Сурхист нишоти рӯ, ғам омили рӯзардӣ,

Ҷамъӣ шавад ар ҳатмӣ олуфтагии фардӣ,

Шояд ки шифо бахшад моро зи куҳандардӣ

Қонуни ҷавонмардӣ!

 

Аз қуллаи кӯҳи нур, аз ҷойгаҳи Ховар,

Аз хуни Сиёвушу Деваштичи кундовар,

Аз тухми далерону мардони хирадбовар,

Аз Вешабу Сангистон, аз Похуту аз Дардар,

Оварда паёми меҳр аз Дарғ – дили Фалғар

Ин марди адабпарвар!

 

Аз хоки замини мо садбаргу суман рӯяд,

Ин миллати озода гулҳои чаман бӯяд,

Бо навназарӣ, оре, шаҳроҳи куҳан пӯяд,

Чун Рахши Таҳамтан дар ҳар дашту даман мӯяд,

Аз умқи китоби дил асрори сухан ҷӯяд,

То рози Ватан гӯяд!

 

Хонад, ки ба бедорӣ оҳанги шабонгоҳӣ,

Моро бирасонад то хилваткадаи Моҳӣ,

Ҳар кас ба хирад ёбад худ мартабаи шоҳӣ,

Пажмурда шавад  ҳар гул аз офати худхоҳӣ,

То ин ки раҳӣ умре аз даҳшати гумроҳӣ,

Бигзин раҳи огоҳӣ!

 

То умр бувад бидҳӣ анҷом рисолатро,

Аз даст набидҳӣ сар домони асолатро,

Хоҳӣ, ки сарафканда бинӣ ту ҷаҳолатро,

Бар садр, ки биншонӣ мардони фазолатро,

Ҳаргиз написандидӣ  ноаҳли разолатро,

Мункири адолатро!

Маънии ҳаёти ту меъёри ухуват аст,

Пас, асли ҷаҳони мо фарҳанги мурувват аст,

Ойини футувват аст!

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь