Санъати кинои тоҷик таърихи қариб якасра дошта бошад ҳам, пешаи киношиносӣ солҳои 50-ум дар кишвари мо арзи ҳастӣ кардааст. Нахустин муқарризон, муҳаққиқон ва мубаллиғони кинои тоҷик русҳо буданд. Аз мутахассисони тоҷик бошад, аввалин нафаре, ки ба киношиносӣ машғул шуд, Ато Аҳроров аст, ки агар 25 майи соли равон вафот намекард, 3 август 85-сола мешуд. 

Бандаро саодати ошноӣ бо Ато ака насиб гардидааст. Соли 2018 бори нахуст бо роҳнамоии бону Амина Шарофиддинова меҳмони устод шудам. Хонаи эшон дар яке аз маҳаллаҳои навбунёди Самарқанд воқеъ буд. Ато Аҳроровро дар нахустин дидору суҳбат ошиқи Тоҷикистон дарёфтам. Гарчанде, аз солҳои 90-ум ба зодгоҳашон баргаштанд, вале ҳамеша дар ёди Душанбе буданд: “Тоҷикистон, Душанбе, киностудия, Академияи улум”… мегуфтанду ашк аз чашмонашон ҷорӣ мешуд. Ман дар симои эшон ҳамонеро дидам, ки “Аз Ватанг гап сар кунӣ дар мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт”.

Албатта, Самарқанд барои Ато Аҳроров ҳамеша азизу муқаддас буд, зеро дар домани ин шаҳр таваллуд шудаву дар оғӯши он ба воя расидааст. Солҳои 1955-1960 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ таҳсил намуда, баъдан сарнавишташ ба Тоҷикистон пайваст. Яъне даврони шубоби зиндагии Ато ака дар Самарқанд сипарӣ шуда бошад ҳам, Тоҷикистон макони парвозаш буд. Маҳз дар Душанбе ӯ ба камол расид, ному нон ёфт, бинобар ин, дил кандан аз Тоҷикистон барояш душвор буд…

Ато Аҳроров аз соли 1960 ба шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон ба кор омад, зеро ба санъати кино таваҷҷуҳ дошт. Аз даврони донишҷӯйӣ, дақиқтараш аз соли 1959 навиштаҳояш дар бораи кино нашр мешуданд. Аввалин тақризҳояш дар бораи филмҳои ҳунарии режиссёрҳо Комил Ёрматов «Вақте ки гулҳо мешукуфанд» ва Борис Кимёгаров «Қисмати шоир» (дар ҳаммуалифӣ бо ҳамкурсаш Насим Раҷаб, ки баъдан нависандаи шинохтаи бачаҳо шуд) дар матбуоти даврӣ («Ӯзбекистони сурх» ва «Ленин йӯли», Самарқанд) чоп шуда буданд.

Солҳои 1963-1966 Ато Аҳроров дар Москва, дар аспирантураи Институти таърихи санъати Вазорати маданияти ИҶШС таҳсил карда, дар мавзӯи «Кинои тоҷик дар солҳои 1929-1965» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Баъдан, боз ба шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш баргашта, то соли 1992 фаъолияти пурсамари илмӣ дошт. Даҳҳо мақолаи ӯ дар ин давра доир ба таърих, ҷараёнҳо ва дастоварду камбудиҳои кинои тоҷик дар матбуоти даврӣ нашр шуданд. Ӯ ҳамчунин, дар телевизиону радио барномаҳои муаллифӣ доир ба кино роҳандозӣ карда дар таблиғи синамо низ талошҳои зиёде кард. Ҳамчун мунаққиди касбӣ дар муҳокима ва нақду барасии филмҳо фаъолона ширкат меварзид. Беш аз 30 сол ӯ фаъолияти пурсамари илмиву эҷодӣ дошт.

Дар ин давра монографияҳои «Кинои тоҷик» (Душанбе, 1971); «Кинои тоҷик 1969-1974», (Душанбе 2010); бобҳои оид ба кинои тоҷик дар таҳқиқоти бисёрҷилдаи «Таърихи кинои шӯравӣ (иборат аз 4 ҷилд, Москва 1966-1967); асарҳои «Дар филмҳои тоҷикӣ» (бо ҳамкории В.Савченко, Душанбе, 1968), «Санъати кино», (Душанбе, 1974); муратиб ва яке аз муаллифони маҷмӯаи «Экрани тоҷик», (Душанбе, 1980), «Кинои Тоҷикистон» (бо ҳамкории С.Азизова, Москва, 1982) ва ғайраро таълиф кард.

Вале бо амри тақдир Ато Аҳроров соли 1996 Тоҷикистонро тарк карда ба зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд кӯчид. Дар Самарқанд низ бекор набуд. Солҳои 1997-2003 ҳамчун дотсенти кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Институти давлатии тиббии Самарқанд ва солҳои 2005-2012 дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии шуъбаи дар Самарқандбудаи Университети технологияҳои иттилоотии шаҳри Тошканд фаъолият дошт.  Дар ин муддат низ ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда, доир ба эстетика, киношиносӣ ва маданиятшиносӣ  мақолаҳо нашр кард.

Вале баъди рафтани Ато Аҳроров дар Тоҷикистон фазои киношиносӣ холӣ шуд. Аз шогирдони ӯ фақат Тиллои Некқадам ин пешаро идома доду халос.  Мегӯянд, ки “инсонҳои бебадал нестанд”, вале бовар кунед, ҳастанд! Ато ака аз ҷумлаи инсонҳои беназир буданд, ки кори эшонро то ба имрӯз касе карда натавонист…

Ато ака то вопасаин рӯзҳои умр дар андешаи синамои тоҷик буданд. Аз маргашон чанд рӯз қабл дар нашрияи “Овози тоҷик” мақолаашон дар бораи Комил Ёрматов нашр шуда буд. Мутаассифона, эшон баъди кӯчидан ба Самарқанд бо муҳити синамои Тоҷикистон камтар робита доштанд. Фақат соли 2008 ба ҳайи раиси ҳайати ҳакамони Кинофестивали байналмилалии «Дидор-3» ба Душанбе омада буданду халос. Зеро то президент шудани Шавкат Мирзиёев шахси бетабаа буданд, яъне шиносномаи шаҳрванди Ӯзбекистонро надоштанд. Ин барои сафари хориҷӣ барояшон душворӣ пеш меовард.

Ато ака дар дил орзуҳои зиёд доштанд. Дар суҳбатҳоямон пайваста аз корҳои анҷомнашудаи эҷодӣ мегуфтанд. Як китоби мақолаҳояшонро чоп карданӣ буданд. Боз навиштаҳое доштанд, ки мехостанд чун рисола ба дасти чоп диҳанд. Вале афсӯс, ки ҳамаи инро бо худ ба хок бурданд…

Одил Нозир, махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь