Оҳанги дилнишину дилписанди сози нафасии най рӯҳи инсонро болида, таъбашро шод ва қалбашро пурфараҳ мегардонад. То даме ки оҳангсозу иҷрокунанда ба умқи маънии суруд ё ифодаи матлаб фурӯ нараванд, онҳо он маъниеро, ки дар шеъру суруд нуҳуфтааст, ё дар он ишора ёфтааст, дода наметавонанд. Тавлиди ҳар гуна оҳанги ҷаззоб бо сози най аз офарандаи он заҳмати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, навозандаи сози най аз ҳузури дили хеш нафас бурун меорад, набзи ӯ бо набзи сози най метапад ва аз ин таппишҳо ба дунёи мусиқӣ оҳанги нав, ҷонбахшу рӯҳафзо тавлид мегардад. Ба дунёи ҳастии мусиқӣ пайвастани он маънии ҷовидониро ба худ мегирад, зеро ин навозиши най ба гӯши ҳазорон мухлис расида, ба дилашон роҳ меёбад ва абадан маскан мегирад. Асбобҳои торӣ, зарбӣ, нафасӣ ва ғайра дар санъати мусиқӣ фаровон истифода мешаванд ва ҳар яке ҷойи худро дорад, ки дар он навбат таъсири худро ба шунаванда мерасонад.

Най сози нафасӣ аст ва дар алоҳидагӣ навохтани он метавонад арзиши пурраи асбобҳои симфониро дошта бошад. Ин асбоб дар танҳоӣ, омехта бо таблак, дутор, доира, рубоб ва дар якҷоягӣ бо асбобҳои халқию симфонӣ истифода карда мешавад. Хусусияти хоси ин асбоб он аст, ки миёни халқ дастрасии бештар дорад ва мардум аз қадим то имрӯз дар санъати сурудхонии анъанавии худ, бахусус фалаксароӣ аз он истифода мекунанд.

Таваҷҷуҳи бештар ба сози най, дар олами ҳунар боиси он гардид, ки дар соҳаи найтарошӣ ҳунармандони касбӣ фаъолият намоянд. Сохти одии он – чӯби дарозрӯяи миёнхолӣ, ки аз забонча ва чанд сӯрохиҳои хурд дар рӯи он иборат аст, бинандаро дар ҳайрат мегузорад, чӣ гуна як соз метавонад ин қадар оҳангҳои мафтункунандаро ба наво оварад. Ҳунармандон онро бештар дар арафаи идҳои миллӣ, дар хондани сурудҳои халқӣ истифода мекунанд. Дар фасли баҳор навои ин соз бештар мегардад ва мардум аз рӯи одат, савти онро рамзи баҳор медонанд. Ҳама кас ба сози дилнишини най гӯш дода, аз он қайфият мебарад, лекин на ҳама кас эҳсос мекунад, ки нафаси тозаю сеҳрангези най аз насими фораму афсункори боғи дили кадом ҳунарманди зебобин ва дарккунандаи ҳолати инсонӣ бархостааст? Донистан ин танҳо хоси инсонест, ки ошиқи навои дилфиреби най аст.

Чунин мешуморам, ки дар фасли баҳор оҳанги шӯху мутаассири сози най алоқаи ҳамешагии шунавандаро ба навозанда барқарор сохта, одаму оламро ба ҳам меорад. Дар чунин айём ошно намудани Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» Қурбоналӣ Ёқубов, ки дар кафедраи созӣ – иҷрокунандагии факултети мусиқӣ – омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият карда истодааст, ба амри дил аст. Ин ном ба аҳли ҷумҳуриамон шинос аст, зеро фаъолияти беш аз 50 -солаи ӯ дар санъати найнавозӣ ва пайваста тавассути радиову телевизион пахш гардидани оҳангҳои офарида ва мусиқии навохтааш ном, чеҳра ва ҳунари ӯро муаррифӣ намудаанд.

Қурбоналӣ Ёқубов, 5 октябри соли 1949 дар оилаи коргар, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи худро дар мактаби 8 – солаи № 15 (ҳоло Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18)-и шаҳри Душанбе гирифта, пас аз хатми мактаб бо завқи беандоза, хоҳиши дил ва тавсияи падараш соли 1964 ба омӯзишгоҳи мусиқавии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Завқи ӯ ба созҳои мусиқӣ ҳанӯз аз даврони наврасӣ ҷой гирифта буд.

-Дар кружокҳои (маҳфилҳои) ҳаваскорони мактаб рубоб ва дутор навохта, сурудҳои Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродовро зам-зама мекардам. Падарам маро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи мусиқавӣ, ки он замон Аҳмад Бобоқулов – Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон директории онро ба уҳда дошт, бурда буд, ки он вақт дар синфи ҳафтум мехондам ва барои таҳсил дар ин омӯзишгоҳ як соли ман намерасид, – мегӯяд ӯ.

Ӯ дар дил бештар дар сози асбобҳои торӣ таҳсил карданро дошт, лекин бо сабаби омехта шудани ихтисосҳо ӯро Зиёдулло Шаҳидӣ, ки директории омӯзишгоҳ буд, ба ихтисоси най таҳсил карданро тавсия медиҳад. Тавсияи устодро қабул карданаш хуб шуд. Ҳамин тариқ, ӯ ба омӯхтани сози нафасӣ пайваст ва муддати 4 сол дар омӯзишгоҳи мусиқавии шаҳри Душанбе таҳсил кард. Соли 1968 ба факултети санъати Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил мешавад ва соли 1973 онро ҳамчун ихтисосманди соҳаи най хатм мекунад. Қурбоналӣ Ёқубов устодони аввалини худро дар омӯзиши асбоби най Мирзомурод Элмуродов ва Ҳасан Юлдошевро медонад, ки ҳам дар омӯзишгоҳи мусиқӣ ва ҳам дар донишкада ба ӯ таълим дода, ҳунар омӯхтаанд. Муддате, ки ӯ дар донишкада таҳсил мекард, дар баробари он директори омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе Ионид Дмитрий Иванович (юнонӣ) ӯро ба кор даъват менамояд ва дар вазифаи муаллими сози най корро шурӯъ мекунад. Он солҳо барои ҷалб кардани хонандагон ба санъати мусиқӣ Қ. Ёқубов аз кинофилмҳо, аз қабили «Оворагард», «Ҷаноби 420» ва ғайра, ки шуҳрат доштанд, мусиқиҳоро менавохт ва тарғиби ҳунар мекард.

Баъди хатми омӯзишгоҳ ӯ як муддат мудирии шуъбаи созҳои халқии мактаб-интернати мусиқии ба номи М. Собироваро ба зимма дошт.

Аз соли 1993 то соли 2003 Қурбоналӣ Ёқубов директории мактаб-интернати мусиқии ба номи М. Собироваро бар дӯш дошт. Солҳои 2003-2013 дар Ансамбли тарона ва рақси «Ватан»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМXТ) кору фаъолият мекунад. Дар баробари ин, фаъолияташро бо кушода шудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон соли 2004 ба ин даргоҳ мепайвандад.

Дар консерти хайриявӣ бахшида ба 5- солагии  фоҷеаи Чернобил  Қурбоналӣ Ёқубов бо Тамара Абдушукурова- вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раққоса Малика Қаландарова ва доиранавоз  Илюш Гулкоров миёни вазирони понздаҳ ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзида,  ҳамчун найнавози беҳтарин аз тарафи вазири фарҳанги ИҶШС Губенко Николай Николаевич соҳиби раҳматнома  гардидааст. Даврони шӯравӣ Қ. Ёқубов бо иштироки ҳамешагӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар миқёси давлатҳои дӯсту бародар шинохта шуда буд. Соли 1980 ба Ҷумҳурии Молдова сафари ҳунарӣ анҷом дода, дар он ҷо бо шогирдаш Адҳамшоҳ Ғаниев дарси кушод аз сози най доир мекунанд. Дар ин сафар ӯ асари А. Хачатуриян «Лезгинка»-ро аз балети Гаянэ бо най менавозад, ки ин навозиш шунавандагонро ба ҳайрат меорад.

Соли 1986 дар шаҳри Душанбе нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони созҳои халқӣ»  доир мегардад, ки  дар он Қ. Ёқубов иштирок карда, барандаи  он  мегардад.

Бо артистони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ва ҳунармандони халқии Тоҷикистон  А. Бобоқулов, М. Собирова, Ҷ. Муродов, Д. Холов, А. Алоев, ҳамчунин бо ҳунармандони театри «Лӯхтак» ба Австрия, Сурия, Руминия, Теҳрон (се маротиба), сафарҳои ҳунарӣ  анҷом додааст.

Унвони «Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон»  соли 1989, ордени «Шараф» соли 1998 ва бо назардошти хизматҳои шоистаи ин ҳунарманд соли 2011 бо пешниҳоди  Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро  соҳиб гардидааст.

Завқу истеъдоди баланди эҷодӣ ва пайваста эҷод кардани оҳангҳои шӯх, муҳаббати самимӣ доштан ба ҳамсафари ҳаётӣ ин ҳама фазои солими оиладориро дар хонадони Қ. Ёқубов ба бор овард. Ӯ дар зиндагӣ соҳиби 7 фарзанд, 2 писар ва 5 духтар гардид. Фарзандон хонадони падарро нур бахшида, се нафари онҳо ба роҳи падар гом ниҳодаанд, яъне касби падарро дар зиндагӣ интихоб кардаанд. Тахмина Ёқубова дар сози дутор   ва Бунафша Ёқубова дар сози фортопиано, Умедҷон Ёқубов дар сози най соҳаи санъатро интихоб кардаанд, ки дар мактабҳои мусиқӣ ва ансамблҳо фаъолият мебаранд.

-Шукри Худо соҳиби 25 набера ва 11 абера ҳастам, – мегӯяд, ӯ, ки набераҳояш роҳи санъатро интихоб кардаанд ва айни замон дар мактаби санъати мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ таҳсил доранд.

Устоди санъат Қурбоналӣ Ёкубов аз соли 1968 то ҳол зиёда аз 100 нафар шогирдонро дар роҳи санъат танҳо дар ихтисоси сози най тарбия кардааст, ки аксарият ашхоси шинохтаи санъат гардида, ба халқу ватани хеш хидмат карда истодаанд. Шогирдони шинохтааш дар сози най Нуралӣ Шерматов навозандаи ансамбли давлатии «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио, Сайдалӣ Сангов – роҳбари ансамбл дар Филармонияи давлатӣ, Хуршед Низомов – раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки чунин устодони санъат дар ҷомеа фаъолият мекунанду ба пойдории мусиқии анъанавӣ ва аз байн нарафтани созҳои халқӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зиёда аз 60 оҳанги эҷодкардаи Қ. Ёқубов ва навозишҳои ӯ аз рӯи оҳангҳои офаридаи оҳангсозони маъруфи тоҷик дар фонди «тиллоӣ»-и радио маҳфуз гардонда шудаанд.

«Завқи ҷавонӣ», «Доғи дил» оҳангҳои Ҳаким Маҳмудов, «Ошиқ намеояд дигар», «Бӯи баҳор», «Сафобахш» оҳангҳои С. Билолов, «Шоҳиди афлок», «Тасалло» оҳангҳои И. Машрабов, «Навои кӯҳистон», «Як бор намепурсӣ», «Таронаи муҳаббат» аз зумраи оҳангҳое мебошанд, ки Қ. Ёқубов онҳоро оҳанг баста ва чанди дигарро бо оҳагсозон ба иҷро расондааст. Шеъри М. Ғоиб «Як бор намепурсӣ»-ро Мастона Эргашева – Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Таронаи муҳаббат» ғазали А. Ҷомиро Нуқра Раҳматова – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар ҳавои сози най ва ансамблҳои созҳои халқӣ сароидаанд, ки то имрӯз шунавандаи ин оҳангҳо тавсиф аз онҳо мекунанд.

Бо дастаҳои ҳунарии «Дарё», «Гулшан», оркестри «Созҳои халқӣ» ҳамкорӣ кардааст. Дар кинофилмҳои «Ашк ва шамшер», спектаклҳои телевизионӣ ва дубляжи филмҳо низ оҳанг навохтаю овоз додааст.

Мусиқӣ бесарҳад аст ва забони мусиқӣ ба ҳамаи халқу миллат фаҳмост.  Қ. Ёқубов бо най оҳангҳои ӯзбекӣ низ навохтааст, ки «Чаман яла» оҳани Мирзо Тоҳиров, «Муборак» оҳанги Толиб Содиқов, «Субҳидам» оҳанги С. Алиев аз намунаҳои мусиқии ӯзбекист, ки бо ҳамкорӣ бо композиторони давлати ба мо дӯсту бародар – Ӯзбекистон эҷод кардаю навохтааст.

Муҳаббати ӯ нисбат ба касби интихобкардааш бештар аст. Ба ин хотир Қурбоналӣ Ёқубов иброз медорад: «Найе, ки ҳоло дар чорабиниҳо менавозам 50 сол мешавад, дар даст дорам». Воқеан, инсоне, ки касби худро дӯст медорад ва аз он рӯзию рӯзгори худро меёбаду мегузаронад, ҳеҷ гоҳ пеши касе даст ба тамаъ намебарад. Ӯ ифтихор аз он мекунад, ки тавассути ҳунараш талаботи рӯзафзуни худро қонеъ гардонда, миёни ҳамагон шуҳрат ёфтааст.

Мутаассиф аз он аст, дар шуъбае, ки айни ҳол фаъолият мекунад, ба навозиши санъати най аз ҳисоби ҷавондухтарон хоҳишмандон дохил нашудаанд. Дар санъати мусиқии халқу миллатҳои ҷаҳон мушоҳида кардааст, ки аз ҳисоби занон найнавозон ҳастанд, лекин дар ҷумҳурии мо, бахусус дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шумораи духтарон дар ин сози халқӣ умуман нест.

«Навозандаи хуби асбобҳои клайнет, пианино, рубоб, дутор, флейта ва дигар асбоҳои мусиқӣ низ мебошам, лекин завқи бештар ба сози най дорам», – бо ифтихор мегӯяд ӯ.

Дар фазои санъати мусиқии тоҷик танин андохтани навои асбобҳои халқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин устодони камназир амсоли Қурбоналӣ Ёқубов дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият дошта, шогирдонро аз нозукиҳои касби интихобкардаашон огаҳ ва бархӯрдор мегардонанд. Дар ин роҳ мо ба устод Қурбоналӣ Ёқубов барори кори эҷодӣ хоста, самои софу беғубор ва дар фазои он танини завқи ҷавонӣ, бӯи баҳор, таронаи муҳаббат, навои кӯҳистонро, ки бо садои най даровехта рӯҳу ҷонро навозиш медиҳад, ҷовидонӣ таманно менамоем.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

мудири бахши мониторинги сифати таҳсилоти ДДФСТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь