Домулло Зеҳнӣ (мо дар байни худ ва дар муроҷиат бо он кас аз ҳамин таркиб ба нишони эҳтиром ба шахси устод истифода менамудем) аз ҷумлаи он зиёиёни тоҷик буданд, ки барои андешаҳои миллиашон бо туҳмати ҳаммиллатони беҳунар ва ҳасудхӯри хабаркаши хеш солҳои 40 ва 50-ум зиндонӣ ва танҳо пас аз ҷанги ватанӣ ва фаро расидани замони гармои хурушевӣ озод шуданд, мисли Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Нодир Шанбезода ва дигарон.
Бо раҳоӣ ёфтан аз банди зиндонҳои сталинӣ ва дубора вориди фаъолияти адабию илмӣ шудани онҳо муҳити адабӣ ва илмии тоҷик ҷон гирифт ва фаъол шуд. Ғанӣ Абдулло драматургия, Раҳим Ҳошим тарҷума ва Нодир Шанбезода нашру табъи мероси гузаштагонро ривоҷ ва корҳои адабию илмии назаррасро анҷом доданд.
Домулло Зеҳнӣ, ки таҷрибаи зиёди муаллимӣ, ноширӣ, муаллифии китобҳои дарсӣ, шоирӣ, тарҷумонӣ ва муҳаққиқиро доштанд, пас аз бозгашт ба Институти забон ва адабиёт ба кор даромаданд ва бо нақду таҳқиқи осори адабӣ машғул шуданд, мақолаву рисолаву маҷмӯаҳои арзишмандеро дар заминаи забон ва адабиёт таълиф намуданд.
Аммо дар миёни ҳамаи таълифоти адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ домулло Зеҳнӣ, тавре ки духтарашон Фарруха Зеҳнӣ дуруст ба мушоҳида гирифтааст, китоби маъруфашон “Санъати сухан” беҳтарин мебошад. Тавре ки маълум аст, китоби мазкур бори аввал соли 1960 бо номи “Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ” ба табъ расида, баъдан солҳои 1967, 1979, 1992 ва 2007 такроран бо ислоҳу иловаҳои муаллиф нашр гардид.
Нисбат ба таълифоти дигари домулло Зеҳнӣ шуҳрати бештар ёфтани китоби “Санъати сухан” ба чанд омил вобаста мебошад.
- Муаллиф ба шарофати дониши кофии назарӣ ва амалӣ, таҷрибаи фаровони зиндагие, ки доштанд, дарк карда буданд, ки “дар бораи саноеи адабӣ… то ба ҳол ба хати имрӯзаи тоҷикӣ ягон китоби содаи оммафаҳм чоп нашудааст, то ки талаботи ҳаваскорони адабиёт қаноат кунонда шавад (Тӯрақул Зеҳнӣ. Санъати сухан. -Душанбе: “Маориф”, 1992,- С.19). Манзури эшон аз “ҳаваскорони адабиёт”, чунонки аз мулоҳизаҳои баъдиашон равшан мешавад, “донишҷӯён ва муаллимон”, “адабиётдӯстон ва муаллимони мактабҳо ва донишгоҳҳои тоҷикӣ” будаанд.
Зимнан, яке аз фарзандони домулло Зеҳнӣ раҳматӣ Фирӯза Зеҳнӣ бо ман ҳамкурс буд ва дар ҳамон солҳое, ки муаллиф бо таълифи “Санъати сухан” машғул буд, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ аз фанни “Назмшиносӣ” ба мо дарс мегуфтанд. Дар он солҳо Баҳром Сирус китобҳои “Қофия дар назми тоҷик”-ро дар соли 1955 ва “Арӯзи тоҷикӣ”-ро дар соли 1963, ки яке дар боби қофия ва дигаре арӯз буд, дастраси хонандагон гардонда буданд. Аммо дар бораи санъатҳои бадеъӣ, ҷузъе аз илми сегонаи улуми бадеъӣ, тавре ки муаллиф таъкид кардааст, рисолае мавҷуд набуд. Домулло Зеҳнӣ бо таълиф ва нашри китоби “Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ” соли 1960 ин холигиро пур карданд.
- Домулло Зеҳнӣ бо истифода аз китобҳо оид ба илми бадеъи суннатӣ, аз ҷумла “Тарҷумон-ул-балоға”-и Родуёнӣ, “Ҳадоиқ-ус-сеҳр”-и Рашиди Ватвот, “Ал-муъҷам”-и Шамси Қайс, “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Атоуллоҳи Маҳмуди Ҳусайнӣ, “Ҳақоиқ-ул-ҳадоиқ”-и Шарафуддини Ромӣ ва ғ., дар бораи санъатҳои, ба истилоҳи муаллиф, “он чи хушоянд, дилкаш ва зарур буд” (Нашри мазкур, с. 20), бо забон ва тарзи баёни барои хонандаи имрӯзӣ фаҳмо маълумот додаанд ва барои тасдиқи гуфтаҳои худ аз “осори саромадони сухан” (Ҳамон нашр, с. 21) кӯшидааст, ки “беҳтарин мисолҳо ва барҷастатарин бадеҳаҳои санъати адабиро” (ҳамон саҳифа) иқтибос кардаанд. Бояд зикр кард, ки эшон дар ин кор муваффақ шудаанд.
Домулло Зеҳнӣ дар китоби “Санъати сухан” дар бораи 37/38 санъати маънавӣ ва 31/25 санъати лафзӣ мулоҳиза меронанд. Ин маълумот, азбаски асари мазкур ҷанбаи таълимӣ ва омӯзишӣ ва тарғибию ташвиқӣ дошт, ҷанбаи таҳқиқии сирф камтар дошта, асосан бар навиштаҳои бадеъшиносони гузашта асос ёфтааст. Вале ҳангоми таҳқиқи муқоисавие, ки дар китоби “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ” (2011) дар заминаи рисолаҳои назарии муаллифони пешин ва таълифоти пажӯҳишгарони муосир, аз он ҷумла дар заминаи “Санъати сухан” анҷом додем, маълум шуд, ки муаллифи он дар хеле аз мавридҳо назари мустақили худро доранд. Чунончи эшон мисли Ҷалолуддини Ҳумоӣ навъҳои ташбеҳро навъбандии ҷадиде кардаанд. Баъд ин корро Абдулқаюми Қавим низ ба худ раво дидааст (Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ, с.100). Ҳамчунин мулоҳизаҳои домулло Зеҳнӣ дар бораи санъати иштиқоқ (Санъати сухан, с. 30), ки онро бархилофи бадеънигорони гузашта ва муосир, на аз навъҳои таҷнис, балки санъати мустақил медонад, қобили мулоҳиза мебошад. Андешаҳои эшон дар бораи санъатҳои истиора (ҳамон нашр, с. 104) ва иҳом (ҳамон нашр, с. 117) низ ҷолиб мебошанд. Кори дигаре, ки домулло Зеҳнӣ ҳангоми таълифу шарҳу тафсири санъатҳои бадеъӣ кардаанд, кӯшиши пайдо намудани муродифҳои форсии тоҷикии истилоҳоти адабии онҳо мебошад, аз қабили санъатҳои тасдирро “баргардониш” (Ҳамон нашр, с. 37), тавассулро “лабрас” (Ҳамон нашр, с.84), тафсилро “лабнорас” (Ҳамон нашр, с.86), ташбеҳи киноятро “ташбеҳи пӯшида”, ташбеҳи тасвия ё муздаваҷро “ташбеҳи баробар” (Ҳамон нашр, с.98), руҷӯъро “бозгашт” (Ҳамон нашр, с.161), сиёқатулаъдодро “шумур” (Ҳамон нашр, с.161) ва ғ. гуфтаанд.
Коре, ки идомаи онро мо дар таълифоти донишмандони муосири эронӣ Сируси Шамисо дар “Нигоҳи тоза ба бадеъ” (1368/1989) ва Мирҷалолуддини Каззозӣ дар “Зебоишиносии сухани порсӣ. Бадеъ” (1373/1994) мебинем. Яқинан ин ду бадеънигори охир онро ҷудо аз муаллифи “Санъати сухан” иншо кардаанд, зеро ҷое дар таълифоти онҳо аз ӯ зикре нарафтааст.
Дар китоби “Санъати сухан” мулоҳизаҳои баҳснок ҳам ҳастанд, чунончи домулло Зеҳнӣ радифро аз ҷумлаи навъҳои санъати илтизом (иънот) дониста, тақсимро як намуди санъати лаффу нашр (ҳамон нашр, с.149) шуморида, зикри мустақими санаҳои таърихиро дар ҳисоби санъати таърих овардаанд (ҳамон нашр, с.249) ва таворудро бо санъати тазмин омехта кардаанд (ҳамон нашр, с.256) ва ғ.
Аммо хидмати бузурги домулло Зеҳнӣ бо таълифи муҳимтарин китоби худ “Санъати сухан” дар он аст, ки як насли бузурги адибон ва олимони тоҷикро, ки ба сарчашмаҳои пешин ва алифбои арабӣ дастрасӣ надоштанд ва ё дар дарки онҳо душворӣ мекашиданд, насли солҳои 60-70-умро бо илми бадеъ ошно намуданд. Саводи шеърфаҳмию шоириашонро боло бардоштанд ва бо ҳамин номи худро абадӣ гардонданд.
Ёдашон ба хайр бод.
Абдунабӣ Сатторзода
доктори илми филологӣ, профессор