Шароити эҷод, сарчашмаҳо, мӯҳтаво ва ибтикороти сабку шакл

Шеъри «Ба модарам» дар эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ аз чанд ҷиҳат ҷолиби диққат аст. Замоне, ки ӯ ин шеърро таълиф карда буд, (таърихи эҷод 6. 12. 1964), танҳо 23-сол дошт. Ёдовари ин нукта бисёр бояд муҳим бошад. Пеш аз ҳама, аҳли нақду таҳқиқ онро ба сифати мисоли барҷастае дар сарнавишти шоирии ӯ бисёр ёдовар мешаванд. Асли воқеа ин гуна аст. Дар шӯравии собиқ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, Иттифоқи нависандагон фаъолият мекард. Ва он талабу меъёрҳои хосе барои пазируфтан ба узвияти хешро дошт. Масалан, шоире ё адибе, ки дар арсаи эҷод қаламронӣ мекунад, ба ҷуз аз он, ки соҳибистеъдод буд, бояд ҳатман бо нашри на камтар аз ду маҷмӯаи осор дар ин ҷода босубот ва ҷиддӣ иқдом доштанашро собит менамояд. Ҳодисаҳое иттифоқ афтодааст, ки адибонро бо теъдоди аз ин бештари осор низ ба узвияти Иттиҳодия напазируфтаанд.

Аммо дар мавриди устод Лоиқ Шералӣ аз ин ҳама қоидаву дастурот сарфи назар шуда, бе чопи маҷмӯаи ашъор ва ба хотири арзиши шеъри «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта мешавад. Устод Мирзо Турсунзода (1911-1977) шоири саршиноси тоҷик, ки зиёда сӣ сол (1946-1977) раёсати Иттифоқи нависандагонро дар даст дошт, ба ин истисно роҳ дод. Албатта, то ин дам хеле аз ашъори Лоиқ дар матбуот чоп шуда, «Савтҳои форсӣ»-и Сергей Есенин, шоири тозаназари рус, дар тарҷумаи ӯ низ дар шакли китоб ба нашр мерасад. Аммо омили асосии ба узви Иттифоқ пазируфтани ӯ ҳамоно шеъри «Ба модарам» будааст.

Дар ин маврид табиӣ саволе ба миён меояд, ки ин шеър чӣ мазияте дошта, ки сабаби шикастани ин ҳама қавонин ва расмиятҳо гардидааст?

Албатта, на аз ҳайси мавзӯъи тасвир, зеро дар адабиёти классик ва хосса адабиёти ҷадидаи тоҷикӣ ва шӯравӣ мавзӯи модар ҷойгоҳи хос доштааст. Ҳаминро низ бояд ёдовар шуд, ки устод Айнӣ ҳануз соли 1917, дар ҳикояи «Хонадони хушбахт» (ҷузъе аз китоби «Таҳзиб-ус-сибён»), хонаводаи илмдӯсту хушахлоқеро тасвир карда, тавсифи «падари бузургвор ва модари меҳрубон»-ро ба кор гирифта буд. Ва ин як нукта аз аҳдофи таҷаддудхоҳонаи эшон низ мебошад, ки масоили тарғиби тарбия ва таҳсилро низ фаро мегирифт. Аммо қазияи мазкур дар адабиёти замони шӯравӣ хеле маъмулу машҳур буд, зеро ақидае ҳукмрон буд, ки адабиёти ба истилоҳ реолизми сотсиалистӣ, ки дар ҷомиаи шӯравӣ аз мактабҳои асосии эҷодӣ ба шумор меомад, бо румони «Модари»-и Максим Горкий оғоз шудааст ва он соли 1936 ба тоҷикӣ баргардон мешавад. Ҳамчунин, ҳикояи хурди ӯ таҳти унвони «Модар», ки он ҷо модар барои халосии фарзандаш ба Темури хунхор сари баҳсу пархош бармехезад, аз ҷониба Сотим Улуғзода ба тоҷикӣ баргардонда мешавад, ки байни аҳли адаб ва хонандагон шуҳрат дошт. Адабиёти тоҷикии солҳои 20-30 ба симои модар таваҷҷуҳи зиёде зоҳир накардааст, магар барои таъкиди мазлумияти ӯ дар гузашта ва як ҷузъ аз масъалаи озодии занон, баробарҳуқуқии иҷтимоии онҳо ва иштирокашон дар корҳои ҷамъиятӣ.

Аммо дар солҳои ҷанги зидди фошизм дар иртибот бо қувват гирифтани ҷанбаи миллӣ ва суннатии адабиёт, ба шахси волидайн, аз ҷумла модар, бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Хосса модарон (падарҳо низ), фарзандонро ба дуои хайр ба майдону сангарҳо мегуселониданд, ки дар бисёр маврид ҳатто умед ба дидори дигарбораашон надоштанд.

Дар ин қабил осор қарзи шаҳрвандӣ бо пайванди хунии хонаводагӣ меомехт ва ҳатто бисёр маврид аввалӣ бар дувумӣ боло мегирифт. Аммо дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ (1948-1954) ҷанбаи инсонии тасвири инсон ва ҳамчунин, модар аҳмияти бештаре пайдо кард.

Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки шеъри мазкури устод Лоиқ аз ҳайси мавзӯъ идомаи ҳамон модарноманависиҳои тоҷикист. Вале асли ҳақиқат чунин аст, ки шеъри устод Лоиқ, ҳарчанд дар мавзӯи суннатӣ ва маъмулии адабиёт эҷод шудааст, аммо аз назари дарку тасвир ва шинохти ҳунарии модар ибтикороти ба куллӣ сифатан тозае буд. Дар он чеҳраи воқеии як модари одӣ ва муқаррарии тоҷик, ки дар айни замон хасоиси навъӣ ва умумиинсониро фаро гирифта бошад, ба тасвир омадааст, ки то ба ҳол дар адабиёти тоҷикӣ собиқа надоштааст.

Ин ибтикор ба чӣ омилҳое вобаста буд ва он ба шоир чӣ гуна даст дод?

Замоне, ки устод Лоиқ ба арсаи эҷод расид, «замони об шудани яхҳо» фаро расид ва дар ҷомеаи адабии Тоҷикистон низ озодии нисбие фароҳам омада, шароити мусоид барои мутолиаи адабиёти ғайримаъмули хориҷӣ, бахусус русӣ муҳайё гардид ва барои ибрози андешаи шахсӣ имкон бештару озодтар фарҳам омад. Аз ҷумла, дар он даврон модарномаи шоири тавонои эронӣ Эраҷ Мирзо хеле шуҳрат дошт. Ҳамзамон, шуарои ҷавон, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ, ба мутолааи адабиёти ҷаҳон пардохтанд, ки ба рӯҳу равонашон қаробати бештаре дошт. Ва аз аввалинҳо дар ин ҷараён шоири деҳотитабори рус Сергей Есенин будааст, ки дар тасвири воқеъгароёнаи модар ашъори ҷаззобе эҷод карда буд. Чунонки гуфта омад, намунаҳо аз осори ӯро аввалин шуда Лоиқ ба тоҷикӣ баргардон кард.

Ҳамин тавр, устод Лоиқ худ эътироф мекунад, ки дар таълифи шеъри «Ба модарам» ва модарномаҳояш аз ашъори Эраҷ Мирзо ва Сергей Есенин баҳра бардоштааст. Ҳамин тавр, дар воқеъ, эҷоди шеъри мазкур заминаи адабии хосе дошт. Аммо ин ҷо бояд аз омили дигаре, ки хусусияти шахсӣ дорад ва ба рӯзгори хонаводагии шоир иртиботи мустақим мегирад, ёдовар шуд. Аз зиндагиномаи устод маълум аст ва онро эшон низ борҳо таъкид кардааст, ки дар рӯзгори сангини баъдиҷангӣ бори гарони зиндагӣ ва тарбияи кудакон ба дӯши модар афтода буд. Бинобар ин, дар зинда мондану ташаккули шахси ӯ модар ҷойгоҳи хоссае дошта, мушаххасоти он ҳама талошу заҳматҳои вай дар ҳофизаи шоир нақши ногусастанӣ баста будааст.

Ҳамин тавр, дар ҳамин заминаи адабиву шахсӣ ва диди замонӣ шеъри «Ба модарам» ба майдон омад. Ин ҷо аз ҳама муқаддамтар чеҳраи модари одии деҳоти дурдасти куҳистон ба тасвир омадааст, ки дар доираи расму одати суннатӣ зиндагӣ мекунад ва дар дами пирӣ низ вазифаву масъулияти худро фаромӯш накардааст, балки ба ёди фарзанд дар садади барои маъракаи тӯйи вай «ҷомаи домодӣ» ва «дастурхони гулдӯзӣ» дӯхтан аст. Бингаред, ки дар андешаи шоир модар дар чӣ вазъи ҷисмонӣ ва ахлоқиву равонӣ ба шеър ворид мешавад:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,

Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман.

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ.

Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,

Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,

Чӣ дунёест дунёи умеди ту,

Аё модар, аё модар!

Инак, пеши назар симои модари пире намудор мешавад, ки дар шабҳои сарди зимистон зери шамъи хирасӯзе кунҷи сандалӣ биншаста бо дастони ларзону чашмони камбини худ машғули дӯхтан аст, аммо на духту дӯзи одӣ, балки дастурхону ҷома барои фарзандаш, ки бояд ҷиҳози сури арӯсии ӯ шавад. Дар воқеъ, ин ҷо тамоми ҷузъиёт мушаххасу воқеӣ ва аз зиндагии муқаррарӣ гирифта шудааст. Модар низ ҳамингуна як зани муқаррарист ва ба иҷрои муқаррароти зиндагӣ ва рисолати модариаш машғул. Ва ин аз тафовутҳои асосии шеъри мазкур аз модарномаҳои пешини адабиёти тоҷикӣ мебошад.

Ва шоир минбаъд таърихи ҳамин зиндагии одиву муқаррарии модарро як-як ба хотир меоварад, ки онро дар як деҳ паси сар кардаву ҳаргиз аз он бурун нарафта ва гӯё гирду бари худ, дар дунёи хурду кӯчаки худ чарх гаштаву зиндагӣ кардааст. Дар ин маврид шоир табиӣ пурсише ба миён мегузорад, ки дар ин муҳити тангу маҳдуд «олами дар худ ниҳон»-и модар чӣ чизе дошта метавонад?! Дар воқеъ, ин суол дар зеҳни мо, аҳли нақду баррасӣ, низ бурӯз мекунад, ки чӣ тавр мешавад аз зиндагии одии як зани муқаррарӣ чеҳраи чашмнамо ва мондагору ибратбахше офарид, ки аслан аз вазоифи муҳимми адабиёту ҳунар аст?

Ва шоир минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳад, то аслу моҳияти «олами дар худ ниҳон»-и модарро бозгӯ карда бошад. Давоми шеърро мехонем:

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,

Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болини кӯдак,

Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.

Дили пайғамбарӣ ғунҷад даруни синаи кӯчак…

Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,

Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондӣ.

Шабонгоҳ мижа таҳ накарда, пӯхти кулчаи ширмол,

Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,

Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,

Аё модар, аё модар!

Пайдост, ки ин дунёи маънавӣ ва олами дар худ ниҳони модар ба муҳити зиндагии деҳоти куҳистон ва куллан урфу одат ва арзишҳои фарҳанги суннатии тоҷикӣ иртибот мегирад. Вай дар олами афкору андешаи мазҳабӣ ба сар мебарад: аз Худо ва оёту таъбирҳо барои тарбия ва ҳифзи фарзандҳояш аз газанду шикастҳо мадад меҷӯяд; зери болини кӯдак китоби «Ҳафтияк» (як пораи «Қуръон») мегузорад ва тавассути ин ҳама нияту боварҳояш мехоҳад то фарзандаш «бебоку далеру қаҳрамон» ба камол расад ва даруни синаи кӯчаки ӯ «дили пайғамбарон ғунҷад». Дар ин маврид низ устод Лоиқ воқеъбин аст ва дунёи андешаҳои модарро дар заминаи ҳақиқати воқеиӣ бозгӯ менамояд. Зиёда аз он, дар он даврон дар осори бадеӣ ва сухани адабӣ ҷой додани таркибу таъбирҳои зикршуда, ки ҳама мазҳабӣ ҳастанд, кори содае набуд ва боз ҳам барои як шоири навқалам. Зеро ба таври куллӣ ин тарзи тафаккур дар ҷомеаи динзудои шӯравӣ мамнӯъ ба шумор меомад. Ба ҳар ҳол чун ҳақиқати дунёи маънавии модарони деҳот (на танҳо модарон) чунин буд ва шоири ростандеш ба он содиқ монда буд, ки ин худ, бешубҳа, бояд як ҷасоорати адабӣ ба шумор ояд, ки дар канори худ ибтикороти ҳунариро ҳамроҳ дошт.

Ин ҳам муҳим аст, ки раёсати Иттиҳодияи нависандагон бо сарварии устод Турсунзода ба он ҳеч эътирозе накард, балки шеъри мазкурро писандид, ки ин низ худ як ҳодисаи аҷиб ва ибратомӯз аст. Гумон мекунам, ки як сабаби ин пазириш ба он иртибот мегирад, ки шеъри шоири ҷавон аз воқеъгароии қолабӣ ва хушки иҷтимоъгароёнае, ки адабиёти реализми сотсиалистӣ дар тасвири инсон талқин мекард, на, балки аслан бозгӯкунундаи ҳолти аслии дарунии ҳар яке аз онҳо низ буд. Ва дар ин равиши баёни ҳақиқати содаи пурмаънӣ асли дунёи маънавии зан-модари тоҷик таҷассум ёфта буд. Бесаба нест, ки пас аз ин таълифи модарномаҳо дар шеъри тоҷикӣ роиҷ гардид ва ҳатто устод Турсунзода дар ин равишу мавзӯъ чанд шеъри дар ҳақиқат милии инсонгароёна эҷод намуд.

Аммо «дунёи дар худ ниҳон»-и модари устод Лоиқ Шералӣ бо ин мушаххасот маҳдуд намемонад, балки боварҳо як ҷузъе аз маънавиёт ва орзуву омоли вай ҳастанд. Модар дар садади анҷом додани рисолати инсонӣ, ба қавли устод, «қарзи инсони»-и худ аст: ба ҳамаи он мушкилу тангии рӯзгор, номусоиди шароити зист нигоҳ накарда, дар дили фарзандон ҷаҳонеро ғунҷоиш додааст, то омодаи кору пайкор кардан, сангар гирифтан дар дифои марзу буми ватан бошанд. Хеле аз онҳо аз ин набардҳо барнагаштаву ҷон фишондаанд:

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,

Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ

Маро бигрифта зери пар.

Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз

Ҳамон сайёдҳои сайдгаштарафтагонатро,

Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Дар воқеъ, танҳо модар аст, ки марги фарзандҳоро бо ҳама сангиниву гарониаш таҳаммул карда, дар канори ғаму андӯҳи ҷудоӣ аз фарзандони ғурамаргаш, аз қаҳрамониҳои онҳо ифтихор ва дигаронро дар ҳамин руҳия раҳнамоӣ мекунад. Бисёр муҳим аст, зикри ин андешаҳо бе ҳеч гуна таъкиди махсус модарро ба иҷтимоъ ва таърихи мардумаш мепайвандад ва иштирокдору саҳими давру замон менамояд. Ин амал, албатта, ғарази шоир ҳам будааст, ки ба ин васила симои модарро такмил додаву таъмиму вусъат мебахшад. Ба қавли А. Сатторзода «Шоир бо зикри ҷузъиёте аз зиндагии содаи модари пираш – зани муштипари куҳистонии тоҷик ва олами дар худ ниҳони орзуву ормонҳои ӯ мисраъ ба мисраъ, байт ба байт ва банд ба банд мисли сураткаши чирадасте бо хатҳои ҷудогонаи равшан чеҳраи зинда ва бузургворонаи ӯро бо як самимият ва муҳаббати беандозаи фарзандӣ офаридааст».

Албатта, шеърҳои то имрӯз дар бораи модар таълифгардида, чӣ дар адабиёти тоҷикӣ ва чӣ дар адабиёти форсизабонон, хосса Эрон, ҳама олӣ, вале асосан аз зовияи васф ва мадҳу сано бо мақсади эҳтирому арҷниҳодан бар модар навишта шудаанд. Масалан, шеърҳои Эраҷ Мирзо «Модар», «Меҳри модар» (тамсил), «Насиҳат ба фарзанд», «Қалби модар», ки шуҳрати хосса дар байни мардуми тоҷик доштанду устод Лоиқ аз онҳо низ илҳом гирифтааст, дар шакли қитъа эҷод шуда, оҳанги насиҳату тавсиф дар онҳо болост. Аз ҷумла:

Писар, рав қадри модар дон, ки доим

Кашад ранҷи писар, бечора модар.

Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад

Туро беш аз падар, бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад

Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.

Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз,

Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.

Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад,

Шаб аз бими хатар, бечора модар.

Ба вақти зодани ту марги худро

Бигирад дар назар, бечора модар…

Набинад ҳеч кас заҳмат ба дунё

Зи модар бештар, бечора модар.

Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,

Ки дорад як писар, бечора модар.

Аммо модарномаҳои Сергей Есенин – «Мактуб ба модар», «Мактуби модар», «Ҷавоб ба мактуби модар» дар сабку равиши дигар – тасвигароии воқеъӣ таълиф шуда, пур аз ҷузъиёти ҳаётӣ аз зиндагии модари одии деҳотӣ мебошанд, ки чашм ба роҳи фарзанди ҷудоафтодаву оворагардаш аст. Масалан:

Зиндаӣ то ба ҳанӯз, зй модар,

Ман дуогӯӣ сари сахти туам.

Дар ҳама рӯи ҷаҳони дилгир

Ҷуз хаёли ту надорам ҳамдам.

Хабар омад, ки ту бо дидаи чор

Дар дари кулбаякат ҳар хуфтан

Мебароӣ ба сари роҳ ночор

Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан.

Сари ҳар шом яке фикри сиёҳ

Мекунад дилатро реш, модар, –

Задааст аз камари ман гӯё

Дар тарабхона касе бо ханҷар.

Гарчи андуҳи ҷудоист гарон

Чӣ кунам фикру хаёли ношод?

То наоям ба дари хонаамон,

Ман ба осонӣ нахоҳам ҷон дод…

(тарҷумаи Лоиқ)

Ва ин шеъру шеърҳои дигари Есенин иборат аз ҳамингуна тасвирҳои содаву аниқи зиндагии модару писари дурафтода, мушкилоти миёни онҳо, камбуду норасоиҳои одии рӯзгор, орзуи доштани зиндагии ороми хонаводагӣ, сарнавишти пурташвишу ҷӯяндагиҳои шоир дар замони инқилоб ва пас аз онро дар сурати воқеъгароии сифр фаро гирифтаанд, ки ҷузъиёт ва тасвироту паёми шеъри устод Лоиқ бо он хеле ҳамнаво мебошанд.

Бояд ёдовар шавем, ки устод худ эътироф карда, ки «дар шеърҳои «Модарнома» таъсири Есенину Эраҷ Мирзо ҳаст». Аммо «Ба модарам», ба фикри банда, дар иртибот ба ашъори Эраҷ Мирзо ва Сергей Есенин як тафовути муҳим, балки имтиёзи ҳунарӣ дорад ва он ҳам ба ҳам омадани сабки ду мактаб – шарқӣ ва ғарбӣ аз диди як шоири тозаназар ва имрӯзандеши тоҷик мебошад. Пас ба ҳам омадани ин ду мактаб аз чӣ ибрат аст? Яъне дар он ҳам талқини эҳтирому бузургдошти модари меҳрубон, тавсифу тамҷиди бузургии ӯ (Эраҷ Мирзо) ва ҳам зикру таъкиди муҳим будани рӯзгори муқаррарию воқеии вай (Сергей Есенин), яъне баёнӣ тавсифӣ ва нигориши воқеӣ ба ҳам омадаанд. Ба изофа, шеъри устод Лоиқ дар шакли муроҷиат ба модар ва ёдовариву дарки рӯзгори сипаришудаи ӯ (ки оҳанги такгӯи ботиниро низ дорад) эҷод шуда, тавассути андешаҳои зеҳнии шоир ғановати тозаи ҳунарӣ пайдо мекунад, тору пуди сухан ва лаҳни ривоят оҳанги дусадоӣ (гоҳо серсадоӣ) гирифта, дар маҷмуъ як таркиби сифатан тозаи бадеӣ ба вуҷуд меояд. Ва гумон меравад, ки шоир чун бузург гардид, аҳаммияти он талошҳои муқаррариро дарки тоза намуд, бо чашми дигар диду донист, ки он ҳама заҳамот на кори одӣ, балки бештар аз ҳамагуна қаҳрамонӣ будааст ва амиқ дарк намуд, ки аслу моҳияти зиндагии инсонӣ аз ҳамин кору амали хоксоронаи модарон бунёд ёфтааст.

Устод Лоиқ имкон ёфтааст, ки аз зовияи диди зеҳнӣ дар либоси ёдовариву хотироти худ, зикру таъкиди ҷузъёти муҳим ва пайванд додани рӯзгори одиву муқаррарӣ ва қаҳрамонона онро бишносонад ва дар пайванд бо раванди иҷимоии давру замон симои ҳамосии модари одии тоҷикро биофарад, ки асоси ҳамаи зебоиву хубӣ ва шарофатҳост ва сарнавишти ӯ ба инсону инсоният ҳамхон аст:

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро

Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.

Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо

Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.

Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,

Аё модар, аё модар!

Ва, ниҳоят, зоҳиран шеър боз ба ҳамон лаҳни оғозин бармегардад. Аммо бо мазмуни дигар. Шоир дигар модарро дар нафасҳои вопасини зиндагӣ аз ҳолати сахту андешаҳои ҳузангези гузашта берун кашидаву ба паноҳи ҳимояти худ мегирад ва дар ҳамин замина ӯро ба имрӯзиёну ояндагон пайванд медиҳад:

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!

Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!

Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,

На танҳо баҳри ман,

Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!

Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,

Аё модар, аё модар!

Инак, мо ба қадри тавон муҳтаво, дарунмоя, халлоқияту тозадидан ва паёми пурғунҷоиши шоирро, ки дар ин шеъри мунсаҳир ба фард нуҳуфтааст, бозгӯ намудем.

Нуктаи бисёр ибратбахш дар ин шеъри устод Лоиқ дар он аст, ки он на танҳо ба хотири дарунмоя ва чеҳранигории модар, балки аз ҳайси шаклу сабк ва тарзи баён, ҷузъиёти мавриди истифода, яъне дар кулл аз ҳайси поэтика низ асари ба худ хосе мебошад. Дар робита ба ин масъала устод Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сухансанҷ ва лоиқшинос, дуруст қайд мекунад, ки дар шеъри «Ба модарам» «…ҳама чиз нав буд: шеваи баён, тарзи тасвир, маъниҳо, тасвирҳо, вазн, қофия, забон, вусъати тасвир ва бардоштҳои шоирона».

Ба назари банда пеш азҳама лаҳни ин шеър ҷолиб мебошад. Он дар вазни ҳазаҷи мусаммани солим (V – – – / V- – – / V – – – / V – – -) навишта шудааст. Гоҳо шакли шикастаи он, яъне мусаддас низ мавриди истифода аст ва таркиби мураббаи «Аё модар, аё модар!» ба он афзуда мешавад, ки зоҳиран вазифаи нақаротро иҷро менамояд. Аммо дар кулл вазни шеър «ҳаҷази мусаммани солим» аст ва шикастанҳо ба он таҳрику зарби тозае илова месозанд.

Шеър дар шакли (қолаби) мусамман аст. Аммо ҳаминро низ афзудан лозим аст, ки шоир дар бандороӣ озодиро ихтиёр кардааст ва аз ин рӯ имкон надорад онро ба ҳеч як аз навъи суннатии мусамммат баста донем, зеро дар он қофиябандии ягона риоя намешавад ва адади сатрҳои ҳар банд низ яксон нест.

Ин ҷо табиӣ суоле ба миён меояд, ки агар ин шеър қолаби собити суннатӣ надорад, пас аз чӣ шакл шеър аст? Оё ин амали шоир огоҳона аст ва ё бар хилофи суннат рафтан. Гумон мекунам, ки ин корро танҳо дар заминаи суннати шеъри нави нимоӣ ва мудерни русӣ метавон тавзеҳ намуд. Замоне ки шеъри мазкур таълиф шуд, дар адабиёти тоҷикӣ ҳанӯз шеъри нимоӣ роиҷ набуд, вале ибтикороти шоирона вуҷуд дошт. Шеъри зинапояи (пилла пила) Маяковский, чаҳорпоранависӣ ё мураббаъгуна хеле зиёд ба чашм мерасид ва инҳо ҳама заминае ба шикастани қолаб ва вазн шуда метавонистанд ва ин шеъри тоҷикиро ба қабули ашъори нимоӣ ва эҷоди «шеъри нав» омада месохт. Бинобар ин, шеъри «Ба модарам»-и аз устод Лоиқ Шералӣ аввалин кӯшишҳо дар ин ҷода бояд ба шумор оварда шавад.

Аммо дар мавриди шеъри «Ба модарам» ҳамин нукта сидқ мекунад, ки дар он имконоти вазн (шакли мусамман ва мусаммату мураббаъ) дар иртибот зиндагии хоксоронаву амали қаҳрамононаи модар сабаби дар шакли ҳамосӣ ба тасвир омадани симои бузургворонаи ӯ ёрӣ кардаанд. Ба назари банда агар тасвири ҳамосӣ дар манзумаҳо бештар дар шакли мусаддас ва қолаби маснавӣ, ки имкони тӯли воқеа ва тасвири батафсили ҷузъиёт даст диҳад, пас дар шеъри ғиноӣ (ин ҷо шеъри мазкури Лоиқ дар назар аст) ҳамин имтидоди вазн (мусамман) имкон медиҳад, ки назару андешаи хонанда оҳистарав бошад, зиндагӣ, сифатҳо ва корномаҳои модар як-як намудор шаванд ва вусъат пай до намояд. Ҳамин тавр, на танҳо таъкид болои ҷузъиёти муҳимми зиндагӣ, тамҷиду тавсифи шоир сари бузургӣ ва абадияти модар, балки аносири шаклу вазн ин нуктаро собит мекунанд, балки барои таҷассуми симои муҳташами ӯ ёрӣ мерасонад. Аммо ин тасвири оҳистарав собиту қолабӣ нест, балки ботаҳрику пурмаънист. Масалан, шеър аз ёздаҳ банд иборат аст, ки ба ҷуз аз банди якуму панҷум дигар ҳама аз шаш мисраъ иборатанд. Агар куллан гӯем қофия дар бандҳо якдармиён аст, аммо ду мисраъи охири ҳар банд аз қофия озод ва ҳам сохтори хосу озоди мусаммат (тағйири адади мисраъҳои банд ва озодӣ дар қофиябандӣ) имкони тасвиркориро меафзоянд. Ин озодӣ шеърро аз лаҳни якнавохт берун мебарад, агар ба он ҷо-ҷо шикастани вазнро ҳам афзоем, пас шоир дар офаридани чеҳраи муаззаму заминии модар замина ва озодии лозима фароҳам овардааст.

Дигар хусусияти поэтикаи шеъри мазкур дар он зоҳир мешавад, ки дар он аз имконияти баёни насргуна, ривоятгарии ҳамосӣ фаровон ба кор гирифтаа шудааст. Ҳамчунин, бисёр ҷолиб аст, ки таркиби луғоти шеър сода аст ва дар назми муосир то он вақт камистифода ва ё ба нудрат во мехӯрданд. Сандалӣ, модари пир, ҷомаи домодӣ, рӯзи маърака, дили пайғамбарон, кулбаи пасти назарногири пур аз дуд, хобҳои рӯҳонӣ, нони беминнат, дами пирӣ, нафасҳои ғанимат, нафасҳои охирин, суруди ҳузнангез, дурахши охирини чамшмҳо, дили шабҳо… калимот ва таркибҳои баёнгари муҳити зист ва рӯзгори одиву чизҳои муқаррории як модари куҳистонии тоҷик мебошанд, ки шеърро замини ва воқеъӣ мекунанд.

Яъне ҳам муҳит ва ҳам андешаву ашё сода аст. Ҳатто чеҳраи модар низ аз ҷузъиёти муқаррарӣ таркиб ёфта: модари пир, дастони ларзон, чашмони камбин, дар қабзаи пирӣ, ларзидани дастон, бо гушаи қарси сафед пок кардани оби чашмон, оҳи тобнок, ба назди остон дом мондани сояи марг, лабҳои фурӯрафта, ожангҳои пурасрор… чеҳраи хоксоронаи зани умраш ба поён наздик омадаро таҷассум мекунанд. Аммо он чӣ умру рӯзгоре, ки ҳама иборат аз амал асту пӯёӣ. Инро чандомади вожаву таркиботи феълӣ (амалнигор), ки дар шеър зиёд аст, собит мекунанд. Диққат кунед: шикастани армон, обрӯ гирифтан, Худо гуфтан, оят хондан, таъбирҳо ҷустан, Ҳафтяк зери болин мондан, кулчаи ширӣ пӯхтан, хоб дидани фарзандҳои мурда, маргу андӯҳро пушти сар кардан, нахӯрдану напӯшида бо сад ранҷ парвардани фарзандон, зери пар гирифтан, хуни ҷигар шудан, дуои хайр гуфтан, мағфират ва раҳнамоӣ кардан ва ғайраву ва ҳоказо ҳама баёнгари дар такопӯи ҳамешагии амалу андеша будани модарро бармало месозанд. Ин ҳама ҷузъиёт чеҳраи модарро такмил мекунанду чандҷиҳата месозанд. Аммо шоир бо зикри ин муқаррарот иктифо намекунад, зеро симои комили модар чизе муаззамтару муқаддастар аст: он дастони ларзон шарафманду пурэъҷозанд, балки вай даруни кулбаи пасти назарногир ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондааст, аз ҷонфишониҳои фарзандон шараф андӯхтаст, бинобар ин ӯро аз фаро расидани марг тарсе нест, зеро ӯ охир ибтидои ибтидоҳост ва гулу нуру шарофат дар зиндагии инсон ёдгор аз ӯст!

Бале, мо ба ин натиҷагириҳои шоир ҳам аз тасвири айниву ҳам тавифҳои фоқеиаш бовар мекунем ва аз чӣ тавр симои ҳамосии модаро дар як шеъри ғиноӣ таҷассум карда тавонистани он аҳсан мехонем. Ба эътибори ин маҳосин метавон шеъри «Ба модарам»-ро ҳамосаи ғиноӣ номзад кард ва чун як саҳфаи муҷаллои шеъри муосири тоҷикӣ ба шумор овард.

Абдухолиқ НАБАВӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь