Бӯрӣ Каримов номе ошно барои бисёре аз мардуми Тоҷикистон, бахусус насли ҳамсоли мост. Агар иштибоҳ накунам, ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 номи ӯро вирди забонҳо кард. Албатта қабл аз он ҳам, номи Бӯрӣ Каримов ба унвони ҷавонтарин вазиру раис дар Тоҷикистон ва ҳатто паҳнои шӯравӣ матраҳ буд. Вале бештари мардум, мисли ман, бо ному чеҳраи ӯ дар оғози соли 1990 ошноии бештаре пайдо карданд. Он чи ки дар он солҳо ӯро маҳбуби дилҳо кард, ишқу алоқааш ба шеъру адабу сухан буд. Абёти зиёдеро аз ашъори шуарои муосир ва классики мо ҳифз карда буд ва дар мавриди зарурат барои тақвияти фикру андеша ва дидгоҳҳояш аз онҳо истифода мекард. Дар муқоиса бо бисёре аз раҳбарони он вақт, ки аз шеъру сухан фарсахҳо дур буданд, Бӯрӣ Каримов воқеъан ангуштнамо буд.

Аммо ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 сарнавишти ӯро ба гунае дигар рақам зад. Ба бовари бисёре, ӯ яке аз қурбониёни дасисаҳои сиёсии он солҳост.
Пеш аз оғози ҷанги дохилӣ Бӯрӣ Каримов аз саҳнаи сиёсат дур шуд ва аз масоили Тоҷикистон фосила гирифт. Мешунидем, ки дар Маскав ба сар мебарад ва машғули таҳқиқу пажуҳиш дар арсаи роҳу таробарӣ аст. Дар поёни даҳаи 1990 бо таъсиси маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан” ӯ дубора аз худ паём дод, аммо ин бор на ба унвони сиёсатмадор, балки ба унвони тарғибгари фарҳангу адаби мо.
Аввалин шаби шеъри Бозор Собир, шоири он солҳо муҳоҷири моро дар хонаи Бӯрӣ Каримов, дар маҳаллаи “Мехколонна”-и шаҳри Душанбе дар ёд дорам. Барои даҳҳо тан аз ошиқони ашъори Бозор Собир, ки баъд аз солҳои тӯлонӣ ба дидори шоири дӯстоштаашон расида буданд, ҳавлии бузурги Бӯрӣ Каримов тангӣ мекард. Он шом дар саҳни он ҳавлӣ ба қавле “агар сӯзан мепартофтанд, ба замин намерасид.” Як шаби пур аз эҳсосу ишқ, меҳру муҳаббат ва шеъру сухани воло буд! Ёди он шому он рӯз ба хайр бод!
Дигар ҳар куҷое Бӯрӣ Каримов пайдо мешуд, ҳатман чанд тан аз аҳли қалам ӯро ҳамроҳӣ мекарданд ва он ҷо сухан аз илму шеъру адаб буд. Маҳфили “Боргоҳи сухан” дар он айёми душвор ва ноором, қалбҳои ноумеди бисёре аз аҳли адабу фарҳангу ҳунарро ба зиндагӣ гармтар сохт, онҳоро ба эҷоди осори тоза роҳнамоӣ кард ва ёру ёвари адибони куҳансол ва танҳо гардид. Дар маҳфилҳои барпо кардаи Бӯрӣ Каримову ёронаш чеҳраҳои мондагори фарҳангу ҳунару адабиётамонро медидем, аз устодони бузурге чун зиндаёд Лоиқ Шералӣ гирифта то бузургмарди илму адаби миллати мо Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Бо мадади Бӯрӣ Каримов осори бисёре аз шоирону нависандагони мо дар Душанбе ва Маскав ба табъ расиданд, нашри маҷалла ва ҳафтаномаи “Боргоҳи сухан” ба роҳ монда шуд, ки тозатарин осори шоирону нависандагони моро ба нашр мерасонд. Бӯрӣ Каримов аз осори мансур ва манзуми худаш ҳам китобҳои зиёде чоп карда.
Таъсиси ҷоизаи “Боргоҳи сухан”, яке дигар аз тарҳҳои фарҳангии Бӯрӣ Каримов аст. Бузургтарин шахсиятҳо ва чеҳраҳои миллии мо барандаи ин ҷоиза шудаанд. Харҷи тамоми тадобири фарҳангию ҳунариро Бӯрӣ Каримов аз ҳисоби сармояҳои шахсии худ мепардохт ва мепардозад.
Ба шарофати дӯсту бародари азизам, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир банда низ саодати ошноӣ ва ҳамнишинӣ бо Бӯрӣ Каримовро доштам. Ҳар вақте ба Душанбе меомад, дар маҳфилу нишастҳои ғайрирасмӣ ва хусусӣ ӯро медидам, суҳбату суханрониҳояшро мешунидам. Медидам, ки бо вуҷуди дурӣ аз Тоҷикистон, қалбаш ҳамеша барои ин сарзамину ҳаммеҳанонаш метапад, мехоҳад кишвараш ободу пешрафта бошад ва дар ин росто ҳар коре ки аз дасташ сохта аст, дареғ намедорад.
Чанд бор дар ҷараёни сафарҳоям ба Маскав имкони дидору гуфтугӯ бо ӯро доштам. Ҳамеша дар такопу буд, ё ба сафари навбатӣ ба гушае аз ҷаҳон омодагӣ мегирифт ва ё тоза аз роҳ расида буд. Ба унвони мудири иҷроия, роҳбари дафтари шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ (СНГ), муовини раиси ин шӯро ва сардабири маҷаллаи “Роҳҳои ИДМ” (“Дороги Содружества Независимых Государств”) масъулияти зиёдеро бар дӯш дорад. Пайваста мекӯшад манофеъи Тоҷикистон дар тарҳҳои байнидавлатӣ дар бахши роҳу таробарӣ нодида гирифта нашавад. Ӯро дар ҳамаи ҷумҳуриҳои мустақили муштаракулманофеъ хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Бархе расонаҳои русӣ ӯро “Сафири ИДМ” ном мебаранд, ки ба назари мо бедалел нест. Ӯ дар мавриди масоилу мушкилоти арсаи роҳу нақлиёти кишварҳои пешини шӯравӣ иттилооти комил дорад ва метавонад дар ин бобат назароту пешниҳодоти ҷолибу тоза баён кунад. Ҳамчунин ӯро ба унвони коршиноси масоили иқтисодӣ ва сиёсии ҷамоҳири шӯравии собиқ мешиносанд.
Ёдам ҳаст, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар 4 марти соли 2012 барои бозтоби ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ мо, як гуруҳи чаҳорнафарии хабарнигорони Би-би-сӣ аз Душанбе ва Лондон ба пойтахти Русия рафта будем. Шоми рӯзи интихобот аз студиёи сайёре, ки дар гӯшае аз Майдони Сурхи Маскав дуруст карда буданд, иртиботи мустақим бо Лондон барқарор буд. Яке аз меҳмонҳои барномаи вижаи мо Бӯрӣ Каримов буд. Ӯ бо вуҷуди баста будани роҳҳои мунтаҳӣ ба Майдони Сурх чанд дақиқа пеш аз оғози барнома худро ба назди мо расонд. Ҳамкорам Ҷамолиддини Мусавӣ дар барномаи хабарӣ ба сурати зинда бо ӯ роҷеъ ба интихоботи он рӯз, сабабҳои пирӯзии Владимир Путин дар интихобот ва паёмадҳои пирӯзии ӯ барои Русия, кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва ҷаҳон бо сароҳат суҳбат кард. Он лаҳзаҳо ман аз доштани чунин ҳамватане, чунин тоҷике ва чунин инсоне ифтихор кардам. Зеро ӯ бо забони шево, бо далелу бурҳон ва эътимоди зиёд ба нафс суҳбат мекард ва ҳарфаш мантиқи қавӣ дошт.
Бори охир тобистони имсол ӯро дар маҳфили навбатии “Боргоҳи сухан” дар шаҳри Душанбе дидам, маҳфиле ки ба бузургдошти шахсият ва ҳунари нависандаи машҳури мо Тимур Зулфиқоров ва ҳунармандони соҳибном Шодӣ Солеҳ ва Ортиқи Қодир бахшида шуда буд. Ҳамчунон Бӯрӣ Каримовро дар талошу такопу дарёфтам, тарҳҳои муштаракеро дар бахши роҳу таробарӣ дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ мехост иҷро кунад. Ва албатта дар заминаи адабу фарҳанги миллии мо ҳам барномаҳоеро дар сар дошт.
Барои як тоҷик ва як фарзанди меҳандӯсти ин сарзамин ин қадар талошу пайкор дар роҳи муаррифии Тоҷикистон, ба вежа фарҳангу адабу ҳунари миллии мо воқеан қобили ситоиш аст. Фикр мекунам, Бӯрӣ Каримов ин панди Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро шиори худ дар зиндагӣ қарор дода:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Бешак, агар ҳар кадоми мо барои ободию шукуфоии кишвари азизамон ба андозаи Бӯрӣ Каримов саҳм бигирем, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зеботар ва шуҳраташ афзунтар хоҳад шуд.
Имсол Бӯрӣ Каримов ба синни мубораки 60 қадам мениҳад. Зиндагиномаи ӯ дар 30 соли ахир, яъне аз соли ба курсии вазири сохтмон ва баҳрабардорӣ аз роҳҳои автомобилрави Тоҷикистон такя заданаш то имрӯз, намоди шебу фарозҳо, шикасту рехтҳо ва пайванду ҷудоиҳои миллати мост. Бӯрӣ Каримов ҳам мисли Тоҷикистон афтодаю хеста, аммо бо ифтихору ғуруру сарбаландӣ ба сӯи мақсаду муродаш раҳсипор аст, яъне ба сӯйи шукуфоӣ ва рифоҳи мардуми кишвар. Худо кунад, ки ҳар ду ба муроди дилашон бирасанд!

Суҳроби ЗИЁ, журналист

Муаррифии «Самак»:
Бӯрӣ Каримов, мутаваллиди соли 1957 аст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор. Раҳбари котиботи шурои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ. Хатмкардаи Донишгоҳи политехник (1978) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984). Солҳои 1976-1986 дар ширкату корхонаҳои марбут ба сохтмони роҳҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Вазири сохтмон ва истифодабарии роҳҳои Тоҷикистон (1987-1989), муовини раиси шурои вазирон ва раиси кумитаи барномарезии давлатии Тоҷикистон (1989-1990) буд ва солҳои 1991-1995 дар Маскав таҳсилу кор кардааст. Аз соли 1995 то ҳоло дар сохтори шурои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ба унвони раҳбари котибот кор мекунад.
Муаллифи беш аз 200 рисола, аз ҷумла беш аз 25 китоб дар заминаи роҳҳо, иқтисод, муҳити зист, назму наср аст. Узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1997) ва узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон (2000) аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь