Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад. Дар ин миён ҳунари мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмӯъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ. Масалан, фалсафаи машҳури чинӣ, ки дар раъси он файласуфи бузург Конфутсий қарор дорад, бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут медонад. Ба қавли файласуфи чинӣ Конфутсий: «Шеър ба гунаи як нерӯи ахлоқӣ табиати моро дигаргун мекунад ва ҳисси ахлоқро ба мо илҳом мебахшад. Маниши мо аз шеър парварда шуда, бо ойинҳо бунёд гирифта, бо мусиқӣ комил мешавад» (ниг.: Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин. – Теҳрон, 1369.–С.56).

Дар қолаби асотири куҳани иронитаборон шахси нодор «бенаво» ва сарватманд «бонаво» талаққӣ шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки бенаво касе буд, ки имкони шунидани суруд ва мусиқиро надошта ё суруд хонда наметавонистааст. Бар мабнои ин, мафҳуми хунё зуҳур кард, ки маънои «хушнаво»-ро дошта, ба касе итлоқ мешудааст, ки имкони шунидани мусиқиро доштааст. Дар марзи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ имкони шунидани мусиқӣ ва дастрасӣ ба он аз авлавиятҳо маҳсуб меёфтааст ва мардум мекӯшидаанд, ки ба шунидани мусиқӣ ва дар ин замина, бардоштани завқу лаззати эстетикӣ шарафёб гарданд. Бар ин асос буд, ки бенавоён ба Баҳром арзу шикоят карданд, ки имкони шунидани мусиқӣ надоранд ва ӯ аз Ҳиндустон мусиқинавозонро даъват кард, то имкони шунидани мусиқӣ ҳосил шавад (ниг.:Ҷамолӣ Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дуввум. –Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.62). Дар «Шоҳнома» баҳра бурдан аз мусиқӣ ё набурдан аз он нишони тавонгарӣ (бонавоӣ) ва дарвешӣ (бенавоӣ) будааст. Ин аст, ки дар шаҳрҳои ормонии «Шоҳнома» аз ҳар кӯйе садои мусиқӣ баланд аст:

Ҳама шаҳр, гармобаю рӯду ҷӯй,

Ба ҳар барзане ромишу рангу бӯй.

Дар достони Ҷамшед тавассути ромишу мусиқӣ содир гардидани фармони Ҷам (шоҳ Ҷамшед дар назар аст) баёнгари он аст, ки фармону маншури  хукумат бояд ҳаммонанди овозу оҳанги мусиқӣ дилнавоз бошад. Матлабро ба чунин мазмун Ҳаким Фирдавсӣ  чунин хулоса кардааст:

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

(таваҷҷӯҳ шавад: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. –Теҳрон: Корвон, 1387. –С.56).

Дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бархӯрд мекунем, ки ҳамагӣ ҷараёни мусиқиписандии мардуми иронитаборро таҷассум менамоянд. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст (ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. -Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1212). Наво маънои овоз, оҳанг ва номи яке аз оҳангҳои мусиқии ирониро ифода мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.2419). Хунё бошад, ба маънои суруд, овоз, нағма далолат мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1044). Ҳар се вожа, аз лиҳози этимологӣ ё баромад форсӣ-тоҷикианд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ барои ифодаи мазомини мусиқавӣ корбаст шудаанд.

Вожаи мусиқӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз забони арабӣ ворид шудааст ва асли он юнонӣ буда, аз решаи «муза» (фариштаи ҳунар ва олиҳаи суруд дар асотири Юнон) бармеояд. Тибқи таъкидоти муҳаққиқон, инсонҳои қадим аввал ба садоҳои маъмулии табиат – ғурроси бод, шаршари об, гулдурроси раъду барқ, овози ҳайвонот, хониши парандаҳо тақлид мекардаанд ва зимни ҳамин тақлидкориҳо нидоҳои баланди иборат аз ду-се нағмаро истифода мебурданд(ниг.: Низомӣ Аслиддин. Таърихи мусиқии тоҷик. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. – С.10). Ба назари муҳаққиқон, санади бисёр арзанда ва қобили ғайриинкори комили шеър ва мусиқии мардуми форсу тоҷик дар даврони бостон сурудҳоест, ки ҳудуди 3500 сол пеш аз ин (1500 сол пеш аз милод) дар қаламрави Ирону Хуросон суруда шуда, ҳанӯз дар даст будааст ва он «Госоҳо»-и ашу Зардушт мебошад (Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандони иронӣ. Бахши аввал. –Теҳрон: Кумиш, 1384. -С.26). Ҳатто қабл аз сурудаҳои зардуштӣ ҳам мардуми форсу тоҷик ва умуман, ҷомеаи бостонӣ ба суруду мусиқӣ эҳтиром қойил буда, дар мушкилоту нобасомониҳои рӯзгор аз он мадад меҷустааст. Чуноне ки пештар ироа доштем, на ҳар кас имкони шунидани мусиқиро доштааст ва он дар дастрасии табақоти олирутба ва ашрофӣ қарор гирифта, мардум имкони шунидани мусиқиро надошт. Қатъи назар аз он ки мардум аз шунидани мусиқии ба истилоҳ, маданӣ, ки дар дарбор ва амокини салтанатӣ садо медодааст, бенасиб буданд, миёни худ замзама мекарданд ва оҳанг эҷод менамуданд. Ин аст, ки ҷараёни шинохт ва маърифати мусиқӣ дар миёни омма ба сабку равиши муқаррарӣ идома дошта, то имрӯз масири шунидан ва эҷоди мусиқии мардумӣ-халқӣ ҳамчунон ҷараён дорад.

Мусаллам аст, ки мусиқӣ бо шеър ҳамқадам ва ҳамқисмат аст ва аз бомдоди таърихи инсонӣ ҳар ду дар ҳамбастагӣ нидои эҳсосу авотифи мардумиро дар баробари мушкилоти заминию осмонӣ ифода мекарданд ва имрӯз ҳам, бо гузашти асрҳои тӯлонӣ мусиқӣ ва шеър зиндагӣ ва вуҷудро бар нозиндагӣ ва адам тарҷеҳ медиҳанд. Дар ин марз аст, ки мусиқӣ эҳсос, авотиф ва ормони инсониро дар мувоҷеҳа бо мушкилоти рӯзафзуни фалакӣ ва заминӣ буруз мекунад ва ба гӯши ҳастӣ мерасонад.

Мусиқӣ ҳунар аст, ҳунари бозофаринии инсон, ҳунари барангехтани эҳсосу отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму рӯҳ, санъати шинохти арзишҳои ботинӣ ва сириштӣ ва билохира офариниши ҷаҳони зебоӣ. Маънои мусиқӣ, қабл аз ҳама, дар озодӣ аст, озодии дарунӣ, ботинӣ ва ҳар гоҳ инсон аз мушкилоту даргириҳои зиндагӣ хаста мешавад, мехоҳад  аз тариқи суруду мусиқӣ хастагиашро ҷуброн созад. Ҳамин озодист, ки инсонро дар масири зиндагӣ ба шоистасолорӣ мерасонад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба эҳсоси зебоиписандӣ ва бурузи ғизои эстетикиаш марбут аст. Маҳз  талаботи эстетикӣ дар қиболи шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи озодии ботинӣ савқ медиҳад.

Ҳамасола нимаи аввали моҳи июн дар гӯшаву канори кишвар дӯстдорон ва алоқамандони овози Аҳмад Зоҳир ба ифтихори зодрӯзи хунёгари маъруфи Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир маҳфилу нишастҳои хотирмон доир менамоянд ва аз ин тариқ овозхони нотакрори фақидро ёд мекунанд. Устод Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 зода шуд ва дар ҳамин рӯз (14 июни соли 1979) дар синни 33-солагӣ оламро барои ҳамешагӣ тарк кард. Аммо садои нотакрори Аҳмад Зоҳир баъди 42 соли даргузашташ ҳам қалбҳои мухлисони шеъру оҳангу мусиқиро тарк намекунад ва барои онон пайваста паёми дӯстӣ, муҳаббат, самимият, латофат, одамият ва шарофат мерасонад. Суруди Аҳмад Зоҳир суруди сукуту хамӯшӣ нест, таронаи иттиҳоду ҳамбастагии инсоният аст. Дар партави сурудаҳои ӯ инсон гаҳ инқилобӣ мешавад, гаҳ ифтихорӣ, гаҳ маҳзуну гаҳе пурнишот. Хулоса, суруди Аҳмад Зоҳир суруди зиндагӣ, суруди муборизаю муқовимат, суруди ҷасорату ҷуръат ва билохира суруди одамият аст. Маҳз ҳамин навъ мушаххасоти оҳангу таронаҳои безаволи Аҳмад Зоҳирро ба назар гирифта, ҷомеаи маданӣ ба сӯйи дарки маонии сурудаҳояш мешитобаду мешитобад. Ба ин далел, бо ёдоварӣ ва гиромидошти ин чеҳраи маҳбуби ҳунари овозхонӣ ва хунёгарӣ суннат ва анъанаи меросбардорӣ идома ёфта, дар ин ҳошия зодрӯз ва ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳамасола таҷлил гардида, маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ бо ҳузури фаъоли мухлисону алоқамандони мусиқии асил доир мегардад.

Маъмулан, дар маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ, ки ба зодрӯзи устод Аҳмад Зоҳир ихтисос меёбанд, ҳунармандони ҷавон ва ҳаваскорон-ихлосмандони сабки сарояндагии овозхони шаҳир ширкат меварзанд. Доир намудани маҳфилу нишастҳои вежа ба ифтихори ҳунармандони нотакрори миллию фаромиллӣ халои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва фикрии моро комил месозанд ва насли ҷавонро ботинан, дарунан ва сириштан тағйир медиҳанд. Мо, ки таҷрибаи ширкат дар ҳамчунин маҳофили ҷашнӣ ва ҳунарию маданиро андак дорем, мушоҳида мекунем, ки ҷамъияти дӯстдори суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аз ҳисоби насли ҷавони ҷомеа сол ба сол дар кишвар афзоиш меёбад. Дигар ин ки болидарӯҳӣ ва фазои солими эҷодӣ, ки ҳамасола дар ҷараёни маҳофили фарҳангию ҳунарӣ ҳукфармо мегардад, назари куллиро ба ояндаи неки мамлакат тақвият мебахшад. Мусиқии асил ҳамеша торҳои завқу салиқаи бадеӣ-зебоиписандии инсонро бедор карда, рӯҳияи ӯро дар баробари мушкилоти равонӣ муқовиматпазир месозад. Ҳар қадар чунин маҳфилҳо зиёд шаванд, хамон қадар сатҳи буҳронҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ  ва маданӣ пойин меравад. Илова бар ин, мусиқии тавонманд, минҷумла оҳангу таронаҳои равоншод Аҳмад Зоҳир решаи хурофот, таассуб ва ҷаҳолатро, ки вопасгаройии ҷомеаҳоро дар пай доранд, заиф месозад ва роҳи муборизоти маданӣ ва ҳунариро бо чунин навъи «вабо» ҳамвор мекунад.

Мардум ва махсусан, ҷавонон, табиатан ташнаи шеъру суруданд ва шеъру суруди асил инсонро, новобаста аз тааллуқоти табақотӣ, динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию мафкуравӣ сифатан тағйир медиҳад. Мусиқӣ забони эҳсос ва отифат буда, аз он ҷиддӣ ва ҳадафмандона кор гирифтан баробар аст ба сохтани дунёи нав. Дунёи тоза ва ҷадиди меҳру муҳаббат ва самимияту отифат. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сурудҳои ҷовидонаи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир забони гӯёи муҳаббат, отифат, шарофат, самимият, латофат, ҷасорат, ҷуръат ва билохира инсоният мебошанд ва гиромидошти хотираи ӯ тавассути баргузории маҳфилҳои махсус ва аз ин тариқ тарғиби саросарии мусиқии зиндаи шарқӣ (дар мисоли мусиқии Аҳмад Зоҳир) рисолати миллӣ ва инсонист, ки, хушбахтона, дастандаркорони маҳфили ёдбуди хунёгар ҳамасола анҷом медиҳанд.

Зодрӯзи хунёгари маҳбуби Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир муборак бод! Бигзор, мусиқӣ ва ҳунари асил ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз танин андозад ва гарду ғубори яъсу навмедиро аз қалби ҳамватанон тоза бинамояд.

Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь