Чаро мусулмонон даҳ намуди солшуморӣ доранд?

Дар кори вақтшумориву тақвимсозии башар бештарин таъсирро маҳз дину бовару идеологияҳо ва пешвою паёмбарони онҳо гузоштаанд, ки пайравонашон оғози солшумориро мувофиқи замони таваллуд, зуҳур, ҳиҷрат, марг ё дигар ҳодисаҳои зиндагии онҳо муқаррар мекарданд. Чунин иқдомҳо сипас аз сӯйи қудратҳо ва сиёсатҳо ҳимоят ёфта, дар ҳавзаи нуфузи онҳо ба солшумории расмӣ ва тақвимҳои ҳатмӣ табдил ёфтаанд. Дар боби нақши давлатҳо дар ихтирои тақвимҳо зикри ҳамин нукта кофист, ки нахустин тақвимҳои Рими қадим маҳз бо мақсади танзими ҷадвали гирдоварии боҷу хироҷ аз мардум аз сӯйи андозчинон таҳия шудаанд, ки сипас ба «модари тақвимҳо» бадал гаштанд.

Вале тақвимсозӣ ба номи динҳову паёмбарон низ ба мушкили башар дар ҳисобгирии замон нуқта нагузошт, балки бисёрию бешумории худи дину оинҳо мавзуъро боз ҳам печидатар сохта буд. Зеро агар пайравони ҳар дину оин оғози солшумории худро аз таваллуди паёмбари худ гиранд, пас ҳудуди 24 000 тақвиму солшумории мухталиф пеш меомад. Албатта, на ҳамаи паёмбарон соҳибқавму соҳибкитоб будаанд, аммо агар ҳатто ба номи ниме аз онҳо ё даҳяки онҳо тақвим сохта мешуд, башар боз ҳам солшумориву тақвимҳои зиёде медошту байни онҳо саргум мемонд. Агар инро низ афзоем, ки бахше аз тақвимҳо на аз таваллуди паёмбарон, балки аз зуҳур, ҳиҷрат ё марги онҳо оғоз шудаанд, шумори солшуморию тақвимҳо боз ҳам меафзуд…

Дар тақвияти дарки ин ҳолат метавон ёдовар шуд, ки танҳо худи мусулмонон, ки ҳудудан чоряки башари имрӯзанд, илова бар солшумориҳои миллию суннатии худ ва тақвимҳои иқтибосии шарқию ғарбӣ, боз даҳҳо намуди солшумории исломии худро доранд ва истифода мекунанд. Албатта, машҳуртарин низоми солшумории мусулмонон солшумории ҳиҷрист, ки дар он сароғози ҳисоби таърих аз соли «ҳиҷрат» ё сафари ногузири Паёмбари ислом ва ёронаш аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадина муайян шудааст. Тибқи тақвими мелодӣ, ин ҳодиса ба соли 622-юм рост меояд ва он ҳамчун соли оғози аксари солшумориҳои исломист. Аммо солшумории «ҳиҷрӣ» дар навбати худ ба «ҳиҷрии шамсӣ» ва «ҳиҷрии қамарӣ» тақсим шудааст, ки то имрӯз дар кишварҳои гуногуни мусулмоннишин ҳамзамон кор бурда мешавад.

Дар равиши «ҳиҷрии шамсӣ» оғози солшуморӣ аз соли «ҳиҷрат» (баробар бо 622-и мелодӣ) гирифта мешавад, аммо ҳисоби рӯзу моҳҳои сол мувофиқи низоми офтобӣ (дар арабӣ «шамс»), яъне мувофиқи гардиши замин бар даври офтоб муайян гаштааст. Дар он соли пурраи 365,3 рӯза ҳосил мешавад ва рӯзи оғоз ва рӯзҳои оддии сол тағйир намеёбанд. Аммо дар равиши «ҳиҷрии қамарӣ» гарчанд оғози солшуморӣ аз соли «ҳиҷрат» гирифта мешавад, аммо ҳисоби рӯзу моҳҳои сол мувофиқи низоми моҳтоб (дар арабӣ «қамар»), яъне мувофиқи гардиши моҳ бар даври замин муайян гаштааст. Дар натиҷа, соли «қамарӣ» ҳар сол нисбат ба гардиши воқеии сол дар табиат 10-11 рӯз камтар омада, соли 354,2 рӯза ҳосил мешавад. Бинобар ин, дар солшумории «ҳиҷрии қамарӣ» ҳам рӯзи оғози ҳар сол ва ҳам рӯзҳои одии он дар муқоиса бо тақвими «шамсӣ» тағйир меёбанд. Масалан, агар имсол соли нав аз 1-уми январ сар шавад, соли оянда он метавонад 11 рӯз қафотар рафта, ба  20-уми декабр рост ояд, соли баъдӣ шояд ба 9-уми декабр…

Сабаби ҳар сол тағйир ёфтани вақти моҳи рамазон, айёми сафари ҳаҷ ё вақти идҳои мусулмонӣ низ дар ҳамин аст, ки онро бо усули «қамарӣ» ҳисоб мекунанд. Ҳамсолони мо шояд ёд доранд, ки як вақтҳо рамазон дар тобистон омада буду як вақтҳои дигар дар чиллаи зимистон. Ҳамин тавр, соли қамарӣ тақрибан дар 33 сол як бор такрор шуда, аз ҳисоби кӯтоҳии худ аз соли шамсӣ як сол пештар меравад. Дар 100 сол ин фарқият 3 солро ташкил мекунад. Бинобар ин, шахсе, ки ба солшумории шамсӣ 100 сола бошад, ба солшумории қамарӣ ҳудуди 103-сола мешавад. Дар ҳоле, ки он шахси хушбахти 100-сола ҳатман дар як синну соли мушаххас қарор дорад, аммо тақвимҳои гуногун метавонад чунин тафсирҳо кунанд, ки ин низ аз аҷоиботи солшуморист…

Вақти ба ҳисоби соли мелодӣ баргардондани соли қамарӣ низ илова бар ҷамъ кардани 622 сол, бояд он тафовутҳои 3-соларо, ки дар ҳар 100 сол ҳосил мешаванд, дар назар гирем.

Аммо солшумориҳои исломӣ бо шамсию қамарӣ хулоса намешаванд. Вақти сафарҳо ба Либиёи замони Муаммар Қаззофӣ шоҳид будам, ки дар ин кишвар навъе «тақвими набавӣ»-ро истифода мекарданд, ки он аз назари ҳисоби ҷараёни вақт моҳиятан солшумории қамарӣ буд (тибқи гардиши моҳ), аммо сароғози таърихро на аз ҳиҷрат, балки аз реҳлат, яъне соли вафоти Пайғамбари ислом мегирифт. Соли 2001 он ҷо ҳамагӣ соли 1369 буд.

Ё Афғонистони ҳамсояи мо феълан солшумории ҳиҷрии шамсиро истифода менамояд, аммо бо тафовут аз моҳшумории маъмули эронӣ (яздигурдӣ) чун «фарвардин», «урдибиҳишт», «хурдод», «тир», «мурдод» ва ғ…, моҳҳои маҳаллии суннатие чун «ҳамал», «савр», «ҷавзо», «саратон», «асад» ва ғ… ва ғайраро ба кор мегирад.

Ба гунае, ки буд:

Ибтидои ҳамал зи Наврӯз аст,

Ёд гираш, ки сивуяк рӯз аст.

(Бо вуҷуди аз расмият рафтан, чунин моҳҳо дар солшумориҳои суннатии мардуми тоҷик низ ҳанӯз истифода мешаванд: моҳи ҳамал, моҳи ҳуд, моҳи асад.)

Барои маълумот метавон афзуд, ки имрӯз беш аз 300 намуди тақвиму солшумориҳо мавҷуданд, ки машҳуртарини онҳо гоҳшумориҳои григорянӣ, юлианӣ, ҳиҷрӣ (шамсӣ ва қамарӣ), буддоӣ, римӣ, тибетӣ, ҳиндӣ, яҳудӣ, арманӣ, юнонӣ ва ғ. мебошанд. Боз ҳам барои мисол, ҳамин солеро, ки мо тибқи тақвими исавии григориянӣ соли 2022 медонем, ҳамзамон тибқи тақвими яҳудӣ соли 5782, тибқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ соли 1443, тибқи тақвими чинӣ соли 4719, тибқи тақвими юлиании калисои русӣ соли 7530, тибқи тақвими ҳиҷрии шамсӣ соли 1400 ва ғайра мебошад. Илова бар ин, аксари ин солҳо дар вақтҳои гуногуни соли хуршедӣ ё тропикӣ оғоз шуда, аз назари аввалу охири сол ҳам бо ҳам тамоман мутобиқат намекунанд.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки низоми табиии вақт дар табиат ҳама ҷо собит асту замон дар ҳама ҷо ҳамон як замон…

(Албатта, дар бораи андозагирии вазн, дарозӣ, масоҳат, ҳарорат ва ғайра низ диду таҷрибаву ченаку низомҳои ҳисоби башарӣ бисёр гуногун аст, ки он низ барои завқмандону ҷустуҷӯгарон баҳсе бисёр ҷолиб мебуд. Он ҷо низ метавон дид, ки ҳама чиз дар ҳама ҷои ҷаҳон ба ин содагӣ бо метру километру сантиметру милиметр ё бо гарму килограм чен карда намешавад. Мушкили бузурги ин ченакҳои барои мо бисёр одишударо пас яз як хариди муфассал дар бозори меваи Пекин ё Кобул метавон бисёр дақиқ дарк кард. Ё вақте дар як фурӯшгоҳи Амрико андозаи пироҳане бо 12 низоми андозагирӣ нишон дода шуда бошад ва Шумо дунболи мушовирони он гардед, ки андозаи 40-уми аврупоӣ чанд мешавад…)

Мафҳуми «солшумории мелодӣ» чист?

Тавре омад, дар талошҳои башар барои тасаллут бар замон ва танзими вақт динҳо ва таълимоти гуногуни ақидатӣ таъсири зиёде доштаанд ва таърихро бо номи худу паёмбарони худ танзим кардаанд. Аз ҷумла, пайравони дини насронӣ (масеҳӣ) дар асрҳои миёна оғози солшуморӣ ва тақвимро аз соли таваллуди пайғамбарашон Ҳазрати Исо қарор дода, тамоми таърихи ҳастӣ ва башарро ба ду давраи «то таваллуди Исо» ва «пас аз таваллуди Исо» тақсим намудаанд. Дар ин тақвими онҳо Исо чун нуқтаи ҳисоб дар меҳвари таърих қарор гирифта, замон ё то Исо ва ё пас аз Исо дониста шудааст. Аз сабабе, ки дар арабию тоҷикӣ ба мафҳуми таваллуд «мелод» низ гуфта мешавад, аз чунин тартиби солшуморӣ мафҳуми «мелодӣ» ё «солшумории мелодӣ» ба вуҷуд омад. Яъне солшуморие, ки аз соли мелодии пайғамбар Исои Масеҳ оғоз мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба сифати «Масеҳ» (масҳкунанда, ба воситаи соиши даст зиндакунандаи мурдагон) доштани ҳазрати Исо, дар забони мо мафҳуми солшумории «масеҳӣ» низ пайдо шуд. Ва ин ҳам аз аҷоиботи фарҳангу забони мост, ки дар он пайравони ҳазрати Исоро бо чандин истилоҳи комилан гуногун ифода мекунанд, ки ҳар яке тобиши хоса дошта, машҳуртаринашон «масеҳӣ», «исавӣ», «насронӣ» (шакли ҷамъаш «насоро»), «салибӣ», «тарсо» ва инак ҳатто «христианӣ» ва ғ. мебошад. Аз ин рӯ, мафҳумҳое чун солшумориҳои «мелодӣ», «исавӣ», «масеҳӣ», «насронӣ» ва ғ. дар ин маврид ҳаммаъно мебошанд.

Оё давраи «то мелод» низ таърих ва замони мост?

Гузашта аз ин, пайравони ҳазрати Исо мелоди ӯро на танҳо чун оғози шумориши нави замон, балки чун меъёри ҳисобгирии замонҳои гузашта низ муқаррар карданд. Яъне ҳар чизе, ки то мелоди ӯ будааст, акнун аз соли якуми мелодӣ баръакс ё чаппа ҳисоб мешавад, ки ин «роҳи ҳал» худ ба як мушкилаи дигари таърихнигорию таърихомӯзӣ табдил шуд. Ҳамин тавр, барои ҳисоби замонҳои гузашта мафҳуми боз ҳам шартии «пеш аз мелод» ба вуҷуд омад. Ин мафҳум тамоми таърихи миллионсолаҳои ҷаҳон ва ҳазорсолаҳои башарро ба он сӯйи ин хатти сурх андохта, мафҳуми «пеш аз мелод»-ро ҳамчун ифодагари ҷаҳони куҳани қабл аз зуҳури масеҳият фарз мекунад. Дар ин тартиби нав тӯли ҳодисаҳо, умри одамон, даври ҳокимияти низомҳо ва ғ. бояд баръакс ҳисоб карда шавад. Масалан, Искандари Мақдунӣ аз соли 356 то соли 323-юми «пеш аз мелод» зиндагӣ кардааст, ки рақами соли таваллудаш бузургтар аз рақами соли маргаш мешавад. Империяи Ҳахоманишиён аз асри 6 то 4-и «пеш аз мелод» ҳукумат доштаанд, ки он ҳам ҳисоби маъкус аст. Шумориши комилан шартие, ки на танҳо ба воқеияти замон, балки ба ақл низ чандон рост намеомад…

Мафҳуми дигаре, ки дар натиҷаи чунин шумориши исомеҳвари таърих дар илму забони мо низ ҷорӣ шуд, ибораи «замони мо» ё «давраи мо» мебошад. Решаи ибора низ ҳамон аст, ки масеҳиён таърихи башариро ба давраи то Масеҳ ва баъди Масеҳ тақсим карда, давраи пас аз мелоди ӯро «даврони мо» (дар англисӣ «Common Era» ё CE, дар русӣ «наша Эра» ё Н.Э.) ва давраи то мелоди Масеҳро «то даврони мо» номиданд, ки ба тоҷикӣ низ омадааст. Бинобар ин масеҳиён агар чизеро дар ҳудуди чор ҳазор сол пештар аз имрӯз ифода кунанд, истилоҳи ду ҳазор сол пеш «аз замони мо»-ро истифода менамоянд. Яъне чор ҳазор сол аз ҷамъ кардани ду ҳазор соли «мелодӣ» ва ду ҳазор соли «пеш аз мелод» ҳосил мешавад.

Ин аст, ки бо пайравӣ аз ҳамон «мо»-и ибораи «замони мо», ки барои ғарбиёну масеҳиён дар ҳақиқат мафҳуми худӣ дорад, таърихнависони тоҷик низ дар китобҳояшон ҳодисаҳои пеш аз мелоди Исоро «пеш аз замони мо» ва пас аз онро «дар замони мо» менависанд. Сирфан динасос будани ин мафҳум дар он низ ифода мешуд, ки дар қомусҳои даврони Шӯравӣ аксаран онро на дар шакли «замони мо», балки дар шакли «давраи Масеҳият» («христианская эра», хр.э.) ва «давраи пеш аз Масеҳият» («до христианской эры», до хр.э.) ифода мекарданд. Дар матнҳои англисӣ низ ба ҷои истилоҳи «пеш аз мелод» ҳамзамон шакли динмазмуни «ВС» ё «Before Christ» («Пеш аз Исо» ё «Пеш аз масеҳият») низ корбурд дорад.

Албатта, ҳоло дар илму фарҳанги мо ин истилоҳ мафҳуми динию тамаддунии худро пурра аз даст дода, сирфан ҳамчун ченаки андозагирии замон аз «нуктаи сифр»-и солшуморӣ ба ду тараф истифода мегардад. Ё ақаллан, ин «мо» назди мо ба маънои «мо – башари муосир», фаҳмида мешавад. Ё ҳазор сол пеш аз оғози солшумории имрӯзаи мо…

Муаммои «рӯзи таваллуди Исо» дар чист?

Дар талоши андозагирии беҳтари замон ва танзими беҳтари вақт, соли 1582 дар Аврупо ислоҳоти амиқи тақвимӣ амалӣ шуда, тақвими нави «григорианӣ» ҷорӣ карда шуд. Он бар асоси тақвими қадими юлианӣ ва ба ривояте бар асоси «тақвими ҷалолӣ» аз тарафи Папаи Рум Григорийи XIII ҷорӣ шудааст, ки ба номи ҳамин папа машҳур аст. (Албатта дар забони тоҷикӣ ба ҷойи истилоҳи «григориянӣ» ин солшумориро «григорӣ» гуфтан дурусттару беҳтару равонтар мебуд.) Ин тақвим нахустин низоме буд, ки бо гузашти ҳудуди 600 сол аз таваллуди Исо оғози солшумориро аз соли фарзии таваллуди ӯ ва оғози солро аз рӯзи 1-уми январ қарор дод. Дар тақвими масеҳии византӣ, ки аз соли 988 истифода мешуд, солшуморӣ аз соли якуми «оғози офариниши ҷаҳон» ҳисоб карда мешуд.

Фарқияти тақвими нави григориянӣ аз тақвими юлиании соли 45-уми пеш аз мелод дар он буд, ки тақвими нав соли хуршедиро маҳз 365,2425 рӯз гирифта, тӯли солро бо гаштани пурраи замин бар даври офтоб ё соли тропикӣ мутобиқ намуд. Зеро дар тақвими юлианӣ сол кӯтоҳтар буда, дар 128 сол як рӯз қафо мемонд, ки дар тӯли истифодааш ҳамагӣ ҳудуди 10 рӯз аз ҳолати табиии сол қафо монда буд. Он вақт барои мувофиқ шудани тақвим бо табиат (бо низоми гардиши замин бар даври офтоб), калисои масеҳӣ ба иқдоми нодире даст зада, якбора 10 рӯзро аз замон «ихтисор» карда, «ба таърих илова намуд» ва фардои рӯзи 4-уми октябри соли 1582-ро на 5-уми октябр, балки 15 октябр ҳисоб кард. (Ин ҳодисаи таърихии «10 рӯз ихтисор кардани замон» низ то чӣ ҳад шартӣ ва сунъӣ будани тақвимҳо нисбат ба замон ва табиати воқеиро нишон медиҳад.)

Гарчи бар низоми офтобӣ такя кардани тақвими григориянӣ онро хеле такмил карда буд, аммо дар рӯзи 1-уми январ қарор додани оғози Соли нав дар ин тақвим боис шуд, ки ин солшуморӣ ба тағйироти фаслҳои сол ва ҷобаҷоии бурҷҳои табиию нуҷумии сол умуман мувофиқ набошад. Аз ҷумла, моҳҳои он бо фаслҳои табии сол мутобиқат намекарданд, ки ин мушкилаи ин тақвим то имрӯз идома дорад.

Аммо илова бар ин, гарчи солшумории григориянӣ «мелодӣ» ва «масеҳӣ» дониста мешавад, аммо дар ин масъалаҳо низ дар даруни худ баҳсҳои ҷиддие дорад. Зеро аввалан, аксари моҳҳои он ба ному эҳтироми худоёни бостонии Руму Юнон номгузорӣ шуда, баъзе аз онҳо аз рақамҳои юнонию лотинӣ гирифта шудаанд. Ному маънои ягон моҳи ин солшумории «масеҳӣ» дар асоси номи шахсиятҳо ё мафҳуму арзишҳои динӣ масеҳӣ сохта нашудааст.

Сониян, агар оғози ин солшуморӣ шартан аз соли таваллуди ҳазрати Исо, ҳамчун соли шартии «сифр» қабул шуда бошад, дар асл на дар назди дин ва на дар назди илм соли таваллуди Исо қатъан маълум ва мушаххас нест. Худи сарчашмаҳои қадиму муосири динии масеҳӣ ва манбаъҳои илмии ғарбӣ дар ин боб баҳсҳои васеъ дошта, соли таваллуди ӯро дар вариантҳои гуногун байни солҳои «12-уми то мелод» то соли «6-уми пас аз мелод» нишон додаанд. Ин ба он маъност, ки худи оғози солшумории нави григориянӣ ва интихоби соли «сифр» дар он эҳтимоли аз 1 то 18 сол иштибоҳ будан дорад. Сеюм, агар оғози солшуморӣ дар ин тақвим «мелоди Исо» интихоб шуда бошад ва ба ҳамин сабаб «мелодӣ» номида шавад, вале оғози худи солҳо дар он, яъне аз рӯзи 1-уми моҳи январ сар шудани соли тақвимӣ ба тавалуди Исо ягон муносибат надорад. Балки рӯзи 1-уми январ ҳамчун рӯзи якуми сол садҳо сол пеш аз таваллуди Исо дар Руми қадим маъмул буда, онро соли 45-уми пеш аз мелод, яъне дақиқан 45 сол пеш аз таваллуд шудани ҳазрати Исо, императори машҳури Рум Юлий Сезар (солҳои 100-44 то мелод) ҳангоми ҷорӣ намудани тақвими худ, ки ҳамчун «тақвими юлианӣ» (дурусттараш – «ҷулиёнӣ») машҳур аст, муқаррар ва расмӣ карда буд. Табиист, ки вақте римиҳо дар тақвими навашон санаи 1-уми январро ҳамчун рӯзи оғози соли нав қабул карданд, аз худи Исо ва омадани ӯ, ки ним аср баъдтар рух дод, ҳеч хабаре надоштанд. Аз ин рӯ, як санаи динии масеҳӣ ё Соли нави масеҳӣ донистани якуми январ асоси илмӣ ва таърихӣ надорад.

Чорум, дар сарчашмаҳои динӣ ва таърихии масеҳиён худи рӯзи таваллуди Исо низ мавзӯи баҳснок буда, фарзияҳои хаттӣ дар ин бора танҳо аз замони ду аср пас аз зиндагии ӯ дастрас мебошанд. Агар мазмуни онҳоро хулоса кунем, дар ин сарчашмаҳо рӯзи таваллуди Исо на ба 1-уми январ, балки аксаран ба рӯзи 25-уми моҳи декабр рост меояд. Ин ба он маъност, ки рӯзи 1-уми январ аз назари худи сарчашмаҳои исавӣ ҳам рӯзи таваллуди Исо ҳисоб намешавад.

Панҷум, гарчи дар тақвими григориянӣ соли тақрибии таваллуди Исо ҳамчун оғози солшуморӣ қабул гаштааст, аммо рӯзи таваллуди Исо ҳамчун рӯзи саршавии сол ё Соли нав муайян нагаштааст. Баръакси ин, дар натиҷаи қабули ин тақвим, рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ё ҷашни мелоди ӯ («Cristmas» ё «Рождество») акнун ба 25-уми декабр, яъне 6 рӯз пеш аз рӯзи оғози Соли нав рост меояд. Пайравони равияҳои католикӣ ва протестантии дини насронӣ, ки аксарияти мутлақи масеҳиёни ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва тақвими григориянии соли 1582-ро пазируфтаанд, рӯзи таваллуди Исоро маҳз ҳамин рӯз ҷашн мегиранд. Аммо мутобиқи тақвими юлианӣ, ки хусусан калисои православии русӣ то имрӯз аз он даст накашидааст, ҷашни Мелоди Масеҳ ё Рождество рӯзи 7-уми январ таҷлил мешавад. Калисои арманӣ онро ҳанӯз рӯзи 6-уми январ меҳисобад. 7-уми январ низ ҳамон 25-уми декабр бо ҳисоби тақвими нав аст. (Тавофути 13 рӯз байни 25-уми декабр то 7-уми январ дар натиҷаи вақти ислоҳот аз тақвим «ихтисор» шудани 10 рӯз дар соли 1582 ва низ пайдо шудани камомади 3 рӯзи дигар дар тақвими юлианӣ то асри бистум ҳосил гаштааст.)

Ҳолати шашуме, ки аз назари худи масеҳиён рӯзи таваллуди Исо набудани 1-уми январ ё Соли навро нишон медиҳад, ҳудуди ҳазор сол пас аз таваллуди Исо дар соли 988 аз тарафи худи онҳо қабул шудани тақвими византӣ аст, ки дар он оғози соли нав на 1-уми январ, балки 1-уми сентябр муқаррар шуда буд ва рӯзи таваллуди Исо ҳамоно 7-уми январ (25-уми декабр) ҳисоб мешуд. Танҳо пас аз қабули тақвими григориянӣ дар соли 1582 оғози сол дубора ба 1-уми январи юлианӣ оварда шуд. Дар Русия низ тибқи тақвими византӣ то фармони машҳури Петр дар соли 1699 оғози соли нав 1-уми сентябр буд ва танҳо аз он сол 1-уми январ ҳисоб шуд. (Тавре омад, яке аз вижагиҳои беназири тақвими византӣ истифодаи мафҳуми «оғози офариниши ҷаҳон» буда, онро ба соли 5508-уми пеш аз таваллуди Исо баробар медонист. Аз ин рӯ, тибқи он тақвими машҳури таърихӣ, имсол соли 7530 аз «оғози офариниши ҷаҳон» аст.

Ҳолати ҳафтуми тасдиқкунандаи ин андеша, сарнавишти «Соли нав» дар худи Русия аст. Зеро дар таърихи он соли нав дар давраҳои гуногун 22-уми декабр (мутобиқ бо шаби Ялдо), 22-юми март (мутобиқ бо Наврӯз), 1-уми сентябр (тибқи тақвими византӣ), 1-уми январ (тибқи ислоҳоти Пётри 1-ум) ва ғайра ҷашн гирифта мешуд. Ҳоло ҳам калисои православии рус оғози солро аз рӯзи 1-уми сентябр мешуморад ва ҷашни Мелоди Масеҳро рӯзи 7-уми январ медонад.

Ҳамин тавр, дар ягон ҳолат рӯзи таваллуди Исо ба рӯзи 1-уми январ рост намеояд ва оғози Соли нав дар ин рӯз ба маънои зодрӯзи Исо фаҳмида намешавад.

Соли наврасидаи ҳамаи Шумо тибқи ҳамаи тақвимҳо гиромӣ ва муборак бод!

Абдулло РАҲНАМО

АЗ РЕДАКСИЯ: Маводи мазкур соли 2022 дар сомонаи rahnamo.com гузошта шуда алҳол дар шакли ихтисор нашр шудааст…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь