Устод Алиқул Девонақулов (20.07.1928-28.12.2009) марди шариф ва заковатманде буда, умуман худро муаррифӣ намекард ва ҳатто солонаҳои ифтихории худро ҳам ҷашн гирифтан намемонд. Мо, дӯстон борҳо ҳафтоду ҳаштодсолагии ӯро қайд кардан хостем, вале ӯ ҳаргиз розигӣ намедод. Менавишту чоп мекард ва ҳеҷ гоҳ аз навишт даст накашид. Аз шоирони асрҳои миёна қариб касе намонда буд, ки вай осорашонро таҳия ва дар бораи онҳо нанавишта бошад. Ҳатто дар мавридҳои мусоид ба мавзуъҳои адабиёти бостон ва замони имрӯз низ дахл карда, ёдгорие аз онҳо таҳқиқ менамуд. Бештар онҳоеро мавриди таҳқиқ қарор медод, ки дар бораашон таҳқиқот бурда нашуда бошанд ва ҳамеша аз пайи таҳлилу тадқиқи асарҳои классикони форсу тоҷик мешуд.

Вай фақат менавишт. Нашрхонаҳо навиштаҳояшро чоп мекарданд, вале  вай рӯйхати асарҳояшро ҳам таҳия накарда ва инро барои худ як чизи зиёдатӣ медонист. “Ба касе даркор шавем, худашон ёфта мегиранд” мегуфт. Пуркору олиҳиммат, хоксору соҳибқалам буд ва ба касе коре надошт, лекин аз ваҷоҳаташ кас ибо менамуд, баъзеҳо аз наздик шудан меҳаросиданд. Бо ришу мӯйи ғӯлӣ ба Карл Маркс шабоҳат дошт. Ба гуфти худи ӯ, як рӯз дар майдончаи зироати назди хонааш, ки дар паҳлуи роҳ ҷой дошт, деҳқонӣ карда истодан як мард аз мошин фуромада наздаш меояд ва дуру дароз ба ӯ нигариста, мегӯяд: гумон кардам, ки Марксро зинда мебинам. Ҳар ду ба ҳам бағал кушода вохӯрӣ мекунанд ва баъд он марди ношинос як коғази 100-доллараро ба дасташ дода, ҳақи ноштои ҳар дуямон гуфиа гузашта меравад. Устод дар мулоҳиза қатъӣ, дар масъалаҳои илм рӯйи хотир надошта, бо ҳар бузургмарде  дар  илму дониш рӯирост иддао менамуд.

Аз устод Алиқул Девонақулов асарҳои зиёд боқист, ки мо ”Асрори номҳои кишвар” ва силсилаи мақолаҳоро дар китоби “Баргузидаи осор” (2013) чоп карда будем. Лекин ҳамон вақт рисолаи дар бораи “Насиҳатнома” навиштаи устод Алиқул Девонақуловро пайдо карда натавонистем. Он солҳо рисоларо аз Самарқанд дастрас намудан хеле душвор буд. Дертар рисола, хушбахтона, бо кӯмаки доктори илми филология, профессор Ҷумъа Ҳамро пайдо нимудем, ки ҳоло дар қисми аввали ин китоб ҷойгир шудааст.

Устод Алиқул Девонақулов аз он замон, ки донишгоҳи миллиро бо баҳои аъло хатм карда, ба шуъбаи шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шуда (1959), аз ҳамон вақт дар вазифаҳои гуногуни аз лаборанти калону ходими хурди илмӣ то ходими калону ходими пешбари илмӣ, аз соли 1972 дар муддати 20 сол ҳамчун мудири сектори нашри осор асарҳои бисёр донишмандони фалсафаю ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои илмро таҳия, тадқиқ ва тадвин кардааст. Диққат додан ба нозукиҳои илми адабию фарҳангӣ ва нақди адабии классикӣ вайро боз ба ҷойи аввалааш, ки шуъбаи шарқшиносӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ номнавис шуда буд, овард ва дар ин ҷо аз соли 1992 ҳамчун ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи нашри осори илмӣ (1993-1998), мудири шуъбаи таҳқиқ ва нашри осор (1998-2000), мушовири мудири ин шуъба (2006) то охири умр кор кардааст. Дар он миён асарҳои адабӣ, фалсафӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳои илмро зиёд ба нашр омода кард ва тадқиқу тадвин намуд. Зарур аст, ки мо феҳристи осори ӯро ба вуҷуд орем. Он гоҳ тамоми фаъолияти эҷодии устодро равшан намудор кардан муяссар мегардад. Мутахассиси пешбари Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабой Раҷабов ин вазифаро ба уҳда доштааст, ки дар охири китоб ҷой дода шуд.

Яке аз муҳимтарин рисолаи ӯ тадқиқот дар бораи Унсурулмаолии Кайковус ва Насиҳатнома (Қобуснома) мебошад, ки лар солҳои аввали фаъолияти эҷодиаш навишта, соли 1968 дар Самарқанд дифоъ кардааст. Ин рисола аз пурбортарин навиштаҳои муаллиф мебошад, ки дар он ҳамаи маъхазҳои дар дунё навиштаю чопкардаи олимону донишмандони ҷаҳонро ба мисли Э. Браун, А. Кримский, Е.Бертелс, С. Нафисӣ, И.Брагинский ва бисёри дигаронро, ки беш аз сад номгӯй мебошанд, ҳамаро аз забонҳои гуногуни дунё дастрас намудаву тадқиқ кардааст. Рисола пурмуҳтавою хоно навишта шуда, ҳамаи масъалаҳои дар он фаро гирифтаро таҳқиқ менамояд. Муаллиф фармудааст: Унсурулмаолӣ Кайковус ин асарро барои писараш Гелоншоҳ навиштааст, ки вай бояд хидматҳои дар ҷомеа кардаи аҷдодонаш ва аҳли Заёрро фаромӯш накарда, ҳамаи сифатҳои дар ҷомеа доштаи онҳоро чун қаҳрамонӣ, паҳлавонӣ, далерию мардонагӣ, дигар фазилатҳои ашрофони замонашро идома диҳад. Ба фикри Низомулмулк, мардуми Хуросону Табаристон мардуми далеру ҷанговар ва шуҷоатманд буда, пеши мардуми истилогар ҳеҷ гоҳ сари итоат хам накардааст. Аҳли Заёр худро аз хонадони Сосониён шинохта, бо ғосибон ҳамеша муқовимат карда, то замони Салчуқиён давлатдориашонро давом дода омадаанд.

Алиқул Девонақулов ҳамаи масъалаҳои ахлоқие, ки дар китоб оварда шудаанд: омӯхтани илму дониш, эҳтироми падару модар, ҳунаромӯзӣ, суханварию давлатдорӣ, дӯстию ҷавонмардӣ, меҳмондорӣ, занхоҳию ишқварзӣ ва бисёр чунин сифатҳои шарифро, ки ҳамеша мунису ҳамдами инсоният мебошанд, аввал дар шахси қаҳрамони асар парвариш карда, аз забони шахсони таърихӣ баён менамояд. Э.Браун “Насиҳатнома”-ро аз “Сиёсатнома” баланд ва аз “Гулистон” поёнтар навишташуда медонад.

Муаллиф ҳамчунин дар бораи таърихи ватани азизаш андеша карданро дӯст медошт. Ӯ номҳои зиёди ҷуғрофиро аз навиштаҳои бостоншиносон ва таърихномаю асарҳои луғавӣ кофта ёфта, маълумоти дақиқ ва пурарзиш медод, ки қисме дар шакли китоб  бо номи “Асрори номҳои кишвар” (1991) ба табъ расидаанд. Муаллиф мехост, ки боз таҳқиқи таърихи номҳои кишварро давом диҳад ва дар ин атроф солҳои зиёд худро омода менамуд, вале ин имкон бо шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ дастнорас шуда монд. Муҳаққиқ дар яке аз суҳбатҳо ба суоли мухбирбонуе ин тавр ҷавоб гуфтааст: “Лекин бо сабабҳои  нофаҳмиҳои ҳамдигарӣ ин орзуям ҷомаи амал напӯшид. Гумон мекунам, беҳтарин ёқути орзуи зиндагиям, таълифи қисмати дуюми китоби «Асрори номҳои кишвар» мисли ғӯраи сармозада дар вуҷуди ман мебошад”.

Баъд ба таҳия ва нашр омода кардани “Насиҳатнома”-и Унсурулмаолӣ Кайковус, “Вис ва Ромин”-и Фахриддини Гургонӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (ҷилдҳои 7, 8, 9), Китобут-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, Куллиёти осори Носири Хусрави Қубодиёнӣ (29 адад), “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Осори мунтахаб”-и Закариёи Розӣ, “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмад-махдуми Дониш гузашта, онҳоро ба нашр тайёр кардааст, ки қисми зиёди онҳоро ба ҷуз омодаи матн намудан ҳамчун тадқиқоти алоҳидаи илмӣ шинохта шудаанд. Асарҳои тиббии Ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Закариёи Розӣ ва дигар муҳаққиқонро низ барои солим намудани тану ҷони шаҳрвандони азиз ба нашр омода кардааст. Устод Алиқул Девонақуловро донишмандону хонандагони тоҷик  ҳамчун муҳаққиқ ва матншиноси номӣ мешиносанд ва хотирашро пос медоранд.

Устод Алиқул Девонақулов муҳаққиқ ва адабиётшиноси номӣ низ шуҳрат дорад. Вай дар бораи шахсияту эҷодиёти қариб ҳамаи классикони форсу тоҷик мақолаҳо навишта, симои  эҷодии ҳар кадомро дар адабиёт алоҳида ба назар намоён месозад, ки баъд  дар Таърихи адабиёт ҳамчун шахсиятҳои муҳим дохил шудан тавонистанд. Воқеан, устод Девонақулов дар баробари таҳияи осори классикон Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмад-махдуми Дониш ба эҷодиёташон дақиқ назар андӯхта,  мақолаҳои пробдемӣ менависад ё эҷодиёташонро дар силсиламақолаҳо ғундлугирд менамояд, ки мисли рисолаҳои  алоҳида аҳамият доранд.

Як бахши муҳими эҷодиёти Алиқул Девонақуловро таҳқиқу таҳлил ва таҳияи осори безаволи  устоди сухан Носири Хусрави Қубодиёнӣ ташкил менамояд. Вай ба ин муҷассамаи бузурги сухан ҳамчун падар ё бобо муносибат менамуд. Аз ин рӯ, тамоми осори ӯро пайдо намуда, пешкаши хонандагон гардонидааст. Ҳар асари ёфтаи дар бораи Носири Хусравро ҳамчун бозёфти муҳим бо муҳаббату садоқат ва арзи эҳтиром мехонд ва сухан меронд. Се китоби ашъори Носир Хусрави Қубодиёниро  аввалин маротиба ӯ таҳия намуд, вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имкони чоп кардан наёфт, баъд китобҳои ашъор ба муносибати ҷашни ҳазораи Носири Хусрави Қубодиёнӣ бо ҳамдастии дигар муҳаққиқон ба чоп расид. Вай бештари навиштаҳои ин устоди суханро  (29 адад) ба нашр омода карда, ба бисёр асарҳои адиб фикру андешаҳои муфид  навиштааст. Устоди сухан ҳамеша кӯшиш менамуд, ки фикру андешаҳояшро дар бораи асарҳои алоҳидаи адиб муфассал иброз намояд. Нисбат ба муҳимтарин мавзуъҳои эҷодиёташ мақолаҳо ба табъ расонида, ӯро ҳамчун бобои худ дӯст медошт ва дар тамоми умр осорашро ҷамъ меовард, таҳқиқ мекард ва ба чоп мерасонд, ки мо дар ин навбат якчанд муҳимтарин мақолаҳои дар бораи ҳаёту эҷодиёти ин нобиғаи сухан навиштаашро ҷамъ овардем, ки дар қисми дувуми ин китоб пешкаши хонандагон мегардад. Осори таҳияву таҳқиқ намудаи ӯ дар бораи Аҳмади Дониш, Закариёи Розӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ ҳамчунин ба чунин хосият молик мебошанд.

Устод дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ ва забту истило намудаи душманон ёд оварда, фикру андашаҳои классиконро нисбат ба ин мавзуъ баён менамояд ва дар тасаллияти халқу миллат ҳампойи онҳо мешавад. Дар мавзуи Наврӯз ва шахсияти баъзе нафарон муҳаббат ва садоқати худро дар услуби бадеӣ ифода кардааст.

Устод Алиқул Девонақулов қофиласолори матншиносони ҷаҳон буда, аз ҳамаи дастовардҳои хадқу миллатҳои ғайр бафайз истифода менамуд ва дар ин роҳ мактаби эҷодии худро дошт ва бо ҷавонону ҳамкорон ҳамроҳ хидмат менамуд. Устод солҳои охири умр панҷ-шаш сол дастнависи “Иксири аъзам”-ро ба нашр тайёр мекард, ки вай китоби муҳташаме буда, аз ҷузвҳои зиёд иборат буд. Охири соли пеш аз вафот бо ӯ вохӯрданамон дар ҷойи кор гуфта буд, ки то охири ин сол китобро аз даст мебарорад ва ба он муқаддима навишта ба нашр месупорад. Вай  охири соли 2009 аз олам чашм пӯшид. Муқаддима навишта шуд ё не, маълум нест, лекин китобро ба охир расонда буд. Ва борҳо ба таъкид мегуфт: “агар дар ҷойе номи бобои Носирро бубинам, аз ин дунё беармон меравам”. Лекин пас аз вафоти устод он китоби бо заҳмат ба чоп тайёркардааш ғайб зад. Мо аминем, арвоҳи устод он китоби тиббии бебаҳои бузургҳаҷмро пайдо намуда, албатта, ба номи худи ӯ ба чоп мерасонад.

Шоҳзамон РАҲМОН,

Нурмуҳаммад АМИРШОҲӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь