Моҳи ноябр, воқеан, моҳи тантанаи мелоди чанд тан аз зиёиёну равшангарони  матраҳ, саршинос ва барӯманди  миллӣ бо шумули устод Бозор Собир (20 ноябр), Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), Исомиддин Шарифзода (11 ноябр), Меҳр Собириён (8 ноябр), Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр) ва амсоли инҳо мебошад. Ҳар як аз мавсуфин, бо назардошти шароиту имконот дар роҳи хидмат ба Меҳану Миллат гомҳои устувор бардошта, саъю талош варзидаанд, ки сатҳи бедории фикрии ҷомеаи тоҷик боло биравад. Ин тоифаи рӯшангар ва фидоӣ сарнавишти хешро сарфи огаҳӣ, ҳувиятмадорӣ ва сарафрозии миллат карда, дар баробар чизе тамаъ наварзидаанд. Ба ин чанд исми рӯшангарони миллие, ки моҳи ноябр зода шудаанд, таваҷҷуҳ мекунем: 

Устод Бозор Собир (зодрӯз 20 ноябр). Муҳимтарин вижагии шахсияти устод Бозор, ки ӯро ба сифати як қаламкаш ва рӯшангару мутафаккири миллӣ дар арсаи фарҳангу тамаддуни ватанию минтақавӣ муаррифӣ мекунад, таҷдиди назар ба арзишҳо ва интиқоди мунсифонаи бовардоштҳои миллию фаромиллӣ мебошад, ки бар мабнои ҷаҳолату хурофот рӯйи кор омада, ҷомеаро дар ҳоли карахтии фикрию равонӣ нигоҳ доштаанд. Аз таърих медонем, ки на ҳар адиб, шоир, нависанда, муҳаққиқ ва донишманд ҷуръати рӯйирост фош кардани қолабҳои шахшуда ё ба истилоҳ, стереотипҳои иҷтимоиро дорад ва дар баробари сели хурофоту таассуби динию дунявӣ ҷасоратмандона қад алам мекунад. Устод Бозор дидаву дониста ба ин маҷро ворид гардид ва бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле муборизаи беамон бурд. Бо қудрату тавони эҷодӣ, фикрӣ, илмӣ, маданӣ, маънавӣ ва завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ дар баробари қувва ва неруи аҳриманӣ, ки дар артиши бузурги хурофотиёну мутаассибони динӣ-мазҳабӣ ва дунявӣ инсиҷом ёфтаанд, муқовимат ва мубориза кард. Аз биниши фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ дифоъ кард. Ин аст ирода, тавонмандӣ ва ҷасорати як шоир, адиб ва мутафаккири миллӣ, ки фаротар аз давру замон қадам ниҳода, бидуни худситои ю риёкорӣ мардона зиндагӣ кардааст. Воқеан, устод Бозор маънои шеъру адабиёти миллӣ дар асри бисту як аст. Инро, бемуҳобо, метавон  изҳор дошт. Ҷойи устод дар арсаи адабиёту фарҳанги миллӣ ҳамеша холӣ хоҳад монд.

Ҳафиз Холиқзода (зодрӯз 10 ноябр). Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (маҷмӯаи илмӣ). – Душанбе: Дониш. 2013); “Ҳувияти ҷамъӣ ва шабакаҳои дифоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон” (ниг.: Boboyorov Hafiz, Collective Identities and Patronage Networks in Southern Tajikistan. – Berlin: Lit Verlag, 2013. – 296 с.); “Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзӯи  нестӣ дар фалсафи Ғарб” (ниг.: Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзӯи нестӣ дар фалсафи Ғарб. –Душанбе: “Дониш”, 2015. -355 с.)  дарҷ гардидаанд. Доираи  биниш, шеваи ковиш, тариқаи гузориш ва тарзи нигориши Ҳафиз хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

Ҳафиз Холиқзода аз овони донишҷӯйӣ сари мавзӯъ ва масоили миллӣ ва фалсафӣ таваҷҷуҳ карда, бо такя ба манобеи дасти аввали илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ раванди рушду инкишофи биниши фалсафӣ ва ҳувияти миллиро дар давра ва мароҳили гуногуни таърихӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, дар ин замина матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии  ватанӣ  ва хориҷӣ, ҳамчунин дар фазои маҷозӣ пахшу нашр кардааст. Дар сатҳи илмӣ донистани забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва олмонӣ) ва ба ин забонҳо дар муколимоту мубоҳисоти доимӣ будан, ҳамчунин таълиф кардани мақолоту гузоришот ва мутолиботи илмӣ Ҳафизро ба унвони шахсияти матраҳи фалсафӣ дар ҷомеаи урупоӣ муаррифӣ кардааст. Мавсуф то имрӯз дар масири бозҷӯйӣ ва бозшиносии мерос ва арзишҳои гузаштаи миллӣ ва башарӣ ҳадафмандона ва муваффақона гом бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, пайваста дар майдон ва минбари мубоҳисоти фалсафӣ ва илмӣ қарор доштан ба шева ва тариқаи рӯзмарраи зиндагии Ҳафиз Холиқзода табдил ёфтаст ва ӯ хирадгаройиро на ба лиҳози касбу ихтисос, балки минҳайси миссия-рисолат(призвание)-и ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ дониста, дар пайи иҷрои ин рисолат аст.

Исомиддин Шарифзода (зодрӯз 11 ноябр). Исомиддин  Шарифзода ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ саъю талоши фаровон меварзад. Исомиддин Шарифзода бо таълифи монографияи муфассали илмии “Антропологияи фалсафии Азизуддини Насафӣ” (ниг.: Шарифов И. Философская антропология Азизуддина Насафи. –Душанбе: Ирфон, 2017. -165 стр.) дар бозкушоии паҳлуҳои фалсафии мероси сӯфия (дар мисоли осори Азизуддини Насафӣ) ва бархӯрди илмӣ бо масоили тасаввуфи исломӣ саҳми муносиб гузоштааст. Чанд соли ахир таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Бавежа, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта саҳари рӯзи шанбе ва такроран зуҳри сешанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки И. Шарифзода масъул ва муҷрии он маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ И. Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ масоили муҳимми фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ мекунад ва ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад. Кӯшишу иқдомоти шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва фарҳанги миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  нуфузи чашмгире доранд ва ҳанӯз дар банди таассубу хурофоти мазҳабӣ вогир нашудаанд.

Меҳр Собириён (зодрӯз  8 ноябр).  Донишманд ва иқтисодшиноси миллӣ Меҳр Собириён дар ростои донистани таърихи аҷдодӣ, ташхиси ҳаводиси таърихӣ, шинохти идеал-улгӯву арзишҳои миллӣ, муаррифии мероси бостонӣ, таблиғи ҷаҳонбинии фалсафӣ, тарғиби биниши илмӣ ва дар ҳар мавриду вазъият дар назар гирифтани манофеи миллӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, ҳамвора дар ин масир ҳаракат мекунад. Аз сӯйи дигар, Меҳр солҳост, дар мабоҳиси рӯзмарраи фейсбукӣ фаъол буда, сари масоилу мушкилоти миллӣ ва буҳронҳои ҳувиятӣ изҳори назар карда, бо таҳлилу баррасиҳои ҷолиби ихтисосӣ ва мавқеъгириҳои миллӣ миёни доираҳои баҳсӣ соҳибэътибор гардидааст. Дар зимн, Меҳр Собириён ба сифати коршиносу муҳаққиқи миллӣ муҳтазиёту талаботи замонро хуб эҳсос намуда, пайи ташхису ислоҳи мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз тариқи пахшу нашри матолиби ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ гомҳои устувор бармедорад ва аз ин тариқ вазифа ва рисолати иҷтимоӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва ҳувиятии хешро иҷро мекунад. Бавежа, Меҳр Собириён ба сифати муҳаққиқ ва коршиноси муваффақи масоили иқтисоди миллӣ дар барномаи илмӣ-ихтисосӣ ва эҷодиаш масъалаҳои мубрамеро аз қабили ҳадафҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, сатҳи бозиҳои  геополитикӣ, раванди бархӯрдҳои тамаддунӣ, сиёсати фарҳангӣ, зербинои сохтори иҷтимоӣ, мушаххасоти истеҳсолоти ватанӣ, механизмҳои рушди низоми иқтисодӣ, худкифоию тавонмандиҳои фикрӣ дар сохтусози давлатдорӣ ва амсоли инҳоро ҷо дода, ҳар муаммову масъаларо аз рӯйи дараҷа ва сатҳи муҳимияту мубрамияти мавзӯӣ-мундариҷавӣ шарҳу тафсир медиҳад. Соли ҷорӣ Меҳр Собириён барои нахустин маротиба натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажӯҳишиашро дар қолиби маҷмуаи ҷудогона таҳти унвони “Ду роҳкори рушди миллӣ” ҷамъоварӣ карда, ба табъ расонд, ки аз лиҳози мундариҷавӣ, манобеи омӯзишӣ, ҷобаҷогузории мавзӯӣ, бархӯрди таҳлилӣ-интиқодӣ, сатҳи таҳқиқӣ ва бандубасти илмӣ хеле ҷолиб мебошад (таваҷҷуҳ шавад ба: Собириён, Меҳр. Ду роҳкори рушди миллӣ (Маҷмуаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2022. -294 саҳ.).

Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр). Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни зиёдест, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият карда, дар омода  намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор гузоштааст.  Мавсуф солҳои дароз минҳайси котиби масъули  Комиссияи  умумидонишгоҳии  татбиқи  Қонуни забони давлатӣ дар ҷараёни татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон саҳми асосӣ гирифта, ҳамасола дар доираи нақша-чорабиниҳои Комиссияи мазкур дар ҳудуди Донишгоҳ бо ҳузури аҳли илму адаби ҷумҳурӣ мулоқоту маҳфилҳои вежа ташкил намуда, ҷиҳати сохтани муҳит ва фазои хуби адабӣ ва маданӣ тадбирҳои судманд андешидааст. Муҳимтар аз ҳама, Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории  забони  давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ  пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ дар ҳамдасти бо соири  пажӯҳишгарони миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмуаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута  саҳмгузорӣ мекунад (дар ин замина ниг.: Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Як бахши муҳимми зиндагии эҷодии Нурмуҳаммад Сафарзода тамрин дар заминаи насри адабӣ-бадеист. Мавсуф солҳо сари мавзӯот ва ҳаводиси муҳимми таърихӣ, мушкилоти ахлоқию равонӣ ва масолили миллӣ тамаркуз намуда, бар мабнои мушоҳидоти рӯзмарра тарҳи ҳикоёти ҷолибу хонданиро мерезад ва бо даст додани фурсати муносиб қаламӣ мекунад. Аз ҳама муҳим, Сафарзода сари мушкилот ва уқдаҳои ҷиддии маҳаллӣ, хонаводагӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, ақидатӣ ва ойинӣ, ки дар қолиби стереотипҳо зуҳур карда, ҷомеаро ба вопасгаройӣ ва ақибмондагӣ савқ медиҳанд, андеша мекунад ва натиҷагириҳояшро дар шакли ҳикояҳо рӯйи коғаз меоварад. Дар ин замина ҳикояҳои “Қурбонии тақдир” Чандин ҳикояҳои Сафарзода дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар ҳафтаномаи соҳавии “Адабиёт ва санъат” нашр гардидаанд. Ахиран маҷмӯаи ҳикоёти Сафарзода таҳти унвони “Афсонаи нигоҳ” (ниг.: Сафарзода, Нурмуҳаммад. Афсонаи нигоҳ (ҳикояҳо). –Душанбе, 2021. -120 с.) чоп шуд, ки фарогири мавзӯоти ҷиддии иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маданист. Нурмуҳаммад аз тариқи ҳикоянависӣ мехоҳад мушкилоти иҷтимоӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва маданиро, ки сабаби мусибат ва бадбахтиҳои мардум мегарданд, ба намоиш гузорад ва ҷомеаро ба расдагӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта водорад. Дар ин замина ҳикояи ахирии вай бо номи “Қурбонии тақдир” интишорр ёфтааст, ки қолибҳои шахшуда ё стереотипҳои иҷтимоиро аз забони қаҳрамонон интиқод мекунад.

Нозим Нурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь