Фестивали байналмилалии театри «Фаҷр» дар Эрон, тайи як ҳафта мизбони ҳунарпешаҳои тоҷик буд.  Аз даҳум то ҳабдаҳуми феврали соли 2022 ду театри Тоҷикистон, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, бо намоиши «Фирдавсӣ», ки аз рӯи романи Сотим Улуғзода, нависандаи даргузаштаи тоҷик ва коргардонии Султон Усмон рӯи саҳна омадааст  ва  театри Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши «Лаъли Бадахшон», ки аз рӯи асари Ҷума Қудус  ва коргардонии Умед Хусравов таҳия шудааст, пешкаши тамошогарони эронӣ гардид.

Театри Лоҳутӣ намоиши «Фирдавсӣ» – ро 12 – уми феврал дар театри қадимии шаҳри Теҳрон «Сангилаҷ», се маротиба намоиш дод. Соати 12: 00 барои доварони махсуси ҷашнвора (сонсур) ва соатҳои 16 ва 20 – и Теҳрон барои тамошогарони вижа.

Ҳарсе намоиш ҳам дар сатҳи хеле олӣ иҷро гардида, аз ҷониби тамошогарон хуб пазируфта шуд. Дар намоиши сеюм сафирони ҳарду кишвари дӯсту ҳамзабон, сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, мӯҳтарам Низомиддин Зоҳидӣ ва сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҷаноби оғои дуктур Собирӣ иштирок доштанд, ки ҳузурашон боиси сарфарозӣ ва ифтихори гурӯҳи ҳунарӣ гардида буд. Дар поёни намоиш бо гулдастаҳо ва қарсҳои тӯлонӣ ҳунармандонро аҳсану офарин мехонданд. Дар доираи ин сафар «Нишасти муштараки ошноӣ бо фарҳангу ҳунари Тоҷикистон» ва маросими бузургдошти шодравон Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, таҳти унвони «Ҳабиби ҳунар» бургузор гардид, ки ҳамагӣ аз ин таваҷҷӯҳи дастандаркорони фестивал хушҳолу ифтихорманд буданд. Воқеан ҳам устод Ҳабибулло Абдураззоқов, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар нақшҳои мондагореро офарида, ки муаррифгари миллату ҳунари тоҷик гардидааст.

Инчунин дар доираи сафари Машҳад, ба гурӯҳи ҳунармандони тоҷик муяссар гардид, ки оромгоҳи абадии бузургтарин устоди сухани назми форсӣ Фирдавсиро зиёрат намоянд, ки ин беҳтарин иқдом ва тӯҳфае буд аз ҷониби нафароне, ки ин мулоқотро муҳайё намуданд.

Иҷрои театри Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ низ бо намоиши «Лаъли Бадахшон», 13 – уми феврал дар театри қадимии Теҳрон, Сангилаҷ баргузор гардид. Бо дархост ва пешниҳодоти масъулини ин ҷашнвора, намоиши «Фирдавсӣ» дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон низ, рӯзи 16-уми феврал, дар театри марказии шаҳри Машҳад пешкаши тамошогарон гардонида шуд. Ҳоло аз такрор худдорӣ намуда, мехоҳем фишурдаи бурду бохт ва муваффақиятҳои театри тоҷикро аз забони чанде аз мутахассисон ва ҳунармандону тамошогарони ин ҷашновора манзури Шумо намоем.

Аз Муҳсини Фараҳбар, аташеи фарҳангӣ ё коршиноси фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикистон пурсон шудем, ки аз фестивали имсола ва намоишҳои «Фирдавсӣ» ва «Лаъли Бадахшон» – и Тоҷикистон чӣ бардоште кардед?

– “Ин ду намоиши зебо дар амфитеатри Сангилаҷ, қадимитарин театри Эрон ба рӯи саҳна омад ва бисёр – бисёр мавриди писанди мухлисони театр қарор гирифт. Ва баъдан дар театри марказии шаҳри Машҳад бо ҳузури қариби 300 кас ба рӯи саҳна омад, ки ин бисёр муҷиби ифтихору хурсандӣ ҳаст. Ин нишон дод, ки Фирдавсӣ ҳамеша омили пайванд миёни миллатҳои эрониву  тоҷик аст ва «Шоҳнома» то абад миёни ин миллатҳо зинда хоҳад буд. Ман аз ҳамаи касоне, ки дар ин иттифоқи фархунда нақшофаринӣ карданд, миннатдору сипосгузорам.

Устод Қурбон Собир 25 – сол аст, ки дар заминаи театрҳои Тоҷикистон, нақшҳои марбут, чӣ ба шахсияти Фирдавсӣ ва чӣ достонҳои «Шоҳнома» офаридаанд. Бо намоиши «Рустам ва Сӯҳроб» дар 27 – умин ҷашнвораи театри «Фаҷр» дар Теҳрон, эшон «Беҳтарин бозигари хориҷӣ» – и ҷашнвораи театри «Фаҷр» буданд бо коргардонии Султон Усмонов. Бинобар ин намоишҳои марбут ба Фирдавсӣ бидуни ҳузури устод Қурбон Собир аслан қобили тасаввур нест. Ва хушҳолам, ки устод Қурбон Собир на танҳо ба зебоӣ нақши Фирдавсиро бозӣ мекунад, балки худ Шоҳномапажӯҳ ва Фирдавсипажӯҳ аст. Ва умедворам, ки ба зудӣ китоби эшон дар Тоҷикистон мунташир шавад ва мо ҳам бо алифбои ниёкон битавонем дар Эрон ин китобро чоп кунем ва ин тӯҳфаи устод Қурбон Собир ба Фирдавсипажӯҳон дар ҳама ҷои ҷаҳон аст.

Карими Ҷашнӣ, раиси анҷумани ҳунарҳои намоишии устони Хуросони разавӣ, ки аз оғоз то анҷоми фестивал моро ҳамроҳӣ мекарданд, ба суолҳои мо чунин посух доданд:

– Ташаккур мекунам аз ҳузури бародарон, дӯстон ва ҳунармандони хиттаи Хуросони бузург, кишвари Тоҷикистони дӯст ва ҳамсояи азиз. Ва хушҳолам аз ҳузури гурӯҳи бузурги намоишҳои «Фирдавсӣ» ва «Лаъли Бадахшон» дар Машҳади муқаддас.

Хушҳолам, ки ба ҳар ҳол бо тамоми сахтиҳо тавонистем, ки иҷрои намоиши «Фирдавсӣ» – ро дар толори аслии театри шаҳри Машҳад, воқеъ дар бӯстони Миллат дошта бошем. Ва бо истиқболи хеле хубе, ки мо имрӯз дидем аз тамошогарони фаҳим ва форсидӯст ва адабиётдӯст ва Фирдавсидӯсти шаҳри Машҳад. Ин навидеро медиҳад, ки мо метавонем ин иртибот ва ин иҷроҳои намоишро байни ду кишвар бо ҳимояти мудирони аршад, сафорати мӯҳтарам, вазорати кишвар ва шаҳрдориҳои ду шаҳри бузурги Машҳад ва Душанбе, дар ояндаи наздик шоҳиди ҳузури гурӯҳҳои мухталифи тоҷик дар Машҳад ва гурӯҳҳои машҳадӣ дар Душанбе бошем.

Ҳунармандони тоҷик дар иҷрои намоиши Фирдавсӣ чӣ қадар муваффақ буданд?

– Хидмататон арз кунам, ки нақши Сӯҳробро доштам, дар намоиши устод Собирӣ, ки агар қисмат шавад, шояд битавонем ин намоишро биёварем Тоҷикистон. «Шоҳнома» бароям бегона нест. Шояд ҳудуди 12 – соли пеш мо ин намоишро дар кишвари Эрон, дар Исфаҳон, Аҳвоз, Теҳрон ва Машҳад иҷро кардем. Бо абёти мухталифи «Шоҳнома» иртибот гирифтем, ба назму наср, ба нависандагии устод Собирӣ ва қалами эшон кор кардем. Ҳиссу ҳоли ин намоиши «Фирдавсӣ», кам аз он намоиш набуд. Дар он ҷо ман бозӣ мекардаму ашк мерехтам, дар замоне, ки Сӯҳроб бо дасти падараш кушта шуд ва ин ҷо дар мазлумияти Фирдавсӣ, дар боргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, борҳо гиристам. Ба назари ман хеле хуб, бисёр шево ва расо ин намоиш тавонист ба он зулме, ки дар ҳаққи Фирдавсӣ шуда, ишора кунад. Аксари тамошобинон аз ҳунармандону фарҳехтагон ва устодони шаҳри Машҳад буданд ва ҳама розӣ буданд.

Бозигари нақши Фирдавсӣ, устод Қурбон Собир низ бардошти хуберо аз ин ҷашнвора бароямон қисса карданд:

– Дар тули 25 -30 соли охир, ҳар сол ду – се  ё панҷ  маротиба берун аз кишвар бо кори ҳунарӣ аз қабили филмбардорӣ ё кори театру фестивал берун мебаромадам. Аммо ду соли охир ин вируси оламгир ҳамаро хароб кард ва мо мондем. Намоиши «Фирдавсӣ» ҳам бояд барвақтар ба ҷашнвораҳо сафар мекард, дуруғ нест, ки мо аллакай Қирғизистон рафтаву ҷоиза ҳам овардем, аммо дигар мондем. Дилсарду дилмондаву гирифтор. Зеро ин беморӣ хеле хатарнок буд. Ман комилан ноумед шуда будам аз дунё ва гуфтам, ки тамом, зиндагӣ ба охир омад. Аммо хушбахтона, ҳоло ки дар анҷоми сафари навбатӣ қарор дорем ва баъди як парвоз мерасем ба Душанбе, бовар нокарданист, ки ин сафар анҷом шуда. Натанҳо анҷом, балки бо сари баланд, як сафари пурифтихор ва пур аз шодиву нишот буд. Ман эҳсос намудам, ки оқибат ҳеҷ як сафари то ин вақт анҷомёфта, аз ҷониби меҳмондорон ин қадар самимӣ набуд. Ҳам онҳое, ки мизбон буданд ва ҳам мардуми оддӣ, ки дар толори тамошо менишастанду каф мезаданд.

Аз гуфтаҳои ҳунармандон ва рӯзноманигорони Эронӣ маълумамон гашт, ки намоиши «Фирдавсӣ» дилҳояшонро тасхир карда. Масалан Сулаймонӣ, журналисти рузномаҳои иттилоот чунин мегӯяд:

– Мурури кӯтоҳ бар асари бузург – намоиши «Фирдавсӣ» коре аз ҳунармандони тоҷик аст. Жон Кукту аз назарияпардозони адабӣ мегӯяд, ки «ҳунар баёни содаи масоили печида аст.» Ин мавзӯъ ба хубӣ дар мавриди намоиши «Фирдавсӣ» ҳис мешавад. Фазосозӣ ва декоратсияи саҳна дар айни содагӣ, нимнигоҳе низ ба намудгароӣ дорад. Масалан сомона ё сақф, чубҳое аз муттасир ба ҳам, ки ду тика чарми сурхи пора аз онҳо овезон аст. Ва ҳамчунин тасвире аз Ҳумо ё Симурғ низ дар ду сӯи саҳна вуҷуд дорад, ки мухотабро бо асотири миллӣ ва фарҳангии Эрони бостон муртабит мекунад. Симурғ дар «Авесто» парандаи баёнгари мафоҳими нек дар тавобул ва таззод бо шар ва мафоҳими аҳриманӣ аст. Ҳамчунин боз аз намодпардозиҳост, ки Фирдавсӣ ҷомаи сафед ё ранги покӣ, рӯҳи пок дорад. Ва боз дар муқобил бо ӯ, яке аз дарбориёни Султон Маҳмуд ҷомаи сиёҳ ва ба иборате ранги тирагии андеша дорад. Ва Фирдавсиро таҳдид ва муттаҳам ба боварҳои эронӣ мекунад. Тавре, ки ин тафаккур бар Султон Маҳмуд низ таъсир мегузорад ва Фирдавсӣ ронда мешавад. Фирдавсӣ дар ин намоиш бо баҳра гирифтан аз қиссаҳои таърихӣ, шоири тавоно, аммо мустақил аст, ки танҳо дар замони солхурдагӣ, ба хотири ночорӣ «Шоҳнома» – ро назди Султон Маҳмуд мебарад ва муттаҳам ба зардуштӣ будан мешавад. Намоиш омехтае аз трагедия ва ҳамоса аст. Фирдавсӣ дар ин намоиш нақши ҳамосии паҳлавононро дорад, ки дар баробари тафаккури мутаассиби дарбориёни Султон Маҳмуд солҳо пойдорӣ мекунад. Сухани поёнӣ, боварпазирии бозигарии тамоми бозигарон ва ба вижа устод Қурбон Собир аст. Мавзӯе, ки боис шудааст ин намоишнома муддатҳо иҷро шавад ва мавриди истиқболи мардуми Душанбе ва Теҳрон қарор гирад.

Дар миёни мусоҳибаҳои дӯстони Эронӣ, андешаҳо ва таассуроти ҳунарманди тоҷик, устод Ортиқ Қодир низ бароямон чолиб буд:

– Вақте мехоҳам дар бораи ин сафар ва таассуроту натиҷаҳои он сӯҳбат кунам, беихтиёр ин шоҳбайти Абулмаъонӣ, Бедили бузургвор ба ёдам мерасад, ки:

Ба дил гуфтам, кадомин шева душвор аст дар олам,

Нафас дар хун тапиду гуфт: поси ошноиҳо.

Ва ёОб агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност!

Яъне, ҳеҷ як нотавонбин, ҳеҷ як муғриз наметавонад ин фарҳанги чандҳазорсолае, ки моро ба ҳам муштарак кардаасту мепайвандад, халалдор созад. Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон, як империяи бузурги Ориёитаборон буд, ки рашки оламиён буд ва аз ин ҳасад мебурданд. Ин сафари мо, фикр мекунам оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аст, ки бисёр ҳам фоли нек аст. Ин як пайки нек аст. Ин як паёми наврӯз аст, паёми соли нав аст. Сабзиданҳо ва шукуфтанҳо аст. Бисёр бароям гуворо буд, вақте ки мо дар Теҳрон вориди меҳмонхонаи «Боботоҳир» шудем, суруди миллии Тоҷикистон ва баъдан суруди миллии Эрон садо дод.

Як фазои пур аз муҳаббат, самимият, ифтихор ва сарбаландиҳо буд, ки моро фаро гирифт. Ба мо ҳанӯз дар Душанбе гуфта буданд, ки бо ҷурми бемории оламгир ва фосилаи иҷтимоӣ дар толор тамошобин кам мешавад, вале ин қолаб ҳам шикаста шуд. Мо ба диёри Фирдавсӣ, вақте ки Фирдавсиро овардем, рӯҳи Фирдавсӣ мадад кард, шод шуд ва гӯё ки Фирдавсӣ аз нав зинда шуд ва алайҳи ҳама бадхоҳону нотавонбинони ин қавми Ориёитабор қиёме кард. Мо дидем, ки толор пур буд ва ягон фосила ҳам риоя намешуд. Вақте, ки намоиш ба анҷом расид, дақиқаҳои тӯлонӣ толорро тарк накардани тамошогарони эронӣ, ин худ гувоҳи он буд, ки онҳо ормону садои қалби худашонро дар ин намоиш диданд ва эҳсос карданд. Гуфтанд он чизе, ки мо мехоҳем гӯем, он чизе, ки дар қалби мо аст, дар андешаи мо аст, онро Шумо хеле равшану возеҳ ва бо бадеияти баланд аз саҳна намоиш додед.  Вақте, ки ба Машҳад омадем, фазои Душанбе бароям равшантар шуд, чун ки Машҳад як гӯшаи Хуросон аст. Дар муҳите, ки ин ҷо бобои Фирдавсӣ ором гирифтааст, беихтиёр гуфтам:

Дуруди ёр туро, ай диёри Фирдавсӣ,

Нисори ту гули дил, ай баҳори Фирдавсӣ.

Зи ифтихори дигар шоирони хеш магӯ,

Туро бас аст ҳамон ифтихори Фирдавсӣ.

Ҳамин хел арзёбӣ шуд, ки ин сафар ояндаи бисёр неки муносибатҳои Тоҷикистону Эронро оғоз бахшид. Ин сафар оби мусаффои рӯди порсиро ба ҳам пайваст. Чӣ тавре, ки устод Лоиқ мегӯянд:

Атои фазли Яздонӣ, ки бо ҷамъу парешонӣ,

Тапад бо ҳам, танад бо ҳам, дили Тоҷику эронӣ.

Ба тоҷику ба эронӣ, муҳаббат бод арзонӣ,

Садоқат бод, шаҳомат бод, наҷобат бод арзонӣ.

Ва дар идомааш бисёр хуб ва бо як ормони бузурги шоирона гуфтаанд, ки:

Чу аз як ҷоми Ҷам ҳастем, аз як ҷоми Ҷам мастем,

Агар Рустам сарафрозад, зи нав парчам барафрозад.

Хуросони бузурги мо, Хуросони сутурги мо.

Мо мардуми Ориёитабор низ, бояд ҳамеша дар андешаи пайвандҳои андешаву афкору руҳу дилу адабу таъриху фарҳанги худ бошем. Вагарна дар ин ҷаҳони пуртаҳовул, ҷаҳони пуршур, душманони мо, муғризон, нотавонбинон ва ҳама ҳасудон ғаразҳои нопоки худро амалӣ хоҳанд кард. Ва мо набояд гузорем, ки дигар касе ин дӯстӣ, ин муҳаббат ва ин пайвандҳоро халалдор созад. Фарҳанг беҳтарин сафир аст, ки марзҳо ва қалбҳоро бо ҳам мепайвандад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам, тавре ки устод Мӯъмин Қаноат мегуфтанд: «мо як пайванди бисёр қавии рӯҳонӣ доштем. Бисёре аз олимони Эрон, хусусан Сайид Нафисӣ, вақте ки ба Тоҷикистон   омаданд, мегуфтанд, ки аслан маҳаллу гаҳвораи тамаддуну забони Ориёитабориён – ин Мовароуннаҳр, Хуросони бузург, Самарқанд, Бухоро, Балх ва Хӯҷанд аст.» Ва ин пайвандҳоро ба хотири гиромидошти рӯҳи бузургонамон бояд аз нав пойдор кунем. Чуноне ки моро ба ҳайси меҳмони вижа истиқбол гирифтанд, ин сафар ҳам бароямон вижа буд.

Сафирони ҳарду кишвар ин қадар бародарвор ба ҳам менигаристанд ва сӯҳбат мекарданд ва ояндаи бисёр нек, дурнамои бисёр ҳам неки ин муносибатҳоро арзёбӣ ва пешгӯӣ мекарданд. Сафири Тоҷикистон дар Эрон, мӯҳтарам Низомиддин Зоҳидӣ вақте, ки сӯҳбат мекарданд, мо ҳама ифтихор кардем. Аз ҳикмату аз маъниву аз мантиқу  сӯҳбатҳои пурмуҳаббати эшон ҳамчун сафир ва беихтиёр ҳамон байти Фирдавсӣ ба ёдам омад:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Фикру андешаҳои яке аз коргардонҳои саршиноси театри Эрон, Алии Обидиро танҳо хостем дар мавриди иҷрои нақши Фирдавсӣ пурсон шавем. Чунки устод Қурбон Собир бо Алии Обидӣ, намоишеро дар театри Теҳрон рӯи саҳна оварда буданд:

– «Намоиши «Фирдавсӣ» як сохтори классикӣ дошт, ки аз ин намоишномаҳо хонда будам дар Эрон, вале   надида будам. Воқеияти қазия ин аст, ки устод Қурбон Собир дар нақши Фирдавсӣ ба назарам яке аз беҳтарин характерҳое буда, ки ман дидам. Дар воқеъ рӯҳи дарунии худи Фирдавсиро бо он хулқиёт ва ҳамосае, ки мо дар борааш хонда будем, устод Қурбон Собир тавонист, ки онро дарбиёварад.

Яке аз чизҳое, ки устод Қурбон Собир хеле мусаллат аст, дар воқеъ забон ва баёни бисёр қавиаш аст. Ин баёни шевояш боис мешавад, ки таъсиргузориаш ба маротиб зиёд шавад. Яъне ман ба унвони мухотаб, вақте бо ин баёни зебо ашъор ва шахсияти Фирдавсиро мебинам, бамаротиб бештар рӯи ман таъсир хоҳад гузошт. Устод Қурбон Собир, баёни ба назарам таъсиргузор дорад. Як чизи дигаре ҳам ки дар мавриди устод Собир хеле бароям ҷолиб аст, ин тамаркуз рӯи бозиҳои сукуташ мебошад. Замоне, ки дар воқеъ дигарон бозӣ доранд, ҳавоси устод Собир ба реаксияҳо ва аксуламалҳои бақия аст. Агар устод Қурбон Собир даҳ дақиқа ҳам сукут кунад, ҳарфе назанад, ҳузури худаш дорад, бозӣ мекунад. Ва ин хеле таъсиргузор аст. Дар ин намоиш ба назарам қудрати бозӣ дар сукути устод Собир беназир буд. Ба назарам яке аз арконҳои   бозигари аслӣ ин аст, ки ба хубӣ тавонад ҳунарашро дар хомӯшӣ мунтақил кунад ба сӯи тамошогар. Ин ҳайбате, ки устод Собир аз Фирдавсӣ ба мо ироа кард комилан қобили қабул ва боварпазир буд. Ман бовар мекардам, ки ин Фирдавсӣ буд ва ин хеле муҳим буд.

Иҷрои ҳунармандон ва истиқболи намоишҳо аз нигоҳи коргардони намоиши «Фирдавсӣ» Султон Усмон, бароямон хеле ҷолиб буд. Ва бардошту фарқияти ин сафарро аз сафарҳои қаблӣ, ки акнун поён меёфт пурсон шудем:

-Ин сафари панҷуми ман ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Байни сафари охир ва сафари феълӣ қариб дувоздаҳ сол сипарӣ шуд. Аммо фарқи ин сафар аз сафарҳои қаблӣ дар он буд, ки вақте «Фирдавсӣ» – ро ба Эронзамин меорӣ, аллакай масъулият ва ҷавобгарӣ зиёдтар мешавад, ки чӣ гуна қабул мешуда бошад? Шукри Худованд, ҳарсе намоиш – ду намоише, ки дар Теҳрон ва якеи дигар   дар Машҳад иҷро шуд, хуб пазируфта шуд. Дар Машҳад намоиши беҳтарин буд. Дар худи сарзамини Фирдавсӣ, намоиш додани зиндагиномаи ӯ шарафу ифтихор буд барои мо. Қабули ин намоиш аз ҷониби тамошогарони эронӣ, чӣ дар Теҳрон ва чӣ дар Машҳад хеле хуб буд. Аз суханоне, ки худи тамошогарони эронӣ ба ман гуфтанд, маълум шуд, ки кореро, ки мо дар Душанбе рӯи саҳна овардем, онҳо ҷуръаташро дар ин ҷо надоштаанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат як чизи хеле аҷоиб буд ба назари инҳо. Баъд чандин нафарон хоҳиш намуданд, ки матни шакли саҳнавии ин намоишро барояшон фиристем, шояд мехоҳанд, ки рӯи саҳна оваранд. Аммо нафари дигар гуфт, ки мехоҳад ин асари саҳнавиро, ки аз рӯзгори устод Фирдавсӣ қисса мекунад, ба дасти чоп супорад. Аслан хеле сафари ҷолиб буд ва ин пайвандҳо миёни ҳунармандон хеле зарур ва бамаврид аст. Хушбахтона кореро, ки ин ҷо анҷом додем беҳуда набуд ва бо сари баланд метавонем ба Ватан баргардем.

Чун мусиқиҳои намоиши «Фирдавсӣ» хеле дилчаспу мувофиқ афтода буд, хостем назари яке аз мусиқишиносон Маҳдии Ҳасанӣ, оҳангсози синамо, театр ва телевизионро низ дар мусоҳибаамон дошта бошем:

-Ҷашнвораи театри «Фаҷр» як  фестивали байналмилалӣ ҳаст, ки кишварҳои мухталифи хориҷӣ аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя, дӯст, бародар ва махсусан ҳамзабони мо иштирок мекунанд. Таи чанд рӯз аст, ки дар ин фестивал кишварҳои Тоҷикистону Афғонистону Туркманистону Озарбойҷон ва кишварҳои зиёди дигаре бо шумори қариб 1000 иштирокчӣ  ва 109 намоиш иҷро доштанд. Ва ҳамеша кишвари дӯст ва бародар Тоҷикистон яке аз аъзои аслии ин ҷашнвора ҳаст. Дар фестивали имсолаи «Фарҷ» низ, як намоиши бисёр қавӣ ва хубе бо номи «Фирдавсӣ», ки мусиқиаш низ хеле устодона истифода шуда буд, ҳузур дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба дархости мо ва бо таваҷҷӯҳ ба тасмими вазорати театр ва иршоди мо дар Машҳад ин намоиш иҷро шуд. Мо саъй кардем, ки тамоми бузургон, театршиносони дараҷаи яки Машҳад, қадимиҳо, театриҳои ҷавон, ҳамчунин асотири бузурги Машҳадро даъват кунем то ин намоишро тамошо намоянд. Ва дар ниҳоят ҳама омада, намоишро диданд ва бисёр ҳам писандиданд.

Хушбахтона, имрӯз дар толори театри мо аввал аз ҳама сафири Эрон дар Тоҷикистон, ҷаноби оғои дуктур Собирӣ, муовини вазири хориҷӣ дар устони Хуросон,  Мудири кулли идораи фарҳанг ва иршоди  Исломӣ, ҷаноби оғои Ҳусейнзода, муовини эшон, оғои Калонӣ  ва ду нафар аз муовинони дигарашон, аз шаҳрдории Машҳад оғои Аскарӣ, ҳиросати идораи кулл, аз устони Қудс ва оғои дуктур Ёҳақӣ, ки устоди Донишгоҳи Фирдавсӣ ва яке аз Фирдавсишиносон ва Шоҳномашиносони бузурги Эрон ҳастанд, ширкат варзиданд. Хуллас, аз ҷойҳои мухталиф одамони сиёсатмадор, масъулин   ва бузурге ҳузур доштанд, ки аз ин намоиш хеле хушашон омад. Ман муътақид ҳастам, ки ин рафтуомадҳои фарҳангӣ байни ду кишвар бояд зиёдтар бошад. Тавре шавад, ки душманони мо ки намехоҳанд ин иттифоқҳо биафтад, аз ин руйдодҳои фарҳангӣ хиҷолат кашанд. Ҳоло дӯстони мо гила доранд, ки чаро як иҷро? Мо дӯст дорем, ки Шумо даҳ иҷро дошта бошед.

Чун намоишатон хуб буд! Ҳама хеле хуб буданд! Мусиқӣ, тарроҳии саҳна ҳам хуб буд. Намоиш, ки дилчасп буд, тамошобин берун нарафт ва қарс зад барои Шумо. Пас ин гувоҳи он аст, ки намоиш қавӣ буд.

Ҳоло мусоҳибаамро мехоҳам бо фишурдаи андешаҳои Тоҳирӣ Баҳромӣ, бозигар ва наққоли «Шоҳнома» ба анҷом расонам:

-Аз намоиш бисёр лаззат бурдам. Аз бозӣ ва дурахши оғои Қурбон Собир, ки мо қаблан ҳам корҳои эшонро дида будам, хеле лаззат бурдам.

Аз ақидаҳову андешаҳои мусоҳибон маълум гардид, ки «Фирдавсӣ» марзҳоро убур, дилҳоро тасхир ва чашмҳоро рӯшан намуда. Бо ҳамин хотираҳои неку ширин, сафари ҳафтрӯзаи ду гурӯҳи театрии Тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон поён ёфт.

АЪЗАМИ РОЗИҚ.

ҲУНАРПЕШАИ ТЕАТРИ

 ДАВЛАТИИ АКАДЕМӢДРАМАВИИ БА НОМИ УСТОД ЛОҲУТӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь