Душанбе-тахтгоҳи халқи тоҷик,

Душанбе-бахтхоҳи халқи тоҷик.

Дар таърихи давлат, сиёсат, илм, фарҳанг, иқтисод ва иҷтимои насли башар пойтахт ба унвони ҷойгоҳи муттамаркази нерӯҳои аклонии ҷомеа мақоми арҷманде дорад. Инсоният дар тӯли ҷараёни зиндагӣ пойтахтро ба сифати марказ, ҷойгоҳ ва бунгоҳи давлату сиёсат ва илму фарҳанг қарор дода, тавлиди нерӯҳои ақлонии ҷомеаро аз он ва ба он вобаста медонад. Мо дар мақолаи хеш ба масъалаи мақоми пойтахт дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон таваққуф намуда, онро дар мисоли се шаҳри бостонӣ-Бухоро, Самарканд ва Душанбе, ки дар масири таърих ба масобаи пойтахт шинохта шудаанд, мавриди арзёбӣ қарор медиҳем.

Дар тӯли таърих илму фарҳанги тоҷикон дар се шаҳри марказонидашуда-Бухоро, Самарқанд ва Душанбе рушду нумӯъ кардааст. Бухоро ҳамчун пойтахт дар замони Сомониён, Самарқанд дар даврони Темур ва темуриён ва Душанбе дар давраи Шӯравӣ ва замони истиқлол маркази илму тамаддуни мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд. Ин маънои онро надорад, ки дигар шаҳрҳои бостонии тоҷик дар рушди илму фарҳанг арзиши кӯчак дошта бошанд. Барои маҳдуд ва мухтасар сохтани андеша мо кӯшиш кардем, дар ин се шаҳри тамоили илмӣ-фарҳангӣ дошта мақому манзалаи пойтахтро муқаррар намоем.

Бухоро дар қадим бо номи Нумиҷкат, Бумиҷкат ва Фохира машҳур будааст. Арабҳо ин шаҳрро «мадинатуссуфрия» (шаҳри мис) номидаанд. Дар осори исломӣ ба ду шаҳр Бухоро ва Самарқанд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Дар аҳодис ва ривоёти исломӣ шаҳри Бухоро мавриди тавсиф қарор гирифтааст. Дар муколамае, ки байни пайғамбари ислом ва Ҷабраил сурат мегирад, дар тавсифи Бухоро чунин оварда мешавад: «Ҷабраил (а) гуфт: Номи яке аз ин шаҳрҳоро Самарон хонанд ва ба порсӣ Самарқанд, дигарро ба тозӣ Фохира хонанд ва ба порсӣ Бухоро. Расул (с) гуфт: Ё Ҷабраил чаро Фохира хонанд? Гуфт: Аз баҳри он ки Бухоро рӯзи қиёмат бар ҳама шаҳрҳо фахр кунад». Муаррихи бузурги асрҳои миёна Муҳаммади Наршахӣ ба ин шаҳр китоби муфассале бахшида, Бухороро ҳамчун маркази ислом, давлатдорӣ ва тамаддуни Сомониён қаламдод мекунад. Ӯ ҳадиси Муҳаммадро (Муҳаммад мегӯяд: «Уматони Бухоро раҳмдилу поканд») далел қарор дода, менависад: «Ва аз баҳри ин маънӣ аст, ки бар раҳмдилии бухороиён аз Машриқ то Мағриб гувоҳӣ медиҳанд ва ба эътиқоду покии эшон».

Дар даврони Сомониён, хусусан дар замони Исмоил ба баъд Бухоро пойтахти давлат ва маркази илму фарҳанги тоҷикон қарор мегирад. Дар ин шаҳри бостонӣ доираҳои зиёди илмиву адабӣ арзи ҳастӣ намуда, масоили гуногуни илмиро мавриди баррасӣ қарор медоданд. Амирони Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад, Аҳмад ибни Исмоил, Наср бинни Аҳмад ба Бухоро, яъне ба пойтахт донишмандону шоирони бузургро даъват намуда, дар рушди илму фарҳанг ва марказонидани нерӯҳои пешқадами фарҳангӣ саҳми босазое гузоштанд. Ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Балъамӣ, Ибни Сино, Наршахӣ дар ҳамин шаҳр ҷараён доштааст. Дар Бухоро яке аз китобхонаҳои калонтарин ва бойтарини Шарқ -«Сивонулҳикмат»» ва бозори махсуси китобфурӯшӣ мавҷуд буд. Мувофиқи маълумоти Наршахӣ аз бозор доир ба соҳаҳои гуногуни илм (ҳандаса, ҳисоб, тиб, ҳуқук, нуҷум) ва адаб, ба забонҳои дарӣ ва арабӣ китоб пайдо кардан мумкин буд. Дар густариши илму фарҳанг дар пойтахт, нақши Исмоили Соимонӣ хеле барҷаста буд. Ба қавли Мирхонд,-Исмоил шоҳи одил, оқил ва тақводор буда, донишмандонро ба марказ ҷалб намуда, муҳимтарин осори илмӣ ва фарҳангиро аз гӯшаву канор ба марказ –ба Бухоро меовард. Баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён Бухоро як давраи дарози таърихӣ аз назари сиёсӣ ва фарҳангӣ ба сукут ва хомӯшӣ мувоҷеҳ мешавад ва аз соли 1753 то соли 1920 пойтахти аморати Бухоро мегардад. Дар асри Х1Х дар Бухорои амирӣ бузургтарин намояндаи илму фарҳанги тоҷикон Аҳмади Дониш зиндагӣ ва эҷод карда буд, ки дар инкишофи маърифат саҳми назаррасе гузошт. Дар ин радиф номи Мирзо Сироҷи Ҳаким, Қорӣ Раҳматуллои Возеҳ, Шамсиддини Шоҳинро қайд кардан айни савоб хоҳад буд, чунки ин зумра низ дар рушду нумуи илму адаби тоҷик саҳмгузор буданд.

Самарқанд низ яке аз сарзаминҳои тамаддуни тоҷик аст, ки тайи қарнҳо дар домани худ бузургтарин шахсиятҳои илмиву фарҳангиро парвардааст. Соли 1370 Темур соҳиби мутлақи Бухоро ва Самарқанд шуда, Самарқандро пойтахти давлати худ қарор медиҳад. Самарқанд ҳамчун пойтахт дар асрҳои XIV-XV ба яке аз марказҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Хусусан дар давраи набераи Темур, Улуғбек Самарқанд шомили доираи илмии муқаввое гардид. Дар он ҷо донишмандон Қозизодаи Румӣ, Хоҷаи Хурд, Мавлонои Хофӣ Алоуддавлаи Самарқандӣ, Ғиёсуддини Ҷамшед, Мӯини Кошонӣ, Салоҳиддини Мӯсавӣ, Алоуддини Қушчӣ машғули эҷод буданд. Асари «Зичи ҷадиди кӯрагонӣ» маҳсули эҷоди олимони мактаби илмии Самарқанд мебошад. Классикони адабиёти тоҷику узбак Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ низ дар Самарқанд таҳсилу такмили илм кардаанд. Самарқанд ба сифати пойтахт дар муттаҳид намудани донишмандони соҳаҳои гуногуни илм дар замони Темур ва темуриён дар як минтақаи ҷуғрофӣ масъулияти бузурги фарҳангиро ба сомон расмонидааст.

Душанбе ба ақидаи муаррихон шаҳри бостонии Хуросони бузург буда, таърихи беш аз дуҳазорсола дорад ва дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор гирифта, аз марокизи фарҳангӣ ба шумор мерафтааст. Вале бо гузашти айём мавриди ҳуҷум ва харобкориҳои душманони дохилию хориҷӣ ва ҳокиму амирони худкомаи шайбониву манғитӣ қарор гирифта, шаҳри Душанбе ба чанд деҳа табдил ёфт. Ба қавли муҳаққиқон Душанбе шаҳри бостонист ва таърихи он ҳатто ба даврони пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ рафта мерасад. Сайёҳон онро ҳамчун Шаҳр-Қалъа тасвир кардаанд. Дар нимаи асри V водии Ҳисор ба давлати Эфталитҳо тобеъ гардида, ҳудуди он ду вилоятро (Аҳорун ва Шумон) дар бар мегирифт. Сайёҳи чинӣ Сюан Тзан дар асри VII ин ду вилоятро тасвир карда, масофаи тахминии роҳҳои пайвасткунандаи шаҳрҳоро муқаррар менамояд. Ба қавли муаррихон, агар ин маълумот ба назар гирифта шавад, пойтахти Шумон Душанбе буда метавонад.

Душанбе дар даврони империяи Шӯравӣ ба яке аз шаҳрҳои бузурги фарҳангӣ мубаддал шуд. Феврали соли 1921 Душанбе маркази маъмурии Бухорои Шарқии Ҷумҳурии Халқии Бухоро таъин мешавад. Солҳои 1920-1924 шаҳри Душанбе аввалан, маркази вилояти ҳамном ва қароргоҳи ситоди отряди ҳарбӣ-сиёсии экспедитсионии Ҳисор ва сониян, маркази Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ ва Кумитаи марказии иҷроияи Бухорои шарқӣ буд ва дар барпо намудани сохти нави давлатдории шӯравӣ нақши ҳалкунанда бозид. Моҳи ноябри соли 1924 Душанбе пойтахти ҶМШС ва аз соли 1929 пойтахти ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1924 шурӯъ намуда, то имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ дар тараққиёти илму фарҳанги мамлакат нақши бузурге иҷро карда истодааст. Бузургтарин фарзандони миллат дар ин давра (солҳои 20-30) аз Бухорову Самарқанд машъали илму фарҳангро ба шаҳри Душанбе оварданд. Поягузори адабиёти навини тоҷикӣ устод Айнӣ ба Душанбе омада, дар тарбия ва парвариши донишмандони ояндаи тоҷик саҳми бузурге гузошт. Дар дафтари таърихи илму фарҳанг ва сиёсати миллии асри ХХ-и тоҷик хидматҳои наҷибонаи Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Мунаввар Шогадоев, Саид Носиров, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, А. Баҳоваддинов, С. Умаров, М. Осимӣ, М. Назаров ва бисёр дигарон абадан сабт гардидаанд. Гузашта аз ин, фарзандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла устод Лоҳутиву Баҳром Сируси эронӣ, А. Семёнову М. Андрееви рус, Нисор Муҳаммади афғон, Карамови арманӣ ва чанде дигарон дар пешрафту инкишофи илму маърифат ва иқтисоду фарҳанги пойтахт нақши сазовор доштаанд.

Дар Душанбе муассисаҳои бузурги фарҳангӣ бунёд шуда, онро ба маркази илму ҳунар табдил додаанд. Театрҳои ҷумҳурӣ, Филармонияи давлатӣ ва Академияи илмҳо бори гарони тамаддуни тоҷикро бар ӯҳда доранд. Академияи илмҳо узви чандин анҷуманҳои байналмилалии дунё буда, дорои зиёда аз 20 муассисаи калони илмӣ мебошад. Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва даҳҳо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ соҳавӣ мавҷуданд, ки дар пешрафти илму фарҳанг ва иқтисоду иҷтимоъи ҷумҳурӣ саҳми бузург доранд.

Нависанда ва шоирони тоҷик ҳамчун аъзои илму фарҳанги ҷумҳурӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ гомҳои устувор мениҳанд. Устоди шеъри муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ва овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов «Ушшоқи Душанбе»-ро офаридаанд, ки дар он рӯҳи замон бо суннатҳои ниёгон ҳамоҳанг садо медиҳанд.

Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон ду давраи таърихиро аз сар гузаронида истодааст: яке даврони Шӯравӣ, ки дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, иҷтимоиёт, илм ва маориф ба комёбиҳои калон ноил гардида буд ва дигаре замони истиқлол, ки ҳоло низ дар ин ҷода гомҳои сазовор гузошта шуда истодааст. Пойтахти ҷумҳурӣ дар 13 соли истиқлол дар ҷодаи илму фарҳанг ба муваффақиятҳои назаррасе мушарраф гардид. Дар тӯли 80-соли пойтахт қарор доштани шаҳри Душанбе илму фарҳанг пеш аз ҳама истиқлолу бедории фикрии ҷомеаи тоҷикро ба вуҷуд овард ва маҳз фарҳангиёни барҷаста ба марказ ҷалб шуда, дар табаддулоти ақлонии иҷтимоъ саҳми сазовор гузоштанд.

Дар робита бо мақоми пойтахт дар рушди илму фарҳанги ҷомеаи тоҷик чанд нуқтаи асосиро ба таври хулоса баён менамоем:

Вожаи «пойтахт» аз назари луғатшиносон маънии шаҳри подшоҳ сукунатдоштаро (ба арабӣ доруссалтана, дорулмалик)далолат мекунад. Ин маънӣ то андозае мафҳуми пойтахтро дар шароити имрӯз низ ифода мекунад;

Дар бомдоди сиёсат ва фарҳанги форсу тоҷик пойтахт маркази илму тамаддун ва сиёсати фарҳангӣ будааст. Империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ тахтгоҳи худро ба маркази илму маърифат табдил дода, Академияҳои илмӣ ва динӣ таъсис намуда, дар худогоҳӣ ва истиқлоли ҷомеаи кӯшидаанд;

Пойтахт маконеро қарор медоданд, ки фазои муътадили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва билохира иҷтимоӣ дошта бошад;

Ба ин маънӣ шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Душанбе аз чунин фазои мӯътадил бархӯрдор будаанд. Дар замони давлатдории Сомониён воқеан, Бухоро маркази илму тамаддун ва сиёсати миллӣ гардида буд, то ҷое, ки Рӯдакӣ мефармояд:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.

Шаҳр-пойтахт падидаи иҷтимоӣ аст ва рисолати он дар ҷамъу муттамарказ кунонидани нерӯҳои солими сиёсӣ ва фарҳангии ин ё он ҷомеа зоҳир мегардад. Ин аст, ки тамоми фарҳангиёни асил ба марказ-ба пойтахт таваҷҷӯҳ доранд, ва ба он фаро гирифта мешаванд;

Ҳамчун истилоҳи фарҳангӣ, мафҳуми пойтахт фалсафаи як қавмро дар худ таҷассум мекунад. Ба ин маънӣ Бухоро, Самарқанд ва Душанбе дар тӯли қарнҳо фарҳанг ва фалсафаи мардуми тоҷикро дар худ акс кунонидаанд ва аз ҳаводису нобасомониҳои рӯзгор эмин доштаанд;

Дар шароити имрӯзи истиқлол низ Душанбе чун пойтахти миллати тоҷик бори фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро бар дӯш дорад ва онро босаброна таҳаммул мекунад. Душанбе мисли Бухорову Самарқанди пешин имрӯз ҳам фарҳангиёнро аз ҳар гӯшаву канор гирдогирдаш ҷамъ месозад ва чун модари бузургвор дар доманаш парвариш намуда, ҳамқадам бо зиндагии инсонӣ бори масъулият мекашад.

Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки пойтахт дар таърихи илму фарҳанг, сиёсату давлатдорӣ ва бедориву истиқлоли фикрии ҷомеаи тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми арҷманде дошт, дорад ва хоҳад дошт.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь